Главная > Uncategorized > Номаи «пӯшида»-и коммунист ба Ленин

Номаи «пӯшида»-и коммунист ба Ленин

(Памфлет)

Ба асосгузори коммунизми реалӣ — Ленин, ки бадбинон хаёлӣ меномандаш, аз номи коммунисти содиқ ба ҳизб

Коммунизм ва демократия

Эй доҳии бузург! Аз дасти ин замона ва демократҳо ҷон ба ҳалқам омад, ки намедонам ба ғайр аз ту ба кӣ арзу шикоят кунам ва дарди дил баён намоям. Коммунисте заҳматкаш, ки як умр дар «банд» буд, яъне сараш банди хондан, шикамаш банди хӯрдан, дасташ банди кор, пояш банди ҳаракат, андешааш банди хизмат ба мардум, аз мардуми Тоҷикистони демократӣ, ки ҳаматарафа «озоданд», шикоят дорад. Яъне, демократҳое, ки ҳар гап аз даҳонашон ояд мегӯянд, сарашон аз хондан озод ва аз дониш холӣ, шикамашон аз хӯрдан озод, зеро чизе барои хӯрдан надоранд, дасташон аз кор озод, чунки ҷойи кор нест, пояшон аз ҳаракат озод, ба он далел, ки ҷойи рафт надоранд, чор тарафашон маҳкам, дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор доранд, андешаашон озод, яъне ҳар кореро дар нисбати мардум раво мебинанд, пораталабӣ, манфиатҷӯӣ ва мансабталошиву коррупсияро ривоҷ медиҳанд. Ба қавле «плюрализми коррупсионӣ».

Тоҷикистон озод аст ё фақрзада?

Эй мардуми заҳматкаш! Эй коргару деҳқон! Ҳоло ҳам ба даъвои хоҷагони демократия бовар доред? Кай аз ин ҳама музахрафот канора меҷӯед? Насли нави Тоҷикистон, демократҳои «тақлидӣ» идеологияи сотсиалистиро такзиб карданд ва «демократия»-и дурӯғини Амрикоро, ки душмани аслии СССР буд, қабул намуданд. Ба гумони он ки озодӣ онҳоро ба сӯйи наҷот роҳбарӣ мекунад ва мардум ба пешрафтҳои назаррас ноил мегарданд. Аммо ин озодӣ «бофта»-и ғарбиҳо буд, ки ҳамакнун худи онҳо бо таҳлилҳои ғаразнок Тоҷикистонро борҳо кишвари ноозод ва авторитарӣ эълон кардаанд. Иқтисоди мо ба дараҷае пойин рафт, ки аз омори иқтисодии РСС Тоҷикистон фарсахҳо дур мондем. Инак, мебинем, ки боз кадом созмони амрикоие Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳои аз ҳама фақир қарор додаст. Раиси Агентии рушди ҷаҳонии ИМА Раҷив Шоҳ гуфтааст, ки бар асоси ин феҳраст ҳукумати Амрико дар доираи стратегияи ҳукуматии мубориза бо фақр ба Тоҷикистон ёрӣ хоҳад расонд. Ба қавли раиси агентии мазкур дар доираи ин барнома ба ғайр аз Тоҷикистон, инчунин кишварҳои Гондурас, Эфиопия, Либерия, Непал, Гаитӣ ва Кения ҳам шомиланд.

Гардиши айёмро бинед! Замоне РСС Тоҷикистон ба кишварҳои африқоӣ кӯмак мерасонд. Акнун дар феҳрасти фақрзадагӣ аз баъзе кишварҳои фақири Африқо низ пойинтар қарор дорад.

Сабаб чист, ки Тоҷикистон дар давоми 20 соли соҳибистиқлолӣ ба пешрафтҳои иқтисодӣ ноил нашуд ва то ҳол давлати демократиро чун кишвари авторитарӣ маънидод мекунанду фақрзада эълон менамоянд?

Иқтисоди касод

Ҳоло барои имсол баҳона ёфт шуд, яъне офати табиӣ Тоҷикистонро фақир кард. Пеши офати табиӣ инсон коре карда наметавонад. Аммо на ҳар сол офати табиӣ тамоми минтақаҳои кишварро хароб мекард. Танҳо соли ҷорӣ ин гуна вазъият ба назар расид. Дар гузашта оё Тоҷикистон фақир набуд? Вале баҳона ҳар сол пайдо мешавад ва дар шакли гуногун зоҳир мегардад. Масалан, дар соли 2009 бӯҳрони иқтисодӣ баҳонаи мо буд, ки боиси шахшавии истеҳсолот гардид. «Сабабгорони бӯҳронро аз он сӯйи уқёнус ҷӯед!» мегуфтанд иддае аз «озодандешон»-и дар банд. Вале дар ин росто нотавониву оҷизӣ, иқтисоди касод ва фақрзадагии Тоҷикистон дар як зумра омилҳо баръало эҳсос мегардад. Вагонҳои молу таҷҳизот дар қаламрави ӯзбекистон тӯли 4 моҳ боздошт гардид, ки дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор доштани Тоҷикистон баръало эҳсос мешуд. Восита шудани СММ, САҲА ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ натиҷае надод. Танҳо СССР метавонист ин мушкилро одилона ҳал кунад. Ҳосили пахта ба дараҷае кам шуд, ки дар таърихаш ба ин ҳад поён нарафта буд. Роҳи мошингарде, ки худи мардум дар замони шӯравӣ сохта буданд, акнун барои убури он ба як ширкати гумноме маблағ месупоранд. Муҳоҷирати шаҳрвандони тоҷик аз Тошканду Қӯқанд боз ба дуртарин нуқтаҳои Русия рафта расид, то ба хона дер оянду шер оянд. Лекин ҳоло «коммунистҳои кал», яъне русҳо «мулло-коммунист»-ҳо — тоҷиконро пӯст аз тан ҷудо мекунанд. Сангтӯдаи яку ду ҳам ба кор даромад, нерӯгоҳҳои хурди зиёде бунёд гашт, вале ҳанӯз дар кишвар бӯҳрони энергетикӣ идома дорад. Бист сол мешавад, ки аз таъриху тамаддуни бойи худ мефахрем ва ин фахр аз номи падар то ҳол моро ба мартабаи падарӣ нарасонидааст. Аз гузашта нозидему охир ба гузашта баргаштем. Тӯли 20 сол аст, ки дар зимистони қаҳратун ба ҷои «лампаи иличӣ» чароғи бобоӣ месӯзем. Оё ин нишонаи қафомондагӣ нест? Гузашта аз ин, кишваре, ки як вертолёт надорад, ки дар ҳолатҳои фавқулодда мардумро наҷот диҳад, оё фақир нест? Ба унвони кишвари демократӣ аз дигар давлатҳо гранту кӯмакпулиҳои зиёд мегирем, аммо сатҳи камбизоатӣ аз 60 дар сад бештар аст. Зеро курсинишинҳо чашми серӣ надоранд ва ҳамон кӯмакпулиҳои барои камбағалон ҷудошударо низ ба анбори худиҳо «обу лой» карда, хап мешинанд. Баъдан, пурсӣ, ки «уштури сафеда дидӣ?», «Не! Рангаш чӣ хел буд?» мегӯянд. Ҳар як нафар ҳоло дар Душанбе ҳар моҳ 300 сомонӣ барои роҳкиро сарф мекунад, лекин маоши ҳадди ақал 280 сомонист. Бо 139 сомонӣ сабади истеъмолӣ на барои шароити зиндагиро беҳ кардан, балки барои намурдан талош мекунанд. Офати табиӣ имсол рух дод, вале чанд сол аст, ки сабади истеъмолӣ бо чунин норма муайян шудааст. Муаллими советӣ пулаш ба мошин мерасид, муаллими демократ оё велосипед харида метавониста бошад? Пас оё Тоҷикистон фақрзада нест?

Фатвои Ленин

Эй доҳии бузург — Ленин! Агар ту имрӯз дар қайди ҳаёт мебудӣ, ба рӯйи пайравони худ, коммунистони харидашавандаву фурӯхташаванда туф мекардӣ! Ҳоло коммунистони як замон ба халқ содиқ барои расидан ба мансабу курсӣ эътиқоду имони мардумро сӯиистифода мекунанд, чӣ расад ба демократе, ки зархарид аст? Ту дигар дар кишвари мо обрӯю эътибор надорӣ, ба туфайли ин пайравони «содиқат». Туро пайравонат шарманда карданд, ба душманонат рӯйи ниёз овардаанд, ба умеди он ки аз грант маҳрум намонанд. Ту аз «помош»-и хориҷиён рӯй метофтӣ, то ки ба воситаи он касаливу ваборо ба мардуми советӣ «ҳадя» наоранд. Вале имрӯз аз вабо касе намеҳаросад, зеро «пайғамбарӣ»-и ту мансух шуд ва мардум онеро «Худову паёмбар» мешуморанд, ки «помош» диҳад. Синфи коргару деҳқон дигар қадр надорад. На коммунист ба ӯ эҳтиром мегузораду на демократ. Ҳама аз молу маҳсулоти ӯ истифода мебаранду бо 1 тин кор мефармоянд. Боз дар охири мавсим ҳосилашро ғундошта мегиранду худашро қарздор мекунанд. Як коммунисти хундор нест, ки аз фючеристону монополистон интиқом гирад. «Сиёсати дарҳои боз» гуфта, моли деҳқонро аз ӯ ба 1 тини сиёҳ мехаранду дар бозорҳо нархи «бобою бибияшон»-ро ҳам ба болои он мегузоранд.

Ҳамин сиёсати дарҳои боз буд, ки ҳамаро ба шакли урён ва нимбараҳна намоиш дод. Ҳоло аксари духтарон ба мактабу донишгоҳ урён меоянд, ки муаллим сараш гаранг мешавад. Намедонад дарс гузарад ё чашм об диҳад. «Сиёсати дарҳои боз» гуфта, Амрикову Русия ва тамоми давлатҳои ғарб дини насрониву католикиро дар Тоҷикистон тарғиб мекунанду демократияро сипар қарор медиҳанд. Доҳии бузург, дар замони ту ҳам динҳо фаъолият мекарданд, лекин чунин урёниву фаҳшгароӣ набуд-ку! Ҳоло баъзе пайравони ту ҳам мегӯянд, ки озодӣ аст, бигзор чи хеле хоҳанд пӯшидан гиранд. Тақсири ту ҳам ҳаст, ки дар вақташ занҳоро аз фаранҷипӯшӣ озод кардӣ! Акнун кор ба ҷое расидааст, ки пайравони туро ҳам «мулло ё халифа-коммунист» ном мебаранд. Зеро аз фаранҷӣ озод кардани духтаронро, ки ту тасмим гирифта будӣ, далел оварда, «фатво» медиҳанд, ки бефаранҷӣ гаштан ҳам мисли урён гаштан аст. Ахлоқе, ки ту талқин мекардӣ, дигар ба касе лозим нест.

Сиёсати дарҳои боз имрӯз коммунистонро ҳам ба доми худ кашид. Ҳамон «мулло-коммунистҳо»-е, ки гуфтам, ҳоло ваҳҳобиву салафӣ  шудаанд. Лекин онон дар муллогии худ низ содиқ нестанд. Гоҳ   салафӣ мешаванд, гоҳи дигар насрониву гоҳи дигар ваҳҳобӣ. Хулоса, ҳар куҷо пул аст, он тараф майл доранд. Сиёсат чунин будааст. Ҳар доҳие чун ту мисли дигар лидерҳо мехоҳад тарафи пул қарор дошта бошад. Тақсири мардум нест, ки ба пул майл доранд. Муқассир онест, ки пулро аз кисаи бепулҳо кашида мегирад ва боиси фақирии онҳо мешавад.

Тоҷикистон баъди барҳамхӯрии СССР қашшоқ шуд, аммо онро киҳо фақир карданд? Ҳароина шахсони «содиқ», онҳое, ки мисли туву ман чунин унвон гирифтанд:

Мулло КОММУНИСТ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: