Главная > Uncategorized > Вазни киса

Вазни киса

Ба назар чунин мерасад, ки дар ҳоли ҳозир донишҷӯй на дар ҷустуҷӯйи дониш, балки дар талоши дарёфти пулу баҳост. Бовар надоред? Пас биёед бо ҳам вазъи имрӯзаи ҳаёту таҳсили донишҷӯёнро каме ҳам бошад, мавриди таҳлил қарор диҳем. Албатта донишҷӯй, ба ибораи имрӯза «студент»-ро гунаҳкор карданӣ нестем. Пешакӣ мегӯем, матлаби мо ба донишҷӯёне, ки дар ҳақиқат дар ҷустуҷӯйи донишанд, дахле надорад. Чаро инро мегӯем? Зеро мумкин аст аз суханҳои дар зер меовардаамон баъзе донишҷӯён биранҷанд.Имрӯз фисади зиёди ҷавонон донишҷӯй ҳастанд. Аммо вақте пурсиш мегузарондем, касе аз мусоҳибонамон ба донишҷӯёни имрӯза баҳои хуб надод, ки надод. Нотавонбинии душманона-дия! Бовар кунед, ҷавоби бархе бароямон ғайринтизор буд. Ин ҷо бояд иқрор шавем, ки пурсишамон бештар миёни халқи оддӣ гузаронда шуд. Аз ин лиҳоз, шояд баъзе донишҷӯён чунин эътироз ҳам кунанд: «Магар дар мо академику профессору доктору номзадҳои илм каманд, ки аз ким — кадом як бесавод вазъи ҳаёту фаъолияти донишҷӯйро пурсидед!?».

Ҳадафи гузаронидани пурсиш миёни халқи оддӣ он буд, ки имрӯз ин табақа аз назарҳо дур мондааст. Ҳатто агар масъалаи оддитарин ҳам пайдо шавад, аз доктору олимон роҳи ҳал мепурсанд, на аз мардуми заҳматкаше, ки мӯйи сарашонро дар ҳамин самт сафед карданд. Ҳатто дар масъалаи обу замин деҳқони асилро як тараф монда, аз раиси хоҷагии деҳқонӣ маслиҳат мепурсанд, ки танҳо «раисӣ»-яшро медонаду халос.

Узр, ки аз мавзӯъ дур рафтем. Дар вақти пурсиш маълум шуд, ки аз нигоҳи бархе, донишҷӯёни мо дар миёни омма ҳеҷ обрӯе надоштаанд. Яке аз мусоҳибони мо, ки деҳқон буду худро Исмоил муаррифӣ кард, зимни сӯҳбат гуфт: «Бародари ман ҳам як замон донишҷӯй буд. Вале чун рӯзҳои истироҳат ба хонаамон меомад, дар дасти ӯ китобе намедидам».  Ба гуфтаи мусоҳибамон, яке аз дардҳое, ки имрӯз донишҷӯёни мо ба он гирифторанд, мансабталошист. Онҳо мехоҳанд ҳарчи зудтар ва бе заҳмату машаққат соҳиби вазифа шаванд.

Ба гумони шахсии банда, сабаби асосии паст рафтани обрӯи донишҷӯй (ҳамзамон аз муаллим низ) — ин коррупсия аст. Ришва, «лой», «чойпулӣ». Ман инро аз куҷо пай бурдам? Аз сӯҳбати худи донишҷӯён. Чун бо донишҷӯён ҳамсӯҳбат мешудем, қисми зиёди онҳо на аз чи гуна гузаштани дарсу баҳсҳои илмӣ, балки аз баҳою баҳогирию вазни киса чақ-чақ мекарданд.

Чӣ нолем, ки ин бадбахтиро мо худ бар сари хеш овардаем!? Ва бояд назди ин миллат ҷавоб гӯем! Агар дар соҳаи маориф бар зидди коррупсия муборизаи беамон барем, боварӣ дорам, ки дар даҳсолаи наздик натиҷаҳои назарраси онро хоҳем дид.

Муллораҷаб ЮСУФӣ, ноҳияи Мастчоҳ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: