Главная > Uncategorized > Куҷоед, эй депутатҳо?!

Куҷоед, эй депутатҳо?!

Беш аз ду моҳ мешавад, ки роҳи ДушанбеЧаноқ пулакӣ асту дар байни мардум сарусадои зиёдеро ба миён оварда. Охир чаро роҳеро, ки Ҷумҳурии Хитой бо сармояи 281 млн. доллар ҳамчун қарз барои Тоҷикистон азнавсозӣ кардааст, як ширкати бритониёӣ системаи хизматрасонии толлингии онро бар ӯҳда мегирад?

Ҳамчунон, ин ширкат аз тамоми намуди андоз озод аст ва дар масъалаи таъмири роҳ низ худро бартараф мегирад. Ин ширкатро кадом тоҷикистонӣ сарварӣ мекунад, ки ин қадар Тоҷикистонро як кишвари бе дару дарвоза ҳисобида, роҳи бо пули қарз сохташударо аз они худ гардонидааст? Охир, вақте мардум барои роҳ пул медиҳанд ва ин пул муфтакак ба ҳисоби ширкати «IRS»-и хориҷӣ медарояду аз он давлат як дирам фоида намегирад, мешавад садди роҳи барпокунии митинг гардид? Мардум фаҳмидан мехоҳанд, ки маблағи супоридаашон ба куҷо меравад.

Гуфта мешавад, ки зиёда аз 10 ҳазор нафар истиқоматкунандагони ноҳияи Варзоб ба унвони президенти мамлакат нисбати роҳи пулакии Душанбе — Чаноқ мактуб навишта буданд. Аммо мутаассифона, то ба имрӯз на аз Дастгоҳи Президент ва на аз ширкати «IRS» ҷавобе нагирифтаанд. Ҳамчунин, садҳо нафар сокинони ноҳияи Варзоб ва мардуми Мастчоҳ,Истаравшан, Хуҷанд муқобили пулакӣ шудани роҳи Душанбе — Чаноқ мебошанд ва ҳама мехоҳанд, ки Ҳукумат назорати роҳро ба зиммаи худ гирад. Бар замми он, ки тӯли ин рӯзҳо як ширкати хориҷие дар ватани мо ба ғорати мардум машғул аст, як мансабдоре ё депутате сар намебардорад. Куҷоед, эй депутатҳо, бо барномаҳои пешазинтихоботии пурмӯҳтавои худ?! Куҷоед, раисони ҳизбҳои сиёсӣ? Магар танҳо дар арафаи интихобот мардум ба ёдатон мерасанд?!

Маҳз ана ҳамин арзу шикоятҳои мардум буд, ки Комиссияи вижаи Агентии зидди инҳисорииоҷонсии зиддимонополияи Тоҷикистон фаъолияти ширкати IRS ва пулситонии он дар гузаргоҳи Душанбе — Чаноқро ғайриқонунӣ ҳисобида, талаб кардааст, ки ба ҷамъоварии пул   дар ин роҳ хотима гузоранд. Ба ин хотир нишасти Комиссияи вижаи Оҷонсии зиддимонополии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ширкати IRS бургузор шуд. Раиси ин оҷонсӣ Амонулло Ашӯр изҳор доштааст, ки фаъолияти ширкати IRS (Инюветив Роуд Солюшенс) дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст ва ҳамчунин афзудааст, ки ин ширкат дар бораи фаъолият, пули ҷамъоварда ва таъмиру нигаҳбонии роҳ ва воситаҳои фаннии харидашуда ба давлат иттилоъ надодааст. Агар ин ширкат ба амри оҷонсӣ маротибаи дигар итоат накунад, дар он сурат ин моҷаро ба додгоҳ кашида хоҳад шуд- изҳор доштааст Амонулло Ашӯр.

Аммо дар муқобили иддаоҳои оҷонсӣ дар мавриди фаъолияти ғайриқонунии ширкат далел ё посухи аниқе  пешниҳод накардааст ва танҳо ҷониби IRS аз комисия хоҳиш намудааст, ки ин мавзӯъро ба додгоҳ накашанд ва дар чорчӯбаи оҷонсӣ ҳал намоянд.

То ҷое огаҳӣ ёфтем, то кунун аз ронандагон аз ин роҳ маблағ ҷамъ намуда истодаанд.Пас, онҳое ки аз қонун наметарсанду хилофи қонун амал намуда истодаанд, чиро интизор бошанд? Якбора ба шӯр овардани мардум ё ягон ҳадафи дигар?…

Мақомоти Тоҷикистон таъкид мекунад, ки ҳадаф аз пулакӣ намудани  роҳ пардохти қарзҳои давлати Чин аст. Модом ки чунин аст, пас чаро ширкати Бритониёӣ аз ин роҳ пул ҷамъ мекунад, ё худи чиниҳо наметавонанд ҳаққашонро гиранд?! Аммо ин ҷо «таги коса нимкоса»-е ҳаст. Дар ҳоле ки ин роҳро имрӯз чиниҳо таъмир карданду маблағи онро ширкати Бритониё  ба даст медарорад, боз нашавад, ки дар вақти пеш омадани зарурати таъмири роҳ пас аз чанд сол ғайб занаду дар кадом кишвари дигар паноҳ ҷӯяд.

Ширкати IRS, ки худро як ширкати Бритониёӣ муаррифӣ менамояд ва системаи хидматрасонии толлингии роҳи Душанбе — Чаноқро ба ӯҳда дорад. Мувофиқи маълумоти худаш, ширкати IRS яке аз ширкатҳои бонуфузи хориҷист, ки бо бисёр давлати дунё ҳамкорӣ дорад. Аммо мақомоти он аз ифшои шарикони хориҷии худ худдорӣ мекунанд. Ҳамчунин маълумотҳои дигар низ ҷой доранд, ки ин ширкат соли 2009 дар минтақаи офшори ҷазираҳои Вирҷиния номнавис шудааст ва таҷрибаи кории собиқа надорад, муассисонаш бошанд, аслан шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Фаридуни Умарбек, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: