Главная > Uncategorized > Шармам омад!

Шармам омад!

Саломи худро ба директори Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ Ҷумъабой Толибов, сардабири ҳафтаномаи «Пайкон» Фазлиддин Асозода ва кулли кормандони ин нашрияву халқи азизи тоҷикам мерасонам. Бигзор ҳамеша дар ҷустуҷӯи ҳақиқат бошеду мардуми ҷабрдидаро кӯмак кунед ва иншоаллоҳ, ин некии шумо ба мардуми ҷабрдида дар назди Худованд фаромӯш нахоҳад шуд.

Хушбахтона, ҳамаи ҳафтаномаҳои  мустақили Тоҷикистонро то Амрико омаданам мутолиа мекардам. Аз он рӯзе, ки ба Амрико омадам, мутаассифона ғайр аз ҳафтаномаи «Пайкон» дигар нашрияҳои хусусиро хонда наметавонам. Дақиқтараш, онҳоро дастрас карда наметавонам. Ҳангоми ба Амрико омадан чанд нусхаи «Пайкон»-ро бо худ овардам.  Бояд иқрор шуд, ки воқеан Амрико яке аз давлатҳи пешрафтаи ҷаҳонист. Мо бояд аз ин давлати абарқудрат ибрат гирем ва тақлид ҳам кунем. Тақлид ба техникаю технологияи нав кунем, на тақлиди кӯр — кӯрона ба тарзи либоспӯшияшон.

Азбаски маводҳои ҳуқуқиро бисёр мутолиа мекунаму дӯст медорам, ҳафтаномаи «Пайкон» бароям басо писанд аст. Аз шумораи нахустини он то ҳол ҳамаашро мутолиа кардам. Он чизе ки бештар диққати маро ҳамун як хонандаи ин нашрия ба худ ҷалб кард, баҳси Донишкадаи технолонияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон мебошад. Дар чанд ҷаласаи судӣ низ иштирок кардам. Дар охирин ҷаласа ҳам. Вақте адвокати ин донишкада Муҳаммадалии Нуралӣ сухан мегуфт, ҳаловат мебурдам. Боварӣ доштам, ки агар ҳамаи далелҳои овардаи адвокати донишкадаро суд ба назар гирад, албатта баҳс ба манфиати донишкада ҳал мегардад. Вале афсӯс, ки ин хел нашуд.

Ҳангоми аз Тоҷикстон омаданам дӯстон маро пешвоз гирифтанд, ки миёни онҳо ду амрикоӣ буд. Вақте ба хона омадем, аз ман пурсон шуданд, ки аз Тоҷикистон чӣ овардаам. Сумкаамро кофтанд, ки аз дохили он чанд нусха ҳафтаномаи «Пайкон» баромад. Онро гирифта хонданд. Дӯстони амрикоӣ аз ман хоҳиш карданд, ки дар бораи ин газета маълумот диҳам. Ба онҳо фаҳмонидам. Чанд шумораеро, ки варақ заданд, қариб дар ҳар кадоми онҳо оид ба ДТИКТ мақола буд. Расмҳои ин донишкадаро дида пурсиданд, ки барои чӣ ин расм дар ҳамаи шумораҳои ҳафтанома ҳаст. Аз аввали воқеа то охири ҳодиса нақл кардам. Савол доданд, ки модоме вазири маорифатон як донишкадаи хусусиро бастан хоҳад, чаро мардум бо як овоз талаб намекунанд, ки аз вазифааш биравад? Ба ин саволи онҳо чизе гуфта натавонистам. Онҳо боз гуфтанд, ки вазиратонро як маротиба ба Амрико биёред, то донишгоҳу донишкадаҳои ғайридавлатиро бубинад.

Ба ростӣ аз ин сухани онҳо шармам омад.

Нуралӣ Идибойзода, ИМА

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: