Главная > Uncategorized > Туризми «сабз»

Туризми «сабз»

Он метавонад «мафия»-ву «через»-ро аз байн барад

Баъзе аз мансабдорон ва тоҷироне, ки аз пушти сайёҳони хориҷӣ пул кор мекунанд, оё мехоҳанд туризми «сабз» дар Тоҷикистон рушд ёбад? Агар не, пас онҳо дар баробари манфиатҳои шахсӣ манфиати кишвар ва мардумро кайҳо фаромӯш кардаанд. Яъне ин мисли нону намаки ҳамин диёру мардуми ин сарзаминро хӯрдан ва ба намакдон туф кардан аст.

Се андар як

Кумитаи «се андар як»-и Тоҷикистон, ки ҳам фаъолияти ҷавонон, варзиш ва ҳам бахши сайёҳиро дар бар мегирад, мехоҳад якбора дар ин се самт рушди назаррас дошта бошад, аммо бо ду пойро дар як мӯза андохтан он пора мешаваду роҳгардӣ ғайриимкон аст. Тибқи таҳлили коршиносон, се соҳа ба як кумита табдил ёфтанаш ба он оварда расонидааст, ки ягон бахше аз ин соҳот ба таври зарурӣ рушд наёфтааст. Баъзе таҳлилгарон бар онанд, ки ин се кумитае, ки дар як ниҳод ҷой гирифтаанд, бояд алоҳида бошанд. Ҳадди ақал бахши сайёҳӣ, ки яке аз соҳаҳои сердаромадтарини иқтисодиёти ҳар кишвар маҳсуб меёбад ва рушд наёфтани ҷаҳонгардии Тоҷикистонро таҳлилгарон маҳз аз мустақил набудани кумитаи сайёҳӣ ва ба роҳ намондани таблиғоти дурусти туризм дар дохили кишвар маънидод мекунанд. Ҳоло аксар мардуми кишварҳои ҷаҳон дар бораи мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон тасаввурот надоранд ва кишвари моро ба унвони ҷумҳурие мешиносанд, ки дар минтақаи хатарнок ҷойгир аст, мардуми қашшоқаш зиёданд ва эҳтимоли хурӯҷи ҳар гуна бемориҳо вуҷуд дорад. Дар ҳоли ҳозир хурӯҷи касалии кӯдаконаи фалаҷи сар боис шуда, ки бештари шаҳрвандони давлатҳо аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд. Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон сар задани чунин ҳолатро аз заъфи ниҳодҳои дахлдори кишвар медонад, ки натавонистаанд тариқи ВАО, сайтҳои интернетӣ ва дигар воситаҳои иттилоот вазъи феълии кишварро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шарҳ диҳанд.

Толиб Рифоӣ, дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ 3-юми май ҳангоми дидор бо масъулини кумитаи мазкур гуфтааст, ки то ҳол Тоҷикистон натавонистааст аз бахше имконоти ҷаҳонгардии худ истифода кунад. Илова бар ин, дар сарчашмаҳои сайёҳӣ иттилои кофӣ дар бораи осори таърихию фарҳангӣ ва минтақаҳои барои туристон тамошобоб вуҷуд надорад. Ба гуфтаи ӯ, мушкилоти инфрасохторӣ, ҷавобгӯ набудани роҳҳои иртиботӣ, меҳмонхонаҳо ва кадрҳои касбии мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунад. Вале Толиб Рифоӣ гуфтааст, ки ҳангоми сафар ба Тоҷикистон ӯро хабарнигорон аз 9 расонаи мӯътабари ҷаҳон ҳамроҳӣ кардаанд ва пас аз дидор аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон, дар мавриди вазъи амният, осори таърихӣ ва табиати хушобу ҳавои он гузоришҳо таҳия хоҳанд кард.

Аз ин «меҳмоннавозӣ» меҳмон фирор мекунад

Ба Тоҷикистон шумораи ками туристоне, ки меоянд, танҳо дар Варзоб ё чанд меҳмонхонаи панҷситора истироҳат мекунанду мераванд. Оё меҳмонхонаҳои панҷситора ва тамошои шаҳрҳо имиҷи Тоҷикистонро дар байни кишварҳои ҷаҳон боло бурда метавонад? Кӣ мегӯяд, ки дар дигар кишварҳо меҳмонхонаи панҷситорадор нест ё шаҳрҳои аз Душанбе зеботар вуҷуд надорад? Шаҳрҳои мамолики пешрафта ҳатто аз ин ҳам беҳтару зеботаранд, ки дар тасаввури як сайёҳи хориҷӣ шояд дар баробари онҳо тарабхонаҳои Тоҷикистон ҳеҷ эътиборе надошта бошанд. Фирӯз Қаландаров, шаҳрванди тоҷик, ки аз таҷрибаи сайёҳии бештари кишварҳо огоҳ аст, мегӯяд, ки мушкили аввал дар соҳаи туристии Тоҷикистон надоштани имиҷи сайёҳӣ мебошад.

— Ба ин далел, ки вақте дар бораи Ҳиндустон ҳарф мезананд, дар хотири ҳама занҳои зебои либоси махсус, яъне «сори» пӯшида ба назар меояд. Ё ки рақсу суруди ҳиндиро ба ёд меоранд. Ҳангоме дар бораи Туркия ҳарф мезананд, ҳатман ҷазираи «Босфор», «Анталия» ё рақси «самоъ»-и туркӣ бо либосаш ба хотир меояд. Барои туризм муҳимтар аз ҳама он аст, ки ҳар давлате мехоҳад соҳаи туризмаш рушд ёбад, бояд ҳатман як имиҷи миллии туристӣ дошта бошад. Масалан, вақте савол кунанд, ки Тоҷикистон чи гуна кишвар аст, бояд дар тасаввури сайёҳи хориҷӣ як чизе ҷилвагар бошад. Дигар чизе, ки имрӯз ба рушди туризм дар кишвари мо монеа эҷод мекунад, ин набудани рекламаи давлатии ғайритиҷоратист, ки танҳо ба хотири таблиғи мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихии дар Тоҷикистон мавҷудбуда ба роҳ монда мешавад. Баъдан, агар хоҳем, ки воқеан туризм дар кишварамон рушд кунад, бояд бо «Тур-оператор»-ҳо робита дошта бошем. Тақрибан дар ҷаҳон 11 «Тур-оператор»-и бузургтарин ҳаст, ки онҳо рушди туризмро дар ҷаҳон таҳти назорати хеш қарор додаанд. Мутаассифона, имрӯз Тоҷикистон лоақал бо яке аз онҳо иртибот надорад. Агар бо яке аз инҳо ҳамкории хуб дошта бошем, заминае барои рушди минбаъдаи туризм дар Тоҷикистон хоҳад буд. Дигар мушкил набудани инфраструктураи хуб аст, ки то ҳол муайян накардаем кадом навъи туризмро инкишоф диҳем,- мегӯяд ӯ.

Давлат Камолов, як шаҳрванди тоҷик, ки саёҳати чанд кишвар насибаш гаштааст, мегӯяд, ки дар Тоҷикистон индустрияи меҳмондорӣ ҳанӯз рушд накардаст.

— Мо дар сатҳи зарурӣ меҳмонҳои хориҷиро қабул карда наметавонем. Аз ворид шудан ба фурӯдгоҳ то расидан ба меҳмонхонаҳо сайёҳон ҳатман ба мушкилиҳо мувоҷеҳ мешаванд. Яке аз роҳҳои беҳтарини реклама ҳамин аст, ки сайёҳи хориҷӣ дар бораи кишваре ба рафиқону пайвандонаш аз забони худаш нақл мекунад. Шояд ба хеле чизҳо бовар накунанд, лекин ба шахси наздике, ки бо чашми худаш вазъи як кишвар ва тарзи қабулу меҳмондорӣ дар он ҷойро дидааст, бовар мекунанд. Давлат гуфт, ки қабули сайёҳон дар ҳамсоякишвари ӯзбекистонро боре мушоҳида кардааст. Ҳангоме як гурӯҳ туристон бо ҳавопаймо мехостанд аз Тошканд ба Боку парвоз кунанд, Давлат низ дар қатори мусофирон ба Озорбойҷон сафар карданӣ будааст. Вале полисҳои нигаҳбон тамоми мусофиронро, ки аксараш шаҳрвандони ҳамин ҷумҳурӣ буданд, нигоҳ дошт ва навбати онҳоро ба сайёҳони хориҷӣ дод. Онҳо озодона, бе мамониат ва ҳатто бе назорати бағоҷ гузашта рафтанд. Лекин дар мо мутаассифона, баробари дар фурӯдгоҳ ворид шудан мушкилиҳо пеш меоянд. Ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳо, дастрас кардани бағоҷ, инчунин дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани меҳмонхонаҳо, воситаҳои нақлиёт ва проблемаҳои дигар зиёданд.

Аз рӯи гуфтаи шоҳидон, вақте ба баъзе кишварҳо, назири Ҷопон ё Инглистон сафар мекунед, барои шахсоне, ки забони он кишварро намедонанд, махсус ишораҳо ҳаст, ки бидуни аз касе пурсидан ё суол кардан метавонед макони лозимаро пайдо кунед. Дар фурӯдгоҳи ин давлатҳо бо ҳарфӣ «i» ишораҳо ҳаст, ки маънои «информейшен»-ро дорад. Яъне марказҳое ҳастанд, ки Шумо тариқи хаттӣ, бо кадом забоне, ки дархост кунед, маълумоти заруриро дастрас карда метавонед.

Мушкили дигаре, ки дар Тоҷикистон мавҷуд аст, набудани кадрҳои соҳибихтисоси касбӣ ё ба истилоҳ менеҷерҳоест, ки сатҳи хизматрасонӣ ба туристонро дошта бошанд.

Ҳоло вобаста ба рушди сайёҳӣ сомонае дар Тоҷикистон фаъолият намекунад, ки дар муаррифии мавзеъҳои туристӣ нақш дошта бошад. Бояд сайтҳои вобаста ба ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон фаъолият кунанд, ки ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ буда, дар ҳамкорӣ бо сомонаи агентиҳои туристии дигар кишварҳо кори худро ривоҷ диҳад.

Сайёҳ кам шавад ҳам, пул бегона нашавад

Ҳоло сайёҳони хориҷӣ дар бораи Тоҷикистон чӣ хел тасаввуроте дошта бошанд, ки баҳри тамошо оянд? Агар биноҳои замонавӣ ё меҳмонхонаҳои панҷситорадорро мисол оварда гӯем, ки ҷойи истироҳат ва мавзеи тамошобоб аст, дар давлатҳои дигар меҳмонхонаҳои аз ин беҳтару боҳашаматтар мавҷуд аст. Аз лиҳози хонаҳои замонавӣ Душанбе дар баробари Вашингтону Париж ва Маскав деҳкадае беш нест. Табиати зебову дилрабои Тоҷикистонро мисол занем, баъзе кишварҳое, ки дар сайёҳӣ ном баровардаанд, аз чунин табиат орӣ нестанд. Танҳо оби мусаффову шифобахши мо фарқкунанда аст, ки онро муаррифӣ бояд намуд. Журналист Бахтиёр Ҳамдамов зимни як сӯҳбаташ гуфт: «Мо бояд аввал намуди туризмро интихоб намоем. Масалан, Тоҷикистон мисли Анталия баҳр надорад, ки тоҷирон меҳмонхонаҳои бузурги назди баҳрӣ созанд. Ё ки бо истифода аз киштиҳо саёҳати баҳрӣ ташкил кунанд. Ба ин чиз на имкон дорем ва на шароит. Мо маблағи зиёд надорем, ки ба ин гуна инфраструктураҳо сарф кунем, онро такмил диҳем ва баъдан сайёҳонро ҷалб намоем. Пас ягона роҳ — ин дар Тоҷикистон инкишоф додани туризми «сабз», яъне бо истифода аз имконотҳои ҷамъиятҳои маҳаллӣ ҷалб кардани туристон мебошад».

Туризми «сабз» як навъи ҷаҳонгардист, ки сайёҳон дар хонаҳои мардуми маҳаллӣ истироҳат мекунанд, на дар меҳмонхонаҳо. Дар он ҷо бо расму ойини хонаводаи эшон ошноӣ пайдо мекунанд, бо ҳунари аҷдодии онҳо шинос мешаванд, ки чунин навъи туризм ҳоло дар ҷаҳон хеле маъмул аст. Ин тарзи саёҳат ҳам барои сайёҳ ҷолиб асту ҳам арзон ва дар баробари ин ба мардуми маҳаллии Тоҷикистон як роҳи маблағ ба даст овардан аст. Ва як ҷиҳати аз ҳама манфиатовари ин навъи туристӣ ба андешаи таҳлилгарон дар он аст, ки бо омадани туристони хориҷӣ мардуми маҳалҳо кӯшиш мекунанд вазъи экологиву муҳитзистии худро беҳтар кунанд, шароити хуби зиндагиро муҳайё созанд, то сайёҳон дар хонаи онҳо омада хуб истироҳат намоянд ва бо ин васила тарзи зиндагонии мардуми мо тағйир меёбад ва беҳтар шудан мегирад. Ба хотири он ки сайёҳ маҳал ё хонаи онҳоро тарк карда ба ҷойи дигар наравад ва маҳз хизматрасонии ононро интихоб намояд, мардум кӯшиш мекунанд, ки расму ойини худашон, ҳунармандии худашонро инкишоф диҳанд ва муҳити атрофашонро хуб нигоҳ доранд. Ин намуди туризм ҳам барои рушди сайёҳӣ, ҳам барои беҳтар гаштани вазъи экологиву иҷтимоӣ ва ҳам барои ҷалб намудани сайёҳоне, ки маблағи зиёд надоранд, мусоидат хоҳад кард. Аммо ба андешаи иддае аз коршиносон мушкили аслӣ дар он аст, ки «мафия» ё шахсони алоҳидаи хоҳ мансабдор ва ё коммерсантҳое, ки тариқи «через» бахши сайёҳиро аз худ кардаанд ва ё теъдоди сайёҳони ба Тоҷикистон омадаро қабул карда, меҳмондорӣ менамоянд, хоҳони он нестанд, ки туризми «сабз» рушд ёбаду пули туристони хориҷӣ аз кисаи онҳо ба ҷайби мардуми маҳалҳо дарояд. Ҳамаҷиҳата хуб аст, ки зиндагии мардуми маҳалҳо аз ин ҳисоб беҳтар мегардад ва ҳамзамон ба Тоҷикистон туристони зиёд ҷалб мешаванд. Вале мавзӯи баҳсталаб он аст, ки оё «мафия» мехоҳад пул бегона шавад? Инро низ як намуди фасод гуфтан шояд дуруст бошад, ки бахшҳои сердаромадро дороҳо монополия карда гирифтаанд ва сарфи назар аз манфиати кишвар ва мардуми он, онҳо манфиатҳои шахсии худро ҷӯё мешаванд. Ба андешаи коршиносон, то ҳамин гуна манфиатҷӯйии гурӯҳҳо дар Тоҷикистон аз байн наравад, рушди на танҳо туризм, балки тамоми соҳаҳо ғайриимкон аст. Ҳарчанд давлати моро демокративу мардумӣ ном мебаранд, аммо ба назар чунин мерасад, ки ҳоло ҳам мардум дар хизмати мансабдорон ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ қарор доранд, на баръакс. Банда ба умед гуфта, орзу мекунем, ки кай роҳбарон «хизматгор»-и мардум мешаванд?

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: