Главная > Uncategorized > Бӯҳрони ҷаҳонӣ: Кадом иллат буд, ки ба шикаст овард?

Бӯҳрони ҷаҳонӣ: Кадом иллат буд, ки ба шикаст овард?

Расонаҳои ғарбӣ мавзӯи бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодиро дар қиёс бо нашрияҳои миллии мо фаъолтар инъикос намуданд. Имрӯз масъалаи рафъи оқибатҳои бӯҳрон низ дар садри гузоришоти шабакаҳои бонуфузи иттилоотии ҷаҳонӣ қарор дорад. Суоле ба миён меояд, ки чаро дар доираҳои иттилоотии Тоҷикистон мавзӯи бӯҳронро камранг инъикос намуданд. Шояд як навъ бепарвогии баъзе роҳбарони сохторҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, ки дар аввал даъво доштанд бӯҳрони ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон зиён надорад, боиси бетаваҷҷӯҳии гузоришгарони масоили иқтисодӣ гардид, ки ин мавзӯъро беаҳамият гузоштанд. Ё худ сабаб хосияти одатшудаи матбуоти мост, ки як мавзӯъро пайгирона таҳлилу тавзеҳ накарда, ба қавле сарчин мекунад. Ва ё ба давраи ҳассосият пайдо намудани мавзӯи фазои динӣ, дар пешорӯи интихобот аз хоби навбатӣ бедор шудани низоми ҳизбӣ дар Тоҷикистон, рост омадани бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ боис шуд, ки интихоби масъулони минбарҳои матбуотӣ бар сари ин мавзӯъҳои гарму бозоргири дохилӣ қарор ёфт.

Ба ҳар ҳол… бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ аз се марҳила иборат буд, ки марҳилаи ниҳоии он то ҳол идома дорад.

Марҳилаи аввал: Бӯҳрони қарзи манзил

Марҳилаи аввалро низоми бонкию қарздиҳии ИМА оғоз ниҳод. Хилофи ҳамаи қонуниятҳои иқтисодии фаъолияти мутавозини қарздиҳӣ бо назардошти қобилияти пардохтпазирии аҳолӣ бонкҳо ва сохторҳои молиявии қарздиҳӣ фоизҳои худро дар бозори арзии хизматгузориҳои қарздиҳии манзилӣ ба ҳадде пойин бурданд, ки низоми молиявии ҷаҳонӣ дар таърихи худ чунин пешниҳоди фоизнокиаш пасти қарздиҳиро ёд надошт.

Ба назар чунин менамуд, ки ширкаткунандагони бозори хизматрасониҳои қарзӣ ба як пойга ё худ сабқати ғайриоқилонаи васеъ намудани доираи муштариёни худ ворид шуданд, ки саропо пур аз таваккалҳои хатарзо буд. Аммо хилофи пешгӯиҳо ва даъватҳои иқтисоддонон барои эҳтиёткорӣ сохторҳои бонкию молиявии қарздиҳӣ чунон саргарми маъракаи пурҳаёҳуй оростаи худ буданд, ки ҳатто қонуниятҳои собитшудаи илми иқтисодро ба назари шубҳа менигаристанд.

Дар натиҷа дарвозаи бозори хариди манзил бо воситаи қарз барои ҳамаи амрикоиён аз меъёр зиёд боз шуд. Табақаҳои аҳолӣ бо сатҳи даромади молиявии гуногун ба ин арса қадам гузоштанд. Ҳамагон ба хотири беҳтар намудани шароитҳои манзилии худ дилпурона таҳти ҳаёҳуйу таблиғоти девонавори ширкатҳои бонкию молиявии қарздиҳӣ ба қарордодҳои қарзӣ имзо гузошта, иштирокчии амалиётҳои бонкӣ мегардиданд.

Бонкҳо ва ширкатҳои молиявии қарздиҳӣ сармасти афзоиши босуръати муштариёни худ сармояи худро ба гарав мегузоштанд. Ҳама бо умеде фойизи қарзҳоро поин бурда буданд, ки аз ин ҳисоб даромади бештаре ба даст оваранд. Бахшҳои таҳлилии бонкҳо ва ширкатҳои молиявии қарздиҳӣ аз васеъшавии бозори пешниҳоди қарзҳо бо фоизҳои паст ва ба даст овардани сармояи бештар аз ин ҳисоб башорат медоданд.

Аммо воқеияти ҳол баръакси ҳамагуна пешгӯиҳои марказҳои таҳлилиро собит намуд. Торафт фоизи қарзҳои дар мӯҳлати муқарраршуда бознагардонидашуда меафзуд. Возеҳ гардид, ки табақаи аҳолии қудрати пардохти фоизи қарзҳоро надошта меафзояд. Бозори манзили Амрико гирифтори фалаҷ шуд. Нархҳо пойин мерафтанд. Муштариён чун дарёфтанд, ки қудрати бозпас додани қарзи бонкҳоро надоранд, хонаҳои худро дар ихтиёри бонкҳо гузоштанд. Бонкҳо бошанд, бинобар дар гарав гузоштани пасандозҳои бонкии муштариёни худ тавони додани фоизҳои онҳоро аз даст доданд. Ҳамагон бошитоб пасандозҳои пулии худро аз бонкҳо мегирифтанд.

Ҷаҳониён дарёфтанд, ки Амрико — бузургтарин қудрати иқтисодии сайёра гирифтори нишонаҳои аввалини бӯҳрон гардидааст, ки талотуми он  фазои иқтисоди ҳамаи кишварҳоро ба гирдоби таназзул хоҳад кашид.

Марҳилаи дуввум:Бӯҳрони бонкӣ

Хатои ҷиддии бонкҳо дар масъалаи қарздиҳии манзилӣ эътимоди мардумро нисбати онҳо ба таври чамшрас рахна зад. Бонкҳои муқтадир, ки таърихи садсола доштанд, дар вартаи муфлисшавӣ қарор гирифтанд. Баъзе муассисаҳои бонкӣ ба хотири нигоҳ доштани пояҳои мавҷудияти худ бо бонкҳои дигар муттаҳид шуда, сохтори нави воҳидро ба вуҷуд оварданд. Аммо чунин қадам низ ҳолати нишондодҳои молиявии онҳоро беҳ насохт.

Давлат дар фикри наҷоти бонкҳо афтод. Чун фалаҷшавии низоми бонкӣ ба рушди тамоми сохтори иқтисодӣ дар маҷмӯъ латмаи ҷиддӣ зада буд. Ширкатҳои азими истеҳсолкунандаи автомобил бинобар пойин рафтани қобилияти харидории аҳолӣ ва ҳароси сартосарии мардум аз бастани қарордодҳои қарзӣ бо бонкҳо гирифтори мушкили пойин рафтани ҳаҷми даромадҳои молиявӣ шуда, нақшаи ихтисори кормандон ва коҳиши хароҷотҳои худро татбиқ намуданд.

Чунин ба назар мерасид, ки таъсири бӯҳрон дар мағзи ҳар як амрикоӣ амиқ реша монда, ҳамаи бахшҳои ҷомеаро ба вартаи изтиробангези худ мекашид. Давлат дар гирдоби пурталотуми бӯҳрон ба хотири ҳифзи нишондиҳандаҳои мӯътадили макроиқтисодӣ, пешгирии бекорӣ ва ғайра бонкҳо ва ширкатҳои тавлидоти мошин — яке аз муҳаррикҳои асосии иқтисоди миллии Амрикоро мавриди лутфу инояти дастгирии давлатӣ — дар ихтиёри онҳо гузоштани маблағҳои давлатӣ қарор дод, ки шиддати тӯфонро батадриҷ ба ҳадди таскинбахш паст нишонд.

Имрӯз андешаи ғолиб ин аст, ки бонкҳо сабабгори асосии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ гардиданд. Кадом иллати низоми бонкӣ бӯҳронро ба вуҷуд овард? Он кадом иллат буд, ки шикастро дар пай дошт?

Имрӯз аксари иқтисоддонон ба чунин назаранд, ки низоми бонкӣ дар Амрико ва дигар кишварҳои ҷаҳон бояд мавриди ислоҳот ва таҷдиди сохторӣ қарор гирад. Бонкҳои мӯҳташаму муқтадир, ки вазну мақому васеи таъсиррасонӣ доранд, метавонанд боиси бӯҳронҳои нав гарданд. Вақте як муассисаи молиявӣ чанд самти амалро зери як сохтори идоракунӣ анҷом медиҳад, табииист, ки таъмини низоми фаъолияти он мураккаб мегардад. Бубинед, ки як бонк чандин амалиётҳои гуногунсамтаро ҳамзамон анҷом медиҳад, аз қабили амалиётҳои тиҷоратии бонкӣ, амалиётҳои сармоягузорӣ, суғуртакунӣ ва навъҳои зиёди хизматрасонии бонкӣ. Аз ин хотир, бо мақсади дур нигоҳ доштани чунин муассисаҳои азими молиявӣ аз осебпазирии ҳассос лозим аст, ки онҳо ба чанд бахш қисмат шаванд. Танҳо дар чунин ҳолат шикасти як бахши фаъолияти молиявӣ шикасти тамоми низоми молиявиро дар пай нахоҳад дошт.

Марҳилаи сеюм: Бӯҳрони касри буҷет

Имрӯз бархе коршиносон нисбати суръати рушди иқтисоди ҷаҳон хушбин ҳастанд. Хусусан таҳлилгарони Хазинаи байналмилалии асъор, ки дурнамои фаъолнокии иқтисодиро дар соли равон ҳудуди 4 фоиз пешгӯӣ мекунанд. Мазмун: ҷаҳон аз ҷанги бӯҳрон халосӣ ёфта, ҷониби эҳё ва рушд тамоюли пешрафт гирифтааст.

Аммо на ҳама соҳибназарони бахши иқтисод ба ин баҳои ХБА шариканд. Зеро агар ба харитаи пешрафтҳои иқтисодии ҷаҳон бингарем, танҳо дар Чин, Ҳиндустон ва Бразилия осори рушди умедворкунанда ба назар мерасад. Эҳёи иқтисоди Амрико ба кундӣ пеш меравад, дар Аврупо нишонаҳои бӯҳрони нав зуҳур мекунанд.

Дарди хоси иқтисодиёти аксари кишварҳои тавонманд айни ҳол касри буҷет аст. Дар доираи ӯҳдадориҳои буҷетии худ ин кишварҳо хароҷоти зиёдеро ба нақша гирифтаанд, аммо бинобар камомади қисми даромади буҷет онҳо дучори мушкил гардидаанд. Чунин ҳолат имрӯз барои кишварҳое чун Амрико, Ҷопон ва Британияи Кабир хос мебошад. Намунаи бармалотари он дар  кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо — Юнон аст, ки муваффақияти чунин низоми дар зери як иттиҳод бо узвияти чандин кишварҳо фароҳам овардани фазои воҳиди иқтисодиро таҳти суол бурдааст. Кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ва ХБА дар ҳаҷми 110 миллиард евро ба Юнон низ ба пиндори таҳлилгарон таъсири даргузар хоҳад дошт. Аз ин метавон хулоса намуд, ки бӯҳрон ҳоло ҳам ҳукм меронад, танҳо дар симои нав зоҳир шудааст, ки он бӯҳрони касри буҷет аст.

Дар пайи ларзиши кохи иқтисоди Юнон асъори аврупоӣ ба дарди беқурбшавӣ гирифтор омад. Иттиҳоди пулии Аврупо низ ғалат будани тарҳрезии худро ба намоиш гузошта истодааст. ХБА ва Иттиҳоди Аврупо ба ёрии еврои ғарқшаванда шитофтанд: барои тақвияти қурби воҳиди пули Аврупо дар ҳаҷми 750 миллиард евро фонд таъсис доданд.

Аён мегардад, ки низоми ҷаҳондорӣ аз рӯи қонуниятҳои таърихии худ инсониятро шоҳиди бӯҳронҳои нав хоҳад намуд. Шояд иллати шикаст андаруни низоми ҷаҳондории муосир ниҳон бошад?

А. ҚОДИРОВ, махсус барои «Пайкон»

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: