Главная > Uncategorized > Ба Худо, аз Худо дилам мондаст…

Ба Худо, аз Худо дилам мондаст…

Давомаш. Аввлаш дар шумораи гузашта

Дигар, қисмати басо ангуштшумор, ки маҳорати касбиашон кифоят аст. Ҷанги Раҳмонов бо гурӯҳи аввал буд. Он тоифа, ки худ бар заъфи худ иқроранд, «диктантнависӣ»-ро бо усули таҷрибаи андӯхтаи таҳсили дарёфти мадорики (диплом) касбӣ ёфтанд ва хомӯш буданд. Онҳо, ки мадракро бо заҳмати таҳсил ба даст оварда буданд, ба беиззатӣ ризо нашуданд ва диктант нанавиштаву ба «ҳимояи шараф» гузаштанд. Агар Раҳмонов қасди худро бо роҳи «аттестатсия» амалӣ мекард, ҳам эҳтиромаш меафзуду ҳам агар мехост, аз мадракдорони бемағзак холис мешуд.

Дар муноқишаи ДТИКТ ва вазорат дар ҳузури Р. Қурбонова-муовини раиси Ҳукумати кишвар бо ширкати вазир Раҳмонов ва чанд масъули дигар сари қазоват нишастем. Вазир барои аз тариқи созиш аз байн бурдани моҷаро хоҳиши моро пазируфт. Эҳтиромам ба Раҳмонов афзуд, ӯро оқил номидам. Зеро мегӯянд, ҳаким хато накунад, оқил иштибоҳи худро иқрор шавад ва онро ислоҳ кунад, ҷоҳил хатои худро дарнаёбад ва ботили худро ҳақ донад. Аммо баъд аз ду рӯз муовини аввали вазир Раҳимов Ф. Қ. аз тариқи сӯҳбати телефонӣ аз номи вазир гуфт, ки: «Кори оштӣ дер шуд. Роҳи ягонаи нуктагузории баҳс додгоҳ аст». Он рӯз сахт дар андеша шудам. Асрор ҷустам. Ва чанд рӯз пеш аз тариқи расонаҳои «Озодӣ» як мусоҳибаи Раҳимов — аввалмуовини вазирро хондам. Дар он омада:

«Фарҳод Раҳимов, муовини вазири маорифи Тоҷикистон дар посух ба ин изҳорот гуфт, ки вазорат аз мавқеи худ аҷиб нахоҳад нишаст ва қазияро то ба охир хоҳад бурд: «Мо танҳо як чизро мехоҳем, ки иҷозатномае ки Вазорати маориф барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дода буд, боз хонда шавад. Ин талаби моро додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе пурра қабул кард. Марҳалаи кассатсионии ин додгоҳ низ аз мо пуштибонӣ кард. Ва ду рӯз пеш марҳалаи кассатсионӣ дар Додгоҳи олии иқтисодӣ баргузор шуд. Вале азбаски ҷониби даъвогар баъзе ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод карда буд, масъала бидуни баррасӣ монд». (Маълумоти пурра дар ин суроға: http://www.ozodi.org/content/article/2049254.html).

Акнун хулосаи қотеъам ин шуд, ки Раҳмонов дар «дом» аст. Дар «дом»-и ғаш. Агар ин нест, дар кадом асос Раҳимов «ҳукм» дорад, ки: «Марҳалаи кассатсионии ин додгоҳ низ аз мо пуштибонӣ кард». Оре. Донишкада инро медонад, ки Суди иқтисодӣ озод нест. Ин ҳам яке аз бадбахтиҳои ҷомеавист. Ва ин ҳам ҳамон хулқи бади дунёву охиратӣ. Дунёӣ барои беқадр кардани қонунҳои давлату охиратӣ барои пушти по задани ҳукми Аллоҳ. Аммо ин чи «дуздии рӯзи сафед»? Ҳадди ақал ин амали носолеҳро ошкор нагӯянд, буд. Зеро фардо қонуншиканиву аз он ошкор ифтихор кардан ба ҳукми анъана медарояд. Ин бошад ба пояи давлат теша задан аст. Аввалмуовин гуфта, ки: «азбаски ҷониби даъвогар баъзе ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод карда буд». «Ҳуҷҷати қалбакӣ» сохтан амали ҷиноятӣ (м. 323-и КҶҶТ) асту тӯҳмат задан (моддаи 135-и КҶҶТ) ҷиноят. Иллати бе баррасӣ мондани шикоят на қалбакӣ будани он, балки омилҳои техникӣ буд. Донишкада дар мавриди ин маҷлиси кӯтоҳи судӣ чанд эроди худро ба Суди олии иқтисодӣ расман фиристод. Дар ин асос, аз вазир то кулли хонандаро аз ҷониби аввалмуовин ба хато бурдан, набояд хулқи муаллим, тарбиятгари ҷомеа ва «дуввумин раҳбари муаллимон» бошад.

Ва ҳаводиси қирғизу

садои Алмазбек

Дар авохир даст ба инқилоб задани мардум дар кишварҳои мухталиф аломати чист? Чӣ асрор буд, ки қирғизҳо дар зарфи 5 сол ду навбат даст ба инқилоби хунин заданд? Ҷавоби ин суолро аввалмуовини раиси ҳукумати муаваққатии Қирғизистон Алмазбек Отамбоев басо мантиқӣ ва мушаххас аз тариқи симои «К+» дод. Ин изҳороти Алмазбек ба он вобаста буд, ки ду нафар аз аъзои ҳукумати муваққатӣ аз тариқи телефон барои аз худ кардани як млн. доллар маслиҳат карданд ва ин сӯҳбат аз тариқи васоити техникии «гӯш шудан» ошкор шуд. Ва дар робита ба ин амал Алмазбек изҳор кард (мазмунан):

Қазияи ин ду узви Ҳукумати муваққатӣ (Темур Сариев — вазири молия ва Азимбек Бекназаров — роҳбари мақомоти қудратӣ) тавассути дастгоҳҳои бехатарӣ ва тафтишотии кишвар ҷиддан мавриди таҳқиқ қарор хоҳад гирифт. Мо дар ивази хуни зиёда аз 95 ҳамватан решаи беадлӣ кандем. Барои он ки як даста дуздонро ронда, дастаи дигари дуздон сари кор оем? Агар ҳукумати нав ҳам ба ғорати амволи давлат, ки мутааллиқ ба халқ аст, машғул шавад, пас тақдири фардои кишвар ва халқ чӣ хоҳад шуд? Адолат ин танҳо аз сари минбар сухани зебо гуфтан нест. Боқиев аз мо дида дар боби муқаддасоти Конститутсия, волоияти қонун, эътироф ва ҳурмати халқ, вазъи иҷтимои ҷомеа зебосуханӣ дошт. Аммо ӯ ба дунболи аз сари минбари сухан поён шудан пайи тасхиру забту дуздӣ буд. Ман ҳам метавонистам бо ин ду нафар дар тақсими як млн. доллар ҳиссае соҳиб шаваму хомӯш монам. Аммо хиёнат ба ваъдаи пеши мардум суратгирифта бадтарин рӯсиёҳист. Ман бо чунин ашхос ҳамсангар нахоҳам буд. Ҳадиси паёмбари Худоро ба ёд бояд овард, ки: Шаб хоб рафта, оё медонӣ, ки саҳар аз хоб хоҳӣ хест ё на? Ман барои аз вазифа рондани ин ду шахс масъала нагузоштаам, аммо қазияи маъмурӣ ва ҷиноӣ хоҳад сурат гирифт ва суд бояд ба масъала ҷавоби сазовор диҳад.

Худо умри ин марди роҳи адлро дароз ва бобаракат кунад. Гумон дорам агар дар шафати Роза Утунбоева ҳамин гуна ҳамсангарҳо ба қадри кифоят бошад, агар Роза маҳз ба Алмазбекҳо такя кунад, умед ҳаст, ки мардуми қирғиз як ватани ободу мардумӣ хоҳанд сохт ва исми ин роҳбарон бидуни «декрет»-и қазоқӣ онҳоро дар таърихномаи қирғизҳо ҳамчун фарзандони фарзона сабт хоҳад кард. Аммо умри «декрет»-и қазоқӣ дар хусуси «лидер»-ии Назарбоев басо кӯтоҳ аст. Депутатҳои қазоқ барои Назарбоев «хидмати хирсона» карданд ва ба сари хидматҳои воқеӣ ва ҳақиқии Назарбоев «оби хунук» рехтанд. Вақт собит хоҳад кард… Аз Назарбоев «дил хунук» кардани иддаи ҷомеаи қазоқ аллакай аз ҳастии худ ошкор дарак дода истодааст. Дар як соли 2009 дар Қазоқистон зиёда аз 358 митинги қайдногирифта доир шуд. Ва ин ҳам «хидмат»-и ҳамон хушомадгӯёни қонуншикан, ки барои ҳар кадом ҷомеа хатарноктарин касанд. Тавассути режим дар сари қудрат будан самари ниҳоии хуб надорад. Ҳар кадом ҳукумат бояд рӯ ба мардум дошта бошаду адолати иҷтимоиро риоя кунад, қонунҳои давлатро муқаддас донаду риояи онро барои «аз хурд то калон» яксон таъмин кунад.

Муҳаммадалии НУРАЛӣ
(давом дорад)

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: