Главная > Uncategorized > Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Аввалаш

Биёриҳо мусолиҳа мекарданд, ки раванд чи мешаваду нараванд чи гап мешуда бошад? Шояд ин кризиси лаънатӣ ба охир мерасаду ҳама хуб мешавад!? Вале беқурбшавии пули русӣ акси ҳолро нишон медод. Се моҳ пеш ба хонаравӣ Азиз агар як доллари амрикоиро ба 23 сӯми русӣ мехарид, ҳозир бошад, ин як доллари сабил қариб ба 33 — 35 сӯм расида буд. Бисёриҳо бо ҳар роҳе, ки набошад, бо ҳар азоб роҳкиро пайдо карда, бо дасти холӣ ба ватан бармегаштанд. Бисёриҳо аз Маскав ба дигар шаҳру вилоятҳои Русия ба ҷустуҷӯйи кор мерафтанд. Қисме ба Петербург низ. Ногуфта намонад, ки дар аёми кризис рафтору кирдори милисаҳои Маскав шадидтар шуда буд. Онҳо тез — тез бозорро тафтиш намуда, бисёриҳоро мебурданд, азоб медоданд, ҷарима гирифта, сонӣ сар медоданд. Бепулҳоро «депорт» мекарданд.

Азиз чанд бор аз ҳамқишлоқиёнаш дар мулки ғарибӣ дар бораи суперстадиони дар Санкт-Петербург сохташуда шунида буд. Овозаҳо хеле зиёд буданд. Инак, боз дар «Шанхай» баъди хӯроки шомгоҳон гап дар бораи Питер ва варзишгоҳи азими он рафт. Убайдулло, яке аз ҳамдеҳагони Азиз (ногуфта намонад, дар ин утоқи тахтаю фанерини чиркин ҳама ҳамдеҳагони Азиз буданд) телефони мобилияшро аз киса бароварда, ба холабачааш, ки дар ин варзишгоҳ кор мекардааст, занг зад. Дар натиҷаи сӯҳбат бо холабачаи Убайдулло дар ҳақиқат маълум шуд, ки дар он ҷо коргар бисёр лозим будааст. Инчунин, онҳо бо бригадири Азимино — Ҳотам сӯҳбат карданд. Аз афташ Ҳотам корчаллони гузаро буд. Бисёр таклиф мекард. «Кӯҳҳои тиллоӣ» ҳам набошад, аз 20 то 30 ҳазор пули русӣ дар як моҳ ва аз он ҳам зиёд ваъда мекард.

Моҳи май моҳи сеюми аз ватан омадани Азиз буд, аммо кор намеёфт. Се моҳ боз дар Маскаву гирду атрофи он гаштан дар суроғи кор ба ҷонаш зада буд. Ин буд ки Азиз бо ду нафари дигар роҳи Санкт-Петербургро пеш гирифтанд. Бо як ҳазорсӯмаи русӣ, ки як моҳ пеш дар вақти дар Подолск чуқурӣ кандан ба даст оварда буд, ба қатораи Невский Экспресс чипта гирифтанд. Қатора зеби таъриф ҳам буд. Сақфу фарши ин қатора зебо, деворҳо, курсиҳо, чодару пардаҳо, дару тирезаҳо ба дараҷаи аъло буданд. Хизматрасонии таҷҳизоти утоқҳо аз он беҳтар. Азиз аз дил гузаронд, ки «ана, барои чи ду бор душманон ин қатораро метарконанд». Хулоса, шарту шароити қатора ба беҳтарин қоидаву меъёрҳои байналхалқӣ ва умуман ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буд. Инро бадхоҳон чашми дидан надоштанд.

«Невский Экспресс» бодвор ба пеш медавид. Ба сӯйи шимол, ба қавле ба сӯйи пойтахти шимолии русҳо — Питер наздик меомад. Азиз чашмаш ба берун, хаёлаш ба хона, ба фарзандонаш, ба модари пири дардмандаш банд буд. ӯ акнун каму беш ҳис мекард ки одам бо ҳама қудратмандӣ дар пеши тақдир ҳеҷ аст. Тақдир инсонро ба домҳо афтониданаш мумкин. Ин дом ба дарёи пурталотуми кӯҳӣ монанд аст. Ин дарё мавҷҳои шӯрангез, гирдобҳо ва дигар хатарҳои марговар дорад. Ҳамаи он дар сари роҳи инсонанд. Мебояд ки онҳоро паси сар кунем. Ба афсонаи пурмоҷаро шабоҳат дорад он. Дар ҳақиқат зиндагӣ афсона, афсона зиндагист.

Нормуҳаммади БЕКЗОДА, Санкт — Петербург

(Даво дорад)

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: