Главная > Uncategorized > Эй войи қиматӣ!

Эй войи қиматӣ!

Ҳоло ҳам таҳсин ба «Ҷаноби Олӣ» — Каримов гӯем, ки ба ғайр аз таҷҳизоти Роғун воридоти дигар молу маҳсулотро иҷозат дод?

Замоне барои тасаллӣ додани хотири мардуми фалокатзада яке гуфта буд: «Шукрона кунед!». Яъне, шукронаи он ки вазъ аз ин бадтар нашуд, ё худатон зинда мондед. Мо низ ҳоло шукрона мекунем, ки қиматӣ акнун ба шудан-ку шуд, хайрият қаҳтӣ наомадааст. Зеро дар ин 5-6 моҳе, ки вагонҳои моро масъулини мақомоти ӯзбекистон беасос боздошт карданд, агар роҳи убури мо пурра ба онҳо вобаста мебуд, эҳтимолан ҳоло қаҳтӣ ба Тоҷикистон асар мекард. Вале мисли рафторе, ки то ин замон бо мардуми мо дошт, агар пурра вобаста мебудем ҳам, заррае «раги инсонӣ»-и онҳо шояд намеҷунбид, ки дар ин гӯшаи кӯҳпора мардум аз гӯшнагӣ ҷон месупоранд.

Ҳоло 1 литр бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 4,30 то 4 сомониву 50 дирам фурӯхта мешавад. Масъулини ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон далели болоравии нархро вобаста ба ҷорӣ кардани пардохти содиротӣ аз ҷониби Русия арзёбӣ мекунанд, ки дар ҳаҷми 2 фоиз баланд кардааст. Вале иддае аз коршиносон мегӯянд, ки боздошти вагонҳо низ ба болоравии нархи маҳсулот, аз ҷумла сӯзишворӣ оварда расонд.

Ташвиши қиматӣ ва таъсири роҳи пулакӣ

Як шиносам занг зада пурсид, ки «дар Душанбе нархи бензин чанд пул шудааст?». «Аз 4,20 то 4,50 сомонӣ арзиш дорад»,- посух додам ман. ӯ изҳори нигаронӣ кард, ки дар ноҳияи Панҷакент низ аҳвол ҳамин аст. Вай бо «тангем» мусофир мекашонд ва ҳоло аз сабаби қимат шудани бензин имкони пӯшонидани хароҷот вуҷуд надорад. Маҷбур шудааст, ки ба одамкашонӣ хотима диҳад ва мошинро аз гараж набарорад. Вай гуфт: «Агар нархи роҳкироро қимат кунам, муштариён ба мошинам савор намешаванд ва дунболи дигар мошини мусофиркашӣ хоҳанд рафт. Дар сурати бетағйир мондани вазъ на танҳо фоида, балки зарар мебинам. Ҳоло ҳайронам, намедонам ба чӣ кор машғул шавам, то қутти лоямуте ба даст орам ва сатҳи зиндагиям беҳ гардад».

Ин дар ҳолест, ки ҳафтае пеш Шамс, як рафиқи наздикам занг зада гуфт, ки Русия ба мардикорӣ равон аст. ӯ то ин дам ронандаи таксӣ буд ва аз Душанбе ба Хуҷанд мусофир мекашонд. Акнун дар натиҷаи боло рафтани нархи сӯзишворӣ ва пулакӣ гаштани роҳи Душанбе — Чаноқ хароҷот нисбати даромад бештар шудааст ва Шамс маҷбур рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ниҳодааст.

Ин пулчинҳои роҳ бо баҳонаи 100 касро бо ҷои кор таъмин кардан дуд аз димоғи мардуми як минтақа бароварданд ва садҳо нафарро аз ҷои кор маҳрум карда, онҳоро ба масхара кашиданд. Даҳҳо ронандагони таксӣ ва чандин соҳибкорони инфиродӣ бо далели хароҷоти беҳад аз фаъолият бозмонданд.

Бо дӯстон нону пиёз…

Чунин ба назар мерасад, ки гароншавии нархи сӯзишворӣ ба қимати дигар маҳсулотҳо низ таъсир мерасонад. Бар замми ин, ба андешаи коршиносони иқтисодӣ, аз сабаби пулакӣ шудани роҳ қимати молу маҳсулот низ хоҳад афзуд. Зеро ҳангоми интиқоли маҳсулот аз як минтақа ба митақаи дигар арзиши роҳ ба болои он зам мешавад. Ҳамакнун, ки сӯзишворӣ қимат шуд, арзиши он ҳам ба болои маҳсулоти интиқолёфта зам мегардад ва афзоиши нархҳо боиси ташвиши мардуми кишвар хоҳад гашт.

Дар натиҷаи боло рафтани арзиши бензин нархи маҳсулот низ гарон шуд. Сабзӣ аз 1 — 1,5 сомонӣ то 2 сомониву 50 дирам қимат шуд. Картошка то 2 сомонӣ гарон гаштааст. Ин танҳо маҳсулоте, ки дар дохили кишвар истеҳсол мегардад. Агар қимати молу маҳсулоти аз берун воридшударо ҳисоб кунем, дар натиҷаи боздошти вагонҳо нархашон якчанд баробар гарон гаштааст. Акнун бо маоше, ки давлат медиҳад ва он ба ҳисоби миёна 280 сомониро ташкил хоҳад дод, танҳо роҳкирову харидани нонро метавон дар нақша гирифт. Агар бақияаш ба чойи хушк расад, харида чой менӯшем, агар не, пас нони қоқро дар оби сард тар карда шикам «мечаллонем»-у ба ҳаминаш ҳам қаноат менамоем.

Кӣ боз мардумро масхара мекунад?

Масъулини ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ иддао доранд, ки бо сабаби ҷорӣ шудани пардохти содиротӣ аз ҷониби Русия арзиши бензин боло рафт. Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки боздошти вагонҳо ба ин вазъ оварда расонидааст. Вале ба наздикӣ ронандаи «тангем» дар НФС бензин мехарид ва мо мусофирон дохили он нишаста будем, ки ӯ аз вазъи болоравии қимати бензин изҳори нигаронӣ кард, ки то 4 сомониву 20 дирам расидааст. Дар ҳамин ҳол «заправчик» изҳор дошт, ки ин ҳоло дарди ба хайр, гапу гузоре ҳаст, ки арзиши бензин то 8 сомонӣ боло хоҳад рафт. Ронандаи «тангем» дарҳол гуфт, ки пас роҳкироро 2 сомонӣ мекунем. Вале ман аз «заправчик» сабаби болоравии нархро пурсон шудам, ки ба чӣ иртибот дорад? Оё боздошти вагонҳо ба ин вазъ оварда расонд ё дигар сабабе ҳаст? Вай дар посух гуфт, ки боздошти вагонҳо баҳонае беш нест. Зеро дар аксари НФС сӯзишворӣ бо захираи зиёде вуҷуд дорад, аммо шояд аз фурсат сӯиистифода карданиянд.

Пас чунин ба назар мерасад, ки касе мардуми моро масхара карданист, вале «симои инсонияш» ҳоло кушода нашудааст. Кӣ метавонад дар ин амал даст дошта бошад? Русия? ӯзбекистон? Ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ? Ё шояд иддае аз дастандаркорон ва манфиатҷӯёни дохили Тоҷикистон?

Вазъияти баамаломадаро коршиносон ба таври худ шарҳ медиҳанд. Соҳибкорон ба муҳосира мондани чандин қатораи сӯзишворӣ дар ӯзбекистонро боиси кам гаштани ин навъи маҳсулот дар Тоҷикистон арзёбӣ карда, гуфтаанд, ки ба гарон шудани нарх оварда расонидааст. Коршиносони умури иқтисодӣ низ ба ин боваранд, ки яке аз сабабҳои афзоиши нархи сӯзишворӣ — ин дар муҳосира мондани қатораҳои Тоҷикистон дар ҳудуди ӯзбекистон аст, ки чанд моҳ боз дар банд қарор дорад. — Эҳтимолан агар вазъият ин гуна идома ёбад, боз ҳам қимати сӯзишворӣ боло меравад,- мегӯянд онҳо.

Рушди бозори сиёҳ ба суди халқ нест!

Иддае аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки рақобати носолим дар бозори бензини дохилӣ боиси рушди бозори сиёҳ дар ҷумҳурӣ гаштааст. Тибқи маълумоти иқтисодшиносони мустақил, саҳми ин бозор 60 дар сад аст, лекин мувофиқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, бозори сиёҳ 25 дар сади иқтисоди Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Таҳлилгарон пешниҳод мекунанд, ки бояд ба арзиши маҳсулот дар замони воридот таваҷҷӯҳ карда шуда, нархгузории он мувофиқи талабот ва қудратмандии аҳолӣ муқаррар гардад. Вале шӯъбаи рушди рақобат ва фаъолияти зиддиинҳисории Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ки ҳоло ба агентӣ табдил ёфтааст, гурӯҳи корӣ ташкил додааст, ки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ рейд мегузаронад. Аммо ба қавли коршиносон, мушкили асосӣ то ҳол зери инҳисори чанд ширкат қарор гирифтани бозори сӯзишворӣ мебошад, ки тайи чанд соли охир мустаҳкамтар мегардад. Тавре коршиносон таъкид доранд, танҳо рақобати солим ва бидуни ҷӯрабозӣ метавонад пеши роҳи бозори сиёҳро гирад ва боиси мӯъдадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот гардад. Дар сурати баръакс бештари аҳолии кишвар имкони харидории маҳсулоти ниёзи аввалро ҳатто аз даст хоҳанд дод.

Вале тибқи маълумоти Гулчеҳра Маҳмудова, сардори Хадамоти боркашонии «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон, аз 23 то 29-уми марти соли ҷорӣ аз Ҷумҳурии ӯзбекистон 119 қатора бо маҳсулоти сӯзишворӣ вориди Душанбе гардидааст, ки аз ин 57-тояш сӯзишвории реактивӣ, 30 қатора бо бензин ва 30 қатораи дигар сӯзишвории дизелӣ мебошад. Яъне ҳоло норасоии сӯзишворӣ аз байн рафтааст. Вале бо бештар гаштани ниёзмандӣ қимати маҳсулот афзоиш меёбаду дар сурати мӯътадил гаштани вазъият нархҳо паст намешаванд. Омили дар сурати кам гаштани талабот паст нашудани нарх ва доштани қимати дар ҳоли афзоишро коршиносон эҳтимолан вобаста ба фаъолияти ширкатҳои олигополистӣ медонанд. Ширкатҳое, ки бештар бозорҳои дохилии моро бо бензин таъмин мекунанд, «Зарубежнафт», филиали ширкати русӣ, «Нури Дилшод», «Тоҷирон», «Умед 88» ва «Газпромнафт»-и Тоҷикистон мебошанд. Инчунин ширкатҳои дар қайди расмӣ буда, ки ба воридоти сӯзишворӣ машғуланд, теъдодашон ба 40 адад мерасад. Аммо бо вуҷуди нишон додани шумораи зиёди ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ, ба андешаи таҳлилгарон, ин ширкатҳо ба се-чор нафар тааллуқ дорад, ки нархи бензинро дар бозори дохилӣ муқаррар мекунанд. Вагарна дар сурати рақобати солим миёни 40 ширкат нарх якбора боло намеравад.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: