Главная > Uncategorized > Роҳи ғорат

Роҳи ғорат

Ба назар чунин мерасад, ки баҳсҳои миёни ширкати ҷамъоварандаи пул дар роҳи Душанбе — Чаноқ — IRS (Innoveitiv Road Solution) ва раиси Агентии зиддимонополии Тоҷикистон Амонулло Ашӯр бозии сиёсие беш нест. Вагарна, чаро ин ширкат ҳамаи он иддаои Амонулло Ашӯрро ҳатто ба як фулусе қадр намекунад. Яъне ҷониби IRS ба эътирози Амонулло Ашӯр ва дигар намояндагони вазорату ниҳодҳои зидахл «ҳа-ҳа» гуфта, кори худро чи тавре хоҳанд, идома медиҳанд.

Хадамоти зиддимонополӣ аз ширкати IRS дархост кардааст, ки дар фаъолияти молии худ тарофаҳои нав пешниҳод кунад ва дар сурати иҷро нагардидани ин хоҳиш дар муддати муайяншуда хадамоти зиддимонополӣ (зиддиинҳисорӣ) алайҳи ин ширкат бо далели риоя накардани қонунгузории Тоҷикистон парванда боз хоҳад кард. Аммо ба гуфтаи Амонулло Ашӯр, масъулини ширкати IRS дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ ба сурати ғайриқонунӣ ва бе доштани тарофаи хос ба ҷамъоварии маблағ машғуланд. Ҳамчунин, таъкид кардааст, ки аз ҳар мошин 1 сомонӣ ва ё ҳар касе чи маблағе пешниҳод кунад, мегиранд ва агар квитансия бошад ҳам, бар ивази он ба ронандаҳо намедиҳанд.

Бо вуҷуди он ки тайи 2 моҳ ширкати IRS ба ҷамъоварии пул дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ машғул аст, то ҳол дар зери сояи кӣ паноҳ бурдани он ба ҳеҷ кас маълум нест. Баъзе афрод ба кӣ мутааллиқ будани ширкати IRS-ро ангушти ишора ба сӯйи онҳое мекунанд, ки дар сатҳи болоии ҳукумат ҳукмронанд. Вале сухангӯйи IRS Аслиддин Шамиров ба кадом мансабдор ва ё афроди наздик ба роҳбари давлат тааллуқ доштани ин ширкатро аз воқеият дур арзёбӣ кардааст. Ҳамчунон роҷеъ ба ин илова намудааст, ки ифшо кардани номи ин ширкат сирри тиҷоратист.

Вақте ки бори аввал ширкати IRS пулчиниро дар ин шоҳроҳ оғоз кард мегуфтанд, ки тибқи озмуне дар кадом тендер ин ширкат ғолиб омадаву сипас корро оғоз кардааст. Аммо мувофиқи гуфтаи худи намояндагони IRS, ин ширкатро худи ҳукумат барои ин кор сафарбар кардааст.  Ҷониби IRS ин ширкатро гӯё дар Бритониё сабти номшуда ва яке аз ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ муаррифӣ карда, аз ифшои маълумот дар бораи собиқаи кори он бо баҳонаи «сирри тиҷоратӣ будан» худдорӣ мекунанд. Дар ин ҷо суоле ба миён меояд, ки шояд на  «сирри тиҷоратӣ», балки аз сабаби собиқаи корӣ надоштан, онҳо намехоҳанд дар бораи худ кушоду равшан бигӯянд. Саймиддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик дар робита ба ҳамин ҷиҳати мавзӯъ чунин андешаронӣ кардааст: «Пушти ин вожаҳои «сирри давлатӣ» ва «сирри тиҷоратӣ» манфиатҳои алоҳидаи намояндагони гурӯҳҳои пуливу молии ба Ҳукумати Тоҷикистон наздик, аз ҷумла хешу табори ин ё он мансабдори масъули соҳа истодааст. Агар ин ширкат як ширкати мустақили ҷаҳонӣ мешуд, кулли маълумот дар борааш, ҳатто пиромуни муассисону саҳмдоронаш болои сари матбуот мерехт. Вале чунин нашуд. Пас метавон чунин хулоса баровард, ки ин ширкат ба кадоме аз дастдарозони гирду атрофи ҳукумат ва ҳатто худи Ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дорад».

Баъд аз оне ки Амонулло Ашӯр якояк ба муқобили ширкати IRS вокуниш нишон дод ва ҳатто то ба додгоҳ кашидани ин ширкатро эълон намуд, аксарият инро намунае аз ҷасорати шахсии ӯ эътироф карданд. Вале писанд нагардидани ин ҳама иддаои раиси як мақомоти зидахл ва поймолсозии конститутсионӣ аз ҷониби ширкати IRS хаёлҳои шубҳаангезро ба сар меорад.

Баъди ин қадар садоҳо дар вилояти Суғд ба ҷамъоварии пул машғул гардидани ин ширкат гумонҳои ботилро ба як ҳақиқати воқеӣ монанд мекунанд. Чаро роҳбарону намояндагони ин ширкат аз қонун наметарсанд? Агар гуфтаҳои Амонулло Ашӯрро онҳо ба як пули пучак нагиранд, пас чи зарурият аз ин хадамот?

Чанде қабл аз роҳи Истаравшан — Хуҷанд мегузаштем. Аз паҳлуи чапу рости он мошинҳо ҳаракат мекарданд. Аз ронандае пурсон шудем. ӯ худро Абдувалӣ муаррифӣ намуда, афзуд, ки барои аз роҳ гузаштан бояд 14 сомонӣ супорад. Ман,- мегӯяд ӯ- 6 нафар фарзанди ноболиғ дораму ҳамсарам дар ҷое кор намекунад. Ҳар рӯз аз ин роҳ 5 маротиба мегузарам. Агар 14 сомонӣ супорам, 70 сомонӣ мешавад. Агар барои онҳо кор кунам, пас бояд зану фарзандонро ба Худо ҳавола кунам. Барои ҳамин аз роҳи паҳлуи тарозу мегузарем. Аллакай 2 гузаргоҳро маҳкам карданд. Мо боз ба воситаи дигараш рафтуомад карда истодаем. Инашро ҳам маҳкам кунанд, боз тавассути дигараш меравем.

Мо хостем гузаргоҳи ширкати IRS-ро акс бардорем. Се нафар давида омада, киву чикора буданамонро пурсон шуданд. Пас аз шиносоӣ нафаре аз онҳо гуфт, ки гузаргоҳро акс набардорем, мумкин нест. Сабабашро пурсидем, посух дод, ки ин сирр аст. Вақте суол намудем, ки бо кадом асос роҳҳои паҳлуи тарозу, ба истилоҳ алтернативиро маҳкам мекунанд, гуфт:

— Мо ба он коре надорем. Соҳибони замин роҳро маҳкам карданд, ки заминҳояшон чанг нашавад…

Ронандаи дигар Маҳмад андеша дорад, ки ягон соҳиби замин роҳро маҳкам намекунад. Бо мақсади тиҷорат ин корро кардаанд. Ҳамаи ин «ба маҳкама мекашам» гуфтанҳо фиреби назар аст. Канӣ як бор гуфтаашонро дар амал бинем!

На танҳо мо, балки ҳама интизори натиҷаи ин гуфтугузор ҳастанд. Кай ин роҳи айни замон ба оҳи мардум табдил ёфта, кушоду равшан ҳал карда мешавад. Ё роҳи ғорат боқӣ мемонад?

Фаридуни УМАРБЕК, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: