Главная > Uncategorized > Барномаи «Қавлу амал» ва гуноҳи дайншуда

Барномаи «Қавлу амал» ва гуноҳи дайншуда

Ҷашни Ваҳдат наздик аст, аммо атрофи ҳамдигарбахшӣ имрӯз баҳсу мухолифатҳо вуҷуд дорад. Ба андешаи иддае аз таҳлилгарон, он созишномае, ки ҳангоми гуфтушунид ба имзо расида буд, на ҳамаи бандҳояш иҷро гардид ва ҳатто он бандҳое, ки ба унвони моддаи «сулҳ» қабул карда буданд, халалдор гашт.

Раҳматулло Валиев, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Рушди ҷомеа» мегӯяд, ки яке аз моддаҳои «сулҳ» ин муайян будани мӯҳлати интихоби президентӣ маҳсуб мешуд, ки ин банд баъд аз имзои созишномаи сулҳ дигар карда шуд. ӯ бар ин назар аст, ки беқонуниҳо ва сатҳи баланди фасод дар Тоҷикистон барои иҷро гаштани бандҳои созишномаи сулҳ мушкил эҷод мекунанд.

Натиҷаҳои сиёсатҳои пухта…

Созишномаи сулҳ бар асоси ҳамдигарбахшии ду ҷониб — ҳукумат ва оппозитсия ба имзо расид. Аммо баъд аз имзои созишнома ва гузаштан аз гуноҳи ҳамдигар дар намоишҳои телевизионӣ бештар нақши як ҷониб ва як нафарро инъикос мекунанд, ки ин амал дар баъзе ҳолат боиси норозигии ҷониби дигар гаштааст. Сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҳикматулло Сайфуллозода чунин назар дорад, ки ҳангоми истифодаи вожаи Ваҳдат камбудие дида мешавад, ки он дарк накардани асли ваҳдат аст. Камбудии дигар ба андешаи ӯ нафаҳмидани асли он талаботҳо ва бандҳои алоҳидаи созишномаи умумии сулҳ аст, ки метавонад ба ваҳдати миллӣ расонад ва он боз бармегардад ба ҳарфи ҳамдигарбахшиву гузаштан аз тамоми даъвоҳои солҳои хушунати 1992-97, ки пурра ба иҷро нарасидааст. Вай гуфт:

— Вақте телевизиони Тоҷикистон барномаи «Қавлу амал»-ро намоиш медиҳад ва ҳама чизро марбути як инсон медонад, пас маънои созиш, сулҳ, ваҳдат ва ҳамдигарбахшӣ аз байн меравад. Яъне як инсон гӯё ҳамаро ба ваҳдату ҳамдигарбахшӣ водор сохтааст. Пас маълум нест ҷараёне, ки буд, аслаш ваҳдати миллист ё ваҳдат дар атрофи андеша ва пайкори як нафар? Як нафар чӣ коре мекунад, гӯё мо ҳам пойбанди ҳамон андеша ва афкор бошем. Баҳс карданӣ нестам, ки сарвари давлат масъулияти бештар надорад. Албатта, ӯ аз ҳама масъулияти бештаре дорад, вале масоили баҳсие ҳастанд, ки намешавад онро дар паҳлӯи андешаи як нафар қарор дод ва танҳо ба ин тарз дунболагирӣ кард. Созишномаи сулҳро ду ҷониб имзо гузошта буданд ва ба касе, ки хиёнат мекунад ва мафҳумҳои номатлуберо дар қиболи якдигар истифода мекунад, лаънат фиристода буданд. Пас куҷо шуданд ин гуна лаънатфиристоданҳо, ки телевизиони мо наворҳо пахш мекунад ва як гуна дар ҳошия калимаҳоеро истифода мекунад, ки гӯё танҳо як ҷониб гунаҳгор буд ва то ба имрӯз ин гуноҳ дар сари ӯ дайн шудааст.

Аммо дар ҳамин ҳол Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти сатратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки ваҳдати миллии тоҷикон воқеист ва ҳеҷ ваҳдати дигаре зарурат надорад. Фақат масъала таҳкими ваҳдат ва нигоҳ доштани он дар сатҳи зарурӣ аст. Нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ масъалаи оддӣ нест, ин натиҷаи сиёсатҳои пухта, комил, дурбинона ва санҷидашуда мебошад.

Ваҳдат умумиятҳои ягонаи мардум аст

Иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки ваҳдат ба даст омадааст, аммо ба қадри он ҳоло бояд расид. Зеро дар моддаи 1-и Сарқонуни Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва иҷтимоӣ гуфта шудааст, аммо риояи он дар сатҳи зарурӣ қарор надорад. Дилбар Самадова, раиси Ҳизби сотсиал-демократ дар вилояти Суғд бар ин назар аст, ки ҳоло иҷтимоӣ будани давлат зери шубҳа қарор гирифтааст. Зеро таъмин нагаштани волоияти қонун, ғайридемократӣ гузаштани интихобот, пулакӣ шудани роҳ ва дар баъзе мавридҳо иҷборан фурӯхта шудани саҳмияҳои Роғун шароити зиндагии мардумро вазнинтар кардааст ва ин омилҳо боиси рахна задан ба ваҳдати мардум мегардад. ӯ мегӯяд, ки барои расидан ба ваҳдати миллӣ хеле муддати тӯлонӣ лозим шуд, лекин як омили кӯчак дар лаҳзае метавонад эҳтимолияти барҳам додани ваҳдатро ба вуҷуд орад.

Ин дар ҳолест, ки соҳибназарон ваҳдати миллиро дар сурате имконпазир меҳисобанд, ки қавмҳои дар дохили миллатбуда худро аз дигаре бартар эҳсос накунанд. Нурулло Исматов, як соҳибназари тоҷик гуфт, ки ман розиям як касро ба унвони шоҳ қабул кунам, вале дигарон бояд дар як мақому мартаба қарор дошта бошанд. Намояндаи як қавм аз намояндаи дигар қабила бартарӣ доштанашро эҳсос накунад ё ҳадди ақал он чӣ ки дар дилаш ҳаст, ошкор насозад.

Ба иддаои таҳлилгарон, муттаҳид гаштани мардум бар асоси умумиятҳои ягона, аз ҷумла фарҳанги умумӣ ва забон имконпазир аст. Ба ин хотир бояд талоши давлат дар ин самт ҷиддитар бошад.

Пойдории ваҳдат

Бештари коршиносон пойдории ваҳдатро дар умумияти байни қавмҳо ва шароити хуби зиндагии мардум медонанд. Сиёсатшинос, Рашид Ғанӣ Абдулло мегӯяд:

— Вақте сухан дар бораи ваҳдати воқеӣ меравад, бояд ба он таъкид дошта бошем, ки ҳуввияти мардуми тоҷик бояд миллӣ бошад. Агар ҳуввияти мардуми мо, давлату давлатдории мо ба таври комил миллӣ набошад, он гоҳ хатар ба амнияти миллати мо ҳамчун тоҷик падидор мегардад. Дар ин дунё танҳо он қавм, он мардум ва он миллат боқӣ мемонад, ки аз ҳуввияти қавии худ бархӯрдор бошад ва ин ҳуввиятро ҳамагон, ҳам онҳое, ки дар сари султа қарор доранд, ҳам онҳое, ки худро мухолиф меҳисобанд ва ҳам онҳое, ки худро аз сиёсат дур медонанд, бояд муттаҳидона ҳифз кунанд.

Ба андешаи профессор Иброҳим Усмонов, ваҳдати воқеӣ ҳамон вақт ҳосил мешавад, ки ҳам ҷониби ҳукумат ва ҳам ҷониби мухолифе, ки содиқ буд, бояд ҳар он чизе, ки аз дасташон бармеояд, барои расидан ба мақсад сафарбар кунанд. Агар касе дар ҷараёни ҳозираи ваҳдат як халале эҳсос мекунад, бояд савол диҳад, ки ин аз кадом ҷониб ба вуҷуд омада истодааст? Ҳар гоҳ ба ин савол ҷавоб ёфт, баъд ба шакли қатъӣ дар мавриди ҳақиқати он коре карданаш мумкин аст. Вай мегӯяд, ин раванд дар шароити ҳозираи Тоҷикистон имконияташ бад нест. Ваҳдати комил ҳамон вақт имконпазир мегардад, ки ҳама ба якдигар боварии комил дошта бошанд.

— Як бор матбуоти мустақилро варақ занед, ки ба ҳамин суол ҷавоби мусбат ҳаст ё не? Чунки ин ҳам як ҷузъи ҷомеа, ин ҳам ифодакунандаи фикри як гурӯҳи одамон аст. Агар ҳам дар матбуоти расмӣ ва ҳам дар матбуоти мустақил ҳама ба ҳамин фикр бошанд, ки ваҳдат ҳосил шуд, пас ваҳдат ҳаст. Чаро набошад?,- мегӯяд профессор Усмонов.

Дар ҳамин ҳол нависандаи тоҷик Мираҳмади Амиршоҳ чунин ақида дорад, ки ягона муваффақияти тоҷик ин буд, ки ваҳдат карда тавонист.

— Агар заррае муваффақияте, ки замони истиқлол дошта бошем, аз ваҳдат ба даст омадааст. Пуштибон ва таҳкимбахши ваҳдати мо маҳз «Роғун» ва даст доштан ба истиқлолияти энергетикӣ буда метавонад,- изҳор кардӯ.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ваҳдати миллие, ки ба даст омадааст, онро гуфтан лозим аст, зеро ки ҷавобгӯи ҳамин вақту соат аст. Пас мегӯем:

Рӯзи Ваҳдат муборак бошад!

Вале бо ҳамин қаноатманд шуда нишастан ба манфиати кор нест. Чун дақиқан маълум нест, ки ин ваҳдат ҷавобгӯи фардову пасфардо шуда метавонад ё не.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: