Главная > Uncategorized > Фишори омӯзгор донишҷӯйро кушт

Фишори омӯзгор донишҷӯйро кушт

Шахсони рӯзгордида ҳарчанд душвориҳои зиндагиро аз сар гузаронида бошанд ҳам, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, зиндагиро ширин мегӯянд. Бо ҳамин ваҷҳ ба дигарон талқин менамоянд, ки дар ҳоли пеш омадани мушкилоти ҳаёт пуртоқат шаванд. Яъне, ба гуфтаи шахсони тақводор, ҳар инсон дар зиндагияш бо мушкилот рӯ ба рӯ мешавад, вале танҳо бо сабурию ақли расо роҳҳои ҳалли мушкилоташро пайдо карда метавонад. Аммо як чиз боиси таассуф аст: Ҳама медонанд, ки худкушӣ гуноҳи азим аст, лек иддае аз азобу шиканҷа косаи сабрашон лабрез гашта, даст ба ин амали даҳшатбор мезананд.

Аз рӯйи ҳисоботи оморӣ, дар ҷомеа аз мардҳо дида бештар занҳо бо ҳар роҳ худро ҳалок мекунанд. Ба шарҳи онҳо, занҳо аз мардҳо дида ҳассосанд ва бо ҳамин сабаб дар вақти душворӣ ба худкушӣ даст мезананд. Ба гуфтаи равоншинос Шокир Маҳмудов, инсон вақте даст ба худкушӣ мезанад, ки дар ӯ ҳиссиёти манфӣ пайдо мешавад.

Дар ҳолати беандешагӣ шахс худро ҳалок карда метавонад. Ба андешаи ӯ, дар илми психология ду навъи ҳиссиётро муайян кардаанд, ки онро ҳиссиёти истеникӣ ва астеникӣ меноманд. Дар забони тоҷикӣ онро ҳиссиёти манфӣ ва мусбат мегӯянд. Ҳиссиёти манфӣ дар кадом ҳолат дар инсон пайдо мешавад? Вақте шахс аз ягон чиз норозисту ӯро намефаҳманд. Аз ин вай маъюс мешавад ё ба қаҳру ғазаб меояд. Хулоса, дар мавриде, ки инсон аз чизе қаноатманд нест. Яъне, дар ҳамин ҳолат, аз рӯҳафтодагӣ шахс ба худкушӣ даст зада метавонад.

Гарчанде кишвари мо давлати ҳуқуқбунёди дунявист, теъдоди зиёди мардумамон мусулмонанд ва аз дини мубини ислом аксарият огоҳанд. Динамон худкуширо маҳкум кардааст ва аксарият ин гуфтаҳои тақводоронро медонанд, ки нафаре худкушӣ намояд, вақти дафнаш азон намехонанд. Бо вуҷуди ин, дар ҷомеа иддае ҳастанд, ки худро бо дасти худ нобуд мекунанд.

Ба гуфтаи равоншиносон, шахс бе ягон сабаб худкушӣ намекунад. Мутаассифона, мардоне ҳастанд, ки дар оила завҷаашонро азоб медиҳанд, бо ҳар восита фишор меоранд. Бар замми ин, наздикони мард ҳам бо зани вай сард муомила мекунанд. Дар шароити имрӯза сатҳи зиндагии баъзе шахсон чандон хуб нест. Вақте духтар ба шавҳар мебарояд, дар оила аз ҳамсараш рӯзи хушро намебинад. Чун дар хонаводаи волидайнаш низ шароити зиндагӣ чандон хуб несту барои худ кори муносиб ҳам ёфта наметавонад, хуро бе сарпаноҳ тасаввур карда, даст ба худкушӣ мезанад. Дар ҳоле, ки ин амал хоси одами солимақл нест. Одами солимақл бояд ҳамеша дар талоши пайдо кардани роҳҳои дигари ҳалли масъала бошад.

Ба исботи ситорашиносон, ҳар инсон рӯзҳои хушию бебарориро аз сар мегузаронад. Дар ин марҳила ситораи наҳс болои сари вай қарор дорад. Ин марҳила як, се ва панҷ сол идома меёбад. Вақте ин ситора болои сари шахс қарор мегирад, ӯ бо ягон мушкилот рӯ ба рӯ мегардад, ё шикастеро аз сар мегузаронад. Шахсе, ки ин давраи пуразобро аз сар гузаронад, рӯзҳои хуширо мебинад. Шояд ин шарҳи ситорашиносонро на ҳама донанд. Зеро, имрӯзҳо на танҳо баъзе занон, балки донишҷӯён ҳам худкушӣ кардаанд.

Дар даврони Шӯравӣ дар кишварамон даҳ донишгоҳ фаъолият мекард, аммо имрӯз ин шумора ба 26 адад расидааст. Азбаски теъдоди донишгоҳҳо дар кишварамон афзудааст, алъон он ҷо шумораи зиёди донишҷӯён таҳсил мекунанд. Чуноне ки иттилоъ дорем, соли гузашта ду нафар донишҷӯён аз ДМТ худкушӣ карда буданд. Сабаби худкушии онҳоро ҳамон вақт маъмурияти донишгоҳ «бемории рӯҳӣ» арзёбӣ карда буд. Ҳол он ки, пеш аз дохил шудан ба донишгоҳ ва гирифтани ҳуҷҷати донишҷӯйӣ аз ташхиси тиббӣ мегузаранд. Пас чи гуна онҳо гирифтори бемории рӯҳӣ шудаанд? Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала андешаи равоншиносро пурсидем. Ба гуфтаи Шокир Маҳмудов, «бемориҳои рӯҳие ҳастанд, ки мавсимиянд. Шахс солим аст, лекин дар ягон ҳолат ин беморӣ метавонад хурӯҷ кунад. Дар ин ҳангом шахс худро идора карда наметавонад. Шояд он донишҷӯёне, ки даст ба худкушӣ задаанд, мубталои ҳамин гуна беморӣ будаанд».

Дар давраи Иттифоқи Шӯравӣ низ ҳолатҳое шуда буд, ки чанд донишҷӯ даст ба худкушӣ заданд. Хатмкардаи ҳамон давра (аз гуфтани номаш худдорӣ намуд) нақл кард, ки сабаби худкушии донишҷӯй супорида натавонистани имтиҳон ва фишори омӯзгор будааст. Аз ҳамон давра то ба имрӯз дар донишгоҳҳои олӣ чунин қоида вуҷуд дорад, ки агар донишҷӯй ҳамаи санҷишҳоро насупорад ӯро ба имтиҳон роҳ намедиҳанд. Лекин санҷишҳоро супораду имтиҳонеро се маротиба супорида натавонад, дар ҳарду ҳолат ҳам донишҷӯйро аз донишгоҳ хориҷ мекунанд. Дар ҳамон давра ин қоида боиси худкушии баъзе донишҷӯён гаштааст. Барои ин фоҷеа баъзе омӯзгоронро аз донишгоҳ озод кардаанд, иддаеро ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Аз рӯйи маълумоти бадастомада, тайи чанд соли охир дар вилояти Бадахшон ҳафт донишҷӯ худкушӣ кардаанд. Яке аз сокинони ин минтақа гуфт, ки як нафар донишҷӯйдухтар худро дар об ғарқ намудааст, ҷавонписаре бошад, худашро ба дор овехтааст. Сабаби худкушии онҳо ишқи бебарор будааст. Яъне, писандидаҳои ин ду нафар барои худ дигареро пайдо кардаанд. Ин нафарон бошанд, хиёнати шахси дӯстдоштаашонро таҳаммул накарда, даст ба худкушӣ задаанд.

Барои садди роҳи ин амали номатлуб шудан дар Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи омӯзгорӣ шӯъбаи психологӣ вуҷуд дорад. Ба гуфтаи сарвари Ассосиатсияи психологҳо, донишҷӯён агар дар таълим ё рӯзгорашон мушкилие дошта бошанд, метавонанд ба назди равоншинос рафта, рози дилашонро бигӯянд. Онҳо то ҳадди имкон ба донишҷӯён маслиҳату мадади худро дареғ намедоранд.

Чуноне маълум аст, ҳаёти инсон якмаром намегузарад. Дар зиндагӣ ҳар кас бо мушкилиҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавад. Мувофиқи шарҳи равоншинос, дар ҳолати душвор фикри бад ба сари инсон меояд ва ӯро водор мекунад ба ин кор даст занад. Таънаю тамасхури атрофиён боиси фалокати нафаре шуда метавонад, агар ин фард иродаи мустаҳкам надошта бошад.

Муҳит низ метавонад ба шуури шахси беирода таъсир расонад ва фикри даст задан ба амали номатлуберо дар майнаи ӯ пазонад. Масалан, духтарчаи ноболиғро апааш барои куртаи нави ӯро пӯшиданаш ҷанг мекунад. Аз ин хоҳараш ранҷида, худро оташ мезанад. Вақте сабабҳои рух додани фоҷеро меомӯзанд, муайян мекунанд, ки апааш ӯро борҳо барои куртааш сарзаниш намудааст. Бар замми ин, дар ҳамин деҳа чанд нафар худро бо роҳи сӯзондан ҳалок кардаанд. Кӯдак, ки он фоҷеаҳоро шунида будааст, худро бо ҳамон шева оташ мезанад.

Дар илми равоншиносӣ чор намуди хислатро муайян кардаанд. Ба ақидаи олимон, агар шахс чаққону оташин ё ботамкину хомӯш бошад, вақте ӯро намефаҳманд, метавонад худро ҳалок намояд. Яъне, шахс бе ягон асос худкушӣ намекунад, нафаре ӯро ба ин ҳолат мерасонад. Бо вай сард муомила мекунанд, мудом аз ҷониби касе сухани сахт мешунавад. Дар ҳамин маврид равоншинос Шокир Маҳмудов мегӯяд, ки вақте шахс ба нафари наздикаш ё шиносаш хатогияшро нишон доданӣ мешавад, набояд бо лаҳни омирона ва сахт гап занад. Зеро баъди ин гуна муносибат ниҳояти худкушии шахси мағлубшуда имконпазир аст.

Гулҷаҳон ХОҶАЕВА,

махсус барои «Пайкон»

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. майя
    Май 30, 2010 в 8:56 дп

    Дура

    Нравится

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: