Главная > Uncategorized > «Чаро Бекназари Абӯбакр «панҷ» нагирифт»?

«Чаро Бекназари Абӯбакр «панҷ» нагирифт»?

Маводи Бекназари Абӯбакрро таҳти унвони «Чаро декан хоҳиш кард?» аз ҳафтаномаи Шумо (№18, аз 05.05.2010) мутолиа кардам ва бо таассуф чунин вокунишро омода намудам. Зеро дар таҷрибаи банда бо шогирд баҳс аз тариқи рӯзнома бори аввал аст. Сабаби дар ҷавоб андаке таъхири мо дар он буд, ки вокуниши мо ба супоридани имтиҳонҳои дигари шогирд (Эгамов Б.) ягон таъсире надошта бошад. Имрӯз, ки ҳамаи имтиҳонҳо анҷом ёфт, ба муаллифи мавод ҳамчун ҳамкасб ҷавоб гуфтанамон беҳтар аст.Банда ҳамчун раиси имтиҳони давлатӣ шоҳиди он будам, ки устоди имтиҳонгир ба донишҷӯён хеле меҳрубонона, бо калимаҳои «духтарам», «писарам» муроҷиат мекарданд. Ҳатто дар минбаре, ки шогирд ҷавоб мегӯяд, шишаи об бо истакон гузошта шуда буд, ки баъзан донишҷӯёни ба ҳаяҷон омада истифода баранд. Шояд аз сабаби ҳайати якчанднафара қабули имтиҳон, барои баъзе шогирдон воҳиманок намояд. Декани факултети журналистика М. Зайниддинов барои имтиҳон шароити мусоидро ба вуҷуд оварда буд.

Вале новобаста аз ин, аз рӯйи инсоф бояд гуфт, ки дар ягон маврид, ягон шогирд таҳқир нашудааст, ки он дурӯғи бофтаи муаллифи мавод аст. Аксарияти шогирдон ҳангоми сӯҳбати пас аз имтиҳонӣ ба банда барои шароити мусоид ташаккур мегуфтанд. Бинобар ин «муносибати сарди устодон нисбат ба шогирдон, пастзании шогирд» муҳоботи муаллифи мавод Бекназари Абӯбакр аст.
Шогирди гиромии мо даъво дорад, ки «ба ҳар се саволҳо ҷавоб гуфтам», аммо чигунагии ҷавоби донишҷӯйро танҳо устодони имтиҳонгир муайян мекунанд, на худи имтиҳонсупоранда. Саволи иловагиро низ имтиҳонгирандаҳо мегузоранд. Дар мавриди ба саволҳо ҷавоби пурра ё қаноатбахш додан, саволи иловагӣ гузоштан шарт нест. Журналист бояд донад, ки дар имтиҳони давлатӣ ассистент намешавад. Муаллим И. Сафаров котиби ҳуҷҷатгузори комиссия буда, дар баҳогузорӣ ширкат намекунад.
Сармуҳаррири гиромӣ! Шумо ҳамчун як журналисти варзида, наход муҳоботи муаллифи маводро пай набурда бошед? Таваҷҷӯҳ намоед ба ин суханони муаллиф: «Баромадан баробар, ҳамкурсҳое, ки пушти дар меистоданд, ба ман мегуфтанд: «Мо аз ин ҷо дидем, ту нағз ҷавоб додӣ, панҷ мегирӣ». Аз рӯйи инсоф худ қазоват кунед, байни минбаре, ки донишҷӯ ҷавоб мегӯяд, то дари даромади толор қариб 20 метр масофа аст ва аксаран дар пӯшида ва чи гуна ҳамкурсонаш ҷавобҳои ӯро мешуниданд. Донишҷӯ Б. Эгамов овози чандон баланд ҳам надорад, банда таъкид карда будам, ки «баландтар гӯед, мо шунавем». Пас чӣ гуна ҳамкурсонаш овози ӯро шунавиданд? Ва ҳамкурсони дар берун аз нодониашон гирён чӣ гуна ба мӯҳтарам Б. Эгамов «4» ё «5» баҳо мегузошта бошанд? Худписандию худбинии донишҷӯ то ба ҳамин дараҷа аст, ки дониши худро аз дигарон баланд медонад.
Ҳангоми эълони натиҷаи имтиҳон банда ҳамеша таъкид менамоям, ки касе аз баҳояш розӣ набошад, метавонад ба минбар баромада, ба саволҳои устодони имтиҳонгир ҷавоб гӯяд, агар хоҳад, билети нав гирад ё ба саволҳои пешинаи худ ҷавоби пурратар гӯяд. Аммо Б. Эгамов аз чунин имконияти исботи донишмандии худ истифода бурдан нахост, аниқтараш ҷуръат накард. Шояд ба дониши худ бовар надошт. Албатта, баҳогузорӣ ҳамеша субъективӣ аст. Банда ҳамчун раис, баҳои мутахассисони имтиҳонгирро ҷамъбаст менамоям ва риояи адолати баҳогузориро мувофиқи дониши воқеии имтиҳонсупоранда назорат мекунам. Барои он, ки хонандаи гиромиқадри ҳафтаномаи «Пайкон» худ қазоват кунад, ҷавоби хаттии Б. Эгамовро пешниҳод менамоем. Барои равшанӣ андохтан ба чунин муҳобот чопи онро зарур мешуморем.
Агар ҳангоми баҳогузорӣ ягон хотирбиние шуда бошад, он ҳам ба манфиати донишҷӯ шудааст, ки ба ҳама, аз ҷумла ба муаллиф низ, тааллуқ дорад. Ҳамон рӯз аз 17 нафар донишҷӯ 3 нафар баҳои хуб (4), 2 нафар баҳои ғайриқаноатбахш (2) ва боқиманда баҳои қаноатбахш (3) гирифтанд. Шояд муаллиф Б. Эгамов хоҳони он буд, ки агар ӯ баҳои «3» гирифта бошад, дигар аксарияти ҳамкурсонаш бояд баҳои «ғайриқаноатбахш» мегирифтанд. Аммо ҷавобҳои Б. Эгамов ба саволҳои билети имтиҳон аз сегирандаҳо ягон фарқ надошт.
Муаллифи мавод таъкид менамояд, ки «аз худи устод Нуралиев А. ҳам баҳои «аъло» гирифтаам». Аммо ман ягон бор дарси сиёсатшиносӣ нагуфтаам ва баҳои аз фанни ихтисосии Б. Эгамов ба сиёсатшиносӣ муносибате надорад. Дар хотир дорам, ки аз фанни «Назарияи журналистика» ба як донишҷӯйи курси 1 баҳои «аъло» гузошта будам. Хусусан реферати ӯ, ки дар он ҷо иқтибос аз профессор Е. П. Прохоров «фаъолияти журналистӣ — фаъолияти иттилоотӣ ва иҷтимоӣ — сиёсӣ мебошад», ба банда писанд омада буд. Аммо имрӯз донишҷӯ бар хилофи ақидаи худ, ба журналист зарурати сиёсатшиносиро инкор менамояд.
Мутаассифона, дар имтиҳони дуюм аз ҳамин фанни «Назарияи журналистика» низ донишҷӯ Б. Эгамов баҳои «қаноатбахш» гирифт. Чаро ин дафъа Б. Эгамов хомӯш монд? Чаро чанд нафар ҳамкурсонаш, ки дар курси аввали шӯъбаи рӯзона бо баҳои «хуб»-у «аъло» мехонданд, пас аз баҳои баланд гузоштан аз имтиҳони давлатии ҳамин фанни ихтисосӣ базӯр баҳои «қаноатбахш» гирифтанд? Чаро қисми зиёди донишҷӯён, ки дар курси аввал бо ҳавасу ғайрат мехонданд, дар курсҳои 3-5 дониши дар аввал пайдокардаи худро гум мекунанд? Чунин масъала бояд мавриди баҳси муаллиф қарор мегирифт. Бинобар ин, баҳои устодони фанни сиёсатшиносӣ нишондоди дониши воқеии Б. Эгамов будааст.
Муаллифи мавод Б. Эгамов менависад, ки ҳамчун як ҷавони лаёқатманд ба Агентии миллии «Ховар» ба кор даъват шуда буд ва бо ҳамин сабаб ба таҳсили ғоибона гузаштааст. Дар ин ҷо низ муаллиф ба ҳақиқат хиёнат мекунад. Яъне Б. Эгамов аз донишгоҳ хориҷ шудани худро аз хонандаи рӯзона пинҳон медорад. Аз Фармони Ректори Донишгоҳ: «Эгамов Бекназар — донишҷӯйи курси 2, ихтисоси 021401 — журналист — тарҷумон, бинобар ҳозир нашудан дар сессияи тобистона ва насупоридани санҷишу имтиҳонҳо аз 02.07.2005 аз Донишгоҳ хориҷ карда шавад». (Фармони №08-791-6ст, аз 11.07 2005). Ва баъд аз 2 сол, яъне 10.04.2007 ба курси шӯъбаи ғоибона барқарор шудааст.
(Фармони №08-277-6ст, аз 10.04.2007).
Муаллиф боз моро, хусусан устодони варзидаи фанни сиёсатшиносиро, ки дар таълиму тарбияи донишҷӯён саҳми арзанда доранд, таҳқир менамояд ва бо онҳо чӣ гуна баҳомониро ёд доданӣ мешавад, ки аз одобу ахлоқи донишҷӯӣ ва журналистӣ берун аст.
Муаллиф дар тасвири ҳолати пас аз имтиҳонии ҳамсабақони худ менависад, ки «росташ ба саволҳоям ҷавоб дода натавонистам…» ва ғайра. Аммо аз назари устодони имтиҳонгир, мутахассисони соҳа Б. Эгамов ба ягон саволи билети имтиҳон ҷавоби дуруст гуфта натавонист. Таваҷҷӯҳ намоед ба нусхаи хаттии Б. Эгамов.
Сармуҳаррири мӯҳтарам! Шумо дар ҳафтаномаи худ ба Б. Эгамов имконият додаед, ки устодони имтиҳонгирро бо суханони қабеҳу аз ҳақиқат дур, ба мисли «беинсоф», «бемурувват», «худхоҳ» таҳқир намояд. Мо сазовори чунин таҳқири як нафар донишҷӯи моҷароҷӯ нестем ва чунин айбномаҳоро тӯҳмату таҳқири шаъну шарафи инсониро пастзананда медонем. Барои ҳимояи шаъну шарафи худ ва эътибори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имконияти пурраи муроҷиат ба додгоҳро аз меъёрҳои ҳуқуқӣ, яъне моддаҳои 135 ва 136 КҶҶТ дорем.
Вале бо назардошти дастпарвари донишгоҳ будани Шумо — сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайкон» ва дар оғози фаъолияти рӯзноманигорӣ қарор доштани муаллифи мақола Бекназари Абӯбакр — дастпарвари тозаи факултаи рӯзноманигории ДМТ худдорӣ мекунем.
Вале таваҷҷӯҳи ташкилоти ҷамъиятии Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистонро ба он ҷалб менамоем, ки вақтҳои охир дар баъзе рӯзномаҳои мо (дар айни замон ҳафтаномаҳои «Пайкон» ва «Тоҷикистон») айбгузориҳои носанҷида, тӯҳмату таҳқири рӯирост, сӯйистифода аз касби журналистӣ ҳамчун як падидаи номатлуб, ба вуқӯъ омадааст, ки хилофи одоби рӯзноманигорӣ аст. Хоҳишмандем масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯро низ баррасӣ шавад. Зеро қоидаи тафтишӣ саҳеҳияти мавод, факт аз назари баъзе рӯзномаю рӯзноманигорони мо берун мондааст.
Мо чунин матолиби ғаразнокро аз ҳодисаи нангин барои рӯзноманигории тоҷик меҳисобем. Дар охир доир ба насиҳатҳои муаллиф, ки ба устодон оид ба тарбия ва ҳуқуқбунёдии давлатамон ёдовар мешавад ва он ҳам танҳо ба хотири манфиати ғаразноки худ. Аввалан, дар бораи тарбияи шахси тарбия дида гуфтанаш беҳтар аст ва сониян, дар давлати ҳуқуқбуёд магар тӯҳмату иғво ба монанди «пастзании шогирд», «беадолатӣ», «воситабозӣ» (далел бояд овард), «муносибати сарди устодон» барин суханони ғайривоқеиву тӯҳмат ба журналист раво аст?
Тӯҳмату ғаразнокии сухани муаллифро сӯҳбати пас аз имтиҳонии банда бо донишҷӯён собит менамояд. Ягон шогирд то ба имрӯз аз муносибати сарди мо шикоят накардааст. Баръакс, гурӯҳи ҳамсабақони муаллиф баъди чопи маводи мазкур ба кафедраи сиёсатшиносӣ рафта, аз устодони имтиҳонгир узрхоҳӣ ва аз воқеият дурии чунин маводи иғвоангезро изҳор намуданд. Ин ҳама пас аз ба охир расидани имтиҳони сиёсатшиносӣ сурат гирифт, ки шогирдон ягон вобастагӣ аз устодон надоштанд. Магар ин тӯҳмату ғаразнокии суханони муаллифро собит намекунад?
Б. Эгамов устодонро, дар айни замон бандаро, дар «бемурувватӣ» айбдор менамояд, ки ҳеҷ гуна асоси воқеӣ надорад. Агар мо нисбат ба Б. Эгамов бемурувват мебудем, ҳангоми аз дасти ӯ гирифтани «манбаи дониш» (шпаргалка) дар имтиҳони сеюми мавсуф аз фанни ихтисос метавонистем ӯро аз имтиҳон берун кунем. Аммо мо ба Б. Эгамов имконият додем имтиҳонҳоро супорад (ҳамон шпаргалка бо ҷавоби хаттии ӯ дар дасти ҳайати комиссия аст). Ҳатто ба саволи иловагии устодонаш Н. Бозоров «Дар забони тоҷикӣ зада ба кадом ҳиҷои калима меафтад?» ҷавоби ғалат гуфт. Бо вуҷуди он, ба ӯ баҳои «4» гузоштанд. Агар ӯ адолатхоҳ мебуд, чаро эътироз накард, ки аз рӯйи ҷавобҳояш сазовори чунин баҳо нест?

А. НУРАЛИЕВ, профессор,
раиси комиссияи
аттестатсионии давлатӣ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: