Главная > Uncategorized > Домодҳои президент: кадоме бонуфузтар аст?

Домодҳои президент: кадоме бонуфузтар аст?

Дар кишварҳои хориҷ президентҳо ҳамагӣ як ё ду духтар доранду домодҳояшонро метавонанд дар ҳукумат вазифа диҳанд, аммо агар дар Тоҷикистон ҳам президент ҳама духтарону домодҳояшро вазифа диҳад, дар ҳукумат қариб ки курсиҳои асосӣ намемонад.

Зану шавҳар дар мусобиқа?

Дар ҳукумати кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳатман яке аз духтарони президентҳо ва шавҳарояшон дар вазифаҳои баландтар фаъолият мекунанд. Масалан, духтари калонии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев — Дарига Назарбоева дар зиндагиву сиёсат мавқеашро пайдо кардааст. Аммо вақтҳои охир падарро ин муваффақиятҳои духтараш хуш наомад ва акнун ӯ аз кӯмакҳои падар маҳрум аст. Шавҳараш — Роҳат Алиев собиқ сафири Австралия ва намояндаи кишвари худ дар ОБСЕ буд. Чун вақтҳои охир нуфузи бештар пайдо кард, ба ҳар восита ба суд кашида шуд. Яъне, ӯро дар одамрабоӣ айбдор карда, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз намуданд. Духтари дуввумии ин президент — Динара фонди маорифи падарашро роҳбарӣ мекунад. Шавҳари ӯ — Тимур Қулибаев ҷонишини президенти як ширкати нафту газ мебошад.
Духтари хурдӣ — Алия, ки келини собиқ президенти Қирғизистон буд, бори дуввум ба як тоҷири қазоқ ба шавҳар баромад.
Бояд гуфт, машҳуртарин духтарони президентҳои Осиёи Марказӣ — ин духтари бузурги президенти ӯзбекистон Гулнора мебошад, ки номаш ҳамеша чи дар сархати ВАО ва чи вирди забони мардум аст. Зеро ӯ ғайр аз фаъолияти сиёсияш боз тоҷир ва шуғли овозхонӣ, фотомоделӣ низ дорад.
Шавҳари собиқи Гулнора афғони муқими Амрико буд, ки пас аз тӯй соҳиби вазифаи директори намояндагии «Кока-кола» дар Тошкант гардид. Аммо баъди ду фарзанд ба дунё овардан, ба хотири мансабу пул аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Аз ин рӯ, Гулнора як муддат бо собиқ шавҳараш ба хотири масъалаҳои судӣ доштан, машҳур гардид.
Дар Тоҷикистон дар вазифаҳои давлатӣ мардум танҳо ду домоди президент, як духтараш ва писари калонии Эмомалӣ Раҳмонро чун мансабдор мешиносанд.
Муовини аввали вазири молияи кишвар Ҷамолиддин Нуралиев, шавҳари духтари президент — Озода мебошад, ки аввали соли равон ба ин вазифа таъин шуд. Ба вазифаҳои болотар рафтани зану шавҳарро метавон як навъ мусобиқа ҳам унвон кард. Яъне, Озода Раҳмонова аз сардори консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ ба вазифаи ҷонишини вазир ва Ҷамолиддин Нуралиев, ки пештар ба ҳайси муовини вазири молия кор мекард, то ба муовини аввал расид, ки ҳарду ҳам то ба вазирӣ наздик омадаанд.
Аммо нисбат ба Озода ҳамсараш Ҷамолиддин тавонистааст маҳорати кордонии худро нишон диҳад. Аз ин рӯ, коршиносон ҳадс мезананд, ки дар вазифаи вазири молия пас аз Сафаралӣ Наҷмиддинов ғайр аз ӯ номзади лоиқтаре нест. Зеро саводи кофӣ, хоксориву фурӯтанияш аллакай дар бисёр ҷаласаву нишастҳо аён гардидааст, ки акнун зина ба зина ҳамин тавр ҳам шуда истодааст.
Пас метавон гуфт, ки сабаби дарозумрии Сафаралӣ Наҷмиддинов дар ҳукумат маҳз набудани кадри арзанда мебошад. Акнун, ки ҷойгузинаш омода шуда истодааст, баъди як-ду сол дар ин курсӣ метавон Ҷамолиддин Нуралиевро дид.

Истеъфо ё ноӯҳдабароӣ?

Ҳафтаи гузашта зимни як ҷаласаи ҳукумат домоди дигари президент Маҳмадзойир Соҳибов, директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Тоҷикистон пас аз чанд моҳи фаъолият дар ин вазифа таъин шудан, сабукдӯш гардид.
Аммо тавре хабаргузории TojNews иттилоъ медиҳад, Маҳмадзойир Соҳибов, ки баъди вафоти падараш роҳбарии ғайрирасмии чанд авлоди бонуфузи ба ном қурғаниҳоро ба ӯҳда дорад, бо хоҳиши худ аз кор рафтааст.
Дар ҳамин ҳол савол пайдо мешавад, ки чӣ ба худистеъфои ӯ сабаб шудааст?
Аммо ба иттиллои ин манбаъ, коршиносон ҳадс мезананд, ки Маҳмадзойир Соҳибов аз болоравии нуфузи Ҷамолиддин Нуралиев -муовини авввали вазири молияи кишвар дар як соли ахир нигарон аст. Ва шояд сабаби истеъфои ӯ дар ҳамин бошад.
Аммо дар ҳамин ҷаласа, ба ҷойи Маҳмадзойир Соҳибов мудири шӯъбаи молияи Дастгоҳи иҷроияи Президент Дилмурод Давлатов директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Бояд гуфт, ки ин гуна истеъфоравӣ таҷрибаи аввал нест ва дар Қазоқистон Нурсултон Назарбоев низ шавҳари духтари дуввумаш Тимур Қулибоевро аз вазифаи ҷонишини сардори бузургтарин ҷамъияти саҳҳомии «Самрук» ба истеъфо равон карда буд.
Вале дар Қазоқистон сабаби аз вазифа озод кардани хешовандони президентро дар «хиёнат»-и домоди калонӣ маънидод мекунанд.
Аммо шояд пешгӯйии коршиносон дуруст ҳам бошад. Зеро Маҳмадзойир Соҳибов аз фаъолият дар мақоми давлатӣ дар кори тиҷорат муваффақияти бештар дошт ва фаъолияти кории ӯро дар ин вазифа муддати мадиде нашудааст.
Бояд ёдрас шуд, ки ду сол қабл дар рейтинги гузаронидаи хабаргузории «Авеста» — «Сад шахсияти бойтарин ва бонуфузтарини кишвар» дар қатори Ҳасан Асадуллозода («Ориёнбонк»), Тоҷиддин Пиров (ОАО «Тоҷиксодиротбонк»), Ниёзмурод Саидмуродов (ОАО «Агроинвестбонк»), Зайд САИДОВ (тоҷир) ва дигарон Маҳмадзойир Соҳибов ҳамчун тоҷир ҷой гирифта буд.

Сари қудрат будани хусур абадӣ нест

Домодҳои президентҳо дар муқоиса бо духтаронашон аз рӯйи ченаки вазифа камӣ надоранд. Масалан, ғайр аз Гулнора духтари президенти Гурҷистон — Манана директории генералии студияи филмбардории телевизиони «Нео-студия», шавҳари ҳозирааш — директори беҳтарин ширкати алоқаи мобилии «Магти» дар Гурҷистон аст. Духтари президенти Украина — Елена директори ширкати бузурги алоқаи мобилии «Киевстар», шавҳараш ҳам олигарх, ҳам вакили Рада буда, ҳамзамон ширкати калонтарини саҳҳомии шабакаҳои телевизиониро роҳбарӣ мекунад.
Духтари президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев — Севил бошад, берун аз шаҳри Боку барои кӯдакони ятим шаҳраке кушодаасту шавҳараш — муовини вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон мебошад.
Аммо яккадухтари президенти Молдова пизишк буда, зиндагии оромона дорад, ки на дар бораи худу на дар бораи шавҳараш ҳангомаро дӯст намедоштааст.
Дар миён президенти Тоҷикистон низ аз лиҳози духтардорӣ ба қавли расонаҳои хориҷӣ «сермеросхӯр» аст. Яъне, чанд сол пештар расонаҳои хориҷӣ ба фаъолияти тиҷоратии духтари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон — Фирӯза диққат дода, ӯро соҳибкорбону ном гузошта буданд. Аммо ҳоло хоҳараш — Озода, додараш Рустам ва шавҳари Озода ба саҳнаи сиёсат ворид шудаанд, ки бештар номашон вирди забонҳост.
Дар ҳамин ҳол духтарони дигари президент дар кадом вазифаҳо кор мекунанд, маълум нест. Ҳарчанд аз рӯйи маълумотҳои ғайрирасмӣ Таҳмина дар соҳаи сохтмон машғули кор аст. Парвина бо вуҷуди он ки Донишгоҳи тиббиро барвақт хатм намудааст, ягон сарчашма иттилое надорад, ки ӯ дар ин самт кор мекунад ё не.

Домоди президент шудан хосту ба даст афтод

Тавре аз мисолҳои боло аён мегардад, ҳама домодҳои президентҳо шахсони оддӣ нестанд. Яке писари президенти дигар кишвару дуввумӣ писари вазир ва саввумӣ тоҷир… Аз ин рӯ, шояд касе гумон накунад, ки ҷавонони оддӣ низ орзуи домоди президент шуданро доранд. Онҳо чун медонанд ин орзуяшон амалинашаванда аст, кӯшиш ҳам нахоҳанд кард.
Аммо дар Русия ҷавоне ин орзуяшро хостааст амалӣ кунад. Яъне, хабаргузории Лента.ру иттилоъ додааст, ки бо вуҷуди он, ки президенти Русия Дмитрий Медведов духтар надорад, марде бо номи Бахтиёр назди Кремл омада, хостгори ба занӣ гирифтани духтари президент шудааст.
Вақте кормандони пулис ӯро аз назди Кремл дастгир карданд, ҳангоми сӯҳбат гуфтааст, ки бо президенти ФР Медведов вохӯрӣ таъин кардааст, то духтарашро ба занӣ гирад.
Аммо чун Медведов духтар надорад ва ҳарчанд ҷавон низ ба гирифтории бемории рӯҳӣ монанд набудааст, вале ӯро ба беморхонаи рӯҳӣ интиқол додаанд.

Барои мисол аз навиштаи расонаи ИТАР-ТАСС:

Вақте Борис Елтсин Русияро роҳбарӣ мекард, аъзои оилаи ӯро тамоми мардум мешинохт. Зеро ҳамсараш — Наина Иосифовна ҳангоми сафарҳо президенро ҳамроҳӣ мекард. Духтари хурдӣ бошад, мушовири ӯ буду домодаш — Валентин Юмашов роҳбари дастгоҳаш.
Домоди калонияш — Валерий Окулов ширкати «Аэрофлот»-ро сарварӣ мекард. Он замон зери мафҳуми «оила» мардум ҳукумати кишварро медонистанд. Акнун аз узви он оила касе ёд намекунад. Ҳамаашон аз ҳукумат дур шуданд.
Қисмати собиқ президентҳои сарнагуншудаи Қирғизистон Аскар Акаев ва имрӯза Қурмонбек Боқиев ба оилаи Борис Елтсин монандӣ дорад.

Саида ҚУРБОНОВА, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: