Главная > Uncategorized > «Инострансҳо»-ро ба кор намегирем

«Инострансҳо»-ро ба кор намегирем

Эълонҳои зиёде барои ҷойи кор ба чашм мерасад. Хурсандона рақамҳои зиёди телефонҳоро барои худ қайд мекунаму бо навбат занг мезанам. Аз он тараф баъди салому алейки нарм мепурсанд:

— Откуда?

— Таджикистан.

— Мы не берем иностранцев.

Худоё, чи дилсардиву бегонагӣ дар шаҳри мардум!? Боз занг мезанам ба дигар рақам. Рӯзи дигараш ба ҳамон нишонӣ, метрои Лиговский, мағозаи «Стрела», ошёнаи сеюм мебароям. Маро духтараки рус бо ширинзабонӣ қабул мекунад. Дар кадом нашриёте кори сердаромади шабона барои занҳо будааст. Ду рӯз кор, ду рӯз истироҳат. Ҳар рӯз 1000-рублӣ. Андеша кардам, ки агар рӯзона ба кори рӯзноманигориям машғул шавам, пас, метавонам иловагӣ меҳнат карда, пул ёбам.

— Вы сначала платите нам по 2500 за страховку вашего здоровья.

— Что?

Ман гуфтам, ки кори бенайранг ҳеҷ гоҳ пули пешпардохт надорад. Виктория (ӯ худро бо ҳамин ном муаррифӣ намуд) бо ҳамон табассуми малеҳ гуфт:

— Мо аз рӯйи қонунгузории ФР амал карда истодаем. Дилатонро пур гиред. Ана, телефони ман. Ман ҳам нармона бо ӯ хайрухуш карда, баромадам.

Хулосаи ман чунин буд:

1. Ширкатҳои мобилӣ пул кор мекунанд.

2. Пули бедарду миён аз ҳисоби страховкаҳо.

3. Нишонияшонро зуд — зуд дигар мекунанд.

4. Телефони додагияшонро тамоман намебардоранд.

Сагҳои Питер аккос намезананд

Як нафар дӯсти молдовиям рӯзе гуфт: «Ту дар Питер сагҳоеро дидаӣ, ки аккос зананд?». Ман ҳам хуб мушоҳидаҳоямро пеши назар овардаму гуфтам, ки нашунидаам. Дар ҳақиқат дар шаҳри Питер сари ҳар қадам сагҳои зебои либоси чашмхиракунанда пӯшидаро дидан мумкин аст. Ҳарчанд дар чашм баъзе сагҳо бадвоҳима тобанд ҳам, заррае аккос намезананд. Ҳатто шабҳо ҳам садои сагҳоро шунидан амри маҳол аст.

Моҷарои тоҷику ӯзбек

Амакписарҳо Сайраму Миралӣ аз кори сангини бемаош ба хобгоҳ бармегаштанд. Хеле хаставу гушна буданд. Ҳанӯз ба ҳуҷраи хобашон надаромада, садои баланди дағалонаи муҳоҷирони ӯзбек баланд шуд. Онҳо бо овози баланд муҳоҷирони тоҷикро дашном медиҳанд. Сайдалиро косаи сабраш лабрез шуду давид ба сӯйи онҳо. Гуфт, ки ҳамаи мо муҳоҷирем ва мақсад якест; кор карда, ризқу рӯзӣ ёфтан. Даматонро гиреду ба хона дароед, таъби дигаронро хира насозед. Ба дигар муҳоҷирон халал расонида истодаед.

Аммо бародарон Бозоровҳо ба ин ҷавонписар дарафтода, ӯро зери шаттаву мушт гирифтанд. Ба ёрияш писари амакаш давида омад. Онҳо бародарони сархуш аз шаробро зада — зада ба ҷойи хобашон бурданӣ шуданд. Аммо якеи онҳо аз ҷайбаш корди калонеро бароварду мисли ақлгумкардаҳо ба сару синаи амакбачаҳо задан гирифт. Теғи корд аҷалрас баромад. То омадани мошини ёрии таъҷилӣ ҳарду амакбача ба ҳалокат расиданд.

Бародарони авбошу бадмаст Бозоровҳо алъон дар маҳбас бо пушаймонӣ ҳукми судро интизорӣ мекашанд. Аммо умри ҷавони ду ҷавонмарди ҳанӯз аз зиндагӣ чизе надида бармаҳал хазон гардид.

«Утринг, циганка, утринг!»

Дар тамоми дунё кормандони милисаро муҳоҷирони аз дигар давлатҳо омада «саг» гӯён ном мебаранд. Соли гузашта бо қарори губернатори шаҳри Санкт-Петербург 50 фоизи кормандони низомиро ихтисор карда буданд. Аз мушоҳидаҳои шахсии хеш ба хулосае омадам, ки сабаби аз ҷониби кормандони милиса таҳқир шудани муҳоҷирон надонистани забони русӣ ва бехабарӣ аз ҳуқуқҳои худу қонунгузориҳои ФР мебошад. Соҳиби хонаи иҷораи маро рӯзе аз кӯча дастгир карда, ба шӯъбаи милисаи ноҳияи Фрунзеи шаҳри Питер мебаранд. ӯ ки ниму нимкора забони русиро медонист, даруни мошини милиса аз ҷайбаш 500 рубли русӣ бароварда, ба милиса дароз мекунад. Милиса бо қираи чашм як ӯро мепесонаду мегӯяд: «Циганочка, уже поздно, надо было ранше давать деньги!». Гулнисо пулро гашта ба сумкачааш мемонаду хандида мегуяд:

— Ну, тогда катайса делаю!

Вақте онҳоро ба ҳуҷраи милиса оварданд, Гулнисо байни дигар муҳоҷирони дастгиршуда ягона ҷинси латиф буд. ӯ якбора дод зад:

— Берите деньги, я беременна!

Аммо милиса ки мунтазири пули калонтар буд, қошу қавоқ гиронда, ба ӯ нигарист:

— Сиди тихо, циганка, утринг…

Аҷибаш ин аст, ки милисаҳои питерӣ забони ӯзбекиро нимкора медонанд ва ҳатто муҳоҷирони тоҷики дастгиршударо «нума, чума» гӯён, масхара мекунанд.

Гулнисо дар як ҳуҷраи панҷарадор миёни 7 нафар муҳоҷири тоҷику ӯзбек менишаст. Аз бӯйи арақи бадану гармии ин ҷо нафас кашидан ғайриимкон буд. Гулнисо дод зад:

— Я жещина, отпустите меня, здесь сильно пахнеть!

Яке аз милисаҳо ба дигарӣ нигоҳ карду гуфт:

— Давай отпустим циганку…

— Бери 500, это тоже на сегодня хлеб.

Гулнисо 500 рублро доду ҳақораткунон баромада рафт.

Шаҳлои НАҶМИДДИН,

Санкт — Петербург

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: