Главная > Uncategorized > «Орди осиёб»-и «Талко» ва «гандуму кавсан»-и дигарон

«Орди осиёб»-и «Талко» ва «гандуму кавсан»-и дигарон

Ахиран намояндаи Сандуқи байналмилалии пул Люк Моерс дар як сӯҳбаташ аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки натиҷаи бозрасии молии корхонаи алюминиюми Тоҷикистон — «Талко» ҳанӯз мунташир нашудааст. Ба гуфтаи вай, ин гузориш бояд дар моҳи декабри соли гузашта нашр мешуд, лекин то ҳол дастраси умум нагардидааст. Тавре намояндаи СБП қайд кардааст, ин масъала гарчанде аз ҷониби эшон ду маротиба ба давлаи Тоҷикистон гӯшрас шуда бошад ҳам, посухи мушаххас дода нашудааст. Ин дар ҳолест, ки бозрасии фаъолияти Талко бо дархости СБП сурат гирифтааст. Намояндаи СБП хабар додааст, ки ҳатто ин созмон нусхае аз натиҷаи бозрасии «Талко»-ро дар ихтиёр надорад ва аз ҷузъиёти он огоҳ нест. Тибқи тавофуқи байни ширкати «Талко» ва «Моерс Стивенз», ки ширкати бозрасикунанда маҳсуб меёбад, муваззаф шудааст, ки натиҷаи аудитро танҳо ба давлат маълум намояд.

Вале дар ҳамин ҳол як мақоми Талко гуфтааст, ки ин ширкат дар нашри гузориши натиҷаи санҷиши молӣ, ки аз сӯи ниҳоди бозрасикунандаи байналмилалӣ сурат гирифт, дер накардааст, балки дар таърихи мувофиқашуда хулосаи онро мунташир хоҳад кард. Ба қавли мақомоти корхонаи алюминиюми тоҷик ҳисобот ва санҷишҳои доирнамуда ба таври умумӣ шаффофияти фаъолияти ширкати мазкурро муайян кардааст. Тавре расонаҳои хабарӣ иттилоъ медиҳанд, дар охири соли гузашта якчанд масъули бахши муҳосиботи ин корхона аз сӯи кормандони Агентии мубориза бар зидди коррупсияи Тоҷикистон боздошт гашта буданд.

Вале хулосаи ниҳоие, ки пас аз нашр дастраси умум мегардад, нишон хоҳад дод, ки фаъолияти ин ширкат то куҷо шаффоф аст? Дар ҳоле, ки қабл аз нашри хулосаи санҷиш ҳам фаъолияти ин ширкат як навъ сирри тиҷоратӣ ва махфӣ ба ҳисоб мерафт ва мардум оид ба андозсупории корхона ва суду зиёни он чандон огоҳӣ надоштанд. Бо вуҷуде, ки баҳсҳое дар мавриди бар зарар кор кардани корхона дар доираи коршиносон ба миён омада буд.

Агар мисли «Бонки миллӣ» ва «Барқи тоҷик» баъди гузаштани аудит камбудиҳо ошкор гардад, вале тағйироти муҳиме дар фаъолияти «Талко» ба назар нарасад, нашр шудан ё нашудани бозрасии молии он ягон аҳамияте дорад?

Кадом аудит

натиҷа дод?

Соли 2009 дар ду ниҳоди давлатӣ, яке Бонки миллии Тоҷикистон ва дигаре «Барқи тоҷик» аудит гузаронида шуд, ки натиҷаи яке нашр шуд ва дигаре не. Сабаби нашр нашудани натиҷаи аудити дуввумиро коршиносон вобаста аз ошкор гаштани фасод дар якумӣ ва боиси паст шудани нуфузи ин ниҳод ва масъулонаш дар назди мардум медонанд. Ширкати аудитории «Эрнст Энд Янг»-и Британияи Кабир фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистонро бозрасӣ карда буд. Натиҷаи ин бозрасӣ муомилаи махфии миёни раиси онвақтаи Бонки миллӣ — Муродалӣ Алимардонов ва ниҳодҳои сармоягузориро ошкор кард, ки тибқи он миллионҳо доллар ғайри мақсаднок истифода шудааст. Ба иттилои расонаҳои хабарӣ ниҳодҳои сармоягузорие, ки бо Бонки миллӣ ҳамкорӣ доштанд, чунин даъво мекарданд, ки бештари маблағро ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзӣ сармоягузорӣ кардаанду деҳқонон аз онҳо қарздоранд. Вале баъдан, бо дастури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қисмати қарзи деҳқонон бахшида шуд. Дар ҳоле ки баъзе коршиносон бар ин назар буданд, ки аслан кишоварзон, ба хусус пахтакорон қарздор маҳсуб намешаванду ин «қарздорсозӣ» аз сабаби бо нархи даҳчанд гарон дастрас кардани таҷҳизот ва дигар маводи ба деҳқонон зарур, аз ҷониби худи сармоягузорон махсус ташкил карда шуда буд. Ва маблағҳои рабудашударо бо ҳисобе дар ин миён «списат» кардаанд.

Бозрасии дигар дар моҳи сентябри соли 2009 оид ба фаъолияти молии ширкати «Барқи тоҷик», бузургтарин ширкати энергетикӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт. Вале натиҷаи он, тибқи қарордоди ширкати аудиторӣ ва «Барқи тоҷик» дар расонаҳои хабарӣ нашр нашуд. Дар он замон Люк Моерс гуфта буд, ки дар ҷараёни бозрасии фаъолияти ширкати «Барқи тоҷик» чанд мушкили ҷиддӣ дар бахши ҳисобдории он ошкор шудааст, аммо аз шарҳи ҷузъиёт худдорӣ кардааст. Зеро мувофиқи қарордоди дуҷониба натиҷаи аудит ошкор нагаштанаш таъкид шудааст.

Аммо бештари коршиносон исрор доранд, ки бояд натиҷаи аудит тавассути расонаҳои хабарӣ мунташир гардад, то мардум дар ин бора маълумот дошта бошанд. Вале ба гуфтаи Зулфиқори Исмоилиён, ҷонибҳо ҳамчунин метавонанд тавофуқ кунанд, ки аудитро гузаронанд, лекин натиҷаашро нашр накунанд. Дар ин сурат ширкат ӯҳдадор мешавад, ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф кунад. Вале ҳамин гуна тавофуқ бо ширкати «Барқи тоҷик» низ шуда буд. Баръакс, ба ҷойи ислоҳи камбудӣ, истифодаи ғайримақсадноки нерӯи барқ аз ҷониби мақомоти «Барқи тоҷик» сурат гирифт, ки дар ин бора дар расонаҳои хабарӣ маълумот дода шудааст.

Яъне корхонаҳо фаъолияти худро бозрасӣ карда истодаанд, аммо ҳадаф аз ин чист? Агар беҳбуд бахшидан дар фаъолияти минбаъда мебуд, пас чаро дар «Барқи тоҷик» ба ҷои хуб гаштани вазъ, дуздиву ғорат ба вуқӯъ пайваст? Ҳоло ба назар чунин менамояд, ки аудитгузаронӣ ба як «реклама»-е табдил ёфтааст, ки ширкатҳо мехоҳанд тавассути он шаффофияти худро «пиар» карда, ба чашми мардум хок пошанд. Агарчи баъди санҷиш камбудиҳо «рӯи об» бароянд ва фасоду дуздиҳо фош гарданд ҳам, байни худ тавофуқ мекунанд, ки натиҷааш нашр намешавад. Лекин барои он ки мардумро гӯл зананду «шаффофият»-и худро исбот созанд, хулосаи ширкати бозрасикунандаро неву аз они худро на дар коғаз, балки забонӣ эълон медоранд, ки ҳама «сад». Агар ҳама «сад» бошад, ба аудит гузаронидан ҳоҷат набуд, вале агар камбудӣ ёфт шуду онро аз тарси «мабодо фош кунем ва дар миёни мардум ба расвоӣ ном барорем», эълон накунанд ва гузашта аз ин, ба ислоҳи камбудӣ талош наварзанд, назири «Барқи тоҷик», пас чунин аудит чӣ суде метавонад дошта бошад?

Аз баҳси судӣ

то осиёбу осиёбонӣ

Тибқи маълумотҳо, дар гузашта корхонаи алюминиюми тоҷик тавони тавлиди 500 ҳазор тонна маҳсулотро дар 1 сол дорад. Аммо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он иқтидори тавлиди алюминий то 300 ҳазор пойин омада буд.

Тӯли фаъолияти ин корхона дар Тоҷикистон сару садоҳои зиёде дар ҳолатҳои мухталиф ба вуҷуд омад. Яке аз инҳо баҳси додгоҳии корхонаи алюминий ва ширкати «Ансол» мебошад. Соли 2004 роҳбарони нави корхона шакли идораи онро тағйир доданд ва корхонаи воҳиди давлатии «Талко» ташкил шуд. Ҳоло истеҳсоли алюминий ҳудуди 400 ҳазор тонна аст.

Пас аз барканории раиси собиқи корхонаи алюминий, роҳбари ширкати «Ансол», ки дар гузашта аз ҳамшарикони вай маҳсуб мешуд, «Талко»-ро, ки аз тарафи ҳукумат идора мешавад, дар лағви якҷонибаи шартнома муттаҳам кард ва ба додгоҳи Лондон шикоят бурд. Масъулини ширкати «Талко» низ аз болои роҳбарияти «Ансол» бо иттиҳоми дуздии 400 миллион доллар ба суди Лондон шикоят бурд. Дар натиҷа ҳар ду ҷониб ба тавофуқ омаданд, аммо маълум нест, ки бо чӣ шартҳо даъвогарон ба оштӣ розӣ шуданд. Ҳарчанд ҷонибҳо, бахусус давлати Тоҷикистон ин тавофуқро ба суди худ арзёбӣ мекунанд, аммо ба он хотир, ки сулҳи додгоҳӣ пӯшида анҷом ёфтааст, масъала чандон равшан нест. Вале ба андешаи таҳлилгарон ин тавофуқ ба суди Тоҷикистон набудааст. Зеро танҳо пуле, ки «Талко» барои вакилони дифои худ, яъне ширкати ҳуқуқии «Ҳерберт Смит», ки манфиати Ҳукумати Тоҷикистонро дар додгоҳ ҳимоят мекард, пардохт намудааст, 120 миллион долларро ташкил медиҳад.

Сару садои дигар дар мавриди фаъолияти ин корхона дар дохили Тоҷикистон буд. Бархе коршиносон бар ин назар буданд, ки фаъолияти «Талко» ба манфиати Тоҷикистон нест ва онро бояд фурӯхту аз маблағаш «Роғун»-ро бунёд кард. Яке аз муддаиёни ин ақида Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ узви Маҷлиси миллӣ буд, ки мегуфт, ҳарчанд алюминийро маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ арзёбӣ мекунанд, аммо он тамоман моли Тоҷикистон маҳсуб намеёбад. ӯ кори онро ба осиёбе ташбеҳ додааст, ки гандуми дигаронро орд мекунад ва бар ивазаш ҳаққи хизмат ё «кавсан» мегирад. Дар нисбати ин корхона истеҳсоли барқи «Роғун» метавонад моли содиротии Тоҷикистон гардад. Вале дар ҳамин ҳол Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари иқтисодӣ аз як ҷониб бо далели барқи зиёдро бо нархи арзон истифода кардани «Талко», супоридани андози ночиз ва хароҷоташро напӯшонидани даромади он дар шароити имрӯза, барзарар фаъолият кардани корхонаро таъйид мекунад. Аз сӯйи дигар чунин андеша дорад, ки бо сохтани якчанд корхонаи тавлидкунандаи ашёи хом дар дохили кишвар барои «Талко», ба мисли сохтмони корхонае, ки ба қарибӣ дар ноҳияи Ёвон шурӯъ шуд, имкон дорад корхонаи алюминий барои Тоҷикистон фоидаовар бошад.

Сару садои навбатиро шаҳрвандони ҳамсоякишвари ӯзбекистон дар нисбати муҳити зистро заҳролуд кардани «Талко» ба вуҷуд оварданд. Онҳо бо як ҳамоиши эътирозӣ дар донишгоҳи Тирмиз қатъ кардани кори ин ширкатро талаб намуданд. Зеро ба гуфтаи онҳо, гӯё корхонаи алюминий атмосфераро заҳролуд сохтааст ва шаҳрвандони ин кишвар ба бемориҳои мухталиф мубтало шудаанд. Вале коршиносони тоҷик иддао доранд, ки чаро дар ҳудуди корхона шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳар гуна беморӣ дучор намешаванду шаҳрвандони ӯзбек, ки дар масофаи дуртар сукунат доранд, аз заҳролудшавии ҳаво изҳори нигаронӣ мекунанд? Иддае аз таҳлилгарон даъвои мардуми ӯзбекро ба сиёсати ин давлат рабт медоданд, ки фаъолияти «Талко»-ро ба хотири расонидани кӯмаки моливу фаннӣ дар бунёди «Роғун» мехост зараровар нишон диҳад ва диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб созад.

Сару садову нигарониҳо дар нисбати ин корхона буду ҳаст ва эҳтимол идома ёбад. Лекин натиҷаи аудит ва талош барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта метавонад ақрабаки соатро 180 дараҷа ба ҷониби муваффақият тоб диҳад.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: