Главная > Uncategorized > Ба Худо, аз Худо дилам мондаст…

Ба Худо, аз Худо дилам мондаст…

Давомаш. Аввлаш дар шумораи гузашта
Ривоят аст, ки паёмбари хотам аз Мадина ҷониби Макка рафт. Дар миёни масофа шаб фаро расид. Ҳаракати лашкар ба шаб хатар дошт. Зарур шуд, ки хаймаи истод гузошта шавад. Паёмбар амр кард, ки дар майдони шафати хати ҳаракат хайма зананд. Яке аз саҳоба гуфт: Паёмбари Худо, ин ҳукм аз нақл аст ё аз раъй. (Яъне, ваҳйи омада, ки истод ин макон бошад, ё аз рӯйи зеҳни хеш гуфтӣ). Паёмбар гуфт: Аз зеҳни худ гуфтам. Саҳоба гуфт: Пас, амри шуморо натваонем пазируфт. Зеро агар мо байни ин талҳо хайма занем, хатари ба ғафлат ба сари лашкар рехтани фавҷи душман аз эҳтимол дур нест. Беҳтар он аст, ки сари тале хайма занем, то агар душман аз ҷонибе сӯи мо шавад, онро ба зудӣ дарёбем ва илоҷи кор кунем. Паёмбари Худо итоат кард.
Таассуф, дар ин замон ҳар ҳукми раво ва нораво ки аз садрнишин бурун шавад, он таҳлил ва таклиф нашавад, балки онро намуна хонанд. Ба ин васила ақл дар асорати ҷаҳл монда, ки самари он бар сари мардум бори гарон орад.
Пас, Алимуҳаммади Муродиву Муҳаммад ба ҳастии Худои яктои Боязид иқрор кардаву дилмондагии худро аз одамхудоён баён карданд.

«Ва он ки таназзули ақл бар зиллати маориф аст
Мактаб макони парвариши зеҳн аст. Субути парвариши зеҳн бар дарёфти мадраку унвон ва ҷоиза нест. Дар мақолаи пешин — «Муш агар китоб хӯрад…» дар шарҳи ин мавзӯъ назари мухтасаре ифшо доштам. Барои мавҷудияти мактаби асл мавҷудияти устоди асл ногузир аст. Устоди асл дунболи сармояи маънавист ва бар маснаду ҷоҳу ҷалол рашк напазирад. Устоди асл ба дунёдор мусобиқаи ҷалол накунад. Устоди асл, ки ба исми муаллим зикр аст, такаббур, ҷаҳл, маҳал, манофеи дунё, тамаллуқ ва тамасхӯрро душмани хеш ва шогирдон донад. Мардум ба се қасд ҷониби мактабхона раванд. Яке ба қасди касби дунё, дувум ба қасди касби охират, савум ба қасди касби дунёву охират. Аввалиҳо тобеи дунё ва нафси моддӣ, дувумиҳо тобеи нафси ифроти нафси маънавианд, саввумиҳо тобеи ҳукми нақлу ақланд. Ва онҳо, ки пайрави роҳи савум ҳастанд, дар ҳар навъ аз мақоми муаллим зоҳир шаванд. Ин тоифа аҳли илманд, ки унвони олим гирифта. Марги як дунёдор марги як фарди ҷисмонӣ ва марги як олим марги порае аз вуҷуди дунёст.
Муаллим химчаи ҷомеа аст. Искандари ҷаҳонгир то хатми умр бадани шоҳаншоҳии худро аз зери тозиёнаи Арасту ба канор накашид. Пас, Сикандари ҷаҳон шуд. Аврупоиву амрикоиҳо барои он садои ҷаҳонӣ доранд, ки аз арабу аҷам, ҳабашу чиноӣ ҳар фарди хосаақлро, ки ёфтанд, мақому манзалаташ доданд ва парваришаш карданд. Арабу Аҷам ҳама пешдастиашро аз даст дод, зеро бо ҷаҳолати чингизиву хурофоти динӣ маорифу маорифчиро ба иродаи Чингизу Язид мутеъ сохт. Сарманорасозии Темурлангиро бо номи илм нақши китобу ҷумҷумаи сари илмро зарфи гаҷ ва илмро гаҷи сохтмони калламанора кард.
Ҷойи таассуф аст, ки дар Тоҷикистон кори маориф ба мурод нест. Маориф зоҳиран арзёбӣ шавад. Аз боғча то мактаби ҳамагонӣ, аз коллеҷ то донишкадаву донишгоҳ «бозори баҳофурӯшӣ» дар ривоҷ. Дар идораи маориф на иродаи илм, балки иродаи ҳоким ғолиб аст. Пешвоёни маориф хулқи маорифчӣ-олимро ба хорӣ доданд. Намунаи ин тамсил моҷарои Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон (ДТИКТ) ва Вазорати маориф аст. То соли 2009 ин Донишкада ба ҳама талаботи Вазорати маориф мувофиқ буд. Ба иллати як носозгории муассиси ДТИКТ бо собиқ ректори он Бобоев Х. раҳбарияти Вазорат ба амали носолеҳ даст зад. Аслан, ҳам муассиси ДТИКТ Акрамов ва ҳам собиқ ректори ДТИКТ Бобоев аз рӯи қиёс дар ҷодаи маърифатгароӣ мардҳои шоиста ҳастанд. Аммо: «Ҳарчанд пухта тобем, хомем, пас чӣ чора…». Мебоист вазири маориф ҳунари бартари устодӣ намоиш медоду баҳсро дар байни чордевори маориф нуқта мегузошт. Таассуф. Балки такаббур ва ғурур ғолиб шуд. Вазорати маориф ба ҳуҷум гузашту ДТИКТ ба ҳимоя. Ва чун кор ба хости тарафе нашуд, домани баҳсро вазорат ба раиси ҷумҳур кашид, яъне номае ирсол дошт, ки ДТИКТ-ро бо дасти қавитар таслим кунад. Ва дастгоҳи раисиҷумҳур дар ин баҳс ба иллати нашикастани шавкати вазорат чун як ҷузъи таркибии Ҳукумат аз баёни ҳукми қотеъи одилона худдорӣ кард. Ва билохир домани даъво ба қазовати додгоҳи иқтисодӣ расид.

«Ва сухане чанд дар боби садорати феълии Вазорати маориф»
Дар боби шахси вазири маориф тамсилҳои зиёде садо карда. Барои ислоҳотгароии «диктант» дар Кумитаи садо ва симо, «либоси мактабиву риши қолабӣ» дар Вазорати маориф хуб маломаташ карданд. Низ садо шуда, ки лаҳни таҳқир дораду иродаи такаббур. Тӯли баҳсе ки байни Вазорати маориф ва ДТИКТ идома дорад ва шоҳиди ин воқеот ҳастам, дунболи хулоса кардан будам. Таҳқиру такаббурашро во нахӯрдам. «Диктант»-ро як навъи аз ҷониби Раҳмонов «ҷанг бо бесаводӣ» эълон кардан донистам. Усулро хато донистам, аммо қасд хуб буд. Зеро дар байни ходимони садову симо ду тоифа буданд ва ҳастанд. Яке онҳо, ки воқеан саводи кифояти касбӣ надоранд.

Муҳаммадалии НУРАЛӣ
(давом дорад)

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: