Главная > Uncategorized > Баҳси об ва сояи сиёҳи он ба сари «Роғун»

Баҳси об ва сояи сиёҳи он ба сари «Роғун»

Рӯзҳои 8-10-уми июн дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба таҳлили миёнамӯҳлати ҷараёни иҷрои тадбирҳои  Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» дар давраи солҳои 2005 — 2015 баргузор шуд. Дар доираи конфронс 2 ҷаласаи пленарӣ, 6 мизи гирд, 4 иҷлосияи махсус ва намоишгоҳи байналмилалии «Об барои ҳаёт», намоишгоҳи аксҳои кӯдакона, аксҳо ва дигар чорабиниҳо анҷом гирифтанд. Намояндагони 80 кишвари ҷаҳон ва 65 созмону ташкилоти минтақавиву байналмилалӣ дар кори конфронс ширкат карданд. Дар маҷмӯъ беш аз 500 чеҳраи баландмақом ва сиёсатмадорон, донишмандону пажӯҳишгарон аз манотиқи мухталифи ҷаҳон амсоли Африқо, Осиё, Амрико, Аврупо ва ғайра, ҳамчунин намояндагони ҳукуматҳо, пажӯҳишгоҳҳои гуногуни СММ, пажӯҳишгоҳҳои иқтисодӣ, ҷамъияти шаҳрвандӣ ва секторҳои хусусӣ дар давоми 2 рӯз муҳимтарин масоили дар ҷаҳон марбут ба обро муҳокима карданд. Аммо дар маҷмӯъ Конфронси «Об барои ҳаёт» ба Тоҷикистон чӣ суд дод? Ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба ин суол мо гузорише бо фарогирии андешаҳои коршиносону масъулин омода кардем.

Нигаронӣ аз кишварҳои поёноб

Ҳадаф аз баргузории Конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт» мушаххас кардани ҷамъбасти марҳилаи нимаи аввали даҳсолаи 2001-2015 дар иртибот бо таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби тозаи ошомиданӣ буд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ дар рафти конфронс гуфт, ки мушкили камбуди оби тоза дар ҷаҳон паёмадҳои нохуш дошта, он бештар ба ҳаёти кӯдакон рабт мегирад. ӯ вазъи аҳолии сайёраро дар иртибот бо танқисии оби тоза чунин шарҳ дод: «Дар шароити имрӯза қариб як миллиард сокини сайёра аз нарасидани оби тоза танқисӣ мекашад. 2,6  миллиард нафар дар шароити ғайрисанитарӣ зиндагӣ мекунад. Дар бештар аз 80 мамлакат барои таъмини аҳолӣ об намерасад. Ҳар ҳафта дар миқёси ҷаҳон дар натиҷаи бемориҳои вобаста ба сифати бади об ва шароити ғайрисанитарӣ 42 000 нафар вафот мекунад. Дар бештар аз 90 фоизи воқеаҳои ногувори вобаста ба об сухан дар бораи кӯдакони то 5-сола меравад». Бино ба гуфтаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи тадобири дар тӯли панҷ соли охир андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон 1,2 миллион нафар аҳолии кишвар бо оби тоза таъмин карда шуда, беш аз 600 ҳазор нафар аз оби тозаи ошомиданӣ баҳравар гардидаанд. Аммо барои амалӣ кардани нақшаҳои дигари марбут ба об бо сабаби фалокатҳои табиӣ ва бӯҳрони молӣ корҳо ба таъхир меафтанду дар натиҷа буҷаи кишвар хисорот мебинад.

Паҳлӯи дигари масъала — ин таҳдиди хушкшавӣ ва биёбоншавии заминҳо мебошад. Э. Раҳмон бо ишора ба мушкили миёни Тоҷикистону ӯзбекистон дар иртибот бо истифодаи об ва баландравии суръати хушкшавии баҳри Арал ҳарф зада, аз ҷумла гуфт, ки ҳарчанд 80%-и дарёҳои ба оби Арал ҷоришаванда дар кишварҳои болооб ташаккул ёбад ҳам, аммо беш аз 85%-и онро кишварҳои поёноб истифода мебаранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ягонаи наҷоти Аралро дар андешидани тадбирҳои муштарак миёни кишварҳои Осиёи Миёна ҷиҳати тағйир додани шароити киштукор донист. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар нишастҳои марбутаи қаблӣ пешниҳод карда буд, ки барои пешгирии талафоти беҳудаи об бояд мамолики минтақа бештар ба кишти зироати ғалладона ва дигар зироати ба камобӣ тобовар даст бизананд, ҳамон гуна, ки Тоҷикистон кишти пахтаро 30% кам карда, ба ҷойи он ғалладона коридааст. Аз рӯи ҳисоби коршиносон, дар кишварҳои Осиёи Миёна ҳангоми обёрии зироатҳои кишоварзӣ аз 30 то 60%-и об бебозгашт талаф меёбад. Эмомалӣ Раҳмон изҳори нигаронӣ аз он кард, ки кишварҳои поёноб ба манзури ӯзбекистон чунин тарзи истифодаи нобаробари обро дидаву дониста, айбро ба дӯши кишварҳои болооб меандозанд. ӯ аз ҷумла афзуд: «Бо таассуф изҳор менамоям, ки баъзе давлатҳои минтақа ба ҷои ин, ки ба ҳалли проблемаҳои ҳавзаи баҳри Арал кӯшиш ба харҷ диҳанд, бо ҳар роҳу восита ҷидду ҷаҳд менамоянд, ки ҳақиқати ҳолро таҳриф карда, таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонро аз сабабҳои аслии рух додани фоҷиа, яъне истифодаи ғайриоқилона ва баъзан харобкоронаву ҳалокатбори захираҳои об дур кунанд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки Саидова Галина Каримовна, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии ӯзбекистон зимни суханронӣ дар конфронси мазкур гуфт, ки истифодаи манобеи об бо ҳадафи истеҳсоли озуқаворӣ ва таъмини даромади мардум аз ҳисоби хоҷагии қишлоқ аҳамияти хоса дорад. Бахусус дар истифодаи заминҳои бекорхобида дар қитъаи Осиё ва кишварҳое, ки метавонанд маҳсулоти хоҷагии қишлоқро дар шароити пурра ва ё самаранок ба роҳ монанд. Маҳз чунин давлатҳо кишварҳои Осиёи марказӣ буда метавонанд. Ҳама гуна тағйирот ва тарзи нодурусти истифодаи ҷараёни резиши дарёҳо дар чунин шароит метавонад ба касодии истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва экологӣ расонад. Мисоли таассуфовар ин танзими зиёди гардиши дарёҳои Сир ва Омӯ дар кишварҳои Осиёи Миёна мебошад, ки ба касодии бузурге дар фазои кишварҳои назди Арал оварда расонидааст ва мутаассифона ба касодии минбаъда таҳдид мекунад. Ба қавли хонум Галина, ӯзбекистон дар солҳои истиқлолият структураи хоҷагии қишлоқашро куллан тағйир додааст. «Агар дар замони шӯравӣ дар ӯзбекистон 70%-и заминҳо барои кишти пахта истифода мешуд, имрӯз бошад, танҳо 30%-и замин барои кишти пахта ва 70%-и замин барои маводи озуқаворӣ истифода бурда мешавад. Танҳо истеҳсоли ғалладона дар ин марҳила 6 маротиба зиёд шудааст ва мо истиқлолияти комили ғалларо дар кишвар таъмин намуда, ҳатто онро содирот мекунем. Мо чунин меҳисобем, ки дар навбати аввал захоири обиро дар ҷойҳое бояд истифода кунем, ки дар онҷо алтернатив барои истифодаи об бо ҳадафи мавҷудияти мардум  ҷиҳати ошомидан ва истифодаи он ба истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ набошад. Тамоми захоири обии дигар метавонанд алтернативи худро дошта бошанд»,- гуфт Галина Саидова.

Ба қавли муовини аввали вазири корҳои хориҷии ӯзбекистон, ҳукумати ин кишвар дар таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ зиёд суханронӣ намекунад, балки дар воқеъ амал мекунад ва ҳамасола барномаҳои вижаеро бо назардошти афзоиши аҳолӣ амалӣ месозад. Тибқи иттилои ӯ, ҳатто то манотиқи дурдасти ӯзбекистон  хати лӯлаҳои обгузаронӣ расидааст, ки ҳаҷми маблағи барои ин барномаҳо сарфшуда беш аз 1 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Сипас, ӯ аз тарҳи сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ ба манзури сохтмони НБО-и «Роғун» дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард: «Махсусан ташвишовар нақшаҳои сохтмони иншооти азиме мебошад, ки ҳанӯз дар замони шукуфоии коммунизми волюнтарӣ барои роҳ ёфтан ба истисмори табиат   тарҳрезӣ шудааст. Мо мефаҳмем, ки кишварҳои болооб танқиси қувваи барқро аз сар мегузаронанд ва розӣ ҳастем, ки ин масъала бояд ҳалли худро ёбад. Дар баробари ин, мо мутмаинем, роҳҳо ва барномаҳои дақиқтар ва камхарҷтар мавҷуданд, ки ба иқтисодиёт зарар ва ба аҳолӣ  хатар намерасонад».

«Кӯмаки молиро дареғ надоред!»

Албатта баҳси истифодаи манобеи обӣ миёни Тоҷикистону ӯзбекистон вақтҳои охир хеле шадид асту сояи сиёҳи он кайҳост ба сари сохтмони НБО-и «Роғун» афтидааст, аммо ба андешаи Аҳмадшоҳи Комилзода, пажӯҳишгари масоили иқтисодиву сиёсӣ, ин мавзӯъ аслан ба ҳадафу мӯҳтавои Конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт» иртибот надорад. Тавре А. Комилзода мегӯяд, ҳадафи конфронси мазкур таъмини аҳолии сайёра бо оби тоза, бахусус оби тозаи ошомиданӣ аст, на сохтмони нерӯгоҳҳо! «Ҳама медонанд, ки ба вуҷуд овардани обанбор дар кишварҳои болооб ба кишварҳои поёноб заррае таъсири манфӣ намерасонад. Яъне об дар кишварҳои поёноб кам намешавад. Бинобар ин, масъалагузорӣ кардани сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ дар конфронси доиршуда ҳеҷ зарурат надошт»,- афзуд Аҳмадшоҳи Комилзода.

Аммо Ша Сзукан, муовини дабири кулли СММ оид ба масоили иқтисодиву иҷтимоӣ саҳми ин Конфронсро дар роҳандозии пурраи нақшаҳои Даҳсолаи «Об барои ҳаёт» — 2005-2015 муассир шуморид. ӯ дар ин зимн паёми Пан Ги Мун — дабири кулли СММ-ро ба аҳли конфронс расонд. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки дар ҷаҳон маргу мири одамон дар иртибот бо мушкили об бештар аз фалокати ҷанг аст. Ин зуҳурот ба тараққиёт халал ворид мекунад. Дар ҷаҳон тақрибан беш аз 1 миллиард аҳолӣ ба оби ошомидании тоза дастрасӣ надоранд ва 2,6 миллиард нафар мушкили тозагии обро тоқат мекунанд, ки дар натиҷа дар миёни занону кӯдакон бемориҳои мухталиф рӯ ба афзоиш дорад. Дар Паёми Пан Ги Мун ҳамчунин омада, ки кишварҳои Осиёи Миёнаро зарур аст дар масъалаи истифодаи об сари мизи гирд нишинанд ва роҳи муштараки ҳалли мушкилро ёбанд. Сипас, ҷаноби Ша Сзукан аз масъулин ва аҳли конфронс даъват ба амал овард, то барои амалӣ кардани нақшаҳои Даҳсолаи «Об барои ҳаёт» кӯмаки молии худро дареғ надоранд.

Дар ҳамин ҳол А. Мансуров, мушнии генералии Иттиҳоди Авруосиё гуфт, ки конфронси имрӯза дар Душанбе метавонад роҳҳои ҳалли мушкили об ва истифодаи обро дар миёни кишварҳои минтақа пешниҳод намояд. Ба гуфтаи ҷаноби Мансуров, об бояд ҳамкориҳоро миёни кишварҳо қавӣ кунад, на баръакс: «Об метавонад ба ҳайси муҳаррики ҳамкориҳои байнидавлатӣ бошад ва набояд монеае дар роҳи шукуфоии иқтисодӣ гардад. Нишасти имрӯза ҳамчун экватори фаъолияти ҳадафҳои даҳсола хизмат мекунад, ки ба системаи муассири таъмини оромиву осоиш дар минтақа тариқи ҳалли мушкилоти масоили марбут ба об равона карда шудааст».

ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар оянда барои беҳтару муассиртар роҳандозӣ кардани нақшаҳои Даҳсолаи байналмилалии «Об — барои ҳаёт» дар давраи солҳои 2005 — 2015 ва рафти иҷрои он мебоист коршиносони мустақил бештар ҷалб шаванд.

Баъдан дар ҷараёни маҷлиси пленарие, ки дар барномаи кори конфронс шомил буд, коршиносон аз мамолики мухталиф суханронӣ карда, андешаи худро роҷеъ ба паҳлӯҳои гуногуни масъалаи марбут ба оби тоза иброз доштанд.

Баҳси шадиди ҷонибҳо

Дар барномаи кори Конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт» ҳамчунин 6 мизи гирд дохил буд, ки ҳар яке паҳлӯҳои муҳими масъалаи оби тозаро муҳокима мекарданд. Дар яке аз мизи гирд, ки ба хазинаи наҷоти Арал, истифодаи маъқули об ва мушкили хушкшавии баҳри Арал  рабт мегирифт, баҳси шадиде миёни ҷумҳуриҳои Қирғизистон, ӯзбекистон ва Тоҷикистон сурат гирифт. Дюшен Мамадканов, директори Пажӯҳишгоҳи масоили об ва гидроэнергетикии назди Академияи миллии илмҳои Қирғизистон, ки 50 сол ба омӯзишу тадқиқоти масоили об сарукор гирифтааст, пас аз шунидани ҳисоботи намояндаи  Хазинаи байналмиллали наҷоти Арал гуфт, ки бо гузашти 17 сол Арал наҷот наёфтааст, балки тамоми созишнмаҳои ба имзорасонидаи ҳатто сарони панҷ кишвари Осиёи Миёна бештар рӯи коғаз боқӣ мондаву дар амал пурра амалӣ нашудааст. Ҳавзҳои назди Арал хушкида нобуд шуданду ба ҷои онҳо ду ҳавз — яке дар назди Сирдарё ва дигаре дар назди Амударё бунёд шуд. Масалан, соли 1994 созишнома миёни ин кишварҳо роҷеъ ба коркарди стратегияи тақсимоти байнидавлатӣ ва коркарди чорабиниҳо оид ба сарфу харҷ ба имзо расида буд, ки ин созишнома низ дар амал иҷро нашуд. Яъне ҳамкорӣ пурра роҳандозӣ нашудааст.  Дюшен Мамадканов ҳамчунин аз суханронии хонум Галина Саидова — намояндаи мақомоти ӯзбекистон, ки ба қавли ӯ гӯё кишварҳои болооби Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷараёни дарёҳои ба кишварҳои поёноб ҷоришавандаро идора мекунанд, изҳори нигаронӣ карда, ин ҳисоботи Саидоваро бардурӯғ ва бедалел шуморид. ӯ дар ин иртибот гуфт: «Намояндаи ӯзбекистон дар суханронии шадиди худ мегӯяд, ки кишварҳои болооб, яъне Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷараёни дарёҳоро идора ва танзим  кардаанд, ки дар натиҷа фоҷеаи назди баҳри Арал ба вуҷуд омада, бо ҷурми ин ду кишвар маргу мири одамон афзоиш ёфт. Ин иттилои бардурӯғ аст ва ман ҳаргиз бо он розӣ нестам. Хуб нест, ки намояндаи мақомоти олии як кишвар дар чунин сатҳи паст сухан гӯяд.  Барои мисол, ман мегӯям, ки обанбори Токтагул дар Қирғизистон дар масофаи 60-70 километр дуртар аз марзи ӯзбекистон ҷойгир буда, аз мавзеи танге ҷорӣ мешавад ва бинобар ин ба ҷуз қирғизҳову ӯзбекҳо оби онро каси дигаре истифода намебарад. Ҳаҷми обанбор 19,5 миллиард кубро ташкил медиҳад. Бо ёрии ин обанбор Қирғизистон ва ӯзбекистон 1 миллиону 300 ҳазор гектар заминро обёрӣ мекунанд. Қирғизистон камтар аз ҳаҷми обанбор, яъне танҳо 2%-и оби дар обанбор ҷамъшударо истифода мекунаду халос. Аз ин бармеояд, ки оби обанбори мазкур ба ӯзбекистон дар ҳаҷми хеле бузург ҷорӣ мешавад ва ҳатто ҳангоми хушксолӣ низ новобаста аз ягон танзиму идораи ҷараёни дарёҳо ин кишвар ҳаргиз танқиси об намекашад. Айб аст, ки чунин намояндаи мақомоти баландпояи ӯзбекистон бедалел гап занад. Беҳтар мебуд, ин кишвар, ки ҳамеша бо зӯроварӣ мавқеъгирӣ мекунад, сари мизи гирд нишаста, дӯстона бо кишварҳои минтақа роҳи ҳалли мушкилро дарёбад».

Аммо Ш. Ҳамроев, муовини вазири об ва хоҷагии қишлоқи ӯзбекистон муқобилатро бар зидди кишварҳои болооб, бахуус Қирғизистон авлотар дониста, дар посух ба суханронии Дюшен Мамадканов аз ҷумла гуфт: «Алоқа ё пайвастагӣ тавассути дарёҳои сарҳадгузар миёни кишварҳои минтақа таърихи 4000-сола дорад ва мо мехоҳем чунин дарёҳо тавре ҷорӣ шаванд, ки асрҳои пеш ба таври табиӣ ҷорӣ мешуданд. Имрӯз мо суханронии шадиди сарвари Пажӯҳишгоҳи оби Қирғизистонро шунидем. Гуфтанист, режими энергетикӣ дар решаҳои худ маҷрои дарёҳоро тағйир медиҳад. Шояд он кас фаромӯш кардаанд, ки солҳое буд, ки онҳо маҷбур буданд ҳаҷми калони обро истеҳсол кунанд ва дар натиҷа дар ӯзбекистон Ҳайдаркул ба вуҷуд омад, ки ҳаҷми он имрӯз 40 миллиард кубро ташкил медиҳад. Агар ба об ҳамчун ба моли иқтисодӣ ё тиҷоратӣ нигоҳ кунем, пас кӣ маблағи харҷи беҳудаи ин молро медиҳад ва агар мол ба ту лозим нест, метавонӣ онро ба қаламрави кишвари дигар партоӣ ва ҳеҷ гуна масъулияту ӯҳдадориеро ҳис накунӣ!? Бинобар ин, донишманди мӯҳтарамро мебоист ба асли масъала амиқтар назар кунанд. Дарёҳои сарҳадгузаро хонум Саидова фикр карда набаровардааст, балки он меъёрҳову қавоиди байналилалии махсусро  дорад. Агар кишваре, ки узви ин Конвенсияи байналмилалӣ нашудааст, ин ба он кишвар ҳуқуқ намедиҳад, ки қавоиди мавҷударо дар ин иртибот вайрон кунад. Ин дар ҳолест, ки об нӯшидану нафас кашидан ҳуқуқи бевоситаи одам аст ва ҳеҷ кишвари болооб ҳақ надорад ин ҳуқуқҳоро нақз кунад. Бинобар ин, пардохти маблағ барои истифодаи об гапи бемантиқ аст. Ман фикр мекунам, ки дар баробари ширкат кардан дар чорабиниҳои марбут ба масоили об ҳамчунин бояд ҳамкориҳо хеле мустаҳкам бошад ва дар ин ҳамкориҳо агар манфиати ҳар кишвар баробар ба назар гирифта шавад, пас он меваҳои худро ба бор меорад».

Дар ҳоле, ки баҳси намояндагони кишварҳои ӯзбекистону Қирғизистон ҷиддитару шадидтар мешуд, котиби Кумитаи миллӣ оид ба сарбандҳои бузурги Тоҷикистон мӯҳтарам Орифов гуфт, ки мутаассифона, имрӯз дар Осиёи Миёна ҳуқуқҳои байналилалии истифодаи об вуҷуд надорад. «Расман созишномаҳое дар мавриди идораи дарёҳои сарҳадгузар ва истифодаи муштараки об, ба мисли созишномаи умумии соли 1992 дар Алмаато ба имзорасида ва ғайра вуҷуд дорад, аммо ҳукуматҳои поёноб ин созишномаҳоро пурра ба иҷро намерасонанд. Яъне онҳо созишномаҳоро имзо мекунанду танҳо бандҳои алоҳидаи барои худи ин давлатҳо манфиатдорро иҷро мекунанд. Барномаи тақсимоти об, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ тарҳрезӣ ва амалӣ шуда буд, ба назари ман хеле ноодилона буд.

Ба ин манзур, ки агар ба кишваре масоҳату ҳудуди зиёди замин дода мешуд, пас об ҳам ба он кишварҳо бештар бояд интиқол меёфт. Аммо кишвари болообе, ки замини кам медошт, мебоист ҳаҷми ками обро истифода мебурд. Дар натиҷа Тоҷикистону Қирғизистон бо он ки кишварҳои болообанд, ба манфиати худ фоизи ками обро ҳуқуқи истифода бурданро ёфтанд. Яъне обро бештар кишварҳои поёноб соҳиб шуданду Тоҷикистону Қирғизистон аз ин манбаи табиии худ танҳо ҳаҷми ночизеро истифода мебаранд. Дар банди аввали Конвенсияи СММ омадааст, ки тамоми баҳсҳоро бо принсипи одилона ва ҳуқуқҳои байналмилалӣ бояд ҳал кард. Аммо шумо дар куҷо принсипи одилонаро мебинед?! Имрӯз як хонуме аз ӯзбекистон бо садои боварибахш сухан карда, бо мазмуни «ана ҳамин тавр рафтор кардан лозим!» ҳарф зад. ӯ мегӯяд, ки мо ҳамон қадар ғалла мегирем, ки онро ҳатто содирот мекунем. Яъне онҳо даромад мегиранду дар муқобил Тоҷикистон масраф мебинад. Чӣ гуна метавонист ӯзбекистон бе обанбори Токтагул ва Норак ин қадар ҳаҷми зиёди обро истифода барад? Дар тӯли таърих ҳеҷ гоҳ дарёҳо ба ин дараҷа зиёд ба заминҳои ӯзбекистон ҷорӣ намешуданд. Ин ҷо мо дар бораи халал ворид накардани меъёрҳои ҷоришавии дарёҳову обҳо сухан гуфтем. Охир, мо аллакай ин меъёрҳоро вайрон кардаем! Шумо, кишварҳои поёноб, ҳаҷми калони обро соҳиб шудаеду боз мегӯед, ки барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ — обӣ аз мо иҷозат пурсед! Куҷост ҳуқуқи байналмилалӣ?! Бубинед, ки чӣ хел ӯзбекистон вагонҳои қатораҳои моро манъ карда, намегузорад, ки ба Тоҷикистон ворид шаванд! Кӣ ин ҳуқуқро ба онҳо додааст, ки бидуни қатъномаи СММ чунин рафтор кунанд? Худи ӯзбекистон стансияҳои гидроэнергетикиро озодона истифода мебараду барои сохтмони нерӯгоҳҳои дигар кишварҳо монеа эҷод мекунад».

Ҳадафҳои «хуфта»

Баъди анҷом шудани Конфронси «Об барои ҳаёт» дар Душанбе, дар Тошканд мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов бо мувофиқа дар мавриди гузаштани вагонҳои Тоҷикистон аз марзи ӯзбекистон поён ёфт. Аммо тассуфовар ин ки, мувофиқа танҳо дар мавриди интиқол додани маводи озуқа, сӯзишворӣ ва дигар молҳо будааст, ба ҷуз борҳои вобаста ба нерӯгоҳи «Роғун». Пас, метавон хулоса баровард, дар пасманзари иштирок ва ҳатто суханронии Саидова Галина Каримовна, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии ӯзбекистон дар Конфронси «Об барои ҳаёт» дар Душанбе ҳадафҳои тарҳрезишудаи роҳбарияти ин кишвар «хуфта» будааст, ки инак бедор шуданд.

Нилуфари СОБИР, рӯзноманигор

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: