Главная > Uncategorized > Дардрезаҳои шаҳри мардум

Дардрезаҳои шаҳри мардум

Обкашонию кундакафонӣ

Нормуҳаммади Бекзода бори саввум аст, ки сарсону бо дили озурда ночор барои муҳоҷират ба Русия омадааст. Ҳарчанд ба мӯйҳояш сапедӣ дамида бошад ҳам, ба хотири ризқу рӯзие ёфтан роҳи мардикориро пеш гирифтааст. Ба муддати як сол дар маҳаллаи «Крестовский Остров»-и шаҳри Санкт-Петербург заҳмати сангин мекашад. Хӯҷаинаш Владимир Владиславович аввалҳо ба дасти ӯ гоҳ — гоҳ 2000 рубли русӣ пешпардохт медоду дилашро пур карда мегуфт: «Нормухаммад, ты честний, я тебя не обману». Шабҳо бо ҳамроҳии ҷӯраҳои сарватмандаш духтарони фоҳишаро меоварду то субҳ дар дача айшу ишрат мекарданд. Нормуҳаммади мӯйҳояш сафед барои ҳаммоми онҳо об мекашонду кунда мекафонд. Заминро тоза мекрад. Либоси хӯҷаинро мешӯст. Дар сохтмони ҳавлӣ кор мекард. Аммо баъди 1,5 сол хӯҷаин ӯву ҳамроҳонашро «кидат» карда, рӯйирост гуфт, ки дигар пул — мул нест. Нормуҳаммад ашк бар чашм ӯро зорӣ кард, ки ҳаққи хидматашро бидиҳад. Дар ватан фарзандон мӯҳтоҷи ҳамин пули кори ӯянд. Аммо хӯҷаини ноинсоф ӯро аз хона бароварду гуфт, ки дигар дар ин бора даҳон накушояд. Нормуҳаммад аз ин ҷо бо дили пурдард баромада, роҳи дигар сохтмонро пеш гирифт. Дар ин ҷо аз субҳи солеҳон замин мекобад. Ба ивази меҳанатш ба ӯ 450 рубли русӣ медиҳанд. 50 рублияшро бошад, прораби тоҷик мегирад ҳамчун хидматона.

Занҳои мардикор

Дар Питер бозорҳое, ки дар он ҷо мардуми муҳоҷир фаъолият доранд, хеле зиёд аст. Бозори Сафийский аз ҷумлаи онҳост. Занҳои муҳоҷири ӯзбек, тоҷик, қирғизу молдаван аз субҳ дар назди дарвоза қатор меистанду интизори коре мешаванд. Ҳамин ки мошинҳо омаданд, медаванд мисли мӯрча. Гоҳо тамоман коре намеафтад. Гоҳо мумкин аст то 500-700 рубли русӣ дарёфтан. Аммо мушкилоташ он аст, ки агар кормандони милиса расида биёянд, онҳо пушти дарахту дӯкончаҳо пинҳон мешаванд, то ба дасти кормадони милиса наафтанд. Чунки ин ҷо мардикорӣ аз рӯйи қонун нест.

Қиссаи як гурбача

Дар берун сайр мекардам. Ногаҳон занеро дидам, ки аз як тараф писарчаашро оғӯш гирифта, гиря карда менишаст. Аз тарафи дигар дар оғӯшаш гурбачаеро пахш менамуд. Ҳайрону кунҷкобона ба наздаш рафта нишастам. ӯ ҳам гӯё мунтазири ҳамсӯҳбате буд, ки ба гап оғоз кард:

— Дилам ба ҳамин гурбача месӯзад, аз як тараф ба писарчаам. Ҳарду ба якдигар одат кардаанд. Дигар рашк намекунанд. Аммо дина духтур рафта будаму фаҳмидам, ки ҳомиладор шудаам. Зиқам, ки агар дуввумашро тавлид кунам, ин гурбачаи ман шояд аз рашку ҳасад бемор шаваду мурад. Аз пешаш бархостаму зери лаб гуфтам: «Мо дар чи хаёлу фалак дар чи хаёл».

Дуздии ҳамватан

Ду нафар муҳоҷири тоҷик ду моҳ боз нақшаи дуздидани моли дигар муҳоҷиронро мекашиданд. Як нафар «буз»-е ки ҳамроҳи онҳо кор мекард, омада гуфт:

— Имрӯз Алиҷону Валиҷон маоши думоҳаашонро гирифтанд. Бегоҳӣ ҳама дар хонаи иҷораанд.

Зубайд ба дуздҳои шиносаш занг зада, гуфт, ки бегоҳӣ ба «шикор» мераванд. Онҳо ба назди бинои истиқоматии ин мардикорбачаҳо омаданд. Хеле интизор шуданд. Ногаҳон якеи онҳо барои харидани сигор берун баромад. ӯро ҷеғ заданду ба даруни мошин тела доданд. Даҳону дастонашро баста, ба гулӯяш корд монданд:

— Ҳозир мерӣ, чизе нагуфта домафони дарро зер мекунӣ, вагарна мекушемат ҳаромӣ, фаҳмидӣ!?

— Ҳа.

Онҳо номардона ба хонаи иҷора зада даромаданду ба рӯяшон ниқоб кашида, дар як хона се нафар муҳоҷирро латукӯб карда, пул хостанд. Яке гирякунон квитансияро нишон дод. Аллакай пулҳояшро ба модари касалияш фиристода буд. Ба пойҳои ду нафари дигар корд халонида, латукӯбашон карданд. Номардона телевизор, магнитофони камарзишу пулҳоро гирифта, дарро аз берун қулф заданду баромада рафтанд.

Гулчитай — прототипи тоҷик

Дар метро ҳамроҳи дӯсте ба маркази шаҳри Питер шитоб доштам. Рӯ ба рӯямон 5 нафар ҷавонписари миллаташон рус менишастанд. Онҳо чизе гуфтанду ба дугонаи ман, ки ин дам либоси миллии тоҷикӣ дошт, нигариста, байни худ пичир — пичир карданд. Яке баланд хандида, гуфт: «Гулчитай!». Тоқатам тоқ шуду бо қаҳр пурсидам:

— А что здесь смешного?

— А вы из Средной Азии?

— Да, Таджикистан,- бо ифтихор ҷавоб додем.

— Да, мы же и говорим, спорим с друзьями, что вы оба Гулчитайки.

Хандаам омад. Вале ба ҳаминаш ҳам шукр, ки тоҷиконро аз рӯйи ҳамин филмҳои муштарак мешиносанд.

Вақте аз метро мебаромадем, онҳо бо овози баланд мегуфтанд: «До свидание, Гулчитайки!».

Шаҳлои НАҶМИДДИН, Санкт — Петербург

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: