Главная > Uncategorized > Қурбонии скинхедҳо

Қурбонии скинхедҳо

Ҷамолиддин оҳиста — оҳиста қадам зада, ба тарафи хобгоҳашон рафтан гирифт. ӯ бехабар буд, ки ин дақиқаҳо аз пасаш як гурӯҳ калҳои хунхӯр таъқиб карда, пойида омада истодаанд. Ҳушу хаёлаш ба ватану модари пири танҳомондааш банд буд. Аммо Азроил намепурсад, ки одамизод оё зистан мехохад ё на.

Аҷал бо сад баҳона, бо ҳазорон ранг меояд,

Ки то моро ҷудо созад аз ин дунёи танги мо.

ӯ миёни кӯчаи тангу хилват расиду қадаммонияшро тез кард. Ногаҳ ба паси каллааш чизи сахте бархӯрд. Баргашта ба қафояш нигарист. Чашмонашро сиёҳӣ пахш кард. Чор нафар ҷавонписари кали занҷирбадаст ба аъзои бадани ӯ мезаданд. Чашмонашро дигар кушода натавонист. Фақат гӯшҳояш мешуниданд: «Смерть нерусскым!». Ҷамолиддин фақат калима мегардонд. Дигар чизе ба ёдаш намондааст, ба ҷуз сӯхтани узв — узви баданаш. Ҳангоме дар беморхона ҳанӯз зинда буд, аламкунон мегуфт:

— Ин калҳои одамхӯр фақат муҳоҷирони танҳоро таги чашм мекардаанд.  Ман фақат танҳо мерафтаму танҳо меомадам. Як орзу дорам, ки  мурдаамро ба ватан бубаранд. Орзуву ҳавасҳои дилам пеш аз худам кушта шуд. Ба падару модари Ҷамолиддин занг зада гуфтанд, ки тобути ӯро меоранд, омода бошед. Магар аз ин дида барои модар соати мудҳише вуҷуд дорад. Вақте хабари марги писарашро ба ӯ телефонӣ мерасонанд, беҳуш шуда, якумрӣ фалаҷу бистарӣ мегардад.

Боз як тобути сиёҳи гулписаре рафт ба хоки ватан. Шабона ҳавопаймо ба ҳаракат даромад. Мусофирон эҳсос мекарданд, ки дохили ҳавопаймо хеле вазнин аст. Рӯҳи номуроду пурармон гӯё фиғон мекард:

Шаҳри мардум — дидаи зор,

Шаҳри мардум — оҳи бисёр,

Шаҳри мардум — шаҳри бедор,

Шаҳри мардум — шаҳри фирор.

Тоҷики масеҳӣ

Самандар тӯли як сол дар сохтмонҳо кор кард. Вале ба қавле «кидат» шуду ҳаққи ҳалоли меҳнаташро надоданд. Дар диёри мардум мӯд аст, ки мегӯянд «кидат разбор надорад». Оре, қисми зиёди муҳоҷирони тоҷик аз бепуливу бекорӣ ба ғамбода гирифтор шуда, аз саргумӣ ба ҳар роҳ мераванд. Масалан, Самандар — собиқ омӯзгори фанни таърих баъди азобу машаққати бехонагиву гурӯснагиро кашидан ба калисои масеҳӣ меравад. Аз донишу саводаш огаҳӣ меёбанду ӯро ба ҳайси тарҷумон ба кор мегиранд. Оҳиста — оҳиста мафкураву ҷаҳонбинияш дигар мешаваду дини худро инкор мекунад. Ҳарчанд хостам бо ӯ сӯҳбати ошкоро дошта бошам, нахост.

Куштор ба хотири ҳуҷҷат

Дар шаҳри Санкт — Петербург аз байни тоҷикон нафароне ҳастанд, ки ҷое кор намекунанду аз ҳисоби омода сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ зиндагияшонро пеш мебаранд. Чи шуду байни ду тоҷики «документросткунак» ҷанҷолу муноқишаи сахт бархест. Яке дигареро дар рӯзи рӯшан пеши мардум бо корд зарба зад. Зарбаҳо марговар буданд. Дӯстмурод аз зарбаҳои корд ҳанӯз ба худ наомада, ҷон ба ҷонофарин супурд. Ҷабборро ба муддати 19 сол ҳабс карданд. Барои як ҳуҷҷати ҳаром ҳаёти ду нафар муҳоҷир сӯхт.

«Гадоҳои тоҷикнамо»

Субҳи солеҳон садои баланди гадоҳои кӯча диққати маро ҷалб намуд. Аз тиреза назар кардам. Як ҷавонзани тахминан 34-сола бо ҳамроҳии ду нафар зани синну солашон гуногун ва ду кӯдаки ноболиғ дар саҳни бинои истиқоматӣ «дайте нищему» гӯён доду фарёд мебардоштанд. Русҳо аз тиреза ба онҳо нигариста, ишоракунон мегуфтанд:

— Фу, блин, таджики!

Ин суханон хеле сахтам расиду давидам ба поин. Бо занҳои гадо ҳамсӯҳбат шудам. Яке аз Тотористон буду дигарӣ аз ӯзбекистон. Вале онҳо бо либосҳои миллии тоҷикӣ гаштугузор намуда, гадоӣ мекарданд. Ба Фотима, ки аз Тотористон буду дар ин муддат фақат бо гадоӣ рӯзашро мегузаронд, гуфтам, ки чаро онҳо худро тоҷик муаррифӣ мекунанд. ӯ гуфт, ки дар Русия бештар тоҷиконро мешиносанд.

Саг қапид

Рӯзе дӯстеро мунтазир меистодам. ӯ дар соати таъиншуда наомад. Вале баъди ду соат занг зада, гуфт, ки «маро сагҳо қапидаанд».

— Кадом шӯъба?

— Шӯъбаи 72-юм.

Давида рафтам ба шӯъба. Зиёда аз 13 муҳоҷирро дастгир карда буданд. Ба чеҳраи Латофат назар кардам, сап — сафед канда. Милиса тухмро дулунҷа хӯрда истода, масхаракунон ба муҳоҷирони дастгиршуда менигарист. Онҳо саволомез ба ман нигаристанд. Маънии нигоҳҳояшон пул буд. Ба дасти милиса 100 рубли русиро оҳиста додаму дӯстамро аз шӯъба баровардам.

Ду материали як поҷома

Таксисти тоҷике марди русеро ба мошин савор кард. Ҳарду аз ину он чақ — чақ кардан гирифтанд. Ногаҳ марди рус нисбати занҳои муҳоҷири Осиёи Миёна суханҳои қабеҳро ба забон овард:

— Медонӣ, дирӯз як маъшуқаи осиёимиёнагӣ ёфтам. Бечора занак сахт камбағал будааст. Аз ду материал як поҷома дӯхтааст. Хи — хи — хи…

Аммо хандааш дар гулӯяш печид. Чунки таксист ӯро лагадзанон аз дар берун кард.

Шаҳлои НАҶМИДДИН, Санкт — Петербург

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: