Главная > Uncategorized > Нухтакунии поездҳои фашистӣ

Нухтакунии поездҳои фашистӣ

Агар Худо мара шум бинад, ман одами манманиву катагапу маҳмадонора. Забон мехоянд, гап медиҳанд, дар шамоли даҳаншон истода намешаваду ҳамин ки кор сар шуд, як бигиробигиру талотуп мекунанду хоку чанг медозанду баъд ё ақибноқиб мераванд ё аҷина ворӣ ғайб мезананд. Дур наравему ҳамин Тоҷикистони худмона бигирем. О дар ҳамин Қӯрғонтеппа аз болои ягон хонаи баландтар баромада, сахттар хуфа бизанӣ ё чуғук бикунӣ дар Кӯлоб мешунавандат. Лекин чанд сол аст роҳи оҳан мегему ҳич не ки будаш кунем. О пеши як оба бастанаш чӣ? Ҳамон давраи бузбалагим мешуду боз акаи Ҷалилтон ворӣ ду-се говзӯри дигар, ӯзбекистон қандша мехӯрду гап мезад. Ҳамон Зарафшона пеши синамон қатӣ пешша маҳкам мекардем. Ку ҳади одаме, ки аз поин об бигирад. Баъд медидем, ки чӣ хел роҳи оҳани мора ё газа маҳкам мекунанд. Мана, дар пеши ҳама як Роғуна чанд сол уфу куф карда сохтанду баъд партофтандаш нимкола. Сад калу кӯру мурдаи гӯр аз Русияву худмону худшон аз ҳисоби ҳамин Роғунаке, ки мебинӣ, соҳиби деҳу дастгаҳу хонаву дару кару фар шуд. О як раҳаки ҳамин Бадахшон мерафтагира бигӯ. Аз ҳамин баландии Шӯробод, кӯҳи Эмомаскараш меган, агар шамол набошаду тарафи Дарвоз сахттар туф бикунӣ, ҳатман дар ширози ғафси тоқии ягон дарвозӣ мезанад. Лекин то соли 2000-ум наояд, мо бояд ӯра намесохтем. Хайрият, ки ҳамин президент ҳасту кора сахт гирифт, набошад ин инҷинирҳои мо як кӯпрук месозанду пули даҳ кӯпруки дигара дар ҷебак мезананду менависанд, ки «об бурдшон». Дигар ин оби безабон делаву дафтару ҳисобу китобу буғалтерия надорад, ки рафта тафтишаш бикунӣ.

Баъд аз ҳамин Душанбе мехезанду мераванд ӯзбекистон, аз ӯзбекистон мераванд Қирғизистон, баъд мераванд Бадахшон, ки дар куҷое чӣ ӯзбеку қирғизе ки ҳаст, бубинадшон, ки чӣ хел мардаку занаки хушрӯванд.

Ба ҳурмати Худо, айб аст-е! Номус даркор! Лекин гуфтам-ку, акаи Ҷалилтон гап занад ҳам гандаву гап назанад ҳам ганда. Мана, ман як чизака нақл мекунаму шумо зиҳн бимонед, ки акаи Ҷалилтон рост мега ё дурӯғ.

Дар ҷанг будему душман — фашист кавги рав ворӣ меомаду меомад. Чанди ӯра мекушӣ? Як вақт ҳамин хел шуд, ки мора аз чор тараф роҳмона буриданд. Чор тараф фашисту мо дар мобайн «ҳура» дорем, ҷанга давом дода. Чӣ меген, додарҳои ҷони ака, ки яроқу аслиҳа қариб аз кор баромада, тир кам, авқота кам, аҳвол бад. Ман-ку рӯзадор, парвои гушнагӣ надоштам, лекин ҷӯраҳои урусам, ки бе обу арақ мемонданд, пакари ҳот мешуданд.

Камандир даступохӯрда шуд, омад пеши ман: «Джалилҷан, памаги». «Чӣ гап дорӣ?»,- худма ба нодонӣ задам. «Ба дасти холиву шиками гушна ҷангида намешавад. Тир нест, обу авқота нест, барои ёрдампурсӣ Маскав тилфон кардам. Акаи Сталин гуфт, ки Джалилҷан қатӣ маслиҳат кардан даркор, ягон илоҷ меёбад».

— Акаи Сталин ки гуфта бошад, гап нест,- гуфтам ман.- Дар ин наздикиҳо на очаи ту ҳасту на хушдомани ман. Ин чизҳои гуфтагии тура фақат боз аз ҳамон фашист гирифтан даркор.

— Чӣ хел?,- боз гаранг шуд камандир.

— Чанд солдата дар ихтиёрам мон, он тарафаш кори ман.

Камандир боз ҳайрон шуду баъд ҳамон гапи акаи Сталин ба хотираш зад-чӣ, ки гуфт:

— Чӣ қадар даркор бошад, аскар бигир, лекин намедонам, ки чӣ хел фашист ба ту яроқу аслиҳаву хӯрокаву пӯшока медиҳад.

— Поезда нухта карда пеши фукат меорам, розӣ ҳастӣ?,- гуфтам ба ӯ.

Камандир соф гаранг шуд. Ман бошам сарпарсуми корам гаштам. Албатта, акаи Ҷалилтона хуб медонед, ба забони дароз ин хел гуфтанам ҳам бесабаб набуд-да! Чанде дуртар аз мо бо роҳи оҳан поездҳои пури авқотаву яроқу аскар аз худи Германия рост аз пеши бинии мо мегузаштанду дарунтар мерафтанд. Акнун пухтагии акатона бубинед, ки ӯ чӣ пилон кашид: ҳамин роҳа бояд ба пеши акопи худмона меовардам.

Аскари бисёра гирифта рафтам тарафи роҳи оҳан. Аскарҳои гушна калбасаи немисӣ мехӯрем гуфта, бо фармони акаи Ҷалилтон дар релсҳо часпиданд. Дар чанд соат релси бисёрера канда, оварда шинонданд тарафи худмон. Додарҳои ҷон, чӣ меген, ки қариби аср аз худи Берлин поезди пури консерваву калбасаву арақу яроқу аслиҳа рост пеши мо омад. Мисли тифли гушнае, ки дар ҷиҷии очаш мечаспад, аскари бисёр часпид дар авқота. Аскарҳо шикамҳора сер карданду чизи даркорира фуроварданд. Ҳамаи акопҳо пур шуд. Вагонҳои холира яктарафа тела додем, ки ба поездҳои баъд меомадагӣ ҷо шавад.

ӯ аскарҳои фашиста, ки дар поезд буданд, асир карда, оварданд пеши акопи ман. Ҳама аскарҳои мо хурсанд, «чӣ коршон кунем?» гуфта, аз акатон маслиҳат мепурсанд. Аскари фашист бошад диррас меларзид аз тарсара. Ман гуфтам, ки инҳо мардакҳои хуб метобанд, аз таги тефи очашон омадагӣ, дастҳошон хунолуд не, як арғушти тоҷикӣ мераванду баъд як фикр мекунем. Баъд думбрара гирифтаму нохун кардам. Як оҳанги шуха сар карда будам, ки фашистбачаи зиёд ба рақс даромад. Арғушти тоҷикира чунон зӯр мераванд, ки илоҳо тавба. Дилам сӯхт, фармидам, аз ҳамон ҷо рост Қазоқистоншон роҳӣ карданд.

Боз чанд соати дигар гузашту поезди дигар омад. Пури аскар. Аввал гумон карданд, ки пеши одамони худшон омаданд, лекин вақте фаҳмиданд дер шуда буд. Ҳамашона қатор карда, рама ворӣ Қазоқистон роҳӣ кардем: даштҳора шудгор кардан гиранд. Мо номард не, ки дар лагер маҳкамшон бикунем.

Қисса кӯтоҳ, ҳилаи ёфтагии акатон ҳамара қоил кард: поездҳо меомаданду холӣ мешуданд. Ҳама ҷо пур аз вагон, хӯрду хӯроку яроқу аслиҳа фраймон, ҳама аз авқота сер шуд, анбору акопи холӣ намонд, барои яроқу аслиҳа ӯ сӯ бестад, ҷойи сӯзанзанӣ нест. Камандир аз хурсандӣ дар гимнастёркаш намеғунҷид. Дараки кори мора ёфта, аскарҳои қисмҳои дигар аз гирду ваноҳ омада, аз мо хӯрокаву яроқ мегирифтанд. Камандир мегуфт, ки агар ба онҳо диҳем, худмон боз мӯҳтоҷ мешавем. Ман бошам, мегуфтам, ки парво накунед, кайе, ки чизе лозим шавад боз ҳамин хел омадан мегирад. Ризқи мора Худо додааст.

— Акаи Сталин ба ту боварии калон дорад Джалилҷан,- тан дод камандир,- гапаш ҳақ баромад.

Дар ҷавоб акаи Ҷалилтон фақат як тарафи бурутша тоб доду тарафи акопи худаш рафт.

Дорои ДИЛОВАР

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: