Главная > Uncategorized > Вохӯрӣ бо Штирлис

Вохӯрӣ бо Штирлис

Як ақлак чанд рӯз пеш дар шоҳидии боз чанд каси дигар мега, ки акаи Ҷалил, шунавидем дар ҷанг Штирлис қатӣ вар хӯрда будӣ, лекин дар кинои «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор » тура надидем. Ман исту бист накарда гуфтам, ки ту, хилмак, патҳои бинит гули лола ворӣ шукуфтагӣ, ҳар шабу рӯз дар дари хонаи маниву боз мара дар ким — кадом кино дидан мехоҳӣ?!

Додарҳои ҷону ҷигар, баъзе бахилаш ба нолаи даҳанат кор дорад, агар дар пешаш ба кӯдаки худат ягон чиз диҳӣ, ҷонаш мебарояд, бо ҷӯраи худат сахттар салом бикуниву бубинад, дунё дар назараш торик мешавад. О, кори ту чӣ ба ману Штирлис. Хайр, як вақт вар хӯрда будем, давраи ҷанг буд, гузашт рафт. О, акатона ҷаҳон мешинохт. Дар раҳматии Сесесер мара намедонистагӣ одам набуд, лекин хап карда гаштам-ку! Хайр, бало ба паси ин бахилҳо. Гап ки баромад, маҷбурам як ҳодисаи вар хӯрданма бо Штирлис барои шумо нақл бикунам.

Гуфта будам-ку, як вақт дар фронтаму фашиста гузаштан намондем. Лекин фашистҳо аз ду тараф пеш рафтанду мора дар ҳалқа гирифтанд. Дар хотиртон бошад, нақл карда будам, ки чӣ хел поездҳои фашистира бо хӯрокаву пӯшокаву арақу яроқ нӯхта карда, то пеши акопи худам оварда будам.

Ана ҳамон вақт акаи Сталин фармон медиҳад, ки Штирлис бояд рафта, аз ҳоли Джалилҷани акатон хабар гирад. Штирлис дар гирди дегу косаи Гитлер буд-ку! ӯ хеста меояд ба бӯйи хабаргирии фронт барои кофтани акаи Ҷалилтон. Дар Германия, ки ҳар калу кӯру мурдаи гӯр акатона медонист, Штирлис ҳам хеста, рост наздики ҳамон ҷойи мо омад. Лекин гап дар ин ки, ӯ чӣ хел бо ман вар мехӯрад?

Як бегоҳӣ қатии камандир дар ҷангали наздики фашистҳо разведка рафтем, ки бинем, як хирс тарафи мо меояд. Камандир даррав таппончаша бароварданӣ буд, ки ман намондам. Хирс ҳамватани худмон, як тори мӯйи ӯ аз сад фашист беҳтар аст, тира ба хирс не, ба фашист задан даркор,- гуфтам ба ӯ. Камандир изо кашида, таппончаша дар ҷош монд. Лекин хирс рост тарафи мо меомад. Ба ӯ гуфтам, ки ба дарахт баро. Дар як миҷазанӣ камандир дар тори дарахт буд. Ман дар замин парӯ ғалтидаму дароз кашидам. Хирс наздик шуд замина бӯ кашида. Баъд омад пеши гӯши ману оҳиста гуфт:

— Джалилҷан, как дела?

Ток задагӣ ворӣ даррав фаҳмидам, ки ӯ Штирлис аст, аз овозаш шинохтамаш. Вақте пеши Гитлер будам, як кас рӯш ширинӣ мекарду ҳиҷ дилёв намешуд, ки бо ман гап занад. Лекин аз ҳамон чашму қошу лабу лаҳҷаш фаҳмидам, ки аз худмон аст. Дар пеши Гитлер «Хайл Гитлер», «Хайл Гитлер» мегуфту мерафт кори худша карда.

— А бача, Штирлис, ин худатӣ? Муборак шавад ба ин гузарҳои мо.

— Раҳмат Джалилҷан, акаи Сталин гуфтагӣ будаст, хабар доданд, омадам, ки бинам чӣ ҳол дорӣ.

— Худора шукр, ҳамаш соз аст ҷӯра, парво накун, ду-се рӯз пас як бало мекунем.

— Джалилҷан, як чиза пурсам. Меган акаи Сталин фақат аз носи ту мекашад. Ягон кашиданӣ дорӣ?

Аз ҷебак ҷӯраи давраи сағерагира бароварда, дар вехи гӯшам як ликондаму баъд як кашиданӣ аз ҳамон неъмати ҷонбахш ба кафи дасти хирс рехтам. Хирс бо кайфияти том носа таги забон партофту баъд хайрухуш кард.

— Ин омадагит тан не, боз биё,- гуфтаму хирс чак дода рафт.

Нигоҳ кардам, ки камандир дар нӯги дарахт сахт часпидагӣ, аз тарс дарақ-дарақ чунон меларзид, ки дарахт меҷунбид. Имо кардам, ки фурояд. Як бало карда хамбид. Мепурсад, ки хирс чӣ кор кард, ту ӯро чӣ додӣ? Ман гуфтам, ки носи акаи Ҷалила одаму ҳайвон он сӯ истад, наҳангҳои таги об ҳам медонанд. Худат носкашии хирса дидиву боз бовар намекунӣ. Камандир гуфт, ки носкашии хирса-ку дидам, лекин ҳиҷ ақлам намегирад, ки ин ҳайвон нос бикашад. Ман гуфтам, ки ин хирс аз баақлҳош буд.

Баъди ин ҳодиса чунон овозаву дарвозае шуд, ки ҳиҷ аввалу охир надошт. То ҷое, ки гӯё тамоми хирсу хуки ҳамон ҷангал барои носи акаи Ҷалила кашидан навбат меистодаанд.

Дар ҳамон ҷангал пас аз чанд вақт як ҳодисаи дигар шуда буд. Фашист бо тамоми қувваи доштагиш ҳуҷум кард тарафи мо. Мо ҳам қир кардан гирифтем пеш омадагиша. Ҷанг дуру дароз давом кард. Як замон буд, ки тирҳора тамом кардем, дигар аскарҳо ёрои сар ҳуч кардан надоранд. Дидам ки намешавад, ба аскарҳо фармидам, ки ман душмана мегурезонаму шумо як бало карда, тир ёбед. Баъд ҳамон пӯстинма пӯшидаму давидам тарафи ҷангал. Давидаму фашисти бисёр аз дунболам. Оқибат омадам миёни ҷангал. Дидам ки мара қавса мекунанд, мепечонанд атрофма. Дар ҳамон наздикӣ як дарахти аз ҳама баланда пешакӣ дид кардагӣ будам. Давидаму часпидам ба ҳамон дарахт. Баромадам то ҷое ки дар поин фашистҳо мисли зоғча метофтанд. Боз баромадам то нӯги дарахт. Афтаматакии бисёр аз поин тир медохту тирҳо то наздикии ман омада, боз қафо мегаштанд. Хулоса, чанд соат акатона тиршапӣ карданд. Баъд диданд, ки муродшон ҳосил намешавад, табари бисёра оварданду буридани дарахта сар карданд. Дарахт ҳам дарахт буд-да. Миёни беваи Сангимо пешаш ҳич чӣ. Даҳ-понздаҳ бузбула дар гирдаш дастибадаст мекард, мумкин дастҳошон намерасид. Лекин ба ин нигоҳ накарда кора сахт гирифтанд. Оқибат қарибиҳои шом дарахт чапа шуд. Омади кора бинед, ки дарахт ҳамон тарафе ҷарағид, ки аскарҳои мо истода буданд. Омада дар байншон задам. Фашист давида омад аз пуштам ҳашшасткарда. Лекин чӣ меген, аскарҳои мо аллакай тир ёфта, афтаматҳои гапгира ба кор дароварданд. Дигар мебинӣ фашиста, ки дуқадаву сеқада шуда, ғалтидан дораду ғалтидан.

Ана ҳамин хел, додарҳои ҷон, гапи рости акатон барои бисёр душману бадбинаш дурӯғ метобад. Лекин қаҳрамониҳои акатона ҳиҷ кас инкор кардан наметонад, ранги он ки ҳоли ҳозир ҳамин ҷо шиштагиему чойи кабуда фурт кашида, чақ-чақ дорем.

Дорои ДИЛОВАР

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Дустдори озодагон
    Июнь 27, 2010 в 6:26 дп

    Рост меги акаи Чалилчан… Камтар аз кахрамонихои чанги шахрванди накл мекарди бо бехтар мебуд.Чи??? Чанги дохили кахрамон надора???

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: