Главная > Uncategorized > Ҷон ё ҳиҷоб (фоҷиаи Ғӯлакандоз)

Ҷон ё ҳиҷоб (фоҷиаи Ғӯлакандоз)

Истиқоматкунандаи ҷамоати Fӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов Дилшод Охунов занаш — модари 3 фарзанд, муаллимаи шинохта, ғолиби озмуни вилоятии «Беҳтарин роҳбари синф», «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Дилноза Салимоваро ваҳшиёна кушт.

Муаллимаи эҷодкор

Ҳар гоҳ сухан дар бораи тарбияи насли наврас равад, пеш аз ҳама хизматҳои омӯзгор ба назар мерасад. Чунин омӯзгори эҷодкору навовар, ки бо табассуми малеҳу нигоҳи гарм дар дили шогирдон ҷой гирифта буд, муаллимаи забону адабиёти ӯзбеки гимназияи рақми №1-и ноҳияи Ҷаббор Расулов Дилноза Салимова мебошад. Шарҳи ҳоли ин духтари ҳалиму меҳрубон ва ғамхори мушфиқ он қадар тӯлонӣ нест. Соли 1978-ум дар деҳаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов дар оилаи зиёӣ таваллуд ёфтааст. Дилноза соли 1994 ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, онро соли 1999 хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ фаъолияти омӯзгории ӯ дар гимназияи рақаи №1-и ноҳия оғоз гардид. Дар гимназия аз устодони пуртаҷриба дарси донишу маҳоратро бештар омӯхт. Маҳз бедорхобиву нооромӣ ва ҷустуҷӯю эҷодкориҳо боиси баланд гардидани обрӯю манзалати муаллима гардид. Муаллима ҳамагӣ 8 сол дар гимназия кор карда, дар ин муддат як зумра шогирдонро тарбия намудааст.

Таҷрибаи кории Дилноза Салимова нишон медиҳад, ки ӯ пайваста ба бедор кардани рағбати хонандагонаш нисбат ба адабиёти бадеӣ машғул будааст. Ташкили вохӯриҳо бо намояндагони адабиёту санъат, мусоҳибаҳо, конфронсҳо, хониши асарҳои беҳтарин аз ҷумлаи чорабиниҳоест, ки дар таълимгоҳ таҳти роҳбарии ӯ доимӣ гузашта меистоданд. Хонандагони ӯ Мафтуна Каримова, Шоҳсанам Воҳидова, Умедҷон Муҳиддинов, Фаррухҷон Шаффоров ва дигарон аъзоёни фаъолтарини китобхонаи таълимгоҳ ҳастанд. Шогирдони муаллима Ирода Ҷабборова, Фарзонбек Бақимов дар озмунҳои фикрии хонандагон фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд.

Дилноза Салимова ба хонандагон дониши чуқуру ҳаматарафа дода, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ, илмдӯстӣ, меҳанпарварӣ, ҳурмат ба калонсолон ва доною қобил тарбия менамояд. Дар қадамҳои аввалини фаъолияти педагогиаш ба душвориҳои кори омӯзгорӣ вомехӯрад. Пурсуҷӯ аз ҳамкорони таҷрибаивазкунӣ ва мутолиаи адабиётҳои иловагӣ ба Дилноза муваффақиятҳо оварданашро ба ӯ модараш — «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ибодат Исҳоқова тез-тез хотиррасон мекард. Маҳз ҳамин ҷиҳат буд, ки ӯ аз солҳои аввалини фаъолияташ ба эҷодкорӣ ва навоварӣ шуғл пайдо кард. Дилноза ба гузаронидани дарсҳо маҳдуд нашуда, пас аз дарс бо хонандагон машғлиятҳо мегузаронд.

Дарсҳои Дилноза ҳамеша кушод ва озод мегузаштанд. Устокорона истифода бурдани ҳар лаҳзаи дарс, ҳавасмандкунӣ ва супоридани вазифаҳо мувофиқи дараҷаи дониши ҳар як талаба хонандагонро ба завқу шавқ меорад. Онҳоро ба мустақилона фикр кардан, эҷод кардан, баҳсу мунозира кардан даъват мекунад. Чӣ тавре ки наврасон аз ҷиҳати қобилият хулқу атвор, майлу рағбат ва хислатҳои гуногун доранд. Дилноза барои бо сифати баланд гузаштани дарсҳояш аз методҳои гуногун истифода мебурд. Дар дарсҳо кӯшиш менамуд, ки бачаҳо озодона фикр кунанд, баҳсу мунозира намоянд, ба завқу шавқ оянд. Дар дарсҳои ӯ воситаҳои техникӣ, дидактикӣ низ бо маҳорат истифода бурда мешуд. Дар  ҷараёни дарс вобаста ба мавзӯъ хонандагон саҳначаҳои хурд — хурд иҷро мекарданд.

Бахшида ба ҷашни 1150-солагии устод Рӯдакӣ ва соли забони тоҷикӣ нақши  нек ва босазое гузоштааст. Маълум аст, ки барои аз худ кардани забони дигаре нахуст забони модарии хешро донистан лозим аст. Ин ақидаро Дилноза дарк карда, мекӯшид, ки шогирдонаш забони худро нағз омӯхта, ширинбаёну нуктадон бошанд. Кори аз ҳама ҷолиби диққати Дилноза ин буд, ки ӯ яке аз роҳбарони синфи бомаҳорати гимназия ба ҳисоб мерафт. Соли сипаригашта Дилноза Салимова дар озмуни вилоятии «Беҳтарин роҳбари синф» иштирок карда, сазовори таҳсин гашт. Муаллимаи ҷавон барои кӯшишу ғайрати ҳассос ва нақшҳояш дар самти тарбияи хонандагон ба унвони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз  гардида буд.

Золим ва зулм

Дилноза бо хоҳиши падару модар соли 1999 ба ҳамдеҳааш Дилшод Охунов ба шавҳар мебарояд. Падари Дилноза яке аз шахсиятҳои шинохтаи ноҳия буда, чандин сол дар вазифаҳои роҳбарӣ кор кардааст. Модари Дилноза — Ибодат Исҳоқова муаллимаи пуртаҷрибаю пешқадами ноҳия, «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Оилаи онҳо дар деҳаи Ғӯлакандоз намунаи ибрати дигарон буд. Бо Дилнозаи донишманду тарбиядида бисёр касҳо орзуи хонадоршавиро мекарданд.  Аммо тақдир чунин будааст, ки Дилнозаро ба оилаи Охунов   доданд. Сарвари ин оила Ҳамид Охунов духтур аст. Ҳамсари Дилноза  ду маротиба бо пора дастгир шуд. Гоҳ ҷаримаи калон супурда, гоҳ ҷазои сабук гирифта, озод гардид.

Дилшод оҳиста-оҳиста симои аслии худро нишон додан мегирад. Ба занаш  зулм ва таҳқирро сар мекунад. Зани боорият — Дилноза ин ҳолатро аз падару модараш пинҳон мекард. Зеро 3 фарзанд дошту намехост оилааш вайрон шавад.

Шавҳари ӯ бошад, «пул ёб!» гуфта, ба маоши гирифтаи занаш қаноат намекард. Муаллима ноилоҷ монда, вақти холӣ ёфта, аз шаҳри Хуҷанд торт оварда, дар деҳа мефурӯхту пули коркардаашро ба шавҳараш медод. Дилнозаи бечора чокдӯзӣ ҳам мекард. Баробари мардон ба саҳро баромада, мардикорӣ менамуд. Ҳамаи кӯшишҳои ин зани дурандеш ба хотири вайрон нашудани оила буд.

Дилшод Охунов якбора тағйир ёфт. Вай бо экстремистҳо алоқа пайдо мекунад. Дар баъзе ҷойҳои ӯро намешинохта «ман домулло аз Самарқанд» гуфта, ба баъзе корҳои ношоиста даст мезад. Занашро «ту корро партофта, намоз мехонӣ, ҳиҷоб мепушӣ» гуфта талаб мекунад, беасос лату кӯб карда, азоб медиҳад. Ҳатто ваҳшиёна ҳамсарашро корд мезанад. Хуллас Дилноза корро бас мекунад. Назди падару модар рафта, зориву тавалло мекунад, ки ӯро аз шавҳараш ҷудо кунанд. Чунки дигар зиндагӣ кардан барояш маъное надорад. Дилшод бо мошини худ ба хонаи хусуру хушдоманаш рафта, «бачаҳо гиря карда истодаанд, ним соат пас мебиёӣ» гуфта, ӯро ба кӯҳ мебарад. Дилшод ҳамсарашро дар саҳро латукӯб мекунад, ки Дилноза ҷароҳат мебардорад. Шавҳари Дилноза либосҳои ҳамсарашро пора-пора мекунад. ӯро ба хонааш оварда, дару дарвозаро қулф мекунад. Ибодат Исҳоқова аз духтараш хавотир шуда, Дилнозаро кофтанӣ меравад. Модари Дилшод — Дилором Носирова ба Ибодат Исҳоқова дурӯғ мегӯяд, ки келинаш бо дугонаҳояш ба кадом тӯй рафтааст…

Қотил

Падари Дилноза шаби 20-уми майи соли равон маъракае дошт. Дилноза дар хонаи падару модар буд. Дар соати 00:30-и шаб, ки ҳама хоб буданд, Дилшод оҳиста-оҳиста ба хонаи хусуру хушдоманаш медарояд. Модари Дилноза аз хоб бедор шуда, огоҳ мегардад, ки нафаре ба хонаи ӯ даромадааст. Дилшод хушдоманашро сахт тела дода, Дилнозаро чанд корд пайи ҳам мезанад. Вақте падари Дилноза аз ҳодиса огоҳ мегардад, дарҳол духтарашро ба духтур мебарад, ки аллакай дер шуда буд…

Коми аҷал

Дилнозаро ба беморхонаи марказии ноҳия мебаранд. Маълумотномаи духтурони табобатӣ: «Санаи 21-уми майи соли 2010, соати 13:15дақиқа, ба шӯъбаи қабули БМН аз гуфтаҳои бемор пас аз 1-1,5 соати захмгирии сершуморе, ки аз ҷониби шавҳараш Охунов Дилшод, дар хонаи модараш расонида шудааст, дар мошини шахсӣ оварда шуд. Ҳангоми муоинот дар шӯъбаи қабул ҳолати умумии бемор хело вазнин буд.

Ҳангоми муоинот аз ҷониби духтурони ҷарроҳ (Азизов М. А., Темиров А. Б., Раҳимов Ч. Х.) ба бемор ташхиси — «Ҷароҳатҳои сершумори буридаю халидаи кордии қафаси сина аз тарафи чап бо ҷароҳатҳои шуши чап, ҷароҳатҳои китф ва банди дасти чап бо буриши воридҳои серпӯстии қисми 3/1миёнаи банди даст, хунравии дохилӣ ва берунии дараҷаи вазнин. Пневмогемоторакси пӯшидаи дараҷаи миёна аз тарафи чап. Садамаи осебию геморрагии дараҷаи вазнин, дар марҳилаи бебозгаштӣ. Шикастани пӯшидаи устухони бинӣ, хунравӣ аз бинӣ» гузошта шуд.

Бо нишондодҳои ҳаёти бо тарзи фаврӣ, зери беҳискунии интубатсионӣ бо ҳимояи гузаронидани муолиҷаи интенсивӣ, амалиёти ҷарроҳӣ гузаронда шуд. Дар ҳиссаи болои шуш сето ҷароҳатҳои бофтаи шуш бозёфт гардиданд, ки аз дохили онҳо баромадани ҳаво ва хунравӣ мушоҳида мешуд. Ин ҷароҳатҳо бо кӯкҳои лавсанӣ дӯхта шуданд. Пас аз ин амалиёт баромадани ҳаво ва хунравӣ боздошта шуд. Пас аз итмом расонидани ин марҳилаи амалиёт фаъолияти дил қатъ гардид, фишори хун ва  набз дар рагҳои периферикӣ муайян нагардидаанд. Амалиёти ҷарроҳӣ боздошт шуда, гузаронидани чорабиниҳои эҳёкунӣ дар давоми 35-40 дақиқа натиҷаи дилхоҳро надоданд, фавти биологӣ соати 14:50 дақиқа ба қайд гирифта шуд.

Сабаби фавт — хунравии дараҷаи вазнини дохилию берунӣ. Садамаи осебию геморагӣ дар марҳилаи бебозгашт дар натиҷаи ҷароҳатҳои сершумори халидаю буридаи қафаси сина аз тарафи чап бо ҷароҳатҳои шуши чап, ҷароҳатҳои китф ва банди дасти чап бо буриши воридҳои зерпӯстии қисми 3/1миёнаи банди даст.

Духтури муолиҷавӣ А. Б. Темиров, мудири шӯъба М. А. Азизов».

Ин аст қиссаи як беандешагӣ, ки боиси марги нафарею зиндаятим гардидани се тифли бегуноҳ гардид. Бо мақсади ба рафти тафтишот халал нарасондан аз ҷузъиёти бисёр ҳодисаҳо худдорӣ намудем. Баробари ба охир расидани тафтишот пардаро якбора аз рӯйи ин ҳодиса мебардорем.

Турсун АЛӣ, Абдул МАҶИД,

мухбирони махсуси «Пайкон» дар вилояти Суғд

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. p.a.
    Июнь 16, 2010 в 5:40 дп

    Шокирующая статья! не дай бог, ни с кем такое случится!

    Очень жаль обоих, и мужа и жену, и тем более детей. Тут уже можно долго писать кто плохой, а кто идеальная жена и учительница для подражания. Результаты экспертизы покажут, какие реальные причины были что толкнуло мужа на этот поступок (жена могла спровоцировать каким то образом, что могло довести мужа до состояния АФФЕКТА!!!

    а статья не адекватная и дешевая, не отражающая правдивые и реальные причины и факты события. Рассчитана на такую же публику как и сам автор!
    И ешье один момент, к сведению авторов, принято имена в криминальных историях менять в интересах исследования.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: