Главная > Uncategorized > Носи Кӯри Пирак

Носи Кӯри Пирак

«Носа занад гулписар, тоза шавад мағзи сар» гуфтагиш ҳамин ки, ҳар гоҳ акаи Ҷалилтона хумори носкашиш биёяду ба як кайфияту савлат даҳанаки носкадура кушода, носа дар таги дасташ такидаву рехта, ба таги забонаш партояд, гулписари таппа тайёр мешавад, давраи бачагиш ба ёдаш меояд. Мағзи сараш тоза мешаваду вақташ чоқу худаш хушчақчақ… Нос набошад, пакари ҳот… Хулоса, қисса хоҳед, аввал монед акатон як каф аз ӯ неъмати ҷонбахш таги забонаш партояд.

Носкашии ман, биярҳои лахти ҷигар, таърихи дароз дорад. Аз пайи ин сабил чӣ гапҳое нашунидаам, чӣ корҳое накардаам!

Ҳамин Кӯри Пираке, ки ҳозир байни мардуми худмон меган-ку «аз фалонӣ гап бигиру аз Кӯри Пирак нос», он вақт сағераи тефкандаи чилак буду лекин дар носфурӯшӣ бало. Алолам ки дар вақташ калонтарҳош аловросткуну шопаву говронара дар сараш неву дар поҳош задагӣ буданд чӣ, ки аловдастаи тайёр, даступопеч буд, медавид чор тараф. Носа худаш тайёр мекарду барои ҳар кас ҳар хел. Кайфияту қуввати киссаи ҳамара медонист. Ҳама аз ӯ розӣ, ҳам музду ҳам миннатдорӣ. Барои калонҳо носи алоҳида дошт. Ман аз ҳамон носи калонҳо мегирифтам. Худтон медонед, ки ҳамон вақт ҳам акаи Ҷалилтон назарбаланд буду гули хӯрока мехӯрду оба пуф карда менӯшид. Асале, ки ман мехӯрдам, бӯйи хушаш аз чанд қадам одама маст мекард, дидагӣ баҳои либоси акаи Ҷалилтона медод, носа ҳам аз ҳама пешша акатон мекашид. Аз носкадуи акаи Ҷалилтон як нос мезаду мардака ин кайф як ҳаёт дар хотираш мемонд, ҳамон кайф қатӣ то гӯр мерафт. Мисли ин хилмаки ҳамсояи мундуқи мо не, ки дар маъракае аз пушти акаи Ҷалилтон ғайбати носкашии мара кардаст. Хайр, бало ба паси ин хилмак. Биёем сари мақсад.

Дар ҷанг будаму тангии зимистон, пуф-пуфи барф. Одами нобалада аз хунукира сармо мебурд. Дар ҳамон ҷое, ки ман ҷанг мекардам, то таги қуртуқ барф меборид. Фашист ҷойи тоб доданша намедонист. Уруси мо бошад арақа, ки қатии салаи хук мезад, дигар парвои даҳ метр барф надошт. Ду-се рӯз пеш аз Соли Нав буд, ки мара ба назди тилфон фарёд карданд: «Джалилҷан, акаи Сталин тура мепурсад».

Акаи Сталин мара ба Соли Нав табрик карду баъд оҳиста пурсид, ки Джалилҷан, аз ҳамон носи баҷоӣ дошта бошӣ, равон бикун, носи тура ёд кардам. Аз қазора ҳамон рӯз носам тамом шуда буд. Ман ҷавоб додам, ки ҳозир несту лекин мешавад.

Командира гуфтам, ки самалот даркор барои нос овардан. Гуфт: «Гап нест». Лётчика гуфтам, ки бензина бисёртар бигир, ҷойи мо меравем. Ҳамон рӯзи барфбод ба ҳаво хестему дар болои абр баромада будем, ки ҳама ҷо офтоб, рӯшан…

Хулоса ҳамон рӯз ба ҷойи мо расидем. Райони мо айропорт надошт. Самалота дар қади растаи район шинондем. Аз самалот ки фуромадем, ҳаво гарм, барф кам, заминҳо алапеса. Ин уруси ҷӯрамон ҳайрон шуд.

Ман вақта бой надода, давидам тарафи бозор, пеши Кӯри Пирак. Бинам Кӯр нос фурӯхта шиштаст. Носаш бофиру лекин барои носкашҳои чалла. Гуфтам, ки даррав аз ҳамон носи баҷоии барои калонҳо як халташа биёр. Кӯр гӯё мара нашнохта бошад, гуфт ки ин хел нос надорам, будагиш ҳамин. Қаҳрам омаду гуфтам, ки «Кӯре, ин чашми кӯрат қатӣ ҳамара фиреб дода гаштӣ, лекин ҳозир ин чашм ҳам ёрдамат намекунад. Ё нос меорӣ, ё штрафной баталиён меравӣ, ё Сибир дарахтбурӣ. Зимистони Сибир бачаи очат нест. Аз ӯ чашми дигарит нӣ халос мешавӣ. Самалот барои бурдани ту тайёр». Кӯри Пирак бо кӣ гап заданша даррав фаҳмид, ки чашмаш шӯр хӯрд. «Ҷалилҷон, мебахшӣ, тура зуд нашнохтам. Ҳозир аз ҳамон носи баҷоӣ як халта не, ду халта меорам». ӯ давида карда, аз хонаш ду халта носа оварда, дар самалот бор кард.

Бегоҳӣ ки шуда буд, лётчика ба Кӯри Пирак супоридаму рафтам хона. Ҳамин ки ба ҳавлӣ даромадам, маҳасту баҳасти бузу гӯсфанд бадар шуд. Дар оғил даромада, сару гарданшона хору мол кардаму баъд хона даромам. Кам не, ғам не, як сол шуда буд, ки дар хона набудам. Занак ҷойи шиштанша намеёфт. Хуб меҳмондорӣ кард. Шаб хоб кардему ҳушу ёди ман дар бурдани носу ҳушу ёди занак дар ким-куҷои дигар. Гуфт, ки мефорам як бузбалае бошад, ки пуштма бихораду бимолад. Қаҳрам омаду дар сараш дод задам: «Ақл дорӣ ё не, дар ин ними шаб барои ту аз куҷо бузбала меёбам?». Баъд гиряра сар доду акатона қучоқда гирифту гуфт, ки худта дар назар дорам…

Саҳарӣ ба гиряву нолаи занак нигоҳ накарда, омадам пеши самалот. Лётчика дидам, ки дар дасташ носкаду. Фикр кардам, ки ин урус носкадура чӣ кор мекарда бошад. Баъд фаҳмидам, ки ҳамон шаб Кӯри Пирак ӯра дар хонаш меҳмондорӣ карда, носкашира ёд додаст. Дертар ин лётчик як носкаши ашаддӣ шуд, ҳар ғоте мара медид «Кӯри Пирак хароший нос» гуфта, гаранг мекард. Баъде ки як кашиданӣ носаш медодам, хурсанд мешуд.

Ба неву нестонаш нигоҳ накарда, дастмузди Кӯри Пирака додему дар самалот шиштему рост майдони ҷанг рафтем. Даррав як сандуқчаи хушрӯра ёфта, як халта носа дар ӯ ҷо кардаму сару фукша ба тартиб оварда, дар болош навиштам: «Тӯҳфаи солинавии Джалил». ӯ урусе, ки бояд тӯҳфаи акатона вобасташ мекардаму бурда месупоридаш, пурсид:

— Наход рафиқ Сталин ин хел чиза аз Кремл ёфта натонад?

Ман гуфтам, ки акаи Сталин ҳамаи чиза ёфта метонад, лекин носа аз акаи Ҷалилтон мекашад.

Нос вақте ба дасти акаи Сталин мерасад, ки бояд Соли Нава қайд мекарданд. То ин вақт акаи Сталин ким-чӣ хел зиқ менамудаст ва ира фақат носкашҳои зӯр медонанд, ки ӯ хумории ин неъмати ҷонбахш будааст. Хулоса, ҳамон лаҳзае, ки нос ба дасти акаи Сталин мерасад, ӯ ҳамон нафас хурсанд мешавад, дар лабҳош ханда, як кашиданиша таги забон мепартояду хуб майнара тоза кардаву гулписар шуда, баъд ба саломатии акаи Ҷалилтон тост мега. Ва ҳама дар ҳамон шаби омад-омади Соли Нав ба саломатии акатон мечақонанду менӯшанд.

Мана ҳамин хел додарҳои ҷони ака. Шумо ҳам дар пеши бухории гарм шишта, дар гарданаи кӯҳ барфа мебинеду гумон мекунед, ки зиндагӣ доим ҳамин хел буд. Хайр майлаш, насибтон кунад.

Дорои ДИЛОВАР

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: