Главная > Uncategorized > Садои Жириновский, сукути Шабдолову Кабирӣ

Садои Жириновский, сукути Шабдолову Кабирӣ

ва ё: ин чӣ бузакбозист, ки …

Қариб дар аксар расонаҳои хабарии кишвари мо, ба хусус нашрияҳои хусусӣ  маводи дар назарашон «сенсатсиониеро» бо унвони «Жириновский: Тоҷикистонро ба Русия ҳамроҳ кунем…», ба табъ расониданд, ки ба ин «васила»- воҳимаҳо рӯзномаҳояшонро серхонанда кардан мехоҳанд?!…

Ҳайратовараш ин аст, ки  ин маводи саропо бе ҳеҷ асосу далел гуфтаи  раиси ҲЛД-и Русия Жириовскийро ин рӯзномаҳо айнан пешкаш намуда, «дар боло ё поёнаш»: рӯзноманигор, вакили мардумӣ ва ҳеҷ сиёсатшиноси тоҷик… андешаҳояшро нагуфта, ки : «рост мегӯӣ ё сад номаъқул кардаӣ!». Бигузор он андешаҳо «хом» бошанд ё «пухта», бар манфиати миллати мо ва ё Худо нишон надиҳад-бар «зарараш», ба чашм нарасиданд!…

Сабаб чӣ бошад, ки ҳар касе дар мавриди миллати мову кишвари соҳибистиқлоламон  ҳар чӣ хоҳад гуфтан мегираду мо дар ғами «рӯзномаамонро серхонанда кардан нишастаем?!»….Агар чунин амалу рафтор намоем ва мақсадамон танҳо аз пур кардани саҳифаҳо бошаду пуштибонии манофеи миллату кишвар фаромӯш намоем, рӯзномаамон ҳеҷ эътиборе касб намекунад…

«Дуздӣ» ҳам

андоза дорад.

Албатта, кам нестанд рӯзномаҳои тоҷикзабон, ки манфиати  умумимиллиро болотар аз манофеи фардии хеш гузошта, ҳамеша аз Ватани хеш дифоъ кардаанд. Бояд рӯйирост гуфт, ки  бештар рӯзномаҳои русизабони Тоҷикистон, ки боз 90 фисади кормандонашон худро тоҷик меҳисобанду 90 фоизи хонандагонашон ҳам ҳамин тоҷикони хондандӯстдоранд, аз қафои «сенсатсия» давида, парвои гуфтаи Жириновский ва ҳамин ранг «баландовозонро» надоранд. Агар дар сӯҳбати аксар рӯзноманигорони мо биистед, чунон бо овози баланд доди ватанхоҳӣ мезананд, ки гумон мекунӣ агар мартабае медошт, Тоҷикистон гул-гул мешукуфт. Дар рӯзномаҳо бошад, навиштаҳои «чунинҳо»  рӯбардор аз «Интернет»-у  сарлавҳаааш воҳимаи холӣ!!…

Гуфтанием:   дар сурате  маводеро аз Интернет ё ҷойи дигар рӯбардор мекунем, андешаи худамон дар алоҳидагӣ  бошад, ё «ҳамроҳ», зеро  на ҳамаи он маводҳо ба манфиати кишвару миллати мо гуфта шудаанд ва вазифаи мо, агарки дар асл рӯзноманигори тоҷикем, манфиати ватанамонро аз ҳама чизи дунё бояд болотар гузорем!! Вале афсӯс,  иддае аз рӯзномаҳо  кори асосиашонро дар тез пур кардани саҳифаҳо мебинанд, ки ин ба манфиати рӯзнома набуда,  дар кулл бар зарари кишвари мост!

Меоем сари масъалае, ки моро  чун як тоҷики соҳибватан ба чизе гуфтан водор сохт.    Ҳамин сарлавҳае, ки  дар боло ёдрас шудему дил ҳам дар тапиш буд, ки рӯзе аз рӯзҳо аз даҳони «соҳибдор»-и Жириновский мебарояд ва баромад, ҳар тоҷики хештаншиносро бетараф, бепарво ва ба қаҳр нагузошта наметавонад.

Медонистем, ки  Жириновский  дар назари худаш бояд чизе гӯяд, ки ҳамаро дар ҳайрат гузорад, бигузор як қисмро дилхун ҳам кунад…

Гуфтаи Жириновский , ки  «Тоҷикистонро ба Русия ҳамроҳ кардан мехоҳад», хаёл мекунед  дар Тоҷикистон ҳам «ҳафт миллионро дилхун карду ба  қаҳр овард?!»…Бовар намекунам! Зеро агар қисмати зиёди аҳолии мо аз «ин шумхабар» бохабар набошанд, як иддае шояд бигӯянд:  «чӣ бадӣ дорад ба Русия ҳамроҳ кардан», ҳаминрангҳо: «СССР шавад хубтар»…Пас он зиёиёну вакилоне, ки халқи шариф эҳтиромашон дорад, чаро хомӯшанду ба Жириновский намегӯянд, ки «Ту кийӣ, ки як давлати соҳибистиқлолро ба давлати дигар, ки дар он ҷо «парвози баланд дорӣ», ҳамроҳ кардан мехоҳӣ?!»…Ва ё бигӯянд, ки «замоне ҳамроҳ чун 14 ҷумҳурии дигар дар як ватан зиндагӣ мекардем, авлодони ту-роҳбарони Русия, Украин ва Белорус-ку дигаронро гуфтанд: раведу сари худ чи хеле мехоҳед зиндагӣ кунед?!»…Ҳамин тавр набуд?! Имрӯз боз садо аз ҳамон сӯ меояд, ки  «Тоҷикистону Қирғизистонро ба Русия ҳамроҳ кунем, ки аз ин миллатҳо давлатдорӣ намеояд!!»»…Ба қавли мо-соҳибистиқлошудаҳо:

«Ин чӣ бузакбозист?!»…

Ин дафъа

«навбати» кист?!….

Шояд пас аз Қирғизистону Тоҷикистон  Жириновскийро мегӯянд, ки «боз ду ҷумҳурии дигари Осиёи Миёнаро ба Руссия  ҳамроҳ кун»…Ба гуфтан осон, вале бояд Жириновский ва дигар «тарроҳон»-и  «ин  меъморӣ» бидонанд, ки ҳар миллату давлат, соҳибистиқлоливу давлатдории худашро мехоҳад, ба мисли Русия, ИМА, Англия ва дигару дигарҳо!!…

Магар Жириновскийи  «сиёсатмадор» ва дар назари худаш донотарин вакили Дума намедонад ва ё нашунидааст, ки замоне миллати форс (тоҷик, эронӣ) нахустимперия доштанду  пештози тамаддуни башарӣ буданд, аҳлу авлоди Жириновский чӣ будани давлатро намедонистанд?!…Ва агар фаромӯш кардааст,  аз ин рӯзнома бихонад, ки «Нахустимперияи ҳамин ҷаҳони мову Жириновский бо ҳиммати Куруши Кабири табори миллати мо дар олам  омада!»…

Имрӯз Русия бо миллатдӯстиву ватанхоҳии фарзандони дилсӯзаш ба яке аз абарқудратҳои дунёи муосир табдил ёфтааст, ки  аз эҳтирому эътибори давлатҳои олам бархӯрдор аст. Русияро Жириновский ва ҳамин воҳимачиҳо барин абарқудрат накардаанд. Балки чун  Владимир Путину Дмитрий Медведев ва ҳазорҳо олимону шоирон, муҳандисону кайҳоннавардон, коргару барзгар, варзишгару сарлашкарону қаҳрамононаш…,  шинохтаву обрӯманди олам кардаанд!…Инро ҳам бояд Жириновский бидонад!

Ба ҳамин ранг, Тоҷикистони соҳибистиқлол низ тавассути фарзандони фарзона ва ҷоннисораш ба ин сарбаландӣ расид ва имрӯз бо гомҳои устувор дар баробари дигар давлатҳои ҷаҳон қадам ба пеш мегузорад.

Албатта, агар чун роҳбарони замони карахтиаш имрӯз ҳамин ранг  «шахсиятҳо» сари кор мебуданд, «нияти Жириновский сари вақт амалӣ…, мешуд».  Вале ба бахти миллати мо он карахтҳои беҷуръату бесурат…, «ҷойҳои худро гирифтанд» ва  инсонҳое ба сари кор омаданд, ки ҳамеша аз соҳибистиқлолии кишвар ҳимоят мекунанд ва  намегузоранд, ки  обрӯву эътибори миллати мо қадре халал ёбад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду вохӯриҳояш  бо як ифтихормандии баланд ҳамеша аз ифтихори миллӣ, худшиносиву огоҳмандӣ,  ваҳдату якпорчагии меҳан …даъват ба амал меоварад,  ки   нишон аз хирадмандию  миллатдӯстии ин фарзонамарди миллат аст!! Президент гуфтанист, ки Ватани соҳибистиқлолатонро дӯст доред, бо меҳнати садоқатмандона нуфузи онро баланд бардоред, миллатро сарбаланди рӯи олам…гардонед.

Магар ибтикороте, ки дар ҳама самтҳо рӯйи кор меоянд аз ҷаҳду талошҳои амалии роҳбарияти олии мамлакат гӯянда нестанд?!…

Бояд қайд намуд, ки  бо вуҷуди он  ки аз ҳар чунин гуфтаи Жириновский ва «ҳамрангҳояш» чизе тағийр намеёбад, вале  ин ҷаноб аз сӯи ҳамтоёни тоҷикиаш-вакилони пешқадами Порлумон бояд посухи обдоре  мешунид, вале афсӯс, ки ҳам Шодӣ Шабдолов хомӯш асту ҳам Муҳиддин Кабириву  дигарон!!…Вакили Порлумон аз ҳама аввал бояд ба масоили муҳим, аз қабили ҳифзу пуштибонии арзишҳои олию муқаддасот-парчаму забону соҳибистиқлоливу дигару дигарҳо ҳимоятгар бошад, на ин ки ҳар рӯз ба Порлумон даромадану баромадан ва  рӯзро «кӯр» кардан!…

Рӯзноманигорони мо низ дар ин масоил на бояд ҳадафашон танҳо кофтукови Интернет бошаду аз онҷо «дурӯғу воҳимаеро» нусхабардорӣ кардан, балки аз манфиатҳои миллату ватан пуштибонӣ кардан ва ҷавоби сазовор додан ба он афрод, кишвар ва созмонҳое, ки рӯяшон ҷониби Тоҷикистон «сиёҳ» аст!! Шумо хаёл мекунед, ки  аз ин «таклифи» Жириновский  хушнуду рӯҳбаландшудаҳо каманд?! Он чунон зиёданд, ки даҳҳо бор аз  хафашудаҳо. Давлатҳое ҳастанд, ки  ҳатто чапак заданд ва «таклифи» Волфовичро  аз дилу ҷон дастгирӣ мекунанд. Агар номи ин давлатҳоро як ба як такрор бикунем, саҳифаи рӯзнома намебарад!

Вале онҳо бояд бидонанд, ки  имрӯз агар Жириновкий Тоҷикистону Қирғизистонро ба Русия «ҳамроҳ кардан мехоҳад», фардо навбати ҳамин чапакзанҳо мерасад. Зеро Жириновский  ғайри худашро зӯру давлати худашро яктои олам медида, дигар давлатеро ба як тини пучак қадр намекунад. Чунин хислат дорад!! То дирӯз дар Осиёи Миёна ҳамин ҷаноб танҳо миллати тоҷикро мешинохту эътироф мекард ва дигар миллатҳои ин минтақаро  «навпайдошуда» меҳисобид. Дар моҳи майи соли равон чӣ кор кард?! Ҳамин миллати  дар рӯйи олам қадимтаринро намехоҳад, ки соҳибистиқлол бошаду давлат дошта бошад. Пас, хурсандии ҳамингуна давлат, ашхос, созмонҳои дуртаре барвақт аст ва бояд ба Жириновский бигӯянд, ки «Чаро ту ва авлодонат давлати соҳибистиқлол ва қудратманд доштан мехоҳеду дигарон надошта бошанд?! Ин замине, ки исмаш Кураи Замин аст, ба ҳама мерасад ва аз сари ҳама ҳам мемонад…. Дунё гирдгардон асту одамӣ абадӣ нест ва биёед бо ҳам дар иттифоқу дӯстӣ зиндагӣ ба сар бибарем, то  «дунёи  дурӯза хуш гузарад»…Ва боз: ИДМ-ро мехоҳем, ки  СССР бикунем?! Иттиҳоди Аврупо мавҷуд аст, вале ҳеҷ вакили Бундестаг ё  Бундествер пешниҳод накардааст, ки Словения ва ё  Словакияро, ки хеле давлатҳои хурдакаканд ба Олмони абарқудрат  ҳамроҳ кунем. Магар вакилони онҳо аз Жироновский бесаводтаранд?! Не, барои он ки онҳо корҳои муҳими зиёдтаре доранд аз ин «ҳарзагуйиҳо!!» дида…

Гапи Жириновскийро  як «пули пучак» намеҳисобем!!

Роҳбарияти олии Русия  соҳибистиқлолии Тоҷикистону Қирғизистонро қариб 20 сол пеш эътироф карда буданду имрӯз бо ин давлатҳои дӯст ҳамкориҳои гуногунҷабҳа доранд. Бовар дорем, ки агар аз ин  «ҳарзаи» Жириновский хабар ҳам дошта бошанд, дар ҷавобаш танҳо «маншаи» хандае мекунанду  дастро аз боло пойин меафшонанду халос. Яъне, «ин вакил  ҳар чӣ мегӯяд гуфтан гирад, одат кардааст, мо эътибор намедиҳем, шумо ҳам парво накунед!!»…

Бале, мо ҳам ҳамон тавр мепиндорем ва амаламон қариб ба ҳамин сурат аст, вале бепарво нестем зеро миллату кишварамонро дӯст медорем ва бо чунин ҷавоби мухтасар ва сатҳӣ диламонро холӣ кардем!! Яъне, гуфтаҳои ҷаноби Жириновскийро дар ин росто ба як пули пучак баробар намекунем!…

«…Мо дар он ҷо (Тоҷикистон) марзбонони русро мегузорем ва марз бо Афғонистонро комилан мебандем. Ва аз мушкилии маводи мухаддир халос мешавем»,-гуфтааст дар мусоҳибааш Жириновский.

Ҷаноби Волфович,  чаро марзбонони русро дар «ҳимояи» марзи авлодонат укроинҳову белорусҳо гузоштан намехоҳию ( наметавонӣ! Н. Н) маҳз дар Тоҷикистон гузоштан мехоҳӣ?! Аввалаш ки,  марз миёни Тоҷикистону Афғонистон тинҷу ором аст, дар ҳифзи сарҳадбонони шуҷоъи тоҷик  қарор дорад ва  боз бидон, ки мо бо ин давлати дӯст ва ҳамзабону ҳамдину ҳамфарҳангамон мехоҳем, ки рафтуомад, дӯстӣ ва  муносибатҳои бештар дошта  бошем. Охир, намедонӣ, ки  дар ин тарафу он тараф як миллату қавму қабила зиндагӣ мекунанд?! Боз чун Англияи «пештара» ва Русияи «кӯҳна» ҷудогии ин  ду давлатро мехоҳӣ?! Хобатро ба об гӯй!!

Имрӯз ҳамин пулҳои сохташуда каманд, пулҳои бештар бояд сохту роҳҳои оҳан бунёд кард, то пайвастагии ин ду давлати ҳамсоя ва дӯст пайвастатар гардад. Инро тамоми мардуми ҳар ду ҷониб ва боз бештар роҳбарияти ҳам Тоҷикистон  ва ҳам Афғонистон мехоҳанд! Андеша бояд кард  раиси ҳизби либерол-демократи Русия Владимир Волфович!!

Неъматуллои НУРУЛЛО, рӯзноманигор

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: