Главная > Uncategorized > Савдогарони «Корвон» боз ҳамоиш карданд

Савдогарони «Корвон» боз ҳамоиш карданд

Хабар ёфтем, ки як гурӯҳ тоҷирони бозори «Корвон» назди утоқи кории раиси бозор ҷамъ омадаанд. Бо мақсади ба масъала равшанӣ андохтан роҳи бозори «Корвон«-ро пеш гирифтем. Вақте ба бозор расидему аз назди идораи маъмурияти бозор дидан кардем, аз тоҷирон дараке набуд ва шоҳидон ҷойи савдои онҳоро ба мо нишон доданд. Ба наздашон рафта, сабаби ҷамъ шуданашонро пурсон гардидем.

Аксар мусоҳибонамон аз гуфтани ному насабашон худдорӣ мекарданд. Яке аз онҳо, ки худро Раҳим муаррифӣ намуд, гуфт:

— Мақсади ҷамъ омаданамон пешгирии он аст, ки ҷойҳои кориямонро нагиранду ба дигар одамон нафурӯшанд.

Тоҷире, ки нахост номашро ифшо кунад, чунин иброз намуд:

— Дар ин ҷо ба ҳисоби миёна 14 қатор аст. Дар ҳамин 14 қатор 8-10 сол пеш ягон нафар наменишаст. Дар ин ҷо як нафар, дар он ҷо як нафар, илтимос мекарданд, ки шинед, обод кунед. Мардум ҳамаи ин ҷойҳоро аз ҳисоби маблағи худ обод карданд. Аз ҳисоби маблағи бозор ин ҷойҳо обод нашудаанд. Имрӯз мехоҳанд ҷойҳои моро канда роҳ кунанд ва дар атрофаш контейнер монанд. Ин одамонро баранду дар қафо ҷой кунанд. Ин ҷоро як нафари дигар соз мекунад, боз мефурӯшад. Аслан мегӯянд, ки намефурӯшем, лекин мефурӯшанд, махсусан қаторҳои пешро. Нархаш аз 10-18 ҳазор доллар баланд бардошта шудааст.

Ду метараш тақрибан 10 ҳазор доллар аст. Ман 2 метр ҷо дорам, ҳозир дар кисаам 100 сомонӣ надорам, шароит надорам, 6-то фарзанд дорам, чӣ кор мекунам? Оқибаташ он мешавад, ки маҷбур шуда, ин ҷоро супорида ба Русия меравем. Кори давлатӣ намеёбем, ки бо маош оилаамонро таъмин кунему зиндагиямонро пеш барем. Дар вақташ ман ҳам маълумоти олӣ гирифтам, дар ин бозор аксарияти мардум маълумотдор ҳастанд. Бо 100-200 сомонӣ маош мо зиндагиямонро пеш бурда наметавонем. Назди директори генералӣ рафтем, набуд. Бо телефон гуфт, ки ман худам омада ҳамаашро ҳал мекунам.

Тоҷири дигаре ба сухан ҳамроҳ шуда, гуфт:

— Дар  ин ҷо «гурӯҳ»-и алоҳида вуҷуд дорад, кор карда истодааст, шояд аз ин корҳо гендиректор хабар надорад, ана ҳозир мо ҳеҷ чизро намедонем, кӣ чӣ мегӯяду чӣ намегӯяд. Он кас дар телефон гуфт, ки ман кантейнерҳоро мегираму ҷойҳоятонро соз карда медиҳам, ҳеҷ кас аз ҷояш ҳеҷ куҷо наравад. Аммо мо ҳоло намедонем. Ваъда кардаанд, ки мо омада лоиҳаро худамон мекашем, ба шумо нишон медиҳем. Намояндаҳо биёянд, агар маъқул шуд, мешавад, агар маъқул нашуд, дигарашро нишон медиҳем.

Як савдогари дигар гуфт:

— Ана, ҳамин ҷо аз они худи ман аст. Инҷо аввал як боғ буду ман онро обод кардам. Ман ин ҷоро 3 ҳазор доллар харидам. Ҳозир бошад, онҳо ҷойро гирифта соз мекунанду мегӯянд, ки 13 ҳазор доллар мехарӣ, агар нахарӣ, дар қатори ақиб нишаста савдо кун.

Ҳоҷӣ Мирзоалӣ, соҳибкор чунин ибрози назар намуд:

— Ин корҳои бераҳмонае, ки карда истодаанд, дар ягон ҷо нест. Ман дар бисёр кишварҳо будам, дар мамлакатҳои шарқ ин хел лаҳзаҳоеро, ки имрӯз дар ин ҷо ҳаст, надидаам. Ин на ба мусулмонӣ рост меояд, на ба чизи дигар.

Тоҷири дигар гуфт:

— Агар ҷо надошта бошӣ, мегӯянд, ки рав аз бонк қарз гир. Нахоҳӣ, ҷойро холӣ кун, мо дар ин ҷо дигар нафарро мешинонем. Саҳарӣ мо рафта будем, муҳофизони бозор мегӯянд, ки ҳозир ҳамаи шуморо бурда маҳкам мекунем. Мо гуфтем, ки барои ҷоямон талош дорем. Гуфтем, агар дар ин ҷо ҳал нашавад, ба боло меравем.

Тоҷири дигар, ки нахост номашро гӯяд, чунин гуфт:

— Аз саршавии бозори «Корвон» мо дар ин ҷо кор мекунем. Дар ҳамин ҷо як қатори калон ҳаст ва ҳар кас ба худ ҷо дорад. Акнун ҳамин ҷоро бояд аз сари нав бозсозӣ кунанд. Мо розӣ шудем, ки онҳо ин ҷоро вайрон карда, боз соз карда, ба одамон ҷойҳояшонро баргардонида медиҳанд, аммо бо нархи қимат мефурӯшанд. Мақсади ҷамъшавии савдогарон он аст, ки ҳар кас ҷойҳои худашонро баргардонда гиранд. Онҳо меҳнат кардаанд, бо пули худ ҷойҳояшонроро обод кардаанд. Дар аввал ин ҷо як ботлоқ буд. Ҳозир бошад, бо пули худамон болояшро мепӯшонанду  боз ҷойи худамонро бар намегардонанд, онро қимат карда мефурӯшанд. Ҳозир барои як метри ҷо 500 доллар талаб доранд. Мо ба ин розӣ ҳастем. Вале баъди таъмир ҳамин ҷойҳои худамонро намедиҳанд. Ҳозир бошад, шахсоне пайдо шудаанд, ки қимат мефурӯшанд, 12 ҳазор доллар мефурӯшанд. Ба ҷойи 500 доллар ҳазор доллар мехарӣ мегӯянд. Дар ин ҷо ҳеҷ кас набуд, мо худ ҷоямонро обод кардаем. Мақсади мо танҳо ҳамин аст, ки ҷойҳоямонро бозпас гирем. Андоз, чек, ҳамаи чизро месупорем, қарздор нестем. Аз аввалинҳо шуда саҳмия харидем. Мақсади мо обод кардан аст.

Маъмурияти бозори «Корвон» масъаларо шарҳ додан нахоста, иброз намуданд, ки ин кор кори дохилии бозор асту худашон онро ҳал мекунанд.

Аз рӯйи гуфти савдогарон, имрӯз масъала бояд роҳи ҳалли худро ёбад.

Амир СУЛТОНОВ, Алии ОСТОН, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: