Главная > Uncategorized > Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Бо Нормуҳаммад Бекзода, ки зодаи Хуросон буда, солҳои сол дар Федератсияи Русия ба муҳоҷирати корӣ иштиғол варзидааст, тасодуфан шинос шудам. Тахассусаш тамоман ба фарҳангу адабиёт наздик нест, лекин диёри мардум ӯро ҳам ба андеша овардаву хома ба даст гирифтааст. Инак, баъди дидани дафтари хотироти зардгашта аз шаҳрҳои Русия, тасмим гирифтам «ёднома»-ҳои ӯро барои хонандагони ҳафтаномаи «Пайкон» ифшо созам.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

То ба ҳаракат даромадани қатораи мусофирбар дақиқаву сонияҳои башумор мондааст. Азиз ҳамоно бо табъи хираву димоғи сӯхта аз тирезачаи вагони қатора берунро назора мекард. Назараш ба сӯйи берун, ҳушу хаёлаш ба дуриҳои дур, ба он рӯзе банд, ки бо табъи болидаву вақти хуш ба диёри азизаш баргашта буд. Инак ҳатто се моҳ пурра нашуда, дили нохоҳам бори панҷум ба диёри мардум сафари ғарибӣ дошт.

Баъди дувуним соли дар Русия кор кардан 25-уми ноябр ба ватан ба назди падару модар, зану фарзандон баргашта, аҳд карда буд, ки дигарбора ёди мусофират намекунад. Баръакси ҳамаи ин фикру хаёл ва орзуву умедҳо инак ӯ боз хоҳу нохоҳ баъди камтар аз се моҳ андаруни қатора ба сафари мусофират рафта истодааст. Аз дидори фарзандон дурусттар сер ҳам нашуда буд. Ба қавле, чанги пояш ҳоло нарафта, амакаш (падарандараш) музди аз сафари Русия овардаи ӯро барои хонадор намудани бародари хурдияш — Раҳим сарф намуд. Дар муддати на камтар аз як моҳ арӯсшавандаро ёфта, ҷиҳози ӯро тайёр намуда буд. Раҳимро бо шукӯҳу дабдаба хонадор намуд. Баъди ба хона овардани арӯси Раҳим як ҳолати аҷиб пеш омад. Хонаи Азизино, ки аз се дар хона ва як айвончаи хурдакак иборат буд, барои зиндагии се оила тангу ноқулай шуд. Баъди ҳафтаи арӯсро фаровардан дар омади гап падарандараш хонаи хусурро ишора мекард, ки зану фарзандонашро дар он ҷо монда, худ ба мардикорӣ равад. Бо маблағи калон омада замин харида ҳавлӣ созад. Ин суханони нешдори амак ба дили Азиз сахт расида, дар дил андеша меард, ки охир дар давоми ин 8 соли муҳоҷират ба қалби хастаи ӯ маданияту мегаполис, қатораву тайёраҳо, сели мошинҳо, сарсониву ҳайронӣ зада буд. ӯ мехост чанд сол дар ватан зиндагӣ кунад. Аз ҳавои тозаи ватан, кӯҳсори меҳани азиз нафаси тозае бигирад. ӯ мехост дар оғӯши диёри худ бошаду фарзандонаш дар канораш аз меҳру муҳаббаташ сер шаванд. Вале ҳайҳот. «Мо дар фикри ободӣ, фалак вайронкор» гуфтагӣ барин, падарандари Азиз — Раҳмон, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандию фоҷеанок ҳалок шудани падари ӯ бо модараш хонадор шуда буд, хонаи валангоргаштаи худро фурӯхта ба хонаи Азизино даромад. Раҳими 17-солаи навхонадоршуда фарзанди аввали Раҳмону модари Азиз буд. Раҳмон мехост бо пули Азиз Раҳимро хонадор кунад, то ки ӯ бо ҳамин баҳона аз хизмати артиши миллӣ мононда шавад. Аз ин сабаб, маблағи бо хуни ҷигар ҷамъовардаи Азизро сарфи тӯйи бодабдаби фарзандаш кард.

«Ҷигар-ҷигар будаасту дигар дигар». Азиз мехост шӯр бардорад, вале хотири модар чизе гуфта натавонист. Ин буд, ки зану кӯдакони худро дар хонаи падарарӯсаш гузошта, худ ба муҳоҷират баромад.

Азиз аз паси тирезаи қатора бо чашмони пурашку бо дили пуралам саҳни истгоҳи шаҳрро назора мекард. Ҳатто ба ҳаракат даромадани қатораро нафаҳмида монд. ӯ ҳамоно фикр мекард, ки ба Маскав омада, ба корхонаи пештар кор мекардааш мераваду ӯро албатта бе ҳеҷ душворӣ қабул менамоянд. Боз ба кор сар мекунаду корҳояш хуб мешавад. Ба хотираш омад, ки ҳангоми гуселаш хӯҷаини корхона Валерий Макарович мегуфт: «Ну Азизчик, увыдишь родителей и детей, через месяц вернись». Азиз бошад, бехабар аз сарнавишт гуфт, ки мераваду дигар омаданӣ нест. Муҳоҷират хастааш кардааст.

Дар ҷавоб хӯҷаин гуфт: «Азиз, что ты там будешь делать? За пять месяцев растратишь всю заработанную денег и вернешься. Куда ты денешся?». Ин суханони Валерий Макарович пеши назараш меомаду хиҷолат мекашид худ ба худ.

Қаттора суръати худро тез менамуд ва Азизро аз ёру диёр дуртар мебурд. Ба сӯйи саргардониҳо, азобу машаққатҳо, ранҷу сарсониҳое, ки ӯ ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам оварда наметавонист.

Тақдир ӯро ҳамчун як хасаки рӯйи об дар баҳри беаввалу охири пурхатари зиндагӣ ҳавола карда буд. Дар пеш гирдбодҳо, гирдобҳо, мавҷҳои марговари бисёре ӯро интизор буданд.

Нормуҳаммади БЕКЗОДА, Санкт — Петербург

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: