Главная > Uncategorized > Ба Худо, аз Худо дилам мондаст…

Ба Худо, аз Худо дилам мондаст…

Давомаш. Аввлаш дар шумораи гузашта

Дар фосилаи интихобот эшонро на дар муқовимати «марди хонабардӯш»-и Файзобод ҳамталош ёбиву на дар «офати кӯлобиҳо», на дар муҷодалаи ДТИКТ-у на дар саҳрои фиғони мушкилроҳаи пулакишудаи «Душанбе-Чаноқ». Аммо дар иддаои ҳамаи ин ҳизбҳо зеботарин сухан: бародарӣ, баробарӣ, маърифатпазирӣ, садоқат ба халқу Ватан, адолаткешиву адолатҷӯӣ, худошиносиву раҳихудопарастӣ шиорҳои аввалинанд. Аммо дар аъмол бо забони Сайидо: «Сухани хона ба бозор намеояд рост…».

Боре андешем, ки оё наҳзат дар сурати ғалабаи хеш метавонад тафоҳуми ҷомеаро таъмин кунад? Дар сурате, ки ҳанӯз дар фурӯъ (ба қавли баъзе фақеҳон ҳатто дар усул низ, ки банда ба ин қоил нестам)-и ислом миёни аҳли назари он иттиҳод нест. Дар сурате, ки як яроқи исломкуш ин тазодҳои мазҳабист, ки даҳриён аз он фаъол истифода кардаву кунанд. Дар як минтақаи Тоҷикистон 3-4 пешвои дин мусалмони авомро ба 3-4 сангари оштинопазири исломӣ қисмат дорад. Дар сурате, ки «худкушӣ»-и миёни ташайюъ ва тасаннун он тараф истад, балки «худкушӣ»-и миёни «салафӣ»-ву «абӯҳанифагӣ» ҳеҷ не ки аз шиддат фарояд. Ва ҳар ҷониб бо истидлоле аз Қуръону ҳадис мақоми худро ҳифз кунад. Ва бо кадом оёт, кадом ҳадис, фарқе надорад. Чун авом ба фаҳми ин ваъз нарасанд. Аммо Худованд ҳукм кард: Мо оёти китоби худро ба оёти маҳкам ва муташобеҳ фиристодем ва ҳар ки аз оёти муташобеҳ истидлоли сухан кунад, аз душманони худост. Ва паёмбари хотам гуфт: Агар ҳадисеро аз номам ҳадс заданду ба нафси мусалмонии шумо рост наомад, донед, ки сухани ман нест. Ва таърих қатли беш аз 1000 муҳаддиси дурӯғгӯро шаҳодат дорад.

Пас, Алимуҳаммади Муродиву Муҳаммад ба ҳастии Худои Боязид иқрор кардаву дилмондагии худро аз Худоҳои сангарҳо баён карданд.

«Ва авҷи фитна дар ҷомеа ба кадом иллату маълул аст?»

Паёмбари хотам дар бисёр ҳадиси худ ҳадс заданд, ки баъд аз рафтанам аз пешвоёни фитнагар дар андешаам. Ин тоифа ба хотири дунё дар миёни мардум аз барангехтани ҳар фитнае даст накашанд. Ва фитна ин тақсими халқи Худо зери парчамҳои мухолиф аст, ки аз ҷониби «пешвоён» сурат гирад. Авом ҳарпарчамиро надонад. Коммунистҳои фундаменталӣ аз коммунистҳои риёкор беҳтар буданд. Онҳо ҳастии Холиқро рад карданд, аммо адолати иҷтимоиро қоил буданд ва бо фаҳми худ дунболи он буданд. Ҳамоно ки коммунистони риёкори шаб «Худо»-гӯ ва рӯз «Худоинкор» пайдо шуданд, кори Шӯравӣ хароб шуд. Ҷомӣ ба он ҳадс зада, ки «Адл мулкро мекунад қоим, на дин». «Устухонхоён»-и дин шояд Ҷомиро ҳам дар баробари Муродиву Муҳаммад ҳукм ба куфр зананд. Аммо пеши ин истидлол чи кунанд, ки: Паёмбари Худо марги чаҳор кофарро ҳайф гуфт, ки яки он Анӯшервони одил буд? Ва ба чӣ далел ин сухани Худоро рад кунанд, ки адл беҳтарин тақвост?

Пас, Алимуҳаммади Муродиву Муҳаммад ба ҳастии Худои яктои Боязид иқрор кардаву дилмондагии худро аз Худои фитнагарон баён карданд.

«Ва он ки як иллати фитна зиллати ақл аст»

Дар фиқҳ баҳси байни илми «ақл» ва «нақл» бунёдист. Ончунон ки баҳси байни тақдири «қадар» ва «ҷабар». Мисле ки дар кори даҳр дар мақоми афзалияти «иқтисод» ва «сиёсат» баҳс домана дорад. Ақл ва нақл, қадар ва ҷабар, иқтисод ва сиёсат дар танҳоӣ қоим нестанд. Тарозу бе мавҷудияти ду паллаи муқобил тарозу нест. Пас, ақл аз неъматест, ки башарро дар олами ҳайвон хоса карда. Ҳар кас, ки соҳибақлеро хор кард, ҳукми Худоро ба хорӣ кашид. Ва макони ақл дар фарди башар муқаддар нест. Ин қавли Саъдӣ мантиқист:

Гаҳ бувад, к-аз ҳакими равшанрой,

Бар наояд дуруст тадбире.

Гоҳ бошад, ки кӯдаки нодон,

Аз ғалат бар ҳадаф занад тире.

Ҳайҳот, алъон макони ақлро дар мағзи молдору мансабдор донем. Ҳар қадар як фард дар мансаби боло равад, ӯ ақли аввали ҷомеа муқаррар шавад. Ҳамон ки як раиси ҷумҳур сари кор шуд, тамоми роҳу бероҳаро «ҳикмат»-и ӯ фаро гирад. ӯ ки аз сар рафт, «ҳикматаш» моли танз гардад. Брежнев намунаи ин ақида аст.

Муҳаммадалии НУРАЛӣ

(давом дорад)

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: