Главная > Uncategorized > Осиё аз хоб мехезад. Ғулғулаи он ҷаҳонгир аст!

Осиё аз хоб мехезад. Ғулғулаи он ҷаҳонгир аст!

Имрӯз аз ҷониби соҳибназарон чанд шакли тағйири ҷаҳони муосир аз нигоҳи тақсимбандиҳои геополитикӣ ва иқтисодӣ пешбинӣ мегардад, ки яке аз он фаъол шудани равандҳои ҳамкориву ҳамгироӣ дар қолаби падидаи нави низоми равобити байналхалқӣ — таъсиси Иттиҳоди Осиё мебошад. Ташкили чунин созмон метавонад рӯёрӯӣ ва вазни қудратҳоро дар миқёси ҷаҳони босуръат тағийркунандаи муосир дар сатҳу чеҳраи нав дигаргун сохта, нақши Осиёро дар тасмимгириҳои муҳими сарнавишти ҷаҳон бо назардошти ба нуқтаи калидии қабули қарорҳои сиёсӣ ва геополитикӣ табдил ёфтани он, додугирифти ҳаҷман васеъ ва бесобиқаи тиҷоратӣ, ба қудратҳои азиму тавонманд мубаддал гардидани иқтисоди кишварҳои осиёӣ ва ғайра боло барад. Чунин ҷойгузинии қудрат дар таърихи рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ имкониятҳои нави пешрафту ҳамгироии сифатан навро тақвият дода, ду паҳлӯи тарозу — Аврупову Осиёро аз нигоҳи фаъолнокии сиёсиву иқтисоддорӣ ҳамвазн мегардонад. Шояд паҳлӯи тарозуи баъдӣ, бо назардошти пайомадҳои мушкилоте, ки имрӯз  оилаи муттаҳиди иқтисоди кишарҳои аврупоӣ пешорӯ доранд, вазни бештар дошта бошад.

Қутби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон:

Як, ду ё бисёр?

Низоми ҷаҳонӣ бо фурӯпошии низоми шӯравӣ ба шакли қолабишудаи дуқутбӣ нуқта гузошт. Ҷаҳон дар остонаи тартиби нави равобити байналхалқӣ қарор гирифт. Аслан, қонунияти таърихӣ чунин аст, ки вақте тавозуни қудрат халалдор мегардад, зарурати тағйири сатҳу сохтори тавонмандиҳои сиёсиву иқтисодӣ дар арсаи ҷаҳон ба миён меояд.

Имрӯз сайёра дар марҳилаи таърихие қарор дорад, ки тарҳҳои кӯҳнаи ҷаҳондорӣ шикаста шуда, ташаккулҳои нави саҳнаи равобити байналмилалӣ зуҳур мекунанд. Дар ин маврид ҳамагон ҷонибдори ин нуктаанд, ки бо фаро расидани айёми нав ҷаҳон адолатпарвар, мутавозин, рушдкунанда ва мутараққӣ мегардад. Шеваи маъмули муқовиматҳои геополитикӣ бесамар будани худро нишон дода, замони он расидааст, ки ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ доманаи фаррох пайдо намояд.

Бо печида ва ғайриинтизор гардидани равандҳои сиёсиву иқтисодии дар сатҳи ҷаҳон идомаёбанда, пешгӯйӣ ва ояндабинии онҳо ҳатто барои доираҳои ботаҷрибаи таҳлилӣ мураккаб гардидааст. Муносибатҳо ва тағйиротҳои саҳнаи ҷаҳонӣ ба навъу шакле сурат мегирад, ки хоси шеваи анъанавии мафкураи инсонӣ нестанд.

Ҳатто давлатҳои абарқударат бо дороиҳои афзуни молиявии худ ва иқтисоди шукуфонашон гоҳо дар пешорӯи гарде аз ларзишҳои бӯҳронӣ ба ҳолати изтироб меафтанд. Чунин вазъият собит месозад, ки дар ҷаҳони муосир як қутби нерӯманд ба осонӣ метавонад шакл гирад, аммо ба ҳамон соддагӣ ғайричашмдошт метавонад аз ҳам фурӯ пошад.

Чунин ба назар мерасад, ки назарияи қутбгароӣ дар ҷаҳони имрӯз  афзалияти худро коҳиш дода истодааст. Давлатҳои бузурги сайёра, ки қаблан далерона давъои ба даст гирифтани қудрати бисёр, таъмини амнияти ҷаҳон ва сулҳро аз минбарҳои баланд ба гӯши ҷаҳониён мерасониданд, имрӯз бо эҳтиёт чунин ҳарфҳоро ба забон меоранд.

Иқтисоди ҷаҳон низ ҳоло узви як муҳаррик гардидааст. Ноҷӯрии як узв ноҷӯрии ҳамаи узвҳоро ба миён оварда истодааст.

Аммо бо вуҷуди ин ҳама дунё дар ҳама саҳнаҳо: сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ бар асли хостаҳои яксон наметавонад пойдор бошад. Хоҳу нохоҳ бархӯрди манфиатҳо вуҷуд хоҳад дошт. То ҷаҳон боқист, он реша дар замири ҳамагуна равобиту муносибатҳо дорад. Аз ин хотир, тарҳи як ҷаҳони мутавозин, ки аз ду қутб иборат бошад, ба назар мувофиқ аст. Равандҳои табиии айни ҳол идомаёбанда тадриҷан мавқеиятҳои хоси Амрикову Аврупоро маҳдуд месозанд. Торафт домони вазну таъсири кишварҳои осиёӣ густурдаву афзун мегардад. Пас чунин ба назар мерасад, ки худи қонунияти таърихӣ хилофи ҳамагуна пешбиниву ирода ҷаҳонро ба сӯи фароҳам омадани ду қутб пеш бурда истодааст. Чеҳраи нави равобити байналмилалӣ ҳаккокӣ мегардад. Меъмори бинои нави низоми ҷаҳондорӣ боз ҳамон қонуният, зарурати таърихист, тарҳи барномарезишуда дар хотираи сарнавишти дунёст.

Осиё то куҷо

якранг аст?

Талошҳои ҳамкориву ҳамгироӣ байни кишварҳои осиёӣ ба кундӣ пеш мераванд. Зеро Осиё ба навъи худ як қолини садрангро мемонад, ки давлатҳои рӯи он бо урфу одат, анъана, дину ойин, манфиату мафкура, сиёсату иқтисодҳои гуногун паҳлӯи ҳам ҳақи ҳамсоягӣ пайдо намудаанд.

Дараҷаи рушд, мизони пешрафтҳои иқтисодӣ низ байни кишварҳои осиёӣ яксон нест. Дар ин қитъа кишвари ба зинаи баланди пешрафтҳои технологӣ расида ва давлати дар ақибмондагии қашшоқона мондаро низ метавон пайдо намуд.

Айни ҳол мавзӯи зери як иттиҳод ба роҳ мондани равандҳои ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ дар қитъаи Осиё танҳо дар сатҳи назария қарор дорад. Ба ақидаи бархе аз маҳфилҳои таҳлилгарӣ, эҳтимолияти таъсиси чунин як иттиҳод ба сиёсатҳои Вашингтон ва Аврупо низ бастагӣ дорад.

Монеаи асосӣ дар роҳи эҷоди чунин як иттиҳод ин ҳам бошад набуди як иделогияи ягона аст. Вақте кишварҳои аврупоӣ дар атрофи як иттиҳод гирди ҳам омаданд, қаробатҳои зиёди идеологиву манфиатҳои муштараки иқтисодӣ доштанд.

Бар замми ин, дар миёни кишварҳои осиёӣ ихтилофҳои марзӣ, дар дохили бархе аз онҳо зуҳуроти ҷудоихоҳӣ, ташаннӯҷҳои мазҳабӣ ва ғайра вуҷуд доранд, ки ба суботу амнияти сатҳи минтақа таъсиргузор гардидаанд.

Моделҳои иқтисодии кишварҳои Осиё низ таҳти таъсири низомҳои сиёсиву мафкуравии ҳукмрон дар онҳо аз ҳам фарқкунандаанд. Дар роҳи рушди тиҷорати озод ва фароҳам овардани фазои ягонаи иқтисодӣ, фаъол сохтани шабакаи роҳҳои байнидавлатии автомобилӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, лӯлаҳои газгузар ва ғайра шумори монеаву мамонитаҳои зиёд мавҷуданд, ки хоси қитъаи Осиёанд.

Гуногун будани хостаҳои сиёсӣ ва манфиатҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои осиёӣ дар ҳолати расидан ба тавофуқи назар ва бартараф намудани ихтилофи назарҳо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад садди роҳи тавсеа пайдо намудани равандҳои ҳамкорӣ ва ҳамгироии минтақавӣ гардад. Чунки мардум ва халқиятҳои маскун дар Осиё бар асоси табиати шарқии худ тавони таҳаммулгароӣ, ҳамзистии осоишта ва ба роҳ мондани равобити иқтисодиву тиҷоратиро ба нафъи беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ дар тамоми қаламрави қитъа доранд.

Барои расидан ба ин ҳадаф бошад ҳарчи фаъолтар наздик сохтани додугирифтҳои тиҷоратии байни ин кишварҳо ва зиёд намудани ҳаҷми мубодилаи мол зарур аст. Танҳо ҳамбастагии иқтисодӣ ва тиҷорати озод метавонад ташаккули ҳадафҳои яксонро дар Осиё тақвият бахшида, фазои ҳамгироӣ ва ҳамкории минтақавиро ба вуҷуд оварад.

Иттиҳоду ҳамбастагӣ пайдо намудани кившарҳои осиёӣ инчунин метавонад мушкилоту таҳдидҳои дар сатҳи таъмини амнияту суботи минтақа мавҷударо бартараф сохта, ду фишанги асосии пойдории мӯътадил — сулҳ ва пешрафтро  пояи мустаҳкам бахшад.

Чаро дили дунё

ба Осиё мекӯчад?

Чашмрастарин таҳаввулоте, ки дар арсаи равобити байналмилалӣ тӯли 400 соли охир ба вуқӯъ омад, ин интиқоли маркази таваҷҷӯҳ ба Осиё буд. Ҳарчанд ин раванд ҳанӯз ба итмом нарасидааст, аммо яқин аст, ки Осиё худро ҳамчун бозигари калидии низоми нави ҷаҳондорӣ муаррифӣ намудан дорад. Чанд асри охир маркази ҷаҳон Амрикову Аврупо ҳисобида мешуд, дар ҳоле мақоми минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором

казоӣ ва қобили қадр баҳодиҳӣ намегардид. Лек имрӯз ҳамагон шоҳидем, ки манзараи маъмул тағйири шакл мекунад ва ҷойгоҳи кишварҳои осиёӣ рӯ ба болоравист.

Бояд гуфт, ки чанд омили тақдирсоз дар афзудани мақоми Осиё ва ба он кӯчидани маркази таваҷҷӯҳ ва тасмим дар миқёси ҷаҳон нақши ҳалкунанда бозиданд. Яке аз онҳо ба қатори қудратҳои азим дохил шудани Хитой бо дурнамои ба абарқудрати намоён табдил ёфтани он худ унсури марказии ба Осиё тағйири макон намудани маркази байналмилалии сиёсиву иқтисодӣ ба шумор меравад.

Ҷопон низ баъди мағлубият дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо низомдории ба худ хос эҳёи иқтисоди миллӣ ва эътирофи байналмилалиро ҳадафи афзал интихоб намуда, эҳтиёткорона ва ноаён тавону нуфузи худро то мартабаи аъло боло бурд. Аз ин ҷост, ки имрӯз Ҷопон яке аз ҷонибдорони асосии ҳарчи бештар фаъол шудани равандҳои ҳамкориву ҳамгироӣ дар Осиё ва рӯи кор овардани иттиҳод дар ин қитъа мебошад.

Ба қудрати бузурги босуръат рушдкунанда табдил ёфтани кишвари дигари осиёӣ — Ҳиндустон низ ба интиқоли маркази вазну таваҷҷӯҳи ҷаҳон ба Осиё мусоидат намуд.

Ҳамгироии иқтисодӣ байни давлатҳои Осиёи Шарқӣ бошад, аллакай роҳи бебозгашт пайдо намудааст. Давлатҳои ин гӯшаи Осиё, ки аз бӯҳрони соли 1997 осеби сахт диданд, ба хулосае омаданд, ки  ягонагии иқтисодӣ сипари мӯътамади муҳофизат ва эминӣ аз бӯҳронҳои навбатист. Онҳо «Ҳалқаи осиёии боррасонӣ»-ро асос гузоштанд, ки ба афзоиши тиҷорат ва сармоягузорӣ байни кишварҳои АСЕАН бо занҷираи Хитой, Ҷопон ва Курёи Ҷанубӣ (10 + 3) мусоидат намуд.

Тиҷорати дохилиминтақавии ин созмон 58 фисади ҳаҷми умумии тиҷорати берунаи кишварҳои узвро ташкил мекундад, ки аз нишондоди Минтақаи тиҷорати озоди Амрикои Шимолӣ 3 фисад зиёд ва танҳо 7 фисад аз нишондоди дохили Иттиҳоди Аврупо кам аст. Аз ин нигоҳ он  дар сатҳи ҷаҳон бузургтарин созмони минтақавии ҳамгиро эътироф гардидааст.

Ин муваффақияти ҷаҳонгири танҳо як гӯшаи Осиё аст. Чунин шакли ҳамкории минтақавӣ дар дигар гӯшаҳои ин қитъаи бузург низ метавонад нишондодҳои иқтисодии барои сокининони дигар қисматҳои сайёра тааҷҷубборро ба намоиш гузорад.

Он чӣ ин ҷо намуна овардем, танҳо шаммае аз бартариятҳои имрӯзаи қитъаи Осиёст, ки ҳамакнун ба тадриҷ набзи ҷаҳонро муайян хоҳад намуд. Дигаре аз афзалиятҳои Осиё ба монанди таҷаммӯи шумори зиёди аҳолии сайёра дар ин қитъа, захираҳои фаровони нафту газ, нерӯи барқ, захираҳои инсонӣ, қаламрави фарох ва ғайра дар маҷмӯъ ҷойивазкунии нави қудратҳоро дар архитектураи сиёсии ҷаҳон ба нафъи кишварҳои осиёӣ асос мегузоранд.

Нуктаи муҳими дигар, ки қобили таваҷҷӯҳ аст, ин аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодии охир на он қадар зиёни чашмрас дидани иқтисоди кишварҳои Осиёи Шарқист. Дар ҳоле ки иқтисоди ҷаҳонӣ даврони вазнини таназзули худро аз сар мегузаронд, иқтисоди кишварҳои Осиёи Шарқӣ суръати муносиби тараққиётро нигоҳ медошт ва ин тамоюл бори дигар маркази рушди иқтисодии ҷаҳонро ба ин минтақаи сайёра интиқол дод.

Чунин ақида дар миқёси дунё мавриди назар аст ва он дар матбуоти миллии мо низ ҷонибдорӣ ёфт, ки сохтори муосири ҷаҳонӣ бо ҳама тартибу қойидаҳои амалкунандаи он ниёз ба таҷдид дорад. Зеро низоми кунунии мавҷуд дар он нерӯи муқовимат бо бӯҳронҳо ва чолишҳои амниятии сатҳи умумиҷаҳониро камокам аз даст медиҳад.

Доманаи нооромиҳо дар ҷаҳон торафт васеъ гардида, механизмҳои ҳамгироиҳои байналхалқӣ дар қолаби ин ё он созмон он қадар корсоз нестанд. Пайвандҳои иқтисодиву тиҷоратӣ аз ҳад зиёд пойбанди ҳадафҳои сиёсиву низомӣ гардидаанд.

Аз ин хотир тарҳи ҷаҳони нав бо кӯчиши қудрат ва нақши таъинкунандаи он дар муносиботи байналхалқӣ ба Осиё метавонад равандҳои сатҳи ҷаҳониро ба таври мутавозин ба маҷрои бонизом самт дода, аз сардаргумие, ки имрӯз давр меронад, вораҳонад.

А. ҚОДИРОВ,махсус барои «Пайкон»

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: