Главная > Uncategorized > Шишта будам ними шаб, тақ-тақи дарвоза шуд…

Шишта будам ними шаб, тақ-тақи дарвоза шуд…

Ё худ, «шикор»-и комиссариати ҳарбӣ дар соати 11-и шаб

Тайи чанд ҳафта даъвати ҷавонон ба сафҳои артиш давом кард ва ҳамзамон мавсими «облава» расид. Ҷавонони беномуси мо ба хотири аскарӣ нарафтан ба дигар шаҳру ноҳияҳо роҳи гурез меҷӯянд. Баъзе ҷавонон ба хотири саркашӣ аз хизмат бо роҳҳои гуногун, аниқтараш бо воситаву тағобозӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд ё билети ҳарбиро мехаранд, зеро ягон комиссарияти ҳарбӣ ба суроғаи онҳо нахоҳад рафт. Аммо дар пасманзари ин қадар бенангии ҷавонон мо боре андешидаем, ки чаро чунин аст, ки як ҷавони ҳузарбу паҳлавон аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунад? Оё боре фикр кардаем, ки чаро ин насл ба миллату Ватан ин қадар беэътиноянд? Ба назар чунин мерасад, ки дар замири эшон ҳиссиёти ватанпарвариву миллатдӯстдорӣ ва ба ин монанд мафҳумҳо абадан мурдааст. Мо ба ин насл, ки имрӯз аз ӯ садоқати Ватан, дифои марзу бум, ҳуввияту ҷавонмардӣ талаб дорем, чӣ додем?

Банда вақте донишҷӯ будам, ба таътил баромада, ба аёдати волидайн мерафтам. Пас аз бозгашт ҳамсояҳо, ҳамдеҳагон, ки фарзандонашон дар хизмати халқу Ватан буданд, нома менавиштанд ва баъзеяшон маблағ низ равон мекарданд. Ин амонатҳоро ба суроғаи аскар мебурдам, аммо пас аз чанд соати интизории паси дар дарбон посух медод, ки ӯ ба молбонӣ ё пайи ягон кори дигар рафтааст. Хуллас, пас аз саргадониҳои зиёд аскарро ёфта, амонатро медодам.

Хап кун, ки ба хизмат меравӣ!

Ин нидои даҳшатафканест, ки модарон ба ҷойи «Аҷузкампир омад» гуфтан, фарзандро хоҳ дар гаҳвора ва хоҳ дар берун бо он метарсонанд. Аз сӯйи дигар,ба андешаи ман, худи артиш рисолати мактаби ҷавонмардӣ буданро ба ҷо оварда натавониста истодааст. Имрӯз аз чӣ бошад, ки сарбоз будан ифтихор нест. Имрӯз сафи артишро бачаҳои камбағал пур мекунанд. Ба гуфтаи мардуми кӯчаву паскӯча, шахси хизматрафтаро бо забони русӣ «чумо» ва ба забони тоҷикӣ «бесоҳиб» мегӯянд. Дар замони Шӯравӣ бошад, ҳар ҷавонмарде, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекард, барояш роҳ ёфтан миёни ҷамъият душвор буд. Агар ба хонаи духтаре ба хостгорӣ мерафтанд, аввал мепурсиданд: «Писаратон хизмати ҳарбӣ кардааст?». Аммо ҳозир бошад, баръакс, ту камбағалӣ, барои билети ҳарбиро харидан маблағ дорӣ? Ба қавли дигар, он ҷавонмарде, ки аз хизмати ҳарбӣ дасткашӣ мекард, ӯро «негодный» гуфта, дӯстӣ карданро бо ӯ ор медонистанд. Имрӯз бошад, дар мавсими сафарбаркунии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ватан назар ба хизмат рафтан барои ҷавонон худро дар оташ сӯзондан осонтар аст.

Барои анҷоми ин кор шурӯъ аз раиси ноҳия ё шаҳр, шӯъбаи корҳои дохилӣ, прокуратура, раисони ҷамоатҳо ва вакилони кӯчаҳо саргардонанд.

Боз як иллати саркашии аслии ҷавонон аз хизмати аскарӣ ин аст, ки пас аз  Истиқлолияти Тоҷикистон  аз фарзандони раису вазирон кам касон  сарбоз шудаанд. Дар миёни мардум артиши моро «Артиши камбағалон» ном мебаранд. Воқеан, на ба хотири камбизоативу нодории артиш, балки ба он хотир, ки дар қувваҳои мусаллаҳ сарбозон аз оилаҳои дорову тавоно нестанд. Ба он сарбозе, ки аз оилаи камбизоат ба артиш меравад, таҳқир мекунанд.

«Облава» дар соати 11-и шаб!

Имрӯз ба назар чунин мерасад, ки рисолати комиссарияти ҳарбӣ аз мавсим то мавсими даъватии ҷавонон онҳоро аз сари кӯчаву хиёбонҳо, ва аҷибаш он аст, мисли паррандае, ки ба номи бум шабона ба шикор мебарояд, аз ҷойи хоб «облава» кардан асту бас. Биёед андеша намоем, ки  оё ҷавонони тариқи «облава» сарбозшуда ба ин Ватан садоқат зоҳир мекунанд? Оё ин ҳамон мақоли бузурги сагро маҷбур шикор бурдан нест?

Хонандаи азиз, ман менависам,  ту хону хулоса барор.

Раҳимбой ном шахсро зиндагӣ маҷбур кард, ки пас аз хатми мактаби миёна барои ёфтани ризқу рӯзӣ ба Русия мардикорӣ равад. Лекин кораш  омад накарда, бемор шуду аз Русия ба хона баргашт. Дар муддати чанд соле, ки номбурда дар Русия сарсону саргардон буд, кормандони комиссарияти ҳарбии ноҳияи Айнӣ даъватномае ба хонаи ӯ нафиристодаанд. Мавсуфро пас аз чанд муддате, ки дар деҳа буд, ягон кас суроғ намекард. Раҳимбойро беморияш азоб медиҳад ва барои табобат ба шаҳри Душанбе назди хоҳари калониаш  меояд Мақсадашро ба хоҳараш ва язнааш мефаҳмонд. Аз тангии рӯзгор хоҳараш низ маблағи лозимаро пайдо намекунад, то ин ки Раҳимбойро дар беморхона хобонда, ба ҷарроҳӣ омодагӣ наоянд.

Меҳмонҳои нохонда

Мақоли мардумии «Камбағалро дар болои шутур саг газидааст» то андозае ҷон дорад. Соат ёздаҳу ними шаб. Раҳимбой бо дарду алами худ печида, дар хонаи хоҳараш хоб рафтааст. Дар ҳамин асно дар тақ-тақ мешавад. Худоёр  ба назди дарвоза ҳозир шуда, кӣ будани шахсонро пурсон мешавад. Онҳо дар ҷавоб мегӯянд, ки мо хешу табор аз қишлоқи Такфон (модари Раҳимбой аз  Такфон аст). Худоёр дарвозаро боз карда, меҳмонони нохондаро ба хона даъват мекунад. Ҳангоми ба хона ворид шудан меҳмонон аз Раҳимбой пурсон мешаванд. Худоёр аз мақсади «меҳмонон» бехабар назди Раҳимбой омада, ӯро аз хоб бедор мекунад ва мегӯяд, ки хешовандонат аз ноҳия барои хабаргириат омадаанд. Раҳимбой ба назди онҳо ҳозир мешавад. Меҳмонони нохонда дарҳол Раҳимбойро монанди шахси гунаҳкор дастгир карда, ба сӯи мошин равона мешаванд. ӯро то комиссариати ҳарбии ҷумҳуриявӣ хоҳараш ва язнааш ҳамроҳӣ мекунанд. Пас чанд муддат ба Раҳимбой даъватномаи ҳарбиро дода, ҷавоб медиҳанд, ҳол он ки, аз рӯи қайди давлатӣ бояд ба Раҳимбой аз комиссарияти ҳарбии ноҳияи Айнӣ даъватнома дода шавад.

Роҳ ба сӯи Айнӣ

Рӯзи дигар  Раҳимбойро ба комиссарияти ҳарбии ноҳия равон кардем. Пас аз ҳодисаи  шабона дар хонаи Худоёр рухдода, модари Раҳимбой фишори хунаш баланд мешаваду ӯро ба беморхонаи марказии ноҳия меоранд. Хуллас, Раҳимбой ба ноҳияи Айнӣ мерасад. Раҳимбойро ба беморхона меоранд, то ки ҷарроҳии авваларо гузаронанд.  Кормандони комиссарияти ҳарбии ноҳия Раҳибойро ба назди духтурони худашон мебаранд. Мавсуфро касал бароварда, ба беморхона равон мекунанд. Раҳимбойро дар беморхона барои омодагӣ ба ҷарроҳӣ дору мегузаронанд. Дар ҳамон ҳолат кормандони комиссарияти ҳарбӣ ба беморхона омада, ҷарроҳиро манъ мекунанд. «Раҳимбой ба хизмат меравад!» гуфта, бо хоҳари Раҳимбой ҷанҷол мекунанд. Сардухтури  беморхона Ч.Чурғосиев бурдани Раҳимбойро манъ мекунад. Кормандони комиссарияти ҳарбӣ дар паси дари беморхона шабро рӯз мекунанд, то ин ки Раҳимбойи касал нагурезад. Субҳи рӯзи дигар онҳо ба муқобилиятҳои духтурон нигоҳ накарда, Раҳимбойро ба комиссариати ҳарбии ноҳия мебаранд ва аз назорати духтур гузаронида, дар тамоми ҳуҷҷатҳо солим навишта, ба пойтахт равона мекунанд.  Раҳимбой ба хизмати халқу Ватан сафарбар карда мешавад. Банда ин сатрҳоро менависаму аммо намедонам ба хотири чӣ ва ба хотири кӣ? Шояд ба он хотири он бошад, ки  комиссариати ҳарбии ноҳияи Айнӣ, мӯҳтарам Худойдод Шарипов сафи артишро  минбаъд навбати пода гумон накунад.

Фирдавсии бузург гуфтааст:

Пароканда лашкар н-оядба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

Банда гуфтанӣ нестам, ки Раҳимбой ба хизмат наравад, ё ки аз хизмат бо баҳонаи бемор буданаш саркашӣ кунад. Ақалан иҷозат медодед, ки Раҳимбой табобат карда солим шавад, пас ба хизмат мефиристоданд.

Маро чанд суол ором намегузорад. Оё дар комиссариати ҳарбии ноҳия аз рӯйи адолат кор мекунанд? Чаро Раҳимбойро ҳангоми мактабро хатм карданаш ба хизмат даъват накарданд? Агар аз тарафи оилаи мавсуф «дар хондан аст» гуфта бошанд, чаро инро муайян нанамуданд? Чаро дар муддати чанд сол ягон маротиба даъватнома равон накарданд? Агар Раҳимбойро падару модараш гурезонда бошанд, чаро ба прокуратураи ноҳия маълум накарданд? Чиро интизор буданд? Ин фармон дар соати 11-и шаб «облава» карданро ба корманди комиссариати ҳарбии ноҳия Холмурод, ки дод ва дар асоси кадом қонун аст?

Ман бо итминони комил гуфта метавонам, онҳое ки имрӯз тариқи зӯрӣ ба сафи артиш ҷалб мешаванд, наваду нӯҳ дар садашон аз хонаводаи камбағаланд. Як вазирбачаи сарбозро нишон диҳед, ё ягон хешованди мансабдори ноҳияро гӯед, ман аз курсинишинон узр мепурсам.

Он найрангбозие, ки дар комиссариати ҳарбии ноҳия қарор дорад,  аз гуфтанаш дар байни мардум шарм медорам. Бигӯям? Не, биёед нагӯям…

Олимҷон Умаров

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: