Главная > Uncategorized > Аз БМСТЖ: Алами «Исо» аз «Мӯсо» гирифта шуд…

Аз БМСТЖ: Алами «Исо» аз «Мӯсо» гирифта шуд…

Вақте мақолаи интиқодии хатмкунандаи факултаи журналистика Бекназари Абӯбакр бо номи «Чаро декан хоҳиш кард?» ба идораи нашрия ворид шуд, бароямон тааҷҷубовар буд, ки дар ин замони «каҷ дору марез» донишҷӯйи нотарсу адолатхоҳ низ пайдо мешудааст. Донишҷӯ аз беадолатие шиква карда, ки бар сари худи ӯ омадааст.

Вақте мақоларо ба табъ расондем, медонистем, ки нафаре аз масъулин ҳатман посух мегӯяд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ба идораи ҳафтанома ҷавоби Шумо, мӯҳтарам раиси Комиссияи аттестатсионии давлатӣ, профессор А. Нуралиев расид. Чун посух баъзе далелҳои воқеии таҳсили донишҷӯйи имрӯзаро зери суол мебурд, дар баробари он матни назарпурсиеро мураттаб кардаву ба дасти чоп доданӣ шудем. Унвони матн «224 савол ба аҳли факултаи журналистикаи ДМТ» буд ва таҳти он суолҳое гирд омада, ки аз донишҷӯён сар карда, то омӯзгорону дигар кормандон, ҳатто фарроши факулта бояд посух мегуфтанд. Вале дар ин миён Комиссияи аттестатсионии давлатӣ амалеро анҷом дод, ки боис гардид чопи суолномаро ба замони дигар мавқуф гузорем.

Пеш аз он, ки амали анҷомшударо тасвир кунем, бояд баъзе бандҳои посухи Шумо, мӯҳтарам А. Нуралиевро шарҳ диҳем.

Ин ки Шумо мегӯед бори аввал тариқи рӯзнома бо шогирд баҳс доред, лоиқи таҳсини як нафар донишҷӯйи тоҷик аст. Аммо «дар минбаре, ки шогирд ҷавоб мегӯяд, шишаи об бо истакон гузошта шуда буд…» гуфтанатон миннатгузорӣ ба ӯ. Зеро донишҷӯйи дар талоши баҳоро шояд назараш ҳам нагирад, ки рӯйи минбар истакони об истодааст ё табақи қурутоб. Бояд инро ҳам зикр намоем, ки барои донишҷӯ «усул»-и имтиҳонгирии ашхос воҳиманок аст, на ҳайати якчанднафара.

Ҷойи дигар дуруст зикр кардаед, ки «чигунагии ҷавоби донишҷӯро танҳо устодони имтиҳонгир муайян мекунанд, на худи имтиҳонсупоранда». Агар ҳамин тавр намебуд, шояд чандин донишҷӯ аллакай ба зинаи устодӣ расида буданд.

Дар ҷавоби Шумо нусхаи ҷавобҳои донишҷӯ замима шудааст, ки мехоҳед хонанда аз рӯйи он дараҷаи дониши Б. Эгамовро муайян намояд. Дар ҳоле ки посухи шифоҳӣ низ аҳамияти андак надорад. Боз барои донишҷӯе, ки ихтисосаш журналист аст! Шояд донишҷӯ шифоҳӣ чандон сухан гуфта бошад, ки аз нусхаи хаттии посух болотар истад. Натиҷагирӣ аз ин ҷузъ вобаста аст ба виҷдони устоди имтиҳонгир.

Ҷойи дигар аз забони Б. Эгамов менависед, ки «ҳамчун як ҷавони лаёқатманд ба Агентии миллии «Ховар» ба кор даъват шуда буд ва бо ҳамин сабаб ба таҳсили ғоибона гузаштааст. Дар ин ҷо низ муаллиф ба ҳақиқат хиёнат мекунад». Аввал ин ки, Бекназари Абӯбакр дар мақолаи худ «Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» навиштааст, на «Агентии миллии «Ховар»». Ин хатои Шумо, мӯҳтарам А. Нуралиев, хонандаи ноогоҳро ба гумроҳӣ мебарад, то ҷое ки намедонад Агентии зикркардаатон мушаххасан ба чӣ кор машғул аст. Дигар ин ки, муаллифро ба хиёнаткорӣ муттаҳам карда, сабаби ҳозир нашуданашро ба сессияи тобистонаю хориҷ шуданаш баён нанмудаед. Дар ин ҳол, иддаои Шумо чунин тобиши маъноӣ мегирад, ки гӯё Б. Эгамовро бо сабаби бесаводӣ хориҷ карда бошанд. Пас, агар ақидаатон чунин бошад, чаро ин нафари бесаводу «хориҷшуда»-ро аз соли 2005 то имрӯз аз АМИТ «Ховар» пеш накарданд? Гузашта аз ин, чандин журналисти соҳибқалами «хориҷшуда»-ро медонем, ки ҳамагӣ шогирдони Шумоянд ва имрӯз самтҳои асосии ВАО-и Тоҷикистонро пеш бурда истодаанд.

Шумо, устоди мӯҳтарам, дар ҷое аз ҷавобатон менависед, ки «…дар ҳафтаномаи худ ба Б. Эгамов имконият додаед, ки устодони имтиҳонгирро бо суханони қабеҳу аз ҳақиқат дур, ба мисли «беинсоф», «бемурувват», «худхоҳ» таҳқир намояд. Мо сазовори чунин таҳқири як нафар донишҷӯи моҷароҷӯ нестем…». Ҳамзамон иддао кардаед, ки мувофиқи талаботи моддаҳои 135 ва 136 КҶ ҶТ имконияти пурраи муроҷиат ба додгоҳро дореду бо сабаби дастпарвари донишгоҳ будани сармуҳаррири  «Пайкон» ва муаллифи мақола худдорӣ мекунед. Бояд гӯем, ки муроҷиат кардан ба додгоҳ ҳуқуқи конститутсионии шумост. Ба Шумо расонданием, ки на танҳо сармуҳарриру муаллифи мақола, балки ҳайати эҷодии «Пайкон» ҳама аз мактаби Шумою дигар устодон баҳра гирифтаанд, на ин ки аз осмони ҳафтум афтодаанд ва медонанд дар факултаи журналистика чи гуна муҳит ҳукмфармост. Дар мавриди ба суд кашидан бошад, парвое надорем ва моро натарсонед. Агар ташаббуси даъво ба суд аз ҷониби устод ба миён ояд, ҳарчанд густохӣ ҳам бошад, омода ҳастем далелҳоро пешниҳод намоем. Худ қазоват кунед, ки агар ташхиси забонӣ гузаронем, пас фарқ миёни «худхоҳ» гуфтани Б. Эгамову «моҷароҷӯ» гуфтани Шумо намемонад.

Дигар чизи барои мо бисёр тааҷҷубовар ин аст, ки Шумо масъалаи ҳафтаномаҳои «тӯҳматчӣ»-и «Пайкон»-у «Тоҷикистон»-ро ба баррасии ташкилоти ҷамъиятии Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ҳавола мекунед. Мутмаин ҳастед, ки ин Шӯро метавонад хоҳиши Шуморо амалӣ намояду моро гӯшмол диҳад? Шояд чунин шавад. Вале ба маълумоти Шумо расонданием, ки раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон устод Иброҳим Усмонов чанд бор тариқи воситаҳои ахбори омма аз «Пайкон»-ро нахонданаш дарак додаанд. Агар Шумо ба ӯ муроҷиат кунед, хурсанд мешавем. Чунки сафи хонандагони «Пайкон» аз ҳисоби раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон як нафар меафзояд ва барои баррасии масъала хоҳу нохоҳ «Пайкон»-ро мехонанд.  Дигар ин ки, устоди  азиз, чаро «тӯҳматчӣ» будани «Пайкон»-у «Тоҷикистон-ро беибо эълон мекунед? Мо аз Шумо сабақ гирифтаем. Боз беҳурматӣ нашаваду нагӯед, ки таълим доданӣ ҳастем, як бор Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутолиа намоед. Бале, ҳамон моддаҳои номбаркардаатонро (135 ва 136 КҶ ҶТ). Суд тибқи ин моддаҳо нафаре ё нашрияеро «тӯҳматчӣ» эълон мекунаду он санад ҳукми қонун мегирад. Пас дигарон метавонанд ин мафҳумро ба шахс ё чизе нисбат диҳанд. Акнун, худатон гӯед, кӣ тӯҳмат мезанад? Не, мо Шуморо ба суд намекашем. Чунки «ҳаққи устод аз падар беш аст».

Устоди азиз, дар ҷавобатон пайваста аз «ғараз» сухан мегӯед. Аммо хулосаи посухатон ин будааст, ки мақолаи Б. Эгамовро ҳамин ду нашрия ба табъ расонидаанд. Пас, мардона бигӯед, ки аз ин далелҳо бӯйи ғараз эҳсос намешавад?

Чун дар оғози шарҳамон аз як кори Комиссияи аттестатсионии давлатӣ сухан кушода будем, инак онро барои хонандаи гиромӣ рӯшан мекунем. Санаи 27-уми майи соли 2010 хатмкунандагони шӯъбаи рӯзонаи факултаи журналистикаи ДМТ аз фанни сиёсатшиносӣ имтиҳони давлатӣ супориданд. Дар ин миён, ду нафар хабарнигори ҳафтаномаи «Пайкон» Мавзуна Абдуллоева ва Умедҷон Назаров баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанд. Мегуфтем, ки нафарони номбурда ба имтиҳон дуруст омода нашудаанд. Вале устодон нахуст Умедҷон Назарову баъд Мавзуна Абдуллоеваро барои имтиҳонсупорӣ даъват  мекунанд. То ҷое огаҳӣ дорем, дар рӯйхати имтиҳонсупорон аз рӯйи алифбо ному насаби Умедҷон Назаров хеле қафо қарор дорад.

Тавре огаҳӣ дорем, декани факултаи журналистика мӯҳтарам М. Зайниддинов чанд бор кӯшиш кардааст, ки ба М. Абдуллоева гузашт карда шавад. Аммо Шумо, устоди азиз А. Нуралиев, гуфтаед, ки «ҳеҷ гап не, равад, кор кунад, соли дигар омада месупорад». Устод Солиев изҳор доштаанд, ки дугирифтаҳо ба газета нависанд. Чунин муносибат мақоли «Алами Исоро аз Мӯсо гирифтан»-ро ба хотир меорад, аммо чун айни ҳол ин амалро барқасдона гуфта наметавонем, кулли навиштаҳоро дар мавзӯи мавриди назар пеши хонандаи нуктасанҷ гузоштаем, то хонаду қазоват кунад.

Мо бошем, тадқиқотро идома медиҳем…

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: