Главная > Uncategorized > Роҳбари гурӯҳи «террористӣ» кист?

Роҳбари гурӯҳи «террористӣ» кист?

Ба таваҷҷӯҳи раиси вилояти Суғд

Ба таваҷҷӯҳи прокурори вилояти Суғд

Шикасти «омин»

Як гурӯҳ, аниқтараш 14 нафар сокини деҳаи Қуланбоши ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба мо муроҷиат намуда, арз карда буданд, ки Ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дағалона поймол намуда, супориши раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзодаро ба инобат нагирифта, аризаашонро дар бораи ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ ба қайд нагирифтааст. Онҳо ба қабули раиси вилоят даромада будаанду пас аз он комиссияе ташкил карда шудааст ва ин комиссия протокол тартиб додааст.

Аризаро гирифта, бо чанд нафар аз муаллифони он сӯҳбат намуда, нусхаи он маводҳоро дастрас намудем. Омӯзиши масъаларо оғоз кардему пас аз ду рӯзаш яке аз муаллифони ариза дар тамос шуда, хоҳиш намуд, ки аризаашонро бозпас гардонем. Ҳайрон будем, ки чаро нафарони хостгори парда аз рӯи масъала бардоштан худро қафо мекашанд.

Як рӯз қабл аз ин ҳодиса хостем фикру ақидаи дигар саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Деҳмой»-ро фаҳме. Бо ин мақсад дар бошишгоҳи саҳроии деҳаи Қуланбош вохӯрие ташкил намудем. Дар як вақт аз раёсати хоҷагии деҳқонии «Деҳмой» хоҳиш намудем, ки намояндаашонро дар вохӯрӣ таъмин намоянд. Сӯҳбатамон хеле самимӣ, гоҳо бо воситаи тарҷумон ҷараён дошт. То андозае ба суолҳои саҳмдорон посух дода, ба масъала равшанӣ меандохтем. Ҳамин асно мӯйсафеде вориди ҷойи сӯҳбати мо гардиду пас аз чанд дақиқа бе ягон асос бо забони ӯзбекӣ ба намояндаи хоҷагӣ часпид. Онҳо қариб ба муштзанӣ расида буданд, ки халос карда, вохӯриро анҷом додем. Намедонем он рӯз мӯйсафед дар ҳаққи яке аз муаллифони ин сатрҳо бо забони ӯзбекӣ чиҳо гуфт. Тарҷума накарданд. Дар саҳни бошишгоҳи саҳроӣ бошад, чунон бо нигоҳи хашмолуд менигарист, ки гӯё ягон нафари азизашро аз ҳаёт маҳрум намуда бошем.

Пас аз ин ҳодиса фаҳмидем, ки он мӯйсафед Урмон Шариф ном доштаасту бо намояндаи хоҷагӣ хешу табор будаанд. Вақте ки аз диди қонун ба саҳмдорони хоҷагии деҳқонӣ дар бораи аз нав ташкил намудани хоҷагӣ ва норасоиҳои ҳуҷҷатҳояшон мегуфтем, ба Ҳоҷӣ Урмон Шариф нафоридааст.

Сабаби баргашта гирифтани аризаашон ҳамин сӯҳбати мо будааст. Мо омӯзишро идома додему баъди вохӯрдан бо чанд нафари дигар, ки бевосита ба ин масъала алоқаманд буданд, назди раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Н. Н. Обидҷонов рафтем. Пас аз сӯҳбати тӯлонӣ бо мақсади оромии ноҳия хоҳиш карда шуд, ки аз нашри мавод худдорӣ намоем. Аз нақли раиси ноҳия маълум гардид, ки дар маҷлиси ҷамъбастии солонаи хоҷагии деҳқонии «Деҳмой», ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ доир гардидааст, чанд хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ташкил намуда, бо ҳамин «омин» гирифтаанд, ки то охири солу ҷамъоварии ҳосил дигар хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ташкил намекунанд.

Мо ҳам ба таклифи раиси ноҳия ризо шудем. Вале чанд рӯз қабл ба омӯзиши масъалаи дигаре машғул будему тасодуф дар роҳ бо раиси хоҷагагии деҳқонии «Деҳмой» М. Абдуллоев, ки бо 3 нафари дигар меистод, вохӯрдем. Онҳо Урмон Шариф, як адвокат ва ду нафар аз Кумитаи замини ноҳияи Ҷаббор Расулов буданд. Боз барои ҳамон масъалаи ташкили хоҷагии нави деҳқонӣ омадаанд. Аз нав ба миён гузоштани ташкили хоҷагии нави деҳқонӣ ва масъалаҳои дигар боиси ба мавзӯъ рӯй оварданамон гардид.

Хишти каҷ

Дар ҳама аризаҳояшон саҳмдорон аз протоколи маҷлиси санаи 8-уми апрели соли 2010 доиргардида ёдовар мешаванд ва онро чун асоси ҳуқуқӣ барои ҷудо намудани хоҷагии деҳқонӣ медонанд. Ин ҳуҷҷат чӣ хел пайдо шуд ва чаро мо аз он ёдовар шудем?! Вақте ки дар асоси аризаи саҳмдорони хоҷагии деҳқонӣ ба омӯзиш машғул гардидем, баробари ариза нусхаи ду ҳуҷҷати дигарро ба мо доданд. Нахустинаш нусхаи «Протоколи баррасии аризаи Каримов Ваҳҳоб ва дигарон» ном дошт. Мувофиқи ин санад дар баррасии ариза С. Б. Атабоев — мудири шӯъбаи раёсати кишоварзии вилоят, Ф. Қ. Додоҷонов — раиси Кумитаи заминсозии вилоят, Н. Н. Обидҷонов — раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, З. Калонов — сармутахассиси Кумитаи заминсозии вилоят, М. Абдуллоев -сардори хоҷагии деҳқонии «Деҳмой» ва 8 нафар намояндагони ариза ширкат доштаанд. Дар Протокол маълум нест, ки раиси маҷлис кисту котиб кист, ҳадафи тартиб додани он аз чӣ иборат аст? Дар охири ин Протокол имзои 11 нафар меистод, ки гӯё бо он шинос шудаанд. Азбаски санади омоданамуда ба оддитарин меъёри хуқуқӣ ҷавобгӯ набуд, аз пайи пайдо намудани муаллифи он гардидем. Маълум шуд, ки онро З. Калонов — сармутахассиси Кумитаи заминсозии вилоят омода намудааст.

Сӯҳбати мо бо З. Калонов сари ин масъала хеле тӯл кашид. Аз рӯи нақлаш, иштирокчиёни маҷлис барои навиштани Протокол ӯро вазифадор накардаанд ва ҳамчунин котиб барои навиштани рафти маҷлис вазифадор набудааст.Дар баррасии масъала иштирок кардаасту ҳамчун сиёҳнавис чанд қайд кардааст. Ҷамъомад ба охир расидаасту гӯё ба ӯ раиси Кумитаи заминсозии вилоят супориш додааст, ки Протоколро нависаду намояндагони аризаро шинос кунад. Дигарон барои баррасии  арзи шаҳрвандон ба хоҷагии деҳқонии ба номи Самадов рафтаанду ӯ дар ҳамон ҷо истода, намояндагони аризаро аз нав ба маҷлисгоҳ дароварда, дар ҳузури онҳо Протоколро тартиб додаст…

Ҳамчунин З. Калонов нақл намуд, ки аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ ният доштаанд ба якчанд хоҷагии деҳқонии инфиродӣ тақсим шаванд. Вай ба онҳо маслиҳат додааст, ки беҳтараш як хоҷагии алоҳида шаванд.

Ҳамин тавр, ин Протоколро асос намуда, нусхаи онро ба Ҳукумати вилоят ва дигар тарафҳои манфиатдор мефиристанд. Ҳарчанд ин ҳуҷҷат ба меъёрҳои қонун мутобиқ набошад ҳам, дар он қайд карда мешавад, ки бояд аз нав ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ дар доираи қонун сурат гирад ва онро маҷлиси намояндагони хоҷагӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Вақте ин протоколро мехондему «бо он шинос шудем» гуфта имзо гузоштани намояндагони аризаро дидем, Протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки бояд ҳатман шахси ҳуқуқвайронкунанда ба он имзо гузорад, пеши назар ҷилвагар шуд. Вале ин протоколи маҷлис асту нозукиҳои худро дорад. Намедонем, бо кадом мақсад аризадиҳандагонро бо протокол шинос намудаанд. Маълум мешавад, ки он дар асоси амалӣ намудани ҳадафе омода гардидааст. Агар не, чаро бо чунин шакл пайдо мегардаду боиси ин қадар сарсонии мардум мешавад?

Чун ҳуҷҷати дигаре бо номи «Протоколи маҷлиси умумии аъзоёни хоҷагии нави деҳқонии «Қуланбошим» аз 9-уми апрели соли 2010 дар даст доштем, ба З. Калонов пешниҳод намуда, фикрашро пурсидем. Пас аз онро бодиққат хондан садо баланд намуд, ки «ин Протокол нодуруст аст». Вале навиштаи худашро пурра дуруст меҳисобид. Гарчанде дар муқоиса Протоколи дуюм аз рӯи шакл ба санади ҳуқуқӣ бештар монандӣ дорад.

Протоколи маҷлиси умумии аъзоёни хоҷагии нави деҳқонии «Қуланбошим», ки мувофиқи он дар маҷлис аз номи 285 нафар саҳмдорон 16 нафар иштирок карданду раиси маҷлис Каримов Ваҳҳобу котиби маҷлис Урмонов Шавкат будаанд, чунин рӯзномаро мавриди баррасӣ қарор додаанд:

1. Оид ба ташкил кардани хоҷагии деҳқонӣ.

2. Интихоби раиси хоҷагии деҳқонӣ.

Аз рӯи масъалаи рӯзнома раиси маҷлис Каримов Ваҳҳоб баромад намуда, оид ба самаранок истифода бурдани замин, тақсими ҳиссаи саҳми замини аъзоёни хоҷагии деҳқонии нав ҳарф задаасту аъзоёни хоҷагӣ баромади раиси маҷлисро маъқул шуморида, қарор кардаанд:

1. Хоҷагии деҳқонии «Қуланбошим» ташкил карда шавад.

2. Додобоев Соибҷон Салимович раиси хоҷагии деҳқонии «Қуланбошим» таъин карда шавад.

3. Саҳми замини аъзоёни хоҷагии деҳқонии «Қуланбошим» тасдиқ карда шавад ва ба аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ мувофиқи саҳмашон қитъаи замин ҷудо намуда, тақсим карда шавад.

Каме болотар ишора намуда будем, ки муроҷиаткунандагон баробари аризаашон нусхаи ду ҳуҷҷатро ба мо пешниҳод карданд. Ҳамин ду Протокол буд, ки нахустинро нафаре аввал «сиёҳнавис» карда, пас намояндагони аризаро даъват намуда, дар ҳузури онҳо навиштаасту дигареро аз номи 285 нафар 16 кас ҳаллу фасл намудаанд.

Ба ростӣ, мо ҳеҷ боварӣ надоштем, ки барои дастгирии нафарони муроҷиаткунанда меравему баръакс мешавад. Биёед ба ин протокол аҳамият диҳем. Маҷлиси умумии аъзоёни хоҷагии нави деҳқонии «Қуланбошим» ном бурда мешаваду аъзоён ширкат намеварзанд. Пас чӣ тавр онро маҷлиси умумӣ номем? Кӣ ба 16 нафар ваколат додааст, ки аз номи 285 нафар қарор қабул кунанд? Агар ба мо нусхаи маҷлисҳои саҳмдоронро пешниҳод менамуданд, ки онҳо ин нафаронро барои гузарондани маҷлис вакил кардаанд, чизе намегуфтем. Ё ин ки, тавассути идораи нотариалӣ ваколат медоданд, нуран ало нур мебуд. Ғайр аз он, дар ҳама ҷо маъмул аст, ки маҷлисҳои азнавтаъсисдиҳӣ, хусусан дар самти хоҷагии қишлоқ, бояд ҳамаи саҳмдорон ширкат варзанд. Дар бораи ташкил намудани хоҷагии деҳқонии «Қуланбошим» ягон хел санади ҳуқуқмуайянкунанда мавҷуд нест. Пас чӣ хел он метавонад маҷлиси умумии худро гузаронад. Бубинед, маҷлиси умумии аъзоёни хоҷагии нави деҳқонии «Қуланбошим» мегӯянду раиси хоҷагии ба ном навро таъин менамоянд. Магар дар маҷлиси хоҷагии деҳқонӣ раисро таъин мекунанд? То ҷое, ки қонунгузорӣ тақозо менамояд, ба чунин вазифа нафаре интихоб карда мешавад.

Мақсад аз ин хилофи қонун амал намудану шитобзадагӣ баҳри аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ баромадан чист? Чаро намехоҳанд то охири сол, то ҷамъоварии ҳосил интизор шаванд? Дар паси ҳамаи ин амалҳо кӣ меистад? Чаро шабона хона ба хона гашта нусхаи саҳми заминро ҷамъ мекунанд?

Ҷумъаи ТОЛИБ,

Турсун АЛӣ,

Абдул МАҶИД,

БМСТЖ

(Давом дорад)

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: