Главная > Uncategorized > Носкаду вамӯзаи акаи Ҷалил

Носкаду вамӯзаи акаи Ҷалил

Додарҳои ба дилу дида наздик, аз вақташ як носкадуи хушрӯ дорам. Рангаш ҷигари гов ворӣ, даҳанак дораду даҳанакаш пупакча. ӯ даҳанака қатии пупакчаш Раҳими Пуч соз карда буд. Хулласи гап, додарҳои лахти ҷигар, рӯзе дар хати фронтаму фашисти арасот омадан дораду тамомшавӣ не. Ҳар қадар ки ӯҳора медаравидам, бачаҳалокҳо боз аз таги замин баромадагӣ ворӣ ба мисли кирми саг аз пештара зиёдтар мешуданд. Тирҳо ба тамомшавира омаданд. Ҳамроҳонам тирзаниву душмонкунӣ он сӯ истад, имкони сарҳучкунӣ надоштанд. Агар ҳамин хел давом меёфт, фашистҳо дарунтар даромада, дар акопҳо ҳамара сари найза мекарданд. Лекин акатон аноӣ не-да! Беҳтарин, олитарин фикр дар ҳамин хел вақту соати душвор ба сарам меояд.

Ана дар ҳамин лаҳзае, ки фашист мисли рама меомаду аз мо ягон кас сарша ҳот карда наметонист, ман дар пеши акопам рост шудам. Рост шудаму носкадӯи хушрӯма аз ҷебак бароварда, даҳанакша кандам. Чӣ меген, ки фашист гумон кард ӯ граната аст. Ҳамашон худшона ба замин партофта, лажис шуданд. Ман ҳам саросема нашуда, як кашидании ӯ неъмати ҷонбахша таги забонам партофтаму (сабил, кайфаш дар ҳамин лаҳза омад-да!) баъд ба даҳони пури нос «ҳур-ра-а-а, атака, ҳамла, ҳуҷум!!!» гуфтам.

Аскарони мо, ки маҳтали ишора буданд, дар як дам худшона ба душман расонда, дар дами штикнож гирифтандшон. Фашистҳои зиндамонда «аз ҷони нобаромада умед» гуфта, ақибноқибу рӯ ба гурез шуданд. Аскарҳои мо зӯр дар сур кардани фашисти даргурез. Вақап кардагишона чунон таҳи шатта гирифта мезаданд, ки дигар очагӯӣ ёрдамшон намекард…

Ана ҳамин хел, бачаҳои оча, акаи Ҷалилтон ин мӯи сарша мисли дигарон дар ҷанги занаку таънаи ҳамсоя резондагиву сафед кардагӣ нест. ӯ қаҳрамониҳое, ки кардам, гуфтам-ку, ман худам медонаму Худо худаш медонаду ҳамон фашисти бачамурда.

Як бори дигар, вақте душман чанд бор омаду дар фукаш зада гардондемаш, оқибат ба ҳуҷуми ҳавоӣ гузашт. Самалотҳо мисли зоғча аз болои сармон парвоз доштанд. Лекин Худо мезад ӯ самалотера, ки аз болои сари ман мегузашт. Чен карда дар думаш заданам баробар даррав алов мегирифту дуртар аз акопи ман меғалтид. Як замон ба пуштам нигоҳ карда будам, ки дидам самалотҳои сӯхтагиву ғалтидагӣ мисли кӯҳ ғарам шудаанд.

Лекин, додарҳои қанд, то ин дам аз назди акаи Ҷалилтон душмана на танкаш гузашта тониста буду на самалоташу на аскари худозадаш. Душман ҳам камтар ақл доштааст, ки ҳамаи ира ба ҳисоб гирифта, акаи Ҷалилтона фиреб дод! Чӣ хел меген? Ҳамин хел шуд. Ду самалот болои ҳам омаданд. Поингиша чен карда задам, алов гирифта ғалтид. Бологӣ дар ҳамин вақт бомба партофт. Бомба рост омада ба паҳлӯи акопам ғалтиду дигар чизе намедонам. Як замон ба ҳуш омадам, ки аскарҳои мо болои сарам шиштаанду ба ҳалкам об мечаконанд. Якпаҳлӯ гаштаму ба атроф нигаристам. Дар ӯ ҷое, ки бомба ғалтида буд, хандақи чуқуру дар паҳлӯш хоктӯдара дидам. Даруни хандақ пури мурдаи фашист. Ҳайрон шудам. Аз аскарон фаҳмидам, ки пас аз таркидани бомба ман таги хок монда будастам. Фашистҳо мебинанд, ки акаи Ҷалилтон таги хок шуд, ҳамон тараф давидан мегиранду ҳар кадом болои хок дар чизе пешпо хӯрда, даруни хандақ меафтаду камтар хоклутак мекунаду дигар барнамехезад. Оқибат вақте душман ақибнишинӣ мекунад, аскарони мо омада мебинанд, ки мӯзае аз хок берун мондаасту фашистон дар он пешпо хӯрда, ғалтида камтар по мешапидаанду ҷон медодаанд. Даррав мӯзаи акаи Ҷалилтона, ки он хелша фақат ман доштаму акаи Сталин, шинохта, аз таги хок мара кофта мебароранд.

— Об-бо,- гуфтанд ӯҳо. — Ҳатто мӯзатон душмана гузаштан намонд.

— Оини мардӣ ҳам ҳамин-да. Шумо нӣ кам нашавед,- гуфтам ман ва боз гӯё аз хоби ширине бедорам карда бошанд, хестаму хостам аз пайи шакаров равам. Вале чӣ меген, ки баъди таркиши бомба аз пали гашничу пиёзи ман ному нишоне намонда буд. Маҷбур бо кансерваи он аскарҳои калбасахӯр кирми таома сер кардам.

Дорои ДИЛОВАР

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: