Главная > Uncategorized > Мирзо Зиёев ва асрорангез ғайб задани Муҳаммадӣ

Мирзо Зиёев ва асрорангез ғайб задани Муҳаммадӣ

Сарнавишти охирин маҳбуси тоҷики Гуантанамо тӯли як соли охир ба қиссаи силсиладор табдил ёфт. Аз ҷумла, мо низ чанд маротиба дар ҳафтаномаи «Пайкон» дар бораи ӯ ва сарнавишти мавсуф матолиби мухталиф ба чоп дода будем. Дар аввал ӯ бо ному насаби Умар Абдуллоев муаррифӣ мешуд. Баъдан, пас аз вокуниши расонаҳои чопиву электронӣ волидони номбурда аз худ дарак дода, ному насаби аслияшро Муҳаммадӣ Давлатов гуфтанд. Ҳафтаи гузашта бошад, онҳо аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дархост карданд, ки барои интиқоли Муҳаммадӣ Давлатов ба кишвар мусоидат намояд.Далели писари онҳо будани Муҳаммадӣ Давлатови аввалиро волидон бо он асоснок мекунанд, ки дар нашрияҳои тоҷикӣ акси чун себи дукафон монанд ба фарзандашон ба табъ расидааст. Фатҳиддин Давлатови 70-сола аз ноҳияи Панҷ гуфтааст: «Мо аслан умед надоштем, ки писари мо зинда аст. Аммо намехостем ба овозаҳо дар бораи марги ӯ ҳам бовар кунем. Охир, аз соли 1998 дигар ӯро надидем, на хату на хабар аз ӯ. Ҳатто мешуд, ки чанд сол пеш ба хонаи мо ҳамсояҳо, дӯстони собиқи Муҳаммадӣ меомаданд барои фотеҳахонӣ. Вале мо ягон маъракаи ёдбуд доир накардем. Аммо ҳамин охирҳои соли гузашта чанд намуд газетаро ба мо оварданд аз Душанбе. Гуфтанд, ки ба писарат монанд. Мо акси Муҳаммадиро шинохтем, модараш, ҳама хешовандон шинохтанд. Аз мӯйи духтарон барин дарозашу ришу қошони сиёҳаш ва бузбалагиаш шинохтем. Бачаи худамро чи хел намешиносам?! Баъд фаҳмидем, ки зинда аст, лекин номашро Умар Абдуллоев навишта буданд дар рӯзномаҳо…». Ҳамсари ӯ Шамъигул Нуруллоева низ мегӯяд, ки дар шинохти фарзандаш хато накардааст: «Дили модар гувоҳӣ медиҳад, ки вай писарам аст, ҳатто шубҳа надорам. Ҳама аломатҳои чеҳрааш қариб ки тағйир наёфтаанд…».

Дар ин маврид муовини аввали сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ Шовалӣ Умаров изҳор доштааст, ки мақомоти милиса ҳанӯз ҳам ба таҳқиқи Умар Абдуллоев ё Муҳаммадӣ Давлатов будани маҳбуси Гуантанамо машғул аст. Аммо ба андешаи ӯ, аксе ки Умар Абдуллоев муаррифӣ мешавад, дар ҳақиқат ба Муҳаммадӣ Давлатов мансуб аст. Ҳамзамон, Ш. Умаров изҳор доштааст, ки Вазорати корҳои дохилӣ барои шахсияти маҳбуси тоҷики Гуантанамо ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Амрико муроҷиат кардааст. Аммо ӯ аз натиҷаи ин муроҷиат, умуман посухе гирифтан ё нагирифтан изҳори беиттилоӣ намудааст. Сухангӯйи Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев низ дар як тамоси телефонӣ ба мо гуфт, ки аз чунин натиҷа огоҳӣ надоранд.

Чун ҳоло ҳам дар маълум кардани шахсияти маҳбус оҷизӣ мекашанд, ба ватан интиқол ёфтани Умар Абдуллоев зери суол меравад. Дар ҳоле ки ӯ худро зодаи деҳаи Шарора мехонаду мегӯяд, ки наздиконаш дар натиҷаи зилзила зери хок мондаанд. Фатҳиддин Давлатов бошад, ҳамоно ӯро фарзанди худ дониста, қайд мекунад, ки писараш Муҳаммадӣ то соли 1998 дар Вазорати ҳолатҳои фавқулодда таҳти роҳбарии генерали марҳум Мирзо Зиёев кор карда, асрорангез аз ҳамон ҷо ғайб задааст. Ба гуфтаи худи ӯ, писараш Муҳаммадиро охирин бор бо генерал Мирзо Зиёев пас аз истиқрори Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Панҷ дидааст. Ба қавли мавсуф, баъди нопадид гаштани Муҳаммадӣ чанд маротиба ба вазорат мераваду аз рафиқонаш дар куҷо будани ӯро мепурсад. Аммо посух медиҳанд, ки дар бораи зинда ё мурда будани ӯ хабаре надоранд.

Ба ҳар ҳол, ин танҳо як иддаои тасдиқнашуда аст, ки ба сарнавишти маҳбуси тоҷик бетаъсир намемонад. Зеро, агар нишондоди Умар Абдуллоев дар мавриди зодаи деҳаи Шарора буданаш ҳақиқат бошаду фаҳмад, ки номи ӯро ба фаъолияти генерали асроромез фавтида — Мирзо Зиёев пайванд медиҳанд, розӣ шуданаш барои бозгашт ба ватан душвор мегардад. Чунки, ӯро боз гумону шубҳаҳои дигар домангир мешавад. Вале, агар воқеан Муҳаммадӣ Давлатов бошаду ҷурме аз ӯ содир нашуда, метавон ба Тоҷикистон интиқолаш дод.

Азимҷон БАДАЛОВ, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: