Главная > Uncategorized > Ба Худо, аз Худо дилам мондаст…

Ба Худо, аз Худо дилам мондаст…

Беҳимматони мантиқ ва устухонпарастони мағзношинос барои ин мисраъ ҳам ман ва ҳам муаллифи ин мисраъ, шоири гӯшанишин, Алимуҳаммади Муродиро қотеъ ҳукм ба куфр мекунанд. Ончунон, ки ин тоифа фурӯрафтагони ҷаҳл Носири Хусрави Қубодиёниро барои ин байт ҳукм ба куфр карда:
Худоё, рост гӯям фитна аз туст,
Вале аз тарс натвонам ҷағидан.
Амир Хусрави Деҳлавӣ дар гила аз ин «саррофони гавҳарношинос», ки «хармӯҳраро бо дурр баробар мекунанд», гуфта:
Нокасон гӯянд Хусрав бутпарастӣ мекунад,
Мекунад, аммо варо бо халқи олам кор нест.
(Шеър аз забон аст, шояд дар шакл иштибоҳе бошад).
Ва чаро Алимуҳаммади Муродӣ ба баёни ин мисраъ ҷасорат кард ва чаро ин мисраъ исми як мақолаи Муҳаммад шуд?
«Қасам ба кадом Худо ва аз кадом Худо дилмондагист»?
Муқаррари моҳияти зисти башар дар даҳр як аст. Дарёфти камол. Камол бо роҳи ҷустуҷӯ ва талоши донистан ҳосил гардад. Худро бояд шинохт. Худшинохта Худоро шиносад. Худошинос олами мавҷудоти Худоро дарёбад ва эҳтиром кунад. Касони ба олами Илоҳӣ воридшуда бо Холиқи бахшанда ва меҳрубон гилаву шиква ва ҳатто исён кардаву кунанд. Ривоят аст, ки Боязид «худро бо назари эътироф дид» ва Худованд ба эҳсоси самъи ӯ ин маъниро фиристод, ки: «Эй Боязид, хоҳӣ, ҳақиқататро ба мардум бинмоям ва туро сангсор кунанд?». Боязид бо ҳадяи андеша ҷониби Худованд посух зад: «Парвардигор! Хоҳӣ ҳақиқати вуҷудатро ба мардум ошкор кунам ва он гаҳ касе ниёш ва бандагиат накунад?». Маънии ин сухани Боязид дастраси ҳар «устухонхой» нест. Ин маъниро на тавассути «санги тасбеҳ кӯфтан» ва «ришу дастори сафед сохтан», балки танҳо тавассути «талоши маърифати Худошиносӣ» метавон дарёфт. Барои дарки ин сухан вуҷуди «кушки ҳашам», «саройи маҳкам» ва «тарабхонаи мӯҳташам» набояд, балки рози ин гуфтор дар дили шаб бо чашми хунгирифтаи қалби бехоби банди андеша, рӯзи рӯшан бо чашми зоҳиру ботини қиёси аъмоли олами ҳастӣ (аз башар то ашё) ҳосил шавад. Масҷидҳои заркӯбӣ, ки бештар макони «ваъз»-и мутакаббиронанад, асрорро ба ҳақиқат ошкор накунанд. Боязидҳо асрорро дар гӯшаи хонақоҳи «похсагин» дарёфтанд. Басо аз уламо илми динро ба хотири шавкати дунё дунбол кунанд. То ба ин васила шинохтаи мардум шаванд ва кафи нозуки дасти хешро аз обилаи меҳнат раҳо кунанд. То муридони сода ҳезумашон кафонанду чорпояшонро поянд. Иддае аз уламо касонеанд, ки дар дарёфти ҳуҷҷати касби «ифтихорӣ»-и дунё кӯтаҳдаст шуданд ва сипас худро ба майдони дин заданд. Ва ҳатто дар камтарин ҳол, ки бар дастчӯби кафлеси дунё даст ёфтанд, зоҳири фиребои худро низ ба «дунёбозон» мутаносиб карданд.
Соли 1992 ба баъд иддае аз пешвоёни наҳзат баробари пешниҳод шудан ба маснади ҳукумат «сӯф»-ҳои худро бо «галстук»-ҳои «коммунистӣ» табдил карданд. Ва баробари аз маснад «ронда шудан» боз ҳам рӯ ба «сӯф» карданд. Як шарти сулҳи Тоҷикистон тақсими маснадҳо шуд. Ва ин ҳам дар таносуби ҷони садҳо «вовчик»-у «юрчик» ва садҳо хонаҳои оташгирифта ва деҳаҳои валангор. Ва иддае аз пешвоёни 30-фисада дар сохтани кӯшкҳои худ бо 70-фисадаҳо мусобиқа карданд. Вале то ҳол баъзе «муридакон»-и «зудбовар» дар зиндонҳо орзуи дидори авлод мекунанд. Ва боз ҳам фатво: «Аз насибатон бинед». Аммо эшон худ аз насиб дидан намехоҳанд, балки «тақдирро барои худ тадбир мекунанд». Худои ин ҳазратон танҳо ғами онҳоро мехӯрад, на ғами муридони онҳоро. Пас, Алимуҳаммади Муродӣ ва Муҳаммад ба номи Худои Боязид, ки Худои яктост, гуфтанд, ки: «Ба Худои Боязид қасам, ки аз Худоҳои навсохта диламон мондааст»…
Итминон дорам, ки фақеҳон ва уламои ба ҷавҳари имон ва моҳияти исломи асил раҳёфта (шукри Худо, ки майдонамон аз эшон холӣ нест) дар рӯбарӯи ин гуфтор хашм накунанд, балки иштибоҳи моро бо афзалияти маънавиёти худ ислоҳ кунанд ва дурусти моро пуштибон бошанд. Ҳукми Худост: Дар амали хайр пуштибони ҳам бошед.

«Галстукҳои яҳудӣ ва демократияи юнонӣ, ки василаи зинат ва ҳашмати даҳргароён аст»
Ҷое хондаам, ки гарданбанд дар яҳуд муқаррар бар мурда буд, то кафан аз гиребонаш наафтад. Ва дар ин амал суд ошкор шуд. Суд он буд, ки рӯзи сард аз гиребони танобзада сардӣ ба бадан камтар раҳ ёбад. Ин гарданбанд дар шакли «шабпарак» (бабочка) ва галстук сохта шуда буд. Чун зинат ҳам дошт, даҳриён онро чун либоси ороиш пазируфтанд. Демократия эҷоди юнониён ва римиёни қадим аст. Аммо дар ин давлатҳои ғуломдорӣ, ки ғулом ашё буд, демократия мутааллиқ ба озодҳо буд. Дар масири таърих изи ғуломӣ батадриҷ коста шуд. Намунаи ниҳоии он эътирофи ҳуқуқи инсонии сияҳпӯст (ҳабаш)-ҳост. Ин эътироф на тӯҳфаи «сафед»-ҳо бар «сиёҳ»-ҳо, балки «самари мушт»-и «сиёҳ»-ҳо бар «сафед»-ҳо буд. Ва аҳли даҳрия, ки аввалу анҷоми худро дар ҳамин даҳр диданд ва мебинанд, ду моли қадим, галстуку демократияро чун унсури зебои фарҳангии худ то ҳол нигаҳ доранд. Ҳатто онро умумӣ ҳам кардаанд. Содалавҳона ҳоло бисёриҳо галстук бандему аз демократия ҳарза гӯем. Ва инак галстукбандӣ дар гардану демократиясароӣ дар сухан аз худ фарди фарҳангӣ сохтан асту халқпаравар эълон кардани хеш. Ва инро ду сабаб аст. Як ин аст, ки дунёдорон намехоҳанд, ки дар либос бо чеҳраи «обиладастиҳо» мутаносиб бошанд. Ду, барои дифоъ аз «мушти ғуломони озодшуда» лафзи демократия чун василаи «оромсозӣ»-и эшон ба кор рафтаву равад. Даҳргароёни пешин, ки бими дасти ғуломон барояшон таҳлукабор набуд, демократияро дар маънии томаш барои «озодсар»-ҳо иқрор буданд ва аз ин ҷо Юнону Рими қадим воқеан ҷомеаи демократӣ буд. Дар он ҳама чаҳорчӯба (принсип)-ҳои демократия риоя шуд. Сарчашмаи он таърихи Мӯсои паёмбар аст: Чун Мӯсо (с) — писархонди Фиръавн нафареро аз аҳли қибтиён кушт, ӯ ҳукм ба қатл шуд. Оё ин таъин имрӯз ба кор аст? Балки ҳоло мақол аст: «Сардор ба кор дер намонад, андармон шавад». Ва ё «Агар дар бозии парид-парид сардор гуфт, ки шутур парад, пас мепарад».
Ва даҳргароёни имрӯзиро аз даҳргароёни «классик» як тафовути азиме ҳаст. Пешинҳо гуфтанд: Моро ба ҷузъ ин даҳр касе наофарида ва ҷузъ ин даҳр касе нахоҳад кушт. Ва чун кушта шавем, моро дунболи марг дигар коре нест». Имрӯзиҳо ҷомеаи «демократӣ»-и худро «даҳрӣ» таъин карданд. Вале як дасташон ба домони «Худо» маҳкам аст. Ин мардум ба қавли даҳриёни пешин шубҳа карданд ва дар ҳастии Худои Боязид ба андеша рафтанд. Пас, онҳо барои мабодо ҳастии Худои Боязидро гоҳ пинҳон ва гоҳ ошкор зикр кунанд. Аммо онҳо яқин доранд, ки Худои Язид вуҷуд надорад ва аз он боке ҳам надоранд. Вале забонашон бо Худои Боязид асту аъмолашон бо Худо Язид. Зеро Худои Боязид ба нафъи индаҳрии онҳо мувофиқ нест. Пас, ман ва Алимуҳаммади Муродӣ савганд ба Худои забонии Боязидии даҳриён хӯрда, дилмондагии худро аз Худои аъмолии Язидии эшон қоил шудем…

«Ҳизбҳои сиёсӣ чи қувваанд ва муродашон аз иддао чист?»
Дар таърихи башар гузариши давлат аз як қудрат ба қудрати дигар расм шудааст. Замоне Файлақуси юнонӣ ба Доро хироҷ медоду замоне Дорои ҷаҳонгир сайди Искандари мақдунӣ шуд. Замоне Хоқони турк мулки Каёнро тӯъмаи худ карду ба дунбол Баҳроми Чӯбин бо зани Хоқон дар тахти хоби ӯ комрон гашт. Ва дар ҳама аср яроқи табдили қудратҳо дасти шамшербардори авом буд. Ва башар дар сарнавишти худ ногузир ба табдили яроқ иқрор шуд. Хоса дар қарни охир ҷойи шамшерро «овоз» гирифт. Ба ин хотир касоне ки ҳаваси қудрат кунанд, дастаи ҷонибдоронро бар ифодаи «ҳизб» ҷониби худ хонданд ва ташкили ҳизбҳо касб шуд. Яъне, ҳизбҳо шакли навтарини васила барои кашида гирифтани қудрати сиёсӣ аз як даст ба дасти дигар аст. Дар Амрико намояндаи як ҳизби кӯчак ба мо гуфт: Миёни демократҳо ва ҷумҳурихоҳон шартномаи ниҳониест, ки миёни ҳарду муборизаи «одилона» баранд ва дар якҷоягӣ ҳар ҳизби дигарро, ки барои дарёфти ҳукумат «чашм ало кунад», саркӯб кунанд.
Ҳизбҳо барои ба худ моил кардани «овозҳо» беҳтарин суханро моли забон кунанд. Ва чун ба мақсад расиданд, ҳамоно он гуфтаҳоро то интихоботи дигар ба «сандуқи оҳанин» чун мисқоли заррин аз «чашми бад» панаҳ кунанд.
Дар аҳди охир дар бисёр манотиқи дунё қудратҳои сиёсӣ «усули нав»-и шумурди овозҳоро касб карданд. Яъне, шумораи овози ҷонибҳо на ба айнияти овози изҳоршуда, балки ба он вобаста аст, ки овозҳоро пайравони кадом ҳизб шумуранд. Ба хотири ҷилавгирӣ аз ин «беадлӣ» созмонҳои ҷаҳонии назоратӣ ҳам касб шуда, аммо иддае аз фиристодаи ин созмонҳо дар заминаи ҳукми «қудрат»-ҳои худ ва фармоишчиёни «судбахш» барои сарбаландии худ бо овозшумурони қудратӣ ба созиш рафтанро зери мақоли «шуши нақд, беҳ аз дунбаи нася» пеша доранд. Самари ҳамин феъл аст, ки дар ин даҳсолаҳо «эътироф накардан»-и натиҷаи овозҳо феъли фаъол шудаву ба майдонгириҳо, ошӯбҳо, задухӯрдҳо, табаддулоти инқилобӣ бурда расонида истодааст. Агар ҳизбҳои сиёсӣ рост гӯянд, иллат чист, ки ҳар қудрате бо гузашти як давраи кӯчак бовари ҷомеаро, ки дирӯз ба ин қудрат овоз доданд, аз даст диҳанд?
Дар Тоҷикистон бо дунболагирӣ аз сиёсати ҷаҳонӣ ҳизбҳои зиёде амал дорад. Ҳамаи ин ҳизбҳо аслан аз мавҷудияти худ дар арафаи интихобот ҳадс мезананд. Чун интихобот гузашт, ба ҷузъ аз ҳизби ҳукмрон ва аҳзоби «бачахонд»-и он дар бештари аҳзоб рақобати ҷойгузинии дохилӣ авҷ гирад. Ҳизби ҳоким аз ин мариз барои он сиҳат аст, ки дастархони тақсимоташ васеъ аст ва имкон дорад даҳони «фаъол»-ҳояшро муносиб ба хидмат «ширин» кунад. Барои «бачахонда»-ҳо ҳам «кулчапора»-е аз дастархон насиб шавад. Аммо нокомҳо барои «ширин кардан»-и коми ширинхоҳи худ чун оруҳои шаҳдхоҳ рӯйи як буттагул-маснади раисии ҳизб ба рӯканиву мӯканӣ раванд. Аз соли 1992 Ҳизби демократи Тоҷикистон гирифтори ин дард аст. Аз Шодмон то Сатторзода, аз Афзалӣ то Ниёзов, аз Муҳаммадрӯзӣ то Собиров, аз Собиров то Исмонов ҳеҷ не, ки даст аз гиребони ҳам фароранд. Ҳизби сотсиалистии ҷавон низ ба ин сироят гирифтор аст. Ва бо назари мантиқ: мардуме, ки натавонанд дар дохили як ҳизб барои як мансаб ба ҳам оянд, як оқили худро пазиранд, ақалият ба аксарият мувофиқ шаванд, магар ҳақ доранд ба кулли мардуми кишвар ягонагӣ, тафоҳум ва судмандии Ватану миллатро ваъда кунанд?
Ҳизби наҳзат ва сотсиал-демократ аз интихобот то интихобот дунболи «грант»-ҳо шуда, бо фарои интихоботе «мардум»-ро ба ёд оранд ва ибораи «Мо бо шумоем»-ро сабти ливо кунанд.

Муҳаммадалии НУРАЛӣ
(давом дорад)

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: