Главная > Uncategorized > ПӯСТИН ВА СОХТАНИ ТАНК

ПӯСТИН ВА СОХТАНИ ТАНК

Дар байни мардуми худмон мегуфтанд, ки «каҷ бишину сухана рост бигӯ». Лекин, чӣ хеле ки Синои ҳамшаҳримон дар вақташ сирри марга накушода буд, акатон сарша сафед карду як муаммора нафаҳмид: Дигарон каҷ меган, ӯҳора рост хиёл мекунанд, акаи Ҷалилтон рост мега, ӯра каҷ мефаҳманд.

Дар вақташ як телпаки хушрӯ доштам. Зимистон буду пуф-пуфи барф. Дар ин хел рӯз сага соҳибаш аз синҷакдарии хона берун намекунад. Дар хона шиштаму занака гуфтам, ки хонара гарм кунаду туту мағзу чойи гарма овардан гирад. Шиштам каҷпаҳлӯ пуштам тарафи оташи гарм. Чойи гарма фурт кашидаву тути қоқу мағзи чормағза якта-якта таги дандон партофта нигоҳ дорам аз тиреза боридани барфа. Бачаҳалока хона гарм бошаду тагсарии таги кашат мулоим, тамошош ҳай лаззат дорад-да. Баъд феъли акатона ки медонистанд, чанд нафари дигар аз гирду гӯша пешам омаданд.

Гуфтанд, ки ака, ҳамин рӯз дидаву дониста омадем, ки дар хона ҳастиву ягон саргузаштта нақлмон мекунӣ. Баъд сӯҳбат қӯр гирифт, аз чор тараф гап задем, баъд омадем сари як ҳодиса. Вақте акатон гап мезанад, гуфти гапҳои гапзанҳо, саъй мекунад, ки сухана ҳақша гап занад. Барои ҳамин ҳушу гӯш ҳама равона ба ҳамин чиз. Акатон қисса дораду пашша пар намезанад. Хулоса, чунон гапи акатон давом карду ширин баромад, ки як замон занак ба хона калла мекашад, ки кӯрдуд, ягон каса дида намешавад, дар сари акатон телпакаш сӯхтаву хокистар шудан дорад. Ҳақиқата гуфтан мана ҳамин хел аст, на ман дарак ёфтаму на ӯҳое, ки чашмҳошон мулӯҳ кардагӣ гапҳои акатона гӯш доштанд.

Баъзе одамҳо чи хеланд, се ҳарф мегаву ду гапаш дурӯғ, намоз мехонаду ким дар куҷои дигар. Ҳамон Маҷнуни достонира алолам, ки шунавидагистед қиссаҳоша. Ҳамон мардаки ошиқ девона шуда буду дар як дашт ба ёди Лайлиш мерафт ин тарафу он тараф. Дар ҳамон дашт як мардаки ришдарози ба дили худ мӯъмину мусулмон ҷойнамозша партофта намоз мехонд. Ҳамин вақт ин Маҷнуни ҷӯраи мо аз пешаш гузашт. Намозхон хест аз ҷошу давиду аз каштали Маҷнун қапиду як силтав зад ҳамин баевикҳои худмон ворӣ. Баъд гуфт, ки ту чӣ аз пеши ман гузаштӣ, намозма буридӣ? Ин Маҷнуни ҷӯраи мо яке дар сараш зад, ки чӣ гап шудааст, ба ӯ намозхон гуфт, ки ман дар ёди Лайлӣ будаму туро надидам, лекин ту ки бо ёди Худо будиву ибодат мекардӣ, чӣ хел мара дидӣ? Акатон ҳам ҳамин хел, вақте ҳақиқата мега, ҳамаи чизи дигар аз хотираш фаромӯш мешавад.

Лекин баъзе одамҳо шайтон шудагӣ, дурӯға ёбад, аҳ ба ростӣ кор надорад. Ба ҳамин наздикӣ як Сангаҳмади ҷӯра дорем, як нақли зӯр кард. Ҳамон шайтони раҷиме, ки доим ҳақораташ мекунему аз дур ба сарша мушт меканем, як рӯз худша мисли одам карда, дар як раҳ рафтан мегирад. Раҳ ки дароз буд, як гурӯҳи калони одамҳо қатӣ вар мехӯраду баъд рафтан мегиранд якҷоя. Ин одамҳо ҷоша ёфтем гуфта каҷпурсиш мекунанд аз ҳар тараф. Шайтон ҳам мега ман ҳамон иблисе ҳастам, ки ҳамаи кору кирдори бадтона дар ман мечаспонед шумо одамҳо. Одамҳо баҳс мекунанд, ки ҳамара ту бероҳа мекунӣ, дар корҳои бад раҳбару раҳнамуншон мешавӣ. Шайтон мебинад, ки илоҷӣ дигар нест, мега ки ман ҳамроҳи шумо ҳастам, биёед кори бади ягон каса ки дидед, бипурсед, ки барои чӣ ҳамин кора кард. Баъд худтон хулоса мекунед. Рафтан гирифтанду дар ҷое диданд, ки миёни буттаҳо марди калонсоле бо мочахаре номаъқулӣ дорад. Ин мардакҳо ҳам дар гирдаш ҷамъ шуданду ҳай-ҳайаш карданд, баъд пурсидандаш ки барои чӣ ин номаъқулиро кардӣ. Мард ранг бурд ранг оварду баъд гуфт, ки хайр, ҳамин шайтон дар гарданам савор шуд, бераҳам карду ҳамин кора кардам. Шайтон, ки дар қатори дигарҳо шоҳиди ин бемазагӣ буд, ба ҳамраҳонаш қасам хӯрд, ки кори мардак кардагӣ ҳатто дар ақлаш намеғунҷад, то ин чен дар хаёлаш ҳам наомада буд, ки ҳамин хел кардан мумкин бошад. Баъд он мардакҳо ҳам бовар карданд, ки баъзе одамҳо шайтона ба як нӯл мезананду боз гиристаниш намемонанд.

Ҳамон ворӣ, гапи дурӯға бовар мекунанд, лекин вақте акатон гапи ҳақа зад, баъзиш қариб не ки ҳуҷҷат талаб кунад, ки ҳамин кор шуда буд ё не.

Мана, дина як хилмак мепурсад, ки акаи Ҷалил, ҳамон пӯстинат дар куҷост, ки бубинему бовар кунем. Ба ӯ чӣ мегӯӣ? Ба ӯе, ки аз бинӣ дуртар чизера надидааст, дар бораи он пӯстини ман, ки халқи ҷаҳон орзуи диданша дошт, чӣ бигӯиву чӣ нагӯӣ…

Чӣ хел пӯстин меган? Ҳа, ин қиссара ба шумо нагуфта будам.

Гап ҳамин, ки додарҳои тоҷи сар, вақти бо фашист ҷангиданам пӯстини хушрӯе доштам. Худтон медонед, ки акаи Ҷалилтон хушлибос буд, пӯшока пешша мепӯшид. Вақте пӯстина мепӯшидам, дигар аҳ парво надоштам, ки ба афтамат сунам тир мепаронанд ё ба пушка. Гап сари он, ки тир аз пӯстини ман намегузашт. Тирҳои душман ба он расида, дар танам мечаспиданд. Ҳар рӯз ҳини тирпарронии душман ҳис мекардам, ки пӯстинам вазнин мешавад. Арғуштиҳо ворӣ як худма меларзондаму ҳамаи он сурбу оҳани дар пӯстинам часпидагӣ мерехт, баъд боз озоду сабук оҳу ворӣ чап дода хез мезадам тарафи душман.

Як рӯз ҷанги сахте шуду аскарҳои мо тирҳои доштагишона парронда тамом карданд. Ман ҳам дигар тир надоштам. Лекин фашистҳо пайи ҳам алафи баҳор ворӣ сар мебардоштанд. Акнун дар чунин ҳолат ҳама одат карда буданд, ки илоҷи кора фақат акаи Ҷалилтон ёфта метонад. Ман, ки дилам аз пӯстинам пур буд, исту бист накарда, аз акопам берун шудам. Фашистҳо даррав шерак шуда, пештар омаданду як қутпаридаш афтаматша сунам рост карда, «хендехо» гуфт. Ман аз замин як санга гирифта, партофтанӣ будам, ки тиршапира сар карданд. Лекин санги ман ҳам ҳамон фашисти қутпаридара дар чакаи сараш ёфту чаппаш кард. Баъд дидам, ки намешавад, ранги ҳамон Маҷнуне, ки нақлша кардем, ин тараф медавидаму он тараф. Фашисти бисёр нӯли афтаматҳора тарафи ман карда, тир мезаданду тир мезаданд. Тамоми тири доштагишона дар пӯстини ман холӣ карданд. Оқибати ҳодиса ҳамин ки, тири душман тамом шуду ман ба аскарҳои худмон ишора кардам. Онҳо зуд аз акопҳо баромада, фашисти бетирро чунон таги қундоқи афтамату мушту лағат гирифтанд, ки хара дар полизу сага дар обмуриву буза дар даруни қуши даҳмарда ин қадар намезананд.

Пӯстин дар танаи ман хеле вазнин шудагӣ буд. Як уруси худмон ира дида, гуфт, ки «Джалилджан, тупи оҳан шудай». Бо азобе ба назди акопам омада, пӯстинма сахт такидам. Э додарҳои лахти ҷигар, бовар мекунед ё не, аз танаи пӯстинам оҳан чунон рехтане кард, ки як ғарами калон шуд. Вақте мошинҳо аз ақибгоҳ омаданд, гуфтам, ки ҳамин оҳанҳои аз пӯстини ман рехтагира бурда ба заводи танксозӣ супоранд. ӯҳо ҳамин хел ҳам карданд. Чӣ меген, ки аз оҳани пӯстини акатон як танки кори калон сохтанд. Урусе дар танаи он калон-калон «Джалилджан» менависаду рост ба фронт мефиристандаш. Баъдтар, вақти дар ҳелчаш кӯфтани фашист як кас ба ман хабар дод, ки у танка дар худи Берлин, дар пеши Рейхстаг дидагӣ будаст. ӯ гуфт, танк чунон бовиқор истода буд, ки гумон кардам дар сари рулаш акаи Ҷалил шиштасту носа зада, баҳавсала бурутша тоб медиҳад, вале рафта ки дидам, дар дарунаш се-чор уруси сарзарду як грузини бурутғафс ба саломатии акаи Ҷалил арақ мехӯрданд…

Ана ҳамин хел, додарҳои ҷон, дар хокҳои потон садқа, шумо одамҳои баақл, хондагӣ, бизанобигири дунёра бисёр дидагӣ, худтон бигӯед: о куҷои ҳамин қиссаи ман дурӯғ аст? Мана, шумо одамҳои баақл бовар мекунеду он хилмак заҳр заданӣ мешавад. Охирзамон шудаст меган, рост аст ки рост. Гӯё дар ин дунё фақат тухми бадиву бахилӣ корида бошанд.

Ё ҳамин ҳамсояи пешорӯи мо Чоли Калтара бигирем. Қадаш ғела вориву поҳош пехи хурӯсу худаш халтаи бахилӣ. Як ҳамсоя рост гуфт, ки ин мундуқ ҳамин қадаре, ки ҳасту мебиниш, боз ҳамин қадари дигар дар дарунаш дорад. Ҳамин девори пеши хонаш ҳар сол чандборӣ чаппа мешавад. Тангии тирамоҳ ё сари қавс девор мекунаду канголии баҳор чаппа мешавад, чилаи тобистон девор мекунаду зимистон надаромада чаппа мешавад. Кӯдак болош барояд, чаппа мешавад, гов шохаш бизанад, чаппа мешавад, хар танаша бихорад, чаппа мешавад, занаш ба сарша сахттар вағғас кунад, чаппа мешавад, саг ҳам ки вехаш бишошад, чаппа мешавад. Мана ман, ки медонам, сангдевораш кардам сафили гирди ҳавлима. Сардевориш гирифтам, ки барфу борон ба танаи девор тамоман кор надорад. Дарвозара аз тунукаи сатилу тағора сохтам. Дар кӯчаҳо чӣ пур — сатилу тағораи зангзадаву шикофшуда. Аз болош симхора чунон мехкӯб кардам, ки ку ҳадди гову харе, ки ба ӯ наздик шавад. Бист сари сол аст, ки дарвозаи ман дарвоза асту деворам девор. Лекин ин Калта… Рост меган, ки ними дигараш дар дарунаш аст. Гапаш бӯҳ мекунад-е! Боз номусаш мебарад омада гап задан, ки акаи Ҷалил, биё девор ё дарвозама соз кунем. Лекин куҷое ки расид, дар даҳанаш ғайбати ману дару дарвозаи ман. Шаб то ҳоҷатхона аз банди дасташ бечораи занаш гирифта мебарадашу боз суни акаи Ҷалилтон санг мезанад. Хайр, бало ба қади калташ.

Додарҳои лахти ҷигар, хулосаи калом, ки он пӯстини ба ҷон баробарам барои акатон хизматҳои бисёре кард. Пас аз ҷанг як нархари кори калон доштам. Ҳамин ки савораш мешудам, аз хурсандира гӯё парвоз мекард. Меган-ку, улоғи хуб аз дӯсти номуносиб беҳтар аст. Худтон медонед, ки давраи баъдиҷангӣ вазнин буд. Ҳамон вақт дилам ана барои ҳамин харам сӯхту пӯстини дӯстдоштаи таърихима ба пушти ӯ задам. Чанд кас илтимос кард, ки пӯстина ба ягон музеи Англия ё Маскав роҳӣ бикунем, лекин ман гуфтам, ки ҳозир ғами хара хӯрдан даркор. Барои акаи Ҷалилтон музей не, хараш ҳезум меорад.

Ана, ҳамин хел бачаҳои оча, шумо баҳузур бишинеду ман як беруна бинам, ки омад-омади пода асту боз говҳои ҳамон мундуқи бодхӯрда аз сари шиғ шохҳои дарахтҳоро нашкананд.

Чӣ, мара Гитлер асир гирифта буд? Не, ин кор дигар хел шудагӣ. Акаи Ҷалилтона баъзе душманҳош тӯҳмат карданӣ мешаванд. Шумо парво накунед. Дарё бо лақидани кучукбача ҷазир намешавад. Лекин дар пеши Гитлер будам… Як нафас беруна баромада бинам, баъд гап мезанам, ки ҳақиқат чӣ хел буд. Ҳозир фақат ҳамин қадар гӯем: Гитлера чунон боб кардам, ки ба фикрам, рӯзи мурданаш пеши рӯш акаи Ҷалилтон чухти рост истодагӣ буд…

Дорои ДИЛОВАР

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: