Главная > Uncategorized > Мардуми офатзадаи Кӯлоб ва «қуръакашии» Муродалӣ Алимардон

Мардуми офатзадаи Кӯлоб ва «қуръакашии» Муродалӣ Алимардон

Офати аз сел ба сари мардуми меҳмоннавози шаҳри Кӯлоб омадаро тариқи телевизион дидаму бисёр андӯҳгин шудам. Дилам сӯхт бар ҳоли пирони барҷомонда, занону кӯдакон ва ҳамаи онҳое, ки дар натиҷаи офати табиӣ зарар дидаву бархе қариб ҳама чизашонро аз даст додаанд. Хостам ҳамон замон роҳ пеш гирам ба он макони дардҳо, аммо сад афсӯс, ки имкони расо надоштам. Танҳо ҳамин мемонд, ки ба ин мардуми захмин аз даргоҳи Илоҳӣ қудрату матонату таҳаммул таманно кунам.

Чанд рӯз баъд аз он намоиш, ки дидам, суханҳои дигаре дар мавриди вазъи зиндагии мардуми офатзадаи Кӯлобшаҳр ба гӯшам расид. Шунидам, ки чандин нафар, мақомоту корхона, ҳатто кишварҳои хориҷӣ ба мардуми азиятдидаи ин шаҳри азиз кӯмак кардаву ёрмандияшонро идома дода истодаанд. Аллакай корвони мошинҳои пурбори ҶСП корпоратсияи «Сомон — Душанбе» иборат аз 50 тонна орд, 4 тонна макарон, 1 тонна биринҷ, 2,5 тонна шакар, 2 тонна равған, 200 дона рахти хоб ва 200 дона болишт вориди шаҳри Кӯлоб шудааст. Инчунин, аз тарафи ҷамоати деҳоти «Гулистон» ва муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакӣ маводи хӯрока ва 1968 сомонӣ маблағ, ҶСК «Ориёнбонк» 400 ҳазор сомонӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ 45 ҳазор сомонӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ маводи хӯрокаву сарулибос кӯмак расонидаанд.

Ҳатто сарвазири Русия Владимир Путин ҳангоми мулоқоташ бо нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ваъда дод, ки аз дарду ранҷу азоби мардуми зарардидаи Кӯлоб огоҳ асту ҳатман барои кӯмак расонидан чора меандешад.

Бар замми ин, ташкилотҳои бинокории НБО-и «Роғун» низ қарор додаанд, ки ба зарардидагон кӯмаки худро дареғ надоранд. Кормандони чанд ширкати дигар, аз ҷумла ҷамъияти саҳҳомии «Норак», ҷамъияти саҳҳомии  «Тоҷикнақбсоз», Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷикгидромонтаж», ҷамъияти саҳҳомии «Некзод», ҷамъияти саҳҳомии «Черкейгэсстрой», ҷамъияти саҳҳомии «Восточная горная компания», «ГСС Данғара», «ТАДЭС», «Нурафшон», «Тоҷикгидроэлектромонтаж», «Фирӯз», «Экспедитсияи комплексии ҷустуҷӯии №3» ва ғайра тасмим гирифтаанд музди кори якрӯзаи худро ба ҳисоби зарардидагон гузаронанд.

Ростӣ, аз шунидани ин маълумотҳо хушдил шудам. Эҳсос кардам, ки ғурури миллии мардуми мо ҳанӯз ҳам намурдааст. Аммо боз ҳам беқарор будам, аз он ки халқи аламдор гурӯсна набошанд ҳам, ҳарчи зудтар ниёз ба дастрас кардани манзили истиқоматӣ доранд. Зеро дар хонаҳои саҳроӣ намешавад тӯлонӣ зиндагӣ кард. Ҳарчанд барои зарардидагон аллакай ҷудо кардани замину сохтмони хонаҳо пешбинӣ шудааст, лек хабаре ба гӯшам расид, ки маро то андозае ба тааҷҷуб андохт. Ин ҳам ба таври қуръакашӣ додани замин ба осебдидагон. Охир, ин чи гуна тасмим аст, ки пеш аз ҳама ҳуқуқи шаҳрвандони баробарҳуқуқро поймол мекунад? Масъулин қуръакаширо «ба хотири таъмини шаффофият» шарҳ додаанд. Дар ҳоле ки ин амал худ мантиқан ношаффоф аст. Мебоист, ки зарардидагонро баъди таҳлилу ташхиси ҳаматарафа ва муайян кардани ҳаҷми зарарашон ба рӯйхат гирифта, дар навбат ҷой медоданд. Намедонам, шояд барои таъмин кардани аҳолии осебдида бо замину хона қудрат надошта бошанд, ки аз ин усул истифода бурдаанд.

Огоҳӣ ёфтам, ки бархе аз аҳолии маҳаллоти Чармгари Поён ва Нонбои Поён эътироз кардаанд. Муовини сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, ки шикасту рехти минтақаи офатзада ба дӯши ӯ вогузор шудааст, бо эътирозгарон вохӯрдаю талаботи онҳоро қонеъ накардааст. Вале дар ҳисоботи телефонияш ба Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки ҳама корҳо бо сифату суръати баланд амалӣ гашта истодааст. Оё ҷаноби Алимардон аз роҳандозии усули «қуръакашӣ» Президентро огоҳ карда бошад ва оё медониста бошад, ки ин усул мардуми аламдидаро рӯҳафтода мекунад?

Агар кӯмак ба зарардидагон боз ҳам тариқи қуръапартоӣ сурат гирад, пас метавон ҳадс зад, ки дар ояндаи наздик ҳамаи онҳоро бо манзил таъмин кардан ғайриимкон аст. Танҳо умед ба шахсиятҳои алоҳида ва ширкатҳое бастан лозим, ки сохтани чанд биноро бар ӯҳда гирифта метавонанд. Масалан, писари бузурги Президенти ҷумҳурӣ — Рустами Эмомалӣ гуфтааст, ки барои осебдидагон ду манзил бунёд мекунад. «Амонатбонк» низ тасмим гирифтааст барои зарардидагони сел 7 хона бо тамоми ҷиҳозаш сохта ба истифода диҳад. Пас, бояд кӯшиш кард, ки афроду ширкатҳои воқеан қудратманд ба масъала ёрмандӣ ҷалб карда шаванд.

Мирбобо ДАВЛАТЗОДА, нафақагир

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. мухамад
    Май 28, 2010 в 12:12 пп

    سلام دوست گرامی وبلاگ خوبی دارید و خیلی برام جالب بود وقتی دیدم دارید از درد ها و مشکلات مملکتتون مینویسد
    من به تازگی زبان سیرلیک یاد گرفتم ولی توی زبان ویندوز من سیرلیک تاجیکستان نیست که بتونم انتخابش کنم و سیرلیک های دیگه هم بعضی از کلمات مثل ح غ و… را ندارند اگه امکانش هست راهنمایی کنید و همچنین آدرس چند تا سایت تاجیکی که مثل شما مینویسند را اگر به من بدهید ممنون میشوم راستی ببخشید یادم رفت خودم را معرفی کنم من محمد از ایران هستم

  2. Июнь 1, 2010 в 1:57 дп

    دوست گرامی محمد
    اگر ويندوز ويستا داشته باشيد، مشکل حل است، چون پارسی سيريليک، يعنی تاجيکی، در آن جاسازی شده و با يکی دو کليک کارتان راه می افتد. در غير اين صورت بايد دبيرۀ سيريليک تاجيکی را که موسوم به پولاتينو است، خودتان جداگانه در رايانه تان بکاريد. تارنگارهای پارسی سيريليک هم فراوانند که در بخش پيوندهای همين جا يا تارنگار من می توانيد به چندی از آنها سر بزنيد. پاينده باشيد، داريوش

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: