Главная > Uncategorized > «Афсона»-и ширкатҳои мобилӣ, заминларзаи бардурӯғ ва паёмак ба Бобои Ғаффор!

«Афсона»-и ширкатҳои мобилӣ, заминларзаи бардурӯғ ва паёмак ба Бобои Ғаффор!

Ҳарчанд тӯли 20 сол барои тадбиқи Қонун дар бораи забони давлатӣ дастовардҳое ҳам ба назар мерасанд, вале бо мурури замон пайдоиши раванду падидаҳои тоза дар ҷомеа боз зинаҳои дигари монеа ва мушкилотро дар ин ҷода пеши рӯ меоранд. Чунин равандҳо имрӯз дар ҷомеаи мо хеле зиёданд ва аммо барои намуна мо тасмим гирифтем ба яке аз ин падидаҳо рӯшанӣ андозем. Он ҳам бошад, паёмак ё хабарҳои огоҳкунанда ва тарғиботӣ, реклама, табрикот ва ғайра, яъне дар маҷмӯъ, ба истилоҳ SMS дар телефонҳои мобилӣ мебошад. Албатта, ҳар нафаре ки соҳиби телефони мобилист, мақсади моро пай мебарад. Бояд қайд намоем, ки ин мавзӯъро чанде пеш пайгирӣ карда будем ва алҳол матлабамонро бо қайдҳои нав ба нав пешкаши хонандаи арҷманд менамоем.


Нақш ва зарурати паёмак (SMS) дар ҷаҳони алоқа

Азбаски дар Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар сатҳи хеле баланд қарор гирифтаву ҳар сол дар ҳоли афзоиш аст, истифодаи телефони мобилӣ  низ хеле зиёд ҷараён мегирад. Имрӯз ҳатто дар дурдасттарин деҳоти Тоҷикистон хурду калону пиру ҷавон соҳиби телефони мобилиянду бо пайвандони муҳоҷири худ ба Русия ва дигар кишварҳои хориҷа тамос мегиранд. Албатта истифодаи телефони мобилӣ на танҳо ба хотири афзоиши муҳоҷирати корӣ, балки яқин барои муоширати ҳамарӯза миёни мардум чӣ дар фосилаи дур ва чӣ наздик низ амалӣ мешавад. Аммо ба фарқ аз телефони хонагӣ муошират дар телефонҳои мобилӣ тариқи паёмак ё sms низ сурат мегирад. Яъне, дар мавриди ба охир расидан ва ё надоштани маблағ дар суратҳисоби телефони мобилӣ, имкони пайваст шудан бо мусоҳиб тавассути паёмак мавҷуд аст. Вале паёмак тариқи телефонҳои мобилӣ на ҳамеша бо ҳуруфи миллии тоҷикӣ ирсол мешавад. Аксар маврид бо ҳуруфи англисӣ, вале сухани тоҷикӣ ё русӣ ва низ баъзе мавридҳо аслан бо забони русӣ паёмакҳо ҳам аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ ва ҳам миёни муштариён фиристода мешаванд. Дар зери рақамҳои телефонҳо аксар вақт мо мебинем, ки танҳо алифбои англисӣ ё русӣ ҷой карда шудаасту халос. Акнун тасаввур кунед, ки Бобои Ғаффори деҳқон дар кӯҳистони дурдаст зиндагӣ мекунаду на ҳуруфи англисиро медонад, на забони русиро. Пас, чӣ гуна метавонад матни паёмакеро, ки шояд яке аз пайвандонаш аз дуриҳо таъҷилан ба ӯ фиристодааст, бихонаду аз асли воқеа огоҳ гардад! Ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз қариб аз ҳар як хонадони тоҷик дастикам як нафар дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад. Пас, метавон гуфт, ки нақши як паёмак имрӯз барои мардуми тоҷик муассиртар аз почта ва ё хати алоқаи давлатист. Боз дар ҳоле ки дар манотиқи кӯҳистон Интернет вуҷуд надорад ва болои сӯхта намакоб, барқро ҳам зиёд хомӯш мекунанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта бояд гуфт, ки нақши паёмак дар сатҳи огоҳмандии мардум хеле зиёд аст. Агар ҳамин тавр намебуд, муштариёни ширкатҳои мобилии Тоҷикистон соли гузашта «паёмак» фиристода, мардуми осударо аз заминларзаи дурӯғин огоҳ намекарданду шаби дарози сард онҳоро ба кӯчаҳои тор намекашиданд!

Чаро паёмак тоҷикӣ нест, масъулин ва коршиносон чӣ мегӯянд?

Азбаски паёмак дар ҷаҳони иттилоъ ва алоқа нақшу мақом ва вазифаи хоси худро дорад, нигаронии мардум низ ба он равона карда шудааст, ки чаро ирсоли паёмак бо телефони мобилӣ бо забони давлатӣ ҷараён намегирад? Ҷиҳати пайдо кардани посух ба ин савол мо бо чанд тан аз масъулин ва коршиносони соҳа сӯҳбат доштем.

Парвиз Турсунзода, котиби матбуотии ширкати Вавилон-мобайл, ки ба қавли ӯ ин ширкат тақрибан 5000 муштарӣ дошта, аз соли 2003-юм инҷониб дар қаламрави кишвар фаъолият мекунад, гуфт: «Ширкати мо аз оғози фаъолияти худ зимни ҷавоби зангҳои телефонӣ муштариёнро бо се забон: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ огоҳ мекунад. Тавре ки дар мавридҳои муайян ҷавобҳо, амсоли «муштарӣ ҳоло дар шабака вуҷуд надорад ва ё берун аз шабакаи минтақа қарор дорад» шунида мешавад. Ҳамчунин SMS-ҳои мо низ бо забони тоҷикӣ, аммо ҳуруфи лотинӣ навишта мешаванд. Аслан ширкати мо бештар SMS-и табрикиро дар рӯзҳои ид ва   SMS-и огоҳкунандаро дар мавриди чӣ қадар боқӣ мондани маблағи ҳисобии муштарӣ дар баланс ирсол мекунад. SMS барои реклама ирсол намешавад. Барои тарҷумаи матнҳои паёмак мо бо кормандони Академияи илмҳо ва бо коршиносони алоҳида ҳамкорӣ мекунем. Худи ман низ маҳз барои иҷрои ҳамин корҳо ва ба роҳ мондани коргузорӣ дар умури идории ширкат бо забони тоҷикӣ ба кор даъват шудаам. Ҳоло дар тамоми ширкатҳои мобилӣ алифбои тоҷикӣ ҷорӣ нашудааст. Бинобар ин, мо дар навиштани паёмак аз ҳуруфи лотинӣ истифода мекунем».

Убайдулло Шабонов, директори генералии ширкати М-ТЕКО, ки пештар дар кишвар фаъолияти хуб дошт, боре ба мо изҳор карда буд, ки «масъулини ширкат ба қадри имкон кӯшидаанд, то паёмак ва зангҳои ҷавобиро амсоли «муштарӣ ҳузур надорад», «ба ин рақам хизмат расонида намешавад» ва ғайра ба забони тоҷикӣ баргардонанд. Паёмак бошад, бо забони тоҷикӣ, вале ҳуруфи лотинӣ ирсол карда мешавад. Дар қиёс бо дигар ширкатҳо мо тавонистем, ки барномаи махсусеро таҳия намоем, то тибқи он аз алифбои тоҷикӣ ҳам истифода шавад. Вале дар биллинг, яъне мушаххаскунандаи маблағ барои дақиқа ва ҳисоби паёмакҳо дар шӯъбаи муҳосиботи ширкат ҷой кардани он дар тамоми Тоҷикистон мутахассис пайдо накардем. Акнун як тан аз кормандони техникии худро барои омӯзиши нозукиҳои технология ба Чин фиристодаем ва дар ояндаи наздик мо ин барномаро амалӣ хоҳем кард. Дар тарҷумаи матнҳо бошад, ба мо Нуралӣ Шабонов корманди бахши сиёсатшиносии ДМТ ва баъзан Маҳмадшариф Бобошоев — коршиноси мустақил ёрӣ мерасонад. Ба ғайр аз ин коргузории мо, аз ҷумла фармонҳо, мактубу муроҷиатномаҳо ба вазоратҳои марбута, баргаҳои рекламавӣ ва ғайра бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст». Аммо чӣ мегӯед, ки кормандони техникии М-ТЕКО аз Чин наомада, фаъолияти он маҳдуд шуд. Яъне, амалӣ кардани барномаи номбурда аз ҷониби ин ширкат «афсона» боқӣ монд. «Афсона»-е, ки барои дигар ширкатҳои мобилӣ низ истисно нест.

Ширкати «ТК-мобайл» ҳам, ки аз соли 2003 дар кишвар фаъолият дорад, то ҳанӯз на танҳо паёмак, балки хабару ҷавобҳои занги телефониро низ ба забони тоҷикӣ нагардондааст. Худи ман, ки солҳост муштарии ин ширкат ҳастам, қариб ҳар рӯз аз ҷониби ширкат паёмак қабул мекунам, ки бештарашон хусусияти рекламавӣ доранд. Паёмакҳои ин ширкат ҳатто бо забони русӣ аз ҳуруфи лотинӣ истифода мешаванд.  Ҷавобҳои зангҳои телефонӣ низ бо забони русиву англисиянд. Сабаби адами ҳуруф ва лафзи тоҷикиро дар гӯшии телефон Сергей Журавский, менеҷер оид ба корҳои банақшагирӣ ва таҳлилии ширкати «ТК-мобайл» чунин шарҳ дод: «Албатта мо дар оянда дар нақша дорем, ки тамоми ҷавобҳои телефониро ба муштариён ва паёмакҳоро бо забони тоҷикӣ ба роҳ монем. Аммо дар ширкати мо маркази колсентр вуҷуд дорад, ки муштариён метавонанд бо саволҳои худ муроҷиат кунанд ва бо забони тоҷикӣ низ машварат бигиранд. Мо ҳангоми ба кор қабул кардан аз довталабон дониши хуби забони тоҷикиро талаб мекунем, то ки дар амалӣ кардани нақшаҳои оянда ба кор оянд. То имрӯз мо имкони ба тоҷикӣ баргардонидани паёмак ва ҷавобҳои зангҳои телефониро надоштем, зеро росташро гӯям, шояд ин ба ҳуруф робита дошта бошад. Албатта бо ҳуруфи лотинӣ ҳам метавонистем паёмакҳоро ба забони тоҷикӣ баргардонем, вале бо баъзе сабабҳо мо наметавонистем умуман онҳоро ирсол кунем. Дар ҳоли ҳозир коргузории мо танҳо бо забони русист».

Дар ҳамин қатор метавон ширкати «Индиго» (ҳоло «Т-селл»)-ро ҳам гузошт. Мутаассифона сабаби адами забони тоҷикиро дар системаи ин ширкат раёсат ба мо чандон шарҳи мукаммал надоданд. Танҳо зимни як нишасти матбуотӣ, ки ба табдили ном ва коргузории «Индиго» ба «Т-селл» марбут буд, директори генералии ин ширкат дар ҷавоб ба саволи  мо, ки оё дар коргузории нави ширкати «Т-селл» паёмакҳо ва ҷавоби зангҳои телефонӣ бо забони тоҷикӣ ҷараён хоҳад гирифт, гуфт: «ҳуруфи миллӣ дар барномаҳои нави клавиатураи компютер ҳаст. Мо кӯшиш мекунем, ки дар оянда ба ин масъала шояд расидагӣ кунем».

Мусоҳибаи мо бо масъулини ширкати «МЛТ» идома ёфт. Тибқи маълумоти котиби матбуотии ширкати мазкур ҳанӯз аз оғози фаъолият садои хабару ҷавобҳо дар гӯшии телефонҳои мобилии рақамашон мутааллиқ ба «МЛТ» бо забонҳои англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ ҷараён мегиранд. Паёмакҳо бошад, ба гуфтаи масъулин танҳо рӯзҳои ид бо забонҳои тоҷикиву русӣ ба муштариёни ширкат ирсол мегардад. Барои тарҷумаи матнҳо бошад, ин ширкат аз хизматрасонии коршиносони алоҳида тариқи бастани шартнома истифода мебарад. Боқӣ дигар намуди паёмакҳо бо забонҳои русиву англисӣ ирсол мегардад, ки шумораашон хеле кам аст.

Ширкати «Тоҷиктелеком-мобайл» низ дар ин ҷода муваффақ нашудааст. Ин ширкат дар қиёс бо дигар ширкатҳои мобилӣ муштариёни кам дорад ва фаъолияташ низ чандон тӯлонӣ нест. Ба гуфтаи намояндаи раёсати «Тоҷиктелеком-мобайл» системаи кори садои зангҳои ҷавобӣ дар гӯшии телефон бо забонҳои тоҷикиву русӣ мебошад.

Ба ҳамин тартиб, теъдоди зиёди ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба ғайр аз хабару ҷавобҳои огоҳкунанда, ки ба таври стандартӣ дар системаи кори онҳо ҷой карда шудааст, дигар паёмакҳои худро бо забони тоҷикӣ, вале ҳуруфи лотинӣ ё  бо забони русӣ ирсол мекунанд. Ин дар ҳолест, ки беш аз 90%-и аҳолии Тоҷикистон тоҷикзабон буда, тақрибан беш аз 60%-и мардуми кишвар аз забонҳои русиву англисӣ хуб огоҳ нестанд.

Мақомот бояд саҳми бештар бигиранд!

Бо таваҷҷӯҳ ба гуфтаҳои боло акнун саволе ба миён меояд, ки мақомоти марбутаи Тоҷикистон роҷеъ ба ин масъала чӣ андеша доранд ва чӣ корҳоеро дар ин самт анҷом додаанд?

Ғафур Эркаев, раиси Ассотсиатсияи дастраскунандаи алоқаи мобилии Тоҷикистон дар назди Сарраёсати алоқа ва иттилоотонии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия мегӯяд, ки масъулин аз ин масъала огоҳанду баъзе мушкили дигар низ марбут ба он мавҷуд аст. ӯ аз ҷумла афзуд: «Албатта амалӣ кардани ҳамаи ин тадбирҳо ба имконоти муназзимони телефонҳои мобилӣ вобаста аст. Дар ассотсиатсияи мо ҳашт нафар муназзимон кор мекунанд ва ҷорӣ кардани алифбои тоҷикиро дар навиштани паёмакҳои телефонҳои мобилӣ ҳамеша дар назар доштаанд. Мушкили асосӣ ин аст, ки то имрӯз он телефонҳое, ки дар бозорҳои Тоҷикистон ба фурӯш бароварда шудаанд, дар тугмачаҳои он телефонҳо ҳуруфи миллии тоҷикӣ ҷой дода нашудааст. Аммо барои ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли ин масъала чанд моҳ пеш дар як ҷаласа раиси Сарраёсати мо Бек Сабуров аз кормандони раёсати мазкур ва Ассотсиатсияи дастраскунандаи алоқаи мобилии Тоҷикистон даъват кард, то дар рафти ирсоли паёмакҳо ва умуман системаи кори телефонҳои мобилӣ ба забони тоҷикӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кунанд. Ҳоло бошад, коршиносон ва муназзимони ассотсиатсияи мо дар пайи омӯзиши имконоти бештари ҷорӣ кардани забони тоҷикӣ дар реҷаи кори тамоми ширкатҳои мобилии кишвар мебошанд. Хабари хуши дигар ин аст, ки як ширкати истеҳсолкунандаи телефонҳои мобилие, ки бо сабаби сирри тиҷоратӣ доштан номи он ширкат ошкор карда намешавад, омода аст дар бозорҳои Тоҷикистон телефонҳои мобилиеро паҳн кунад, ки меню, яъне номгӯи хабару ҷавобҳои онҳо бо забон ва алифбои тоҷикӣ бошад.  Гумон мекунам, ин масъала дар муддатҳои наздик ҳалли худро меёбад».

Гуфтанист, Ассотсиатсияи дастраскунандаи алоқаи мобилӣ беш аз панҷ сол аст, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва дар ҳайати он ҳашт ширкати маъруфи алоқаи мобилӣ дохил мешаванд. Вазифаи асосии ин ассотсиатсия танзими алоқаҳои мобилӣ дар фазои иттилоотии кишвар мебошад.

Акнун, ки масъалаи адами ҳуруфи миллӣ ва забони  тоҷикӣ дар меню ва ё тугмачаҳои телефонҳои мобилӣ то имрӯз ҳалли худро наёфтааст, дар мавриди аввал умед бар он мебандем, ки ҳамон ширкати махфии ҷаноби Эркаев гуфтагӣ телефонҳои мобилии ваъдагияшро дар муддатҳои наздик ба бозори Тоҷикистон ворид месозаду мушкилро осон мегардонад. Аммо ба гуфтаи соҳибназарон дар ин ҷода масъулин ва мақомоти зидахли кишварро мебояд, ки масъулияти бештаре ҳис кунанд ва бо коршиносону донишмандони соҳа ҳамкории зичро ба роҳ монанд. Ҳамчунин, барои омода кардани коршиносони ҷавону боистеъдод мутаваҷҷеҳонро ҷиҳати омӯзиши курсҳои махсус ба кишварҳои мутарраққии хориҷ, амсоли Чину Русия фиристонанд.

Нилуфари СОБИР, рӯзноманигор

Рубрики:Uncategorized
  1. Aziza Rahmatzoda
    Май 27, 2010 в 3:45 пп

    Бале офарин Нилуфар! Ман соли гузашта дар Тотористон будам ва бо чашми худ дидам, ки паёмакхо бо алифбои миллии тотори ва забони давлати ирсол мешаванд,албатта дар баробари забонхои русиву англиси. Чаро дар Точикистон то хол ин масъала халли худро наёфтааст? Ман тарафдори рузноманигор хастам.

  2. Rahimsho Amonov
    Май 27, 2010 в 4:00 пп

    Салом ба Нилуфари Собир. Ин мавзуъдар назари аввал оддихам намояд,вале дар асл хеле бамаврид ва мухим аст. Дар ин макола макоми забони давлати ва вазъион хеле мохирона ба калам кашида шудааст. Маълум аст, ки рузноманигор аз умки мавзуъ бохабар мебошад. Дар замони муосир таракиёти техника хеле афзоиш ёфта истодааст ва баробари он бояд забону фарханги хар миллат низ рушд кунаду ба чахон муаррифи шавад. Нилуфар сухани хакро гуфтааст,вале бояд каме шадидтар мегуфт, ки ба масъулини пустгафси Точикистон кора мекард.

  3. Mansur Rahmonov
    Май 31, 2010 в 2:36 пп

    Агар ин Нилуфар хамоне бошад, ки ман чанд сол боз чусучуяш мекунам, хеле зур навиштааст. Агар ин Нилуфар Мансури хамдехаашро дар ёд дошта бошад, ман дар шахри Свердловски Русия истикомат мекунаму пештар маколахояшро дар сайти Озоди медидам. Холо акнун боз уро аз сайти Шумо, ки вакти як хафта дар Душанбе буданам рузномаи Пайконро ба ман нишон дода гуфта буданд, ки холо Нилуфар дар он чо макола менависад, ёфтам. Вакт танг буд, ки худашро бинам. Макола ба масъалахои замонави робита дорад. Хуб аст!

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: