Главная > Uncategorized > Беватан нест ғариб…

Беватан нест ғариб…

Дар шаҳри Санкт — Петербурги ФР тасодуфан бо шоири муҳоҷири тоҷик Ҳасан Холзода шинос шудам. ӯ зиёда аз 11 сол мешавад, ки дар инҷо ба мардикорӣ машғул буда, аз ин ҳисоб ҳам доираи эҷодиёташро васеъ мекунад, ҳам зиндагии аҳли хонаводаро пеш мебарад. Хислати хеле аҷиберо дар дар ниҳоди ӯ мушоҳида намудам. Фақат механдад, ҳам дар сардиву ҳам дар гармиҳои рӯзгор. Умеди комил дорад, ки рӯзе аз ҳисоби китобҳои эҷоднамудааш дар Русия миллиардер мешавад.

— Умед дорам, ки Худованд рӯзе маро ба орзуҳоям мерасонад. Дуои модари пирамро гирифтаам. Он вақт ман ин қадар пулро чӣ кор мекарда бошам? (Боз орзукунон механдад). Нияти дар деҳаамон сохтани масҷиду мактаб дорам.

— Аз эҷодиётатон бӯйи ватан меояд…

— Оре, ватан ҳамеша дар дилу дидаи ман маҳфуз аст.

Бояд ба дунё дилпазир эй Панҷи ноороми ман,

Эй, шунав дарёи Сир, Кофарниҳон, Варзоби ман.

Бош ба Хатлон, нотамом Яхсу, Сиёб умре равон,

Ҳам ба Тоирсу Қизилсу бингаред бо меҳри том.

Эй ба ту Кофарниҳон, бинам ки Элокат мудом,

Осиёи сангинамро даври худ тобад тамом.

Донаи гандум ҳамоно кӯфта нони мо кунад,

Лаззати нону Ватанро бар дили мо ҷо кунад…

Ҳар дафъае, ки ба ватан меравам, ҳавояшро озодона бо пазмониҳо бӯй мекашам. Қурутоби модар, лаби дарё ҳамеша дамсози ман аст. Модар маро дуои нек дода гуфт, ки «иншоолоҳ, бачам, ту ба ҳама орзуҳову ниятҳоят хоҳӣ расид. Нони килкбадаст хеле сангин аст, аммо мевааш ҳатман ширин аст».

— Чаро аз Маскав ба Питер омадед?

— Чунки шаҳри Маскавро ғавғояш хеле зиёд аст. Барои ҳамин, рӯ ба шаҳри Питер овардам. Ин ҷо хеле ба ман писанд омад. Боду ҳавояш хуб аст. Одамонаш аз Маскав дида хеле оддиву неканд. Ҳунарҳои мусалсалро аз худ кардам. Шогирдони зиёде ҳам дорам. Ҳунарманди воқеӣ ҳеҷ гоҳ, дар ягон давру замон хор намешавад. Ҳатто дар ин бора китоби назмам тайёр аст. Ҳамин ки маблағ ҷамъ шуд, Худо хоҳад, китобҳоямро чоп мекунам.

— Дар шаҳри Санкт — Петербург чӣ писандатон омад?

— Ҳама чиз. Охир, шаҳри Петербург шаҳри таърихист-ку! Музейҳои зиёди таърихӣ дорад. Самимияти ҳақиқии нависандагону шоиронаш сахт мафтунам кардааст. Шеърҳоямро тарҷума намуда, нашр кардам. Оянда ният дорам ки шеърҳоям бо ду забон — русиву тоҷикӣ ба табъ расанд.

— Аз нигоҳи Хумо ҳамчун шоир, муҳоҷират чист?

— Муҳоҷират мушкилоти сахттарини давлатҳои камбизоат аст. Аммо тақдирро тадбир нест. Шояд ҳамин муҳоҷират буд, ки мардум боз ҳам бештар ба қадри вақт расиданд.

Беватан нест ғарибе, ки кунадёди ватан,

Дарватанбудаи бе ёди ватанбеватан аст.

— Кадом вақт Шумо бештар илҳом мегиред?

— Ҳама вақт. Аз дидани зебосанаме, хандаи беғаши кӯдаке, садои борон. Гуфтагӣ барин, инҷо ҳавояш хеле аҷиб аст. Якбора замин сабз мешавад, якбора сард. Гармии гармӣ надорад. Боронаш ҳам аҷиб аст.

— Аз расонаи хабарӣ огоҳед?

— Оре. Инҷо қисми зиёди ҳафтаномаҳо ройгон дар ҷойҳои серодам гузошта мешавад. Ҳавасам меояд ба мардуми инҷо, ки хоҳ дар метро, хоҳ дар автобус китобу рӯзнома ба даст, мутолиа мекунанд. Аз мо бошанд, бо телефонҳои мобилӣ доду ҳақораткунон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гузашта мераванд.

— Ба Тоҷикистон баргаштанӣ ҳастед?

— Ҳоло дар бораи бозгашт ба Тоҷикистон фикре надорам. Аммо вобаста ба шароити моддӣ модари пирамро хабар гирифтанӣ ҳастам.

— Боз чӣ нақшаҳо доред?

— Нақшаҳои нек хеле зиёданд. Аммо китобҳоямро инҷо нашр кардан ягона ҳадафи ман аст.

Эй қаламбадастони дунё, килки моро бингаред,

Номаҳо бар саф кашед, з-ин оби моро бишмаред.

Бишмаред з-ин сатри гулгун савти оби тозаро,

Бодаҳои сатри нилгуни Ҳасан Холзодаро.

— Худованд Шуморо ба орзуҳоятон расонад!

Мусоҳиб

Шаҳлои НАҶМИДДИН, Санкт — Петербург

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: