Главная > Uncategorized > Даҳшат!!!

Даҳшат!!!

Ба таваҷҷӯҳи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода

Ба таваҷҷӯҳи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. А. Қаҳҳоров

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов духтараки 4-соларо таҷовуз кардаанд

Мӯҳтарам ҳайати эҷодии ҳафтаномаи «Пайкон». Ба умед ба Шумоён муроҷиат намуда истодаем, ки мактуби моро ба масъулон мерасонед. Аз маводҳои ҳафтанома ҳувайдо мегардад, ки доимо дар талоши тантанаи ҳақиқату адолат ҳастед. Ин ҳодисаи нангину гӯшношуниде, ки чанде қабл содир карда шуд, боиси шарм доштан аст, на онро ба тамоми ҷумҳурӣ овоза кардан. Бо гуноҳи дар ин амали зишт даст доштан писари маро, ки ҳанӯз 15-сола нашудаасту дар синфи ҳаштум мехонад, боздошт кардаанд. Агар ӯ ба чунин кори разилона даст зада бошад, бо тамоми сахтии қонун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад ва ҳатто нисбаташ ҳабси якумра таъин кунанд. Вале мани модар медонам, ки фарзандам ба чунин кор қодир нест.

Сабаби ба Шумоён муроҷиат намуданам он аст, ки ба ҷуз Худову онҳое, ки дар роҳи Худо амал мекунанд, каси дигаре, муттакои дигаре надорам. Ба мо ёрӣ расонед.

Бо эҳтиром модари гумонбаршуда

Аз БМСТЖ:

Санаи 21-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов духтарчаи 4-солаеро дар сари роҳ дида, ба хонаашон мебаранд. Модари духтарча фарзандашро барои аз ташхиси тиббӣ гузарондан мебарад. Маълум мешавад, ки аз мақъадаш (сурохии қафо) таҷовуз кардаанд. Санаи 2-юми июни соли равон хонандаи синфи ҳаштумро гӯё бо ҷурми ин ҳодисаро содир карданаш боздошт кардаанд.

Дар асоси муроҷиати модари боздоштшуда чанд рӯз ба омӯзиши ҳодиса машғул гардидем. Аз рӯи гуфтаи ҳамсинфон ва муаллимон, он рӯз хонандаи мактаб дар дабистон буда, дарсҳоро пурра хонда, дар ҷамъомади беруназмактабӣ ширкат варзида, якҷоя бо чанд нафар ҳамсинфонаш аз мактаб баромада, то хонаашон рафтааст.

Мӯҳтарам Шерхон Салимзода ва А. А. Қаҳҳоров, ҳангоми омӯзиш ба бисёр ҳолатҳо вохӯрдем ва бо мақсади ба рафти тафтишот халал нарасондан аз гуфтану идома додани тадқиқот худдорӣ намудем. Аз ин лиҳоз, аз Шумоён илтимос менамоем, ки ин ҳодисаи нангинро зери назорати қатъӣ мегирифтед. Зеро мақсади асосӣ ҷинояткорро ёфтан аст, на ин ки «кушодани ҷиноят»… Боз нашавад, ки нафари ҷиноят содир намуда дар озодӣ гардаду каси тамоман тасодуфӣ «говсуд» шавад.

(Бо мақсади дар рафти тафтишот будани ҳодиса ному насаби касе зикр карда нашуд. Баробари ба суд ирсол шудани парванда маводе нашр мешавад).

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: