Главная > Uncategorized > Ҳақиқати талх ва сиёсати дуқутбӣ

Ҳақиқати талх ва сиёсати дуқутбӣ

Қобили хушҳолӣ ва фараҳмандист, ки равобит миёни ду давлати ҳамзабон, ҳамдину ҳамфарҳанг ва таърихи муштаракдошта — Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз беҳтар мегардад. Ин албатта бар манфиати мардумони ҳар ду кишвар аст.

Ангушти носолим даркор нест…

Мақоле хеле маъмул аст, ки «Сад сӯм набошаду сад дӯст бошад…».  Яъне, дӯсти бисёр доштанро аз боигарии зиёд доштан афзалтар ҳисобидаанд, ки ҳақиқати ҳама давру замонҳост. Ҳатто бубинед, ки давлате ҳам ба мисли Амрико, ки худро пурқудраттарин давлати Кураи арз мепиндорад, ҳар куҷо дар ҷустуҷӯи иттифоқчиён асту ҳар коре пеша мегирад, шарикони зиёдеро чи бо роҳи зӯрӣ ё зориву зар гирди хеш мехонад, то яккаву танҳо намонад. Магар ҷамъ овардани шумори чанд давлате дар блоки ҳарбии Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) барои нуфузи  давлатҳои пештози ин блок нест?! Имрӯз ҳам бо вуҷуде, ки «рақибаш» «Шартномаи Варшава» вуҷуд надорад, бисёр талош мекунанд, ки давлатҳои дигареро ҳам ҳамроҳ бикунанд. Мақсад: «Зӯрем, боз зӯртар шавем!»… Ва боз, мақоли «Зӯрии мушт дар панҷ ангушт» низ ҳаммаъност ба шарики бисёр доштан. Яъне, агар  ҳама ангуштҳо солим набошанд, даст чӣ кор ояд?

Имрӯз ҳам агар мо давлатҳои дӯсти бештар дошта бошем, ба манфиати мо хоҳад буд ва дар асоси равобитҳои баробару ҳусни неки тафоҳум амалкардҳо суръат бигиранд, албатта ба ҳадафҳои беҳтаре комёб мегардем.

Имрӯз, ки кишвари мо соҳибистиқлол асту аксари кишварҳои олам шинохтандаш, мебояд дар баробари рақибон дӯстони зиёде ҳам дошта бошем, то нуфузи бештаре ёварамон гардад. Яке аз ҳамин гуна дӯстон, шарикон ва давлатҳои бо ҷумҳурии мо ҳусни неки тафоҳум ва ҳамраъйиву бародарӣ дошта Ҷумҳурии исломии Эрон аст, ки бахти баланди мост. Ин давлати бародар яке аз нахустин давлатҳои соҳибобрӯи имрӯз аст, ки кишвари моро ба ҳайси кишвари соҳибистиқлол шинохт ва ҳамкориҳояшро аз рӯзҳои аввал оғоз кард. Ҳеҷ фарде аз бошандагони кишвари мо фаромӯш накарда, ки аз шахси воломақом то тоҷиру муҳассили эронии маскуни Тоҷикистон бо чи дилгармӣ соҳибистиқлолии моро истиқбол мегиранд. Табрикоти фавҷ -фавҷе ҳам рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ аз кишварҳои зиёде ба роҳбарияти давлати мо расид, вале дар қиёс нисбати бародарони эронӣ «қатрае дар баҳр» буд. Имрӯз агар нектар назар бикунем, равобити Тоҷикистону Эрон дар ҳама соҳот густардатар мегардад.

Сухан дониста гӯ…

Шояд афроди тангназар, дилсиёҳ ва хоболуде кам набошанд, ки ин ҳама равобитро нодида гирифта, чи амалҳоеро бофта намебароранд, то дар қиболи дӯстии ин ду халқи ҳамкешу ҳамреш латма ворид бикунанд. Вале бовар дорем, ки ба мақсади нопоки хеш намерасанд. Ин афрод агар тоҷикиро (форсиро) ҳам балад бошанд, онҳоро тоҷик ё эронӣ намеҳисобем, зеро набояд ҳамзабоне ба ҳамзабонаш ин гуна нияти иғвогарона дошта бошад. Махсусан вақтҳои охир аз навиштаҳои иддае (хушбахтона ночизанд) мехонем, ки гӯё радиои «Садои Хуросон»-и Эрон дар Душанбе тарғибу ташвиқи мазҳаби шиаро ба роҳ андохтааст ва гӯё   мехостааст, ки сунниҳои Тоҷикистонро моили ин мазҳаб кунад. Чаро бархе дастовардҳои хубтару бештари бо кӯмаки Эрон ба даст овардаамонро нодида мегиранду танҳо дунболи «шиа ва суннӣ» часпидаанд?

Дар ин бобат метавон ҳарфи бисёр гуфт, вале дар ин навишта нияти мо ба хонанда ба таври мӯъҷаз ҳам бошад, изҳор доштан аст, ки Тоҷикистону Эрон дар баробари дигар муносибатҳои гуногунҷабҳа, ба ҳамкориҳои дуҷонибаи дифоӣ — ҳарбӣ оғоз карданд. Агарчанде дар ин росто ҳамкориҳо то ҳол буданд, ин дафъа бо сафари рӯзҳои 12-14-и моҳи майи сардор (генерал) Аҳмади Ваҳидӣ — вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба Душанбе ва бо Президенти мамлакату роҳбарияти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мулоқоту дидор диданаш, ҳамкориҳо густардатар гардиданд».

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор бо генерал Аҳмади Ваҳидӣ зикр кард, ки «густариши робитаҳои ҳамаҷониба бо Эрон, бавижа дар арсаи дифоӣ ба нафъи манфиатҳои ду миллат аст. Бо таваҷҷӯҳ ба тавонмандии болои Вазорати дифои Эрон дар соҳаҳои низомӣ ва ғайринизомӣ ин ҳамкориҳо илова бар соҳаи низомӣ бояд дар бахшҳои ғайринизомӣ ҳам густариш ёбад ва Тоҷикистон аз имконоти бисёр хуби ин бахш баҳраманд шавад».

Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар робита ба ин масъала гуфтааст: «Робитаҳои дифоии Эрон ва Тоҷикистон муҳим ва стротегӣ аст ва аз ин рӯ Тоҷикистон аз ҳама имкониятҳои дипломатии худ барои густариши робитаҳо бо Эрон, ба хусус дар соҳаи дифоӣ истифода хоҳад кард».

Дар ҳоле, ки мақомоти баландпояи тоҷик аз ин ҳамкориҳо истиқбол мекунанд, ҳар форсизабони рӯи олам, ки дар Эрон аст ё Тоҷикистону Афғонистон ва ё кишвари дигаре, рӯҳбаланд мешаваду хушнуд. Дар воқеъ, давлате, ки дар андешаи дифои мулку мардуми хеш нест, соҳибистиқлол несту эътибору эҳтироме дар ҷомеаи имрӯзаи печ дар печ пайдо карданаш хеле сангин бувад. Ин аст, ки роҳи пешгирифтаи давлати соҳибистиқлоли мо комилан дуруст аст ва созгори давру замон.

«Сулҳ хоҳӣ, ба ҷанг омода бош?!»

Эрон аз лиҳози дифоӣ ба сатҳи болои илмӣ, иқтисодӣ ва дифоӣ расида, ки партоби сафинаи «Умед» гувоҳ аз ин ҳама пешрафт аст. Ва ин «Умед» баҳри умеду ояндаи нек, ҳифзу посбонии марзу бум сохта шудааст, на барои ҳуҷум ба кишвари дур ё наздике!

Бубинед, ки Амрико мавзӯи барномаи ҳастаии Эронро аз сар дур накардааст ва роҳу василае меҷӯяд, то ҳамлаи низомии худро болои Эрон роҳандозӣ намояд. Яъне, Амрико худашро зӯр мегирад, ки чунин таҳдидҳо мекунад. Агар Эрон ҳам чун Амрикои серяроқ нисфи дурпарвозони Амрикоро медошт, ҳеҷ гоҳе  касе ҷонибаш аз таҳдид кор намегирифт. Гуфтанием, ки «агар суст мебудаӣ, рӯзат намедодаанд!»… Ин аст, ки Эрони ҳамзабони мо ин «ҳақиқати талхро» хуб дарк намуда, дар роҳи дифои хеш камари мардона бастааст…

Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ҳини суханронии худ дар конфронс оид ба иҷрои муоҳида ба паҳн нагаштани силоҳи ҳастаӣ, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор гашт, кишварҳоеро, ки соҳиби силоҳи ҳастаиянд, дар сиёсати дуқутбӣ гунаҳгор ҳисобида, илова намуд, ки онҳо хатари асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд.

Тавре «AFP» хабар медиҳад, ҳайати ИМА, Бритониё ва Фаронса ба нишонии эътироз толори маҷлисгоҳи Маҷмааи генералии СММ-ро, ки дар он конфронс баргузор гардида буд, тарк намуданд.

Бубинед, ин се давлате, ки дар ҳар куҷои олам «демократия бурданӣ мешаванд», аз ин ҳақиқатҳо шунидан намехоҳанд. Яъне, «шумо гап назанед, аз ҳама зӯрҳои олам моем ва ҳар чӣ ки мо мехоҳем, ҳамон мешавад»… Вагарна, чаро қаҳр карда, толори обрӯмандтарин созмони ҷаҳониро тарк мекунанд?! Магар ин се давлат, ки имрӯз ҳам «нисфи дунё дар ихтиёрашон ҳаст», силоҳи ҳастаӣ ва дигар силоҳҳо надоранд? Агар аскару афсар ва яроқи бешумор надошта бошанд, чаро ба ҳар куҷо ҳаваси лашкаркашӣ мекунанд?! Бурдани демократия бо тайёраву ракета… «осонтар» аст?!

Умуман, имрӯз «дунё дунёи зӯрҳо шудааст» ва агар ҳар давлати дигаре камзӯртар аст, аз ҳар ҷониб таҳдиду сиёсат мешунавад. Шояд ин мақол барои ҳамин рӯзҳо тавлид шуда: «Замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз!». Аён аст: ҳамқадами замона бош!…

Ҳам Тоҷикистон, ҳам Эрону Гурҷистону Бразилияро зарур аст, ки  «ҳамқадами замона» бошанд, то миёни ҳар давлате набошад, аз эътибору эҳтиром бархӯдор гарданд. Вагарна…

Неъматуллои НУРУЛЛО,

рӯзноманигор

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: