Главная > Uncategorized > Туро газад, маро чӣ ғам?

Туро газад, маро чӣ ғам?

Мегӯянд, ки «тани гарм бе дард нест». Мо ҳангоми бемор шудан бо ҳазорон умеду орзу тақдиру қисмати хешро ба дасти пизишкон месупорем ва дар симои онҳо наҷотдиҳандаи худро дарку эҳсос менамоем. Барои он ки ба худ ва азизони худ кӯмак расонем, охирин луқмаи даҳони худ ва тифлакони меҳрубонамонро барои барқарор кардани саломатӣ «қурбонӣ» мекунем.

Ҳар вақте бо фарде дар бемористон вомехӯрам ва ба чашмони маъюсу имдодталабаш назар меандозаму беихтиёр ба садои ҷонгудозу пур аз алами «Худоё, корат ба милисаю духтур наафтад!» гӯш медиҳам, нисбати аъмолу рафтор ва кирдори номардонаи пизишкон, ки қасами муқаддаси Ҳепократро поймол менамоянд, нафрати беандоза пайдо мешавад.

Тибқи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо табобат ройгон аст, вале мутаассифона дар сар то сари кишвар ин қонун вайрон карда мешавад. Мардуми бечораю камбизоат дар рӯзи равшан ғорат мешаванд, вале касеро на ғамаш ҳасту на кораш. Ҳама аз рӯи мақоли «Туро газад, маро чӣ ғам?» амал намуда, даст ба кисаи нотавонон мезананд, яъне дуздӣ мекунанд. Пас чаро замин ба зилзила ва раъша наояд ва пояҳои кӯҳҳо наларзаду наҷунбад!? Мо бо ҳазорон орзу дар симои пизишкон наҷотдиҳандаи хешро мебинему теғи ба танамон халидаро манбаи ҳаёт ва печкории ба баданамон воридшударо оби ҳаёт мепиндорем. Вале ҳис ва дарк намекунем, ки тани мо барои баъзе пизишкони беадолату берӯ, нодону бехирад манбаи пул мегардаду бо ташхисҳои ноадолатонаву бесаводонаи худ тани моро заҳролуд намуда, онро абгору пажмурда мекунанд.

Иҷроиши фармудаи қонун аз тарафи ҳар фард воҷиб аст, зеро он дилро шоду чашмро равшан мекунад, вале Худо гӯед, ки дилу чашми шумо ба ин даргоҳ наафтад.

Инсон дар кадом поя ва марҳилаи донишу заковат набошад ҳам, ниёзманди панду насиҳат аст. Ба ҳар ҳол, олудагиҳои ин зиндагии моддӣ аз ғафлатҳои ноҷо ба рӯҳаш осоре мегузорад, ки боиси ба доми нафс афтодани ӯ мегардад. Зеро, чун инсоне шоме ба худ савол надиҳад, ки «имрӯз ба мардум чӣ кори нек кард «, баъди ба худ омадан мебинад, ки бисёр хислатҳои неки бо ранҷу заҳмат ба даст овардаашро аз даст додааст.

Пизишкон ашхосе мебошанд, ки ҳаққи фаромӯш кардани панду андарзҳоро надоранд, зеро ҳар як фарди мариз аввал ба Худо такя мекунаду баъд бо ҳазорон умед дида ба дасту қалб ва ақлу хиради пизишк медӯзад.

Вале инсоф то дараҷае расидааст, ки баъзеҳо барои пул шуда беморро водор месозанд, ки ба ҷарроҳӣ розӣ шавад, гарчанде бемории ӯро бидуни ҷарроҳӣ табобат кардан мумкин аст. Бе пушт — пушт рӯйхати доруҳои зиёди даркору нодаркорро менависанд. Барои онҳо фарқ надорад, ки мизоҷашон кист, бенавост, бечора доро ё нодор. Боре надидаам, ки аз доруҳои кӯмаки башардӯстонаи вориди кишвар гардида ба касе дода бошанд. Он бемори бечора ба сад дар сар халонда, бо қарзу қавола пайсае пайдо карда, доруҳоро меорад ва боз сар ба пеши пойи пизишк гузошта, ҳаққи хизматашро медиҳад. Он пизишк доруҳои боқимондаро ба дорухонаи худ мефиристонад. (Қариб аксарияти пизишкон дорухона доранд).

Ҳатто ҳаққи ҳамшираи шафқату фаррош аз ҳисоби соҳиби бемор ситонида мешавад. Магар онҳо маош намегиранд? Канӣ инсоф? Канӣ адлу адолат?

Нархҳои доруҳо дар баъзе ҷойҳо хеле фарқкунандаанд, зеро ҳар як доруфурӯш аз рӯйи мақоли «худам шоҳу табъам вазир» амал намуда, нархгузорӣ мекунад. Ҳатто доруҳое, ки мӯҳлати истифодааш тӯлонӣ гузаштаасту барои саломатии инсон марговар аст, фурӯхта мешавад. Вале аз тарафи ташкилотҳои салоҳиятдор, ки вазифаи ҷонияшон назорат аст, чорае андешида намешавад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ омадааст: «Мехоҳам хотирнишон намоям, ки сифати тайёр кардани мутахассисони соҳаи тиб ҳанӯз беҳбудиро тақозо дорад. Табибон бояд одоби баланди муошират дошта бошанд ва бо корафтодагон муомилаи неку инсондӯстона карда тавонанд».

Канӣ Донишгоҳи овозадори тиббӣ, ворисони баргузидаи Синои бузург, ки дар давраи Шӯравӣ мақоми оламшумул доштанду имрӯзҳо дар шаҳрҳои Русияву Қазоқистон, Яману Арабистони Саудӣ ҳамчун табибони ҳозиқ сарбаландона адои вазифа мекунанд? Мутахассисе, ки тавассути пул мехонаду маълумот мегирад, пеши чашмонаш танҳо пул ҷилвагар мегардад. Вай қадру қимати инсонро бо пул андоза мекунад. Бояд донишҷӯёни соҳаи тиб, устодони ин соҳаи басо муҳим шахсони донишманду дурандеш, закию оқил, меҳанпарасту миллатдӯст бошанд. Зеро саломатии миллати мо пеш аз ҳама аз хираду заковати онҳо вобастагӣ дорад. Сухани хуби пизишк ва одоби муоширати ӯ аз ҳама нӯшдору барои бемор авлотару волотар аст.

Дар ягон беморхона нархномаи хизмати пизишкон мавҷуд нест. Ҳар пизишк аз даҳонаш чизе ки ояд, ҳамон нархро мегӯяд. Пас, мардуми бечора ба кӣ муроҷиат кунанд?

Ҳизби мо пешниҳод карда буд, ки ба кӯҳансолону тифлон бояд хизмати ройгон расонида шавад. Бигзор дармонгоҳу беморхонаҳои пулакии хусусӣ бошанд, зеро 250 ҳазор муштариёни камбизоат мӯҳтоҷи кӯмаки иҷтимоиянд. Садҳо занону кӯдакон мӯҳтоҷанд, вале имкон надоранд, ки аз шароиту имконоти муфид бархӯрдор гарданд. Тарзи зиндагии бисёр сангини онҳо, ки дар хобгоҳу хонаҳои шароиташ номувофиқ умр ба сар мебаранд, боиси ба вуҷуд омадани садҳо маризиҳо гардида, сафи модарони носолиму кӯдакони аз ҷиҳати саломатӣ заифро ба ҷомеа «тӯҳфа мекунанд».

Бидуни модари солим ва насли ҷавон мо наметавонем оддитарин масъалаи давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро ҳал намоем. Зеро модари солим — қалби бузурги оила, ҷавонони соҳибхирад ояндаи ҷомеаянд.

Инсон ҳуқуқ дорад, ки истироҳат кунад, захираҳои масрафшудаи кори худро аз нав барқарор намояд. Агар ба он аҳамият надиҳем, бешубҳа тавоноии худро аз даст хоҳем дод ва ба мавҷуде бехосияту ҳамеша ранҷур табдил хоҳем ёфт. Модари тоҷик, ки аз субҳ то шом, то ба оғӯш гирифтани шаби зангӣ оламро ба по рост меистад ва боре ҳам истироҳатгоҳро надидааст, чи ранҷҳоро аз сар мегузаронад, онро бояд танҳо тасаввур кард.

Эй шарирон, нафси шумо, ки боиси ифтихор ва шӯҳратмандии шумо дар олами нафсу шаҳват гаштааст, нисбати ин халқу миллат ва меҳан беэътиноиро дар дилу дидаи шумо овардааст, шуморо дар ҳаросу ғам олуда намекунад. Шумо дар такаббури худ мегӯед «бозхост нахоҳед кард», чунки тамоми хаёли шумо он аст: «Чизи муқаддас вуҷуд надорад». Чунин одамон, ки муқаддасоти зиндагӣ, худшиносии хеш ва махлуқкунандаи худро намедонанд, даҳонашон аз пайи бенавое, бечорае мепояд. Шумо пизишкони дар лонаи худ шер ва дар ҷомеа камингирони лонаи худ боре андеша накардед, ки ҳамаи мо бандаҳои хок мурандаем ва пеш аз он ки мурем, касе набошем, хоҳ шоҳу хоҳ гадо, лаҳзае андеша намоем, ки бузургтарин хизматаон хизмат ба мардуму миллат аст, на ҷиғилдони пур аз нафси олуда.

Моро лозим меояд, ки пеши бузургтарин пизишкҳои маъруфи ҷумҳурӣ, ки бо ахлоқи ҳамида ва нафосати баланди инсонӣ, бо ҳазорон меҳру муҳаббат ва самимият, қудрату тавон, ақлу хирад ва заковати Худододаи хешро хоксорона, беминатона барои халқу ватан сарф мекунанд, узри маънӣ гӯем. Алалхусус ба пизишки содиқу номдор Осимов М. ва даҳҳо мисоли ӯ.

Боварӣ дорам, ки ин миллат ба қуллаҳои баланди номдории илми тиб, ки Худованд аз нуқтаи назари ирс ба мо додааст, мерасаду боз шӯҳраи олам мегардад.

А. ҒАФФОРОВ, раиси КИМ ҲСТ

Рубрики:Uncategorized
  1. ШОДМОН
    Июнь 16, 2010 в 4:39 дп

    Ба муаллиф мурочиат карда мегуям, ки пеш аз оне ки дар бораи » пизишкон» сухан мегуи бояд аввало ба маънии ин калимаи мукаддас сарфахм рафтан лозим. забони инсон мегуянд дар урфият, ки устухон надорад дуруст аст. Ман гумон мекунам ки сабаби ин гуфтахо чунин шахсон мебошанд. Барои иштибох ё ин ки ноадолатии як ва нафар духтур набояд ба иззати нафси дигар табибон расид ва бахаи онхо як хел бахо дод. Ман шахсан саломатии худро вз хвма болотар медонам….

  2. Абдугафур
    Июнь 16, 2010 в 10:37 дп

    Мухтарам, А.Гаффоров. Шумо фикр доред, ки табибон баркасдона аз беморон пул меситонанд? Не! Охир маоше, ки табиб мегирад, хамаги ба 4-5 рузи зиндаги мерасаду халос. Корманди банк, ки хамаги 5 сол мехонад ва кораш тамоман сабук аст, 1000-1500 сомони маош мегираду, табиб, ки 8 соли хаёти худро сарфи тахсил намуда, сеяки умри худро дар навбатдори мегузаронад, 100-150 сомони. Ку адолат, ку инсоф????
    Хамчунин, Донишгохи тибби нуфузи давраи шуравии худро то хол хифз намудааст ва рисолати таърихии худ — омода намудани табибони хозикро ичро намуда истодааст!!!

  3. Июнь 16, 2010 в 10:47 дп

    Рафик А.Гаффоров бо боварии том гуфта метавонам, ки агар «табиб» мешудед, эхтимолияти дар даромадгохи Карияи боло мондани пайкараи Шумо буд. Пеш аз навистани макола фикр накардед, ки хастанд ватандустоне,ки ба маънии жарфи маколаи навистаи Шумо сарфахм мераванд. Дар ин макола Шумо на гами саломатии миллату механ, балки пешсаф будани КИМ ХСТ-и хешро хурдаед, хуллас думболи мансабу вазифа хамрадифед. Агар Шумо дар сохаи тиб бехбуди мехохед, пас номи хамон лаъини дар нохунак табибро нависед, ки ашхоси масъул чораи уро бинанд, то окибати кори у ибрати дигарон гардад. Бо ин кори «хубатон » Шумо ба руи хазорон духтурхо дог мекашед, ки ин гунахи нобахшиданист. Шумо бемасъулиятона ба назди он гуна духтурхо равед, пас айби дигарон дар чист? Дар охир гуфтаниам, ки пеш аз харф рондан, сараввал онро дар тарозуи акл баркашед, пас он гуед.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: