Главная > Uncategorized > «Мурдаҳои Кӯлобро зинда кунанд, баъд ба истеъфо мераванд!»

«Мурдаҳои Кӯлобро зинда кунанд, баъд ба истеъфо мераванд!»

Соати 8-у 15 дақиқаи 2-юми июн буд. Намедонам чӣ тасодуфе афтода, ки савори микроавтобуси рақами 25 будаму ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда равон ва аз баландгӯяки мошин садои маҳину ватандӯстонаи сарояндадухтар танинандоз: «Кӯлоби ман, Кӯлоби ман, Кӯлоби ман…». Хеле боз Кӯлоби азизамро надидаву пазмон шудаам…

Баробари фаромадан аз мошин мебинам, ки назди бинои КҲФ «Газел»-и ин ниҳод истодаву рӯзноманигорон як — як омада, вориди он мешаванд. Тибқи нақшаи пешакии Кумита, мошин расо соати 8:30 дақиқа ба роҳ мебарояд.

Чун таҳиякунандаи ин сафари рӯзноманигорон худи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда буд, шояд баъзе бар сар андеша доштанд, ки боз кадом як созмони хориҷӣ барои зарардидагони Кӯлоб аз сел кӯмак фиристодаву масъулин бо ин восита дар тараддуди «реклама» кардани худ ҳастанд. Аммо ба гумонам, сарфи назар аз баъзе ҷузъиёт, ҳама мисли ман мехостанд болу пар бароранд, то зудтар ба он диёри мотамгирифта расанд ва лаҳзаяке ғамшарики аҳли байти хонаводаҳои талафёфта бошанд.

Суханҳои дуюмдараҷаву шубҳаомез

Вақте аз пойтахт берун мешудем, ду нафар масъули КҲФ (ба ғайр аз ронанда) огоҳ намуданд, ки муддате шоҳиди савгандёдкунии сарбозон мегардем ва боз роҳро идома медиҳем. Чун ба қароргоҳи сарбозон расидем, аллакай онҳо саф ороставу пайи ҳам аз саф берун шуда, савганд ёд мекарданд ва наздиконашон амалашонро тамошо доштанд. Ростӣ онҳо ҳушёртар аз сарбозоне метофтанд, ки солҳои пеш чанд маротиба қасам ёд карданашонро зери мушоҳида гирифта будам. Ҳангоми сӯҳбат муовини сардори Раёсати корҳои тарбиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Музаффар Усмонов низ гуфт, ки имрӯза наваскарони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда аз сарбозони 2-3 соли пеш ҳам бо тавоноии ҷисмонӣ, ҳам бо ақлу заковат фарқ мекунанд.

«Шумо шоҳиди он гашта истодаед, ки наваскарони моҳе пеш ба хизмат даъватшуда аллакай дар як мӯҳлати кӯтоҳ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Имрӯз ҳар як сарбозе, ки савганди садоқат ёд мекунад, барои оянда дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хизмати дусолаи худро адо намудан бо ин савганд содиқ мемонад. Мо тамоми шароитҳоро барои онҳо муҳайё кардем, то ин ки барномаи омӯзишии кӯтоҳмуддат фарогири тамоми паҳлӯҳои ҳаёту фаъолияти сарбозони навдаъватшуда бошад»,- зикр намуд ӯ. Дар мавриди маҷбурӣ, яъне ба қавли маъмулии мардум, тариқи «облава» ба хизмат кашидани ҷавонон, мавсуф зикр намуд, ки қариб ҳама ихтиёрӣ омадаанду довталабон ниҳоят зиёданд. «Имрӯз дар сафи сарбозони навдаъватшудаи қушӯнҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда нафарони зиёде ҳастанд, ки баъди хатми донишкадаҳо даъват шудаанд, ё ихтиёрӣ омада хизмат мекунанд»,- илова намуд Музаффар Усмонов. Аммо чун қаблан дар майнаамон натиҷаҳои офати табиӣ ва камҳунарии намояндагони КҲФ барои пешгирӣ намудани он чарх мезад, ин суханҳои васфкунандаи наҷотдиҳандагони оянда аллакай дуюмдараҷа ва як андоза шубҳаомез ба назар мерасид.

«То «бумага»

ёрдам доданд»

Баъди боздид аз мавзеи савгандёдкунии сарбозон мошини мо — сафаракиён дубора ҳаракат кард ва баъди чанд муддат ниҳоят ба даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб расидем. Дар ин ҷо ба дастаи рӯзноманигорон раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Ҳабибулло Латипов низ пайваст. Чанд дақиқа сарфи аҳволпурсӣ шуд ва рӯзноманигоронро ба минтақае бурданд, ки дар 5 қитъа корҳои сохтмонӣ мерафт. Дар қитъаи якуми сохтмонӣ бо муовини раиси вилояти Хатлон, ҳамзамон муовини раиси Ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар вилояти Хатлон Саидумрон Абдураҳмонов сӯҳбат доштем. Нахуст дар бораи шумораи ширкатҳои сохтмонӣ ва кори сохтмончиён суол додем. ӯ изҳор дошт, ки ширкат бисёр аст ва ҳар як ноҳияи маблағгузор худаш сохтмончӣ мегирад. Аммо номбурда ҳузур доштани ширкатҳои хориҷиро дар минтақа рад кард. «Ширкатҳои хориҷӣ даъват нашудаанд. Барои он ки хориҷиҳо ӯҳдадорӣ гиранд, ҳаҷми бузурги кор лозим аст. Бо 100 — 120 ҳазор сомонӣ нархи хона онҳо иштирок намекунанд»,- гуфт ӯ ва афзуд: «Мувофиқи лоиҳа, панҷ ғишти аввал бояд ғишти пӯхта ояд. Аммо баъзе ширкатҳое, ки шароит доранд, биноро пурра бо ғишти пӯхта месозанд. Ягон ширкате нест, ки корро бар ӯҳда гирифтаву сарпечӣ карда бошад. Корро ки гирифтаанд, иҷро мекунанд».

Ба гуфтаи Саидумрон Абдураҳмонов, то 6-уми ноябр хонаҳо бояд сохта шаванд. Аммо вақте дар майдони кушод миёни хаймаҳо гардиш мекардем, ба мушоҳида расид, ки бинои баъзе хонаҳо аллакай қад афрохтаву барои баъзеи дигар акнун таноб мекашанд. Назди «соҳибхона»-зане ҳозир шудем, ки сар аз хаймаи худ берун оварда, ҳайрон — ҳайрон ба навомадон, яъне рӯзноманигорон дида медӯхт. Маълум шуд, ки сохтмони хонаи ӯро низ акнун оғоз кардаанд. Чун сабаб пурсидем, сар ба гиребон кашиду «чум, надонам» гуфта монд. Баъди пурсиши иловагӣ изҳор дошт, ки маблағ набудаасту ҳамин саҳар муҳайё шудааст ва Худо хоҳад, хонаашро дар мӯҳлати кӯтоҳ сохта медиҳанд. Дар посух ба суоламон оид ба вазъи маишӣ ӯ зикр намуд, ки 2 халта орду 50 кило биринҷ гирифтааст, аммо косаву табақ надодаанд.

Дар ҳамин маврид зани дигаре, ки хаймааш аз хаймаи он зани аввалӣ қариб 100 метр дуртар буд, гуфт: «Ҳама чизро доданд, 4 қошуқ, термос, табақ, дастпоккун. Худоро шукр. Хонаамон вайрон шуд, лекин ана, бароямон хона сохта истодаанд. То «бумага» ёрдам доданд. Нони гарму об меоранд, картошкаву пиёз доданд. Ҳама шароитамон хуб аст. Дари палаткаҳоро маҳкам мекунем, гармак аст. Ба духтур муроҷиат мекунем, сари вақт омада фарзандонамонро мебинанд».

Гап сари духтур рафту ба ҳамшираи ёрии таъҷилӣ Таманно Каримова муроҷиат кардем, ки дар ҳамин қитъаи 1-ум қарор дошт. Мавсуф гуфт: «Дар натиҷаи офати табиӣ кӯдакони 2-сола, 6-сола даруни об монданд. Онҳоро бо либосҳояшон печонданд. Баъд оби ифлос ҳам якҷоя шуд. Дарунравӣ бисёр аст, таб ҳам. Вале соҳиби ягон касалӣ аз варзишгоҳ то инҷо боре шикоят накардааст. Ба қадри имкон, чи хизмате аз дастамон меояд, барои халқамон карда истодаем».

«Имрӯз биё,

пагоҳ биё!»

Бо назардошти кам мондани фурсат, тасмим гирифтем аз як қитъаи сохтмонии дигар дидан кунему халос. Интихобамон қитъаи сеюм буд. Донистем, ки дар ин қитъа маҳаллаи аҳолинишин тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе бунёд мегардад. Дар қитъаи мазкур низ сохтмони баъзе хонаҳо нав оғоз шуда буд. Одамони зарардида даруни хаймаҳову берун аз он ҳар кас ба кори худ овора. Кӯдакон хокбозӣ мекарданд ва ҷо — ҷо занҳо гирд омада, сӯҳбат доштанд. Ду нафар зане диққатамонро ҷалб кард, ки пушти хонаи ба ошхона монанд нишаставу хеле маҳзун менамуданд. Наздашон рафтему аҳвол пурсидем. Гуфтанд, ки ҳама хуб аст, аз чизе шикоят надоранд. Аммо аз симояшон андаке тарси ҳаяҷономезро хондан душвор набуд. Ҳамин вақт аз хаймаи наздиктарин зане берун шуд ва рост сӯйи мо омад. Худашро Соҷидамо Астанақулова муаррифӣ кард. Гуфт, ки 25 сол дар мактаби №22 муаллима шуда кор кардааст. «Мо ҳама монда шудаем, вале боз шукри Худо мекунем. Аз ҳукумат розием, ки кӯдаконамонро ройгон табобат мекунанд. Фақат дег намерасад, ки хӯрок пазем»,- зикр намуд ӯ.

Ин занҳо як пешниҳод ҳам доштанд. Хоҳиш намуданд, ки вақте чизе меоранд, хайма ба хайма тақсим кунанд.

Саргарми қайд кардани пешниҳод будем, ки аз ҳамон ягона хонаи наздамон зане садо намуду пеш омад. Бе он ки худро муаррифӣ кунад, ба шикоят даромад: «Акаҷон, ман бе хонаву бе дар мемонам қати 4 фарзандам. Ба куҷо шикоят барам, ки барои ман ҳам дар қатори ҳаминҳо ягон хона созанд? Ягон кас ба додам нарасид. Арзу додамро ягон кас гӯш намекунад. 13 сол аст, ки дар ҳаминҷо зиндагӣ дорам. Шавҳарам маъюб аст. Нав аз ҷарроҳӣ баромад, аз дасташ коре намеояд. Қаровул аст. Аҳволи даруни хонаи маро бинед, раҳматон меояд. Ҳар рӯз ҳукумат меравам, чора намебинанд. «Имрӯз биё, пагоҳ биё!» мегӯянд. Давондестанма. Як умр ҳамин боғро нигоҳ кардам. Наход мисли дигар одамон ҳаққи дар ҳамин ҷо зиндагӣ кардан надошта бошам? Аз нодорӣ писарамро ба мактаб набурдам. Як бор саратонро аз дари ман дарун кунед! Раҳм ба мойи камбағал кунед, илтимос!».

Дар ҳақиқат назди манзили истиқоматии ӯ пойдевори хонаро рехта буданд ва маълум гардид, ки бинои нав барои ӯ нест. Сараввал номи он занро пурсида, баъдан ҳуҷҷати манзил талаб кардем. Ному насабашро Рухсора Абдураҳимова гуфта, ишора намуд, ки бо ӯ равем. Назди дари хонаи фақирона бо шавҳараш Сӯҳроб Пириев вохӯрдем. ӯ ҳуҷҷатҳои қонунигардонии молу мулкро пешниҳод кард. Ҳуҷҷатҳоро аксбардорӣ намуда, ваъда додем, ки дар нишасти матбуотии имрӯза ин масъаларо пеш мегузорем.

Барномаи тарҳрезишуда?

Баъди ошно шудан бо вазъият дар қитъаи 3-юми сохтмонӣ мехостем ба Ҳукумати шаҳри Кӯлоб равем, ки он ҷо гузаронидани нишасти матбуотӣ пешбинӣ гардида буд. Аммо аз қитъа берун нарафта, назди хаймаи ситод мошини Ҳабибулло Латипов, ки пеш аз мо ҳаракат дошт, қарор гирифт. Сабаби исташро пурсидем. Нафаре гуфт, ки мошини борбари КҲФ кӯмак овардааст. Дигаре нешханд зад, ки «ана ин аст барномаи тарҳрезишуда!».

Сарбозҳо дегу сатил ва дигар асбобҳои рӯзгорро аз мошин фароварданд ва мо мушоҳидачӣ будем. Ин ҳангом намояндагони Ҳилоли Аҳмар ҳам ҳузур доштанд. Ба онҳо суол додем, ки нақши шумо дар кӯмакрасонӣ ба аҳолии зарардидаи Кӯлоб чи гуна аст? Танзимгари барномаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари минтақаи Кӯлоб Абдулло Сафаров гуфт: «Мо — кормандони ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари минтақаи Кӯлоб буда, иборат аз 16 нафар ихтиёриён ва 4 нафар коргар аз рӯзи 7-уми май (рӯзи сар задани сел) инҷониб фаъолият карда истодаем. Ҳар рӯз ба хаймаҳои мардуми ҷабрдида даромада, аҳволпурсӣ мекунем. Мепурсем, ки чанд нафаранд, сардори оила кист, чӣ танқисӣ доранд? Ҳамаи инро ба назар гирифта, дар маҷлиси ташкилотҳо ҳисобот медиҳем, ки кадом хаймаҳо чӣ вазъият доранд. Ҳозир ҳама чиз мерасад, фақат каме мушкили об ҳаст. Аз хӯрока, газ ва дигар чизҳо мардум таъминанд. Ҳилоли Аҳмар 140 оиларо бо хайма, маводи хӯрока, матрас, кӯрпа, болопӯш, маводи тозагӣ таъмин менамояд».

Рӯ ба рӯ бо масъулин

Дар Ҳукумати шаҳри Кӯлоб нишасти матбуотӣ хубу баҳсбарангез гузашт. Ҳарчанд баъзе посухҳои масъулин рӯзноманигоронро қонеъ накард. Муовини раиси Ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар вилояти Хатлон Саидумрон Абдураҳмонов зикр намуд, ки мувофиқи маълумотҳои шӯъбаи корҳои дохилӣ ва шӯъбаи тандурустӣ, дар натиҷаи офати табиӣ 12 нафар вафот кардаву 1 нафар бенишон гаштааст. Дар ҳоле ки коршиносон чандин бор эҳтимоли фавту бенишоншавии нафарони бештареро гӯшрас карда буданд. Ба гуфтаи С. Абдураҳмонов, дар асоси маълумотҳои раисони маҳаллаҳо, комиссия дар ҳайати ҳам ҳукумати маҳаллӣ, ҳам раисони маҳал, ҳам кормандони КҲФ якҷоя гашта муайян кардаанд, ки 229 хона пурра зарар дидааст. Дар ин хонаҳо 435 оила зиндагӣ карда, 2271 нафарро ташкил медодаанд. 269 хона қисман зарар дидааст, ки 554 оиларо ташкил дода, 2870 шаҳрвандро дар бар мегирад. Ҷамъулҷамъ 498 хона пурра ва қисман зарар дидаанд, ки 989 оиларо ташкил мекунанд.

Чун инҷо масъалаи сохтани хонаҳо ва тақсими он ба мардуми ҷабрдида зикр гардид, андешае ҳам вуҷуд дошт, ки шояд ноадолатӣ нисбати баъзе нафарон ба миён ояд. Дар ин маврид С. Абдураҳмонов зикр намуд, ки мувофиқи қарори Ситод, ба сардори ҳар як оила хона дода мешавад, ба дигар оилаҳое, ки дар ҳайати ин оила зиндагӣ мекарданд, замин. «Барои ин ки норозигӣ нашавад, Ситод қарор кард, ки хонаҳо ба тарзи «лоторея» тақсим карда шавад. Дар панҷ қитъа бо навбат сардорони оилаҳо омада гирифтанд. Имрӯз мардум ризо аст. Зеро, агар мо аҳолии Чармгарони Поёнро аз Навобод ҷудо мекардем, шояд байни мардум норозигӣ пайдо мешуд. Барои ҳамин, хонаҳоро ба сардорони оилаҳо тақсим карда додем ва имрӯз ба воситаи шӯъбаи корҳои дохилӣ муайян карда истодаем, ки дар ҳақиқат маълумоти раисони маҳаллаҳо тасдиқ мешавад ё не. Баъди гирифтани ҳисобот аз шӯъбаи корҳои дохилӣ, тариқи «лоторея» боз қариб 500 оиларо бо қитъаи замин таъмин мекунем»,- гуфт ӯ.

Фурсати муносиб расиду масъалаи баҳси манзили қаровули боғе ба хотир омад, ки дар боло зикр кардем. С. Абдураҳмонов аз ин қазия хуб огоҳӣ доштааст, ки гуфт: «Дар қитъаи сеюм як хона дар вақташ ғайриқонунӣ сохта шуда будааст. Вақте моликиятро қонунӣ карданд, ӯ ҳам қонунӣ кардааст. Мо бо он оила сӯҳба ҳам кардем. Инҷо як аҷоиби кор аст, ки вақте «лоторея» додем, одаме, ки дар ҳамон участка афтодааст, мехоҳад ҳамон ҷоро гирад. Мо пешниҳод кардем, ки ҳамин хонае сохтаем, вайрон накунем, ҳамин гирад, ба шумо дигар участка диҳем. ӯ ки «не, ман лоторея гирифтаам, намекӯчам». Ҳоло ситод қарор қабул кард, ки барои он оилаи қаровул дар дигар қитъа замини наздиҳавлигӣ ҷудо намоем». Аммо ӯ нагуфт, ки барои сохтмони манзил ба он шаҳрванди камбизоат кӯмак расонида мешавад ё не. Ба фикри мо, ғайр аз ҷудо кардани замин барои қаровул, тасмиме дар роҳи бунёди манзиле ақаллан мисли хонаи камбағалонааш гирифтан лозим.

Оид ба расонидани кӯмак суханҳо зиёд буд ва шояд барои бархе иштирокчиёни нишаст баъзе далелҳо лофу газоф менамуд, ки рӯзноманигор Аҳмади Иброҳим вокуниш нишон дод. ӯ дар бораи мардумро ба хархаша кашидани «пултақсимкун»-ҳо гап кушод ва бо ҳамин камакак ғазаби масъулинро ҳам овард. Дар ҷавоб ба эътирози рӯзноманигор, С. Абдураҳмонов гуфт: «Нафароне пайдо шуданд, ки пулро дар кисаҳо оварда «ёрдам» гуфта, тақсим карданд. Рости гап, баъди ин Ситод қарор қабул кард, ки дигар ба ин роҳ надиҳем. Мисол, меояду ҳамсояамро 500 сомонӣ медиҳаду маро намедиҳад. Ин нодуруст аст. Чунки ҳамон нафари пулмедода намедонад хонаи ман пурра вайрон шудааст, ё аз ҳамсояам. Барои ҳамин, мо маслиҳат кардем, ки касе ёрдам карданист, ҳамаашро меорад анбори Ситод». Аммо ин посух Аҳмади Иброҳимро қонеъ накард. ӯ ин усулро нодуруст арзёбӣ кард ва изҳор дошт, ки беҳтарин роҳи расонидани кӯмак хонадорро дар кӯча назди худ хондану пулро ба дасташ додан аст. Ин эътирози рӯзноманигор саривақтӣ ва дорои маънои амиқи мантиқӣ буд. С. Абдураҳмонов низ зуд вазъиятро фаҳмид, ки иброз дошт: «Пуле, ки имрӯз омадааст, ягон тинаш ягон ҷо нарафтааст. Ба маълумоти шумо мерасонам, ки 1 миллиону 346 ҳазор сомонӣ, 103 ҳазор доллар, 50 ҳазор рубли русӣ дар «Амонатбонк»-и шаҳр мавҷуд аст». Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Ҳабибулло Латипов гапи ӯро «об» дод: «Ҳаминро гуфтаниям, ки гапҳои ҳавоӣ нашавад. Барои бартараф кардани зарари ҳолатҳои фавқулодда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ барои шаҳри Кӯлоб 591 ҳазору 650 сомонӣ, барои Восеъ 89 ҳазору 450 сомонӣ, Темурмалик — 11 ҳазору 700 сомонӣ, Мӯъминобод — 43 ҳазор сомонӣ, Ховалинг — 10 ҳазор сомонӣ, Шӯробод — 79 ҳазор сомонӣ, Балҷувон — 43 ҳазор сомонӣ ва Шаҳритусу Ҷилликӯл 11-у 12 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Кумита миллион — миллион сомонӣ надорад, ки бароварда дар кӯчаву тангкӯча ба аҳолӣ тақсим карда диҳад. Пултақсимкунӣ вазифаи мо нест».

Вақте Ҳ. Латипов дар бораи «вазифа» гап зад, бисёр суолҳое буд сари ин истилоҳ, ки ҷавоб мехостанд. Рӯзноманигорон хостанд бидонанд, ки чаро наҷотдиҳандагони КҲФ дар рӯзу соати сар задани офати табиии 7-уми май вазифаи ҷонии худро иҷро карда натавонистанд. «Намояндаҳои мо аз сел огоҳ буданд. Аз ҳар бориши зиёд Агентии обуҳавошиносӣ ба мо иттилоъ медиҳад ва мо ба тамоми хадамотҳо иттилоъ мерасонем. Лекин он миқдор боришотеро, ки он рӯз ба амал омад, ягон кас пешгӯӣ накарда буд ва пешгӯӣ карда ҳам наметавонист»,- гуфт дар посух раиси КҲФ. Аммо ӯ иқрор шуд, ки шабона намояндагони ин ниҳод натавонистаанд дар ҷойи воқеа ҳозир шаванд.

Дар нишасти матбуотӣ оид ба омилҳои сар задани офат ҳам баҳс ба миён омад. Зикр гардид, ки гӯё сабаби ба вуҷуд омадани офат дар сойи Тебалай пайдо шудани кӯли сунъие дар ноҳияи Шӯробод будааст. Вале рӯзноманигор Рустами Набот, ки худ сокини ин ноҳия аст, пеш овардани далели «кӯли сунъӣ»-ро баҳонае барои худсафедкунӣ донист. Чун Ҳ. Латипов нишонаҳои ташкилёбии обанбори сунъиро асос овард, суоле ба миён меомад, ки вақте масъулин аз вуҷуди кӯл огоҳӣ доштанд, чаро чораи бартарафкунии хатарро наандешиданд? Дар ин маврид Ҳ. Латипов гуфт, ки ин обанбор дар муддати як рӯз ба вуҷуд омадааст. Савол: «Як рӯз басанда нест барои мардумро огоҳ кардан?». Ҳ. Латипов: «Басанда аст, лекин зери назорат набудааст».

Баҳси сабабҳои ба вуҷуд омадани офат дар ҳоле сурат гирифт, ки фарзияи дигаре низ вуҷуд дорад. Соле қабл барои анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунии сойи Тебалай тендер эълон мешавад. Дар тендери мазкур ташкилоти сохтмоние аз ноҳияи Фархор ғолиб меояд ва дар масофаи 750 метр соҳили сойро мустаҳкам мекунад. Вале бархе мегӯянд, ки аллакай пеш аз омадани сел 60-70 метри он шуста шудааст. Вобаста ба ин ҷузъи масъала аз ҷониби рӯзноманигорон саволе пешниҳод шуд, ки оё нисбати ширкати сохтмонии мазкур чорае дида шудааст? С. Абдураҳмонов дар ҷавоб ба ин суол гуфт: «Ин масъаларо мақомоти қудратӣ омӯхта истодаанд. Ҳамаамон шаҳрванди Тоҷикистонем. Бояд фаҳмем, ки он ҳаҷми обе ки омад, агар ҳама ҷоро маҳкам мекардем ҳам, мезад. Ин воқеа аст, вале бояд пеши роҳашро бигирем, ки ақаллан талафоти ҷонӣ нашавад».

Ҳ. Латипов дар ҷавоб ба суоли «барои чӣ чархбол истифода бурда нашуд?» гуфт, ки КҲФ чархбол надорад. «Чархбол дар итоати Вазорати мудофиа аст. Дигар, шабона чархбол истифода бурда намешавад. Дар он минтақае, ки офати табиӣ ба вуҷуд омад, истифода бурдани чархбол ғайри мақсаднок аст»,- иброз дошт ӯ ва илова кард: «Як нақшаи ҳамкории мутақобила дар ин маврид бо Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллӣ аллакай ба имзо расид. Дар ҳолати фавқулодда КҲФ имконият дорад бо ҳамроҳии наҷотдиҳандагони мо аз вертолёти онҳо истифода барад. Ҳамчунин, айни замон дар бораи ба Кумита ҳамроҳ кардани Хадамоти оташнишонӣ ба роҳбарияти давлат мактуб омода гардидааст».

Агар аз ин нуқтаи назар ба мавқеи сохториву ташкилии КҲФ бингарем, пас метавон гуфт, ки чунин тасмим наметавонад вазъи хизматрасониро тағйир диҳад. Зеро барои дархост кардани чархбол дар ҳолатҳои изтирорӣ чанд марҳила паси сар мешавад ва то посух мерасад, ки ба қавли мардум, «гов ҳаром мемирад». Яъне, чӣ гуфтанием? Бояд Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мақомашро бо пештара Вазорати ҳолатҳои фавқулодда тағйир диҳад. Дар ин сурат, Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаро зарур аст чархболи худро дошта бошад ва қисмати намояндагонашро дар минтақаҳо ба дӯши мақомоти маҳаллӣ ҳавола накунад. Бо мақомоти маҳаллӣ танҳо ҳамкорӣ кардан лозим.

Дар нишасти матбуотӣ иштирокчиён аз матолиби дар ВАО нашршуда ёдоварӣ намуданд. Онҳо мепурсиданд, ки раиси КҲФ Ҳабибулло Латипов нисбати вокуниши расонаҳо дар боби ба истеъфо рафтани роҳбарони масъул чи назар дорад? ӯ гуфт: «Мо одамҳои ҳарбием ва аз тарафи роҳбарияти давлат ба вазифа таъин мегардем. Агар роҳбарияти давлат зарур донад, он гоҳ мо аз вазифа меравем».

«Хоҳиши мӯйсафеди нуронӣ«

Нишасти матбуотӣ дар Ҳукумати шаҳри Кӯлоб анҷом ёфт. Вақте ба Душанбе равон шудем, шаб наздик буд. Соати 1-и шаб ба Душанбе расидем ва намояндагони КҲФ ҳар нафарро ба мавзеъҳои зисташон бурда, худ баргаштанд.

Кӯфти роҳ маро чандон монда карда буд, ки рӯйи ҷойхоб дароз кашидан баробар хобам бурдааст. Як вақт хоб бинам, мӯйсафеде нуронӣ болои сарам чорзону нишаста, аз рафти сафар мепурсад. Чун шунид, ки масъулин аз вазифа рафтанро бо хушнудӣ қабул мекунанд, лаб ба сухан кушод: «Ба онҳо гӯед, ки ҳеҷ куҷо намераванд, то мурдаҳои Кӯлобро зинда накунанд! Ҳамин ки масъулияташон иҷро шуд, ба истеъфо мераванд, ё куҷои дигар, рафтан гиранд!». Мӯйсафед ин суханро гуфтаву зуд нопадид гашт. Садои охирин қадамаш, ки аз остонаи дар берун мемонд, маро бедор кард. Чанд лаҳза карахт нишаставу маънии сухани мутафаккиронаашро ҷустам. Ёфтам. ӯ дар назар дошт, ки намояндагони мақомоти дахлдор акнун муваззафанд бе шитобкориву адолатмандона мушкилоти мардуми зиндамондаву заҳматкашидаи Кӯлобро ҳал намоянд, зеро вақти шитобкорӣ гузашта. Шитобкориро бояд ҳу як моҳ пеш мекарданд!

Фазлиддин АСОЗОДА,

Душанбе — Кӯлоб — Душанбе

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: