Главная > Uncategorized > Кирмҳои сурхаку зардак дар қубурҳои оби Файзобод

Кирмҳои сурхаку зардак дар қубурҳои оби Файзобод

Имрӯз мардумро бемориҳои баландшавии фишори хун, зардпарвин, домана, бемории об, саратон, бемориҳои пайдоиши санги талхадону ҷигар, бемории қанд ба ташвиш овардааст. Чаро дар даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ин бемориҳо кам буду имрӯз афзоиш дорад?

Ёд дорам, солҳои 60-уми қарни бист буд. Он солҳо ба ҳайси мухбири суратгири нашрияи «Коммуна», ҳоло «Шаҳриёр»-и шаҳри «Ваҳдат» ифои вазифа мекардам. Боре котиби масъул, ҳоло муҳаррири «Шаҳриёр» супориш дод, ки ба комбинати ордбарории шаҳр рафта, пешқадамони истеҳсолотро наворбардорӣ кунам. Он рӯз аз хотирам ҳеҷ гоҳ намеравад. Рӯзи ба он ҷо рафтанам даҳҳо мошини боркаш дар навбат меистод.

Ҳар кадом ронанда кӯшиши зиёд ба харҷ медод, ки ҳарчи зудтар бор гираду ба самти вилояти Бадахшон ба роҳ барояд.

Ҳамин ки вориди комбинати орд шудам, садҳо нафар пешқадамони истеҳсолот машғули кор буданд. Дар назди онҳо ду нафар хилъати сафед ба бар рост истода, рафти ордистеҳсолкуниро назорат мекарданд. Он солҳо комбинати орди шаҳри Орҷиникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) дар се баст кор карда, орди навъҳои якум, дуюм ва сеюм истеҳсол мекард. Духтурон орди истеҳсолкардаро аз ташхиси лабораторӣ гузаронида, пас иҷозати ба фурӯш баровардан медоданд. Агар сифати орд паст мебуд, аз фурӯш боз медоштанд. Бояд зикр намуд, ки он солҳо аз болои маводи ғизоӣ назорати доимӣ бурда мешуд, то боиси сар задани бемориҳои сирояткунанда нагардад. Он солҳо ҳамаи дӯконҳои гӯшт, самбӯсаю пирожкӣ, мағозаҳои хӯрокворӣ зери назорати духтурону танобкашон қарор дошт. Он солҳо дар шафати рости идораи нашрияи «Коммуна» чойхона ва дӯкони самбӯсаю манту ҷойгир буд. Боре дӯкондор ба ҷойи гӯшт ба самбӯса пиёзу сабзӣ меандозад. Рӯзи дигар дар рӯзномаи «Коммуна» ва маҷаллаи «Хорпуштак» маводҳо бо номи «Самбӯса ё пиёзбӯса» болои чоп омад. Пас аз чопи маводҳо дӯкондорро ҷазо дода, дӯконашро бастанд.

Имрӯз дар кишварамон теъдоди мағозаҳои шахсӣ, дӯконҳои сабзавот, самбӯсаю мантуфурӯшӣ ба маротиб меафзояд. Дар маркази ноҳияи Файзобод дӯконҳои сабзавот, пирожкӣ, манту ва самбӯсафурӯшӣ амал мекунанд, ки бештар аз рӯйи мақоли «пиёзбӯса» амал кардаю ба ҷойи гӯшт пиёз ва картошка андохта, бо нархи гарон ба мизоҷон пешкаш мекунанд. Маҳсулоти тайёркардаи онҳоро духтурони санитарӣ -эпидемологӣ назорат намекунанд. Самбӯсаю пирожкиҳое, ки дар дӯконҳои онҳо тайёр карда мешавад, сифаташ паст буда, ба талабот мувофиқ нест. То солҳои пешин майдони ҷойгиршавии терминали мусофиркашии ноҳия васеъ буда, нақлиёти мусофирбар дар он ҷо дар хатсайри Файзобод-Ваҳдат, Файзобод-Роғун, Файзобод-Мискинобод омада ҷой мегирифт. Имрӯз пулдорону каллаҷунбонҳои курсинишин ба воситаи тағобозӣ ошхонаю мағозаҳои шахсӣ бунёдкарда, майдони ҷойгиршавии воситаҳои нақлиётро танг кардаанд. Имрӯз воситаҳои нақлиёт аз набудани ҷой берун аз майдони ҷойгиршавӣ, дар роҳи нақлиёти назди бозор омада қарор мегиранд, ки дар натиҷа ифлосиҳои зиёдеро ба миён меоранд. Бар замми ин, соҳибони ошхонаю мағозаҳо, дӯконҳои самбӯсаю пирожкипазӣ ахлотпораҳояшонро дар гирду атрофи бозор мепартоянд, ки дар натиҷа бозор ба пашшабозор табдил ёфта, сабаби пайдоиши бемориҳои сирояткунанда мегардад.

Мӯйсафедони умрдида мегӯянд: «Чаро деҳқон, омӯзгор, зиёӣ ошхонаю мағоза, дӯконҳои бо карру фар бунёд карда наметавонанду каллаҷунбонҳои курсинишин, мақомоти қудратӣ, масъулин биноҳои боҳашаммат, қасру кӯшкҳо, мошинҳои рангобаранги хориҷиро соҳибанд?». Агар аз гуфтаҳои мӯйсафедон хулоса барорем, дар терминали мусофирбари ноҳияи Файзобод бунёд кардани ошхона, мағозаи дуқабата, ҷойи саққобозӣ аз кадом ҳисоб аст?

Дар даврони Шӯравӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар майдони терминалҳои мусофирбар бунёди ошхонаҳои дакаданг ва мағозаҳоро иҷозат намедоданд, ки вазъи муҳити зистро халалдор месозанд. Имрӯз чӣ? Дар куҷое ки рост ояд, масъулини ноҳия барои онҳо замин ҷудо мекунанд. Масъулин андеша намекунанд, ки дар ҷойҳои серодаму майдони терминал барпо кардани мағозаю ошхона ба мақсад мувофиқ нест? Чаро онҳо дидаю дониста ба қонуншиканӣ роҳ дода, ба нафарони дилхоҳашон замин ҷудо мекунанд? Аз ин бармеояд, ки дар таги коса нимкосае ниҳон аст.

Дар тӯли 19 соли истиқлолияти кишвар навгониҳои зиёде ба амал омад, ки ин хел навгониҳоро дар солҳои пеш ба амал наомадаанд. Вале набояд некиҳою дастовардҳои Иттиҳоди Шӯравӣ — дӯстии миллату халқиятҳоро фаромӯш кард. Дар он давру замон бемориҳои сироятӣ кам ба мушоҳида мерасид. Имрӯз хонадоне нест, ки аз беморӣ шикоят накунад.

Дар тӯли чанд соли охир дар боғзорҳо ҳашароте пайдо шудааст, ки дар бадани солим расидан замон бадан варамида, ба хориш медарояд. Агар сари вақт пеши роҳи газидани ин ҳашарот гирифта нашавад, одам ба бемориҳои гуногун гирифтор шуда, ба ҳалокат мерасад.

Соли 2004-ум ду мӯйсафеди солашон ба ҷое расида иброз намуданд, ки як мошини тамғаи хориҷии рангаш сафед дар боғоти деҳаи «Чашмасор» омада қарор мегирад ва нафарони он мошин аз қуттиҳо шапаракҳои рангаш сафедро ба боғот сар дода, ғайб мезананд. Сол аз сол дар боғоти ноҳияи Файзобод теъдоди шапаракҳои зараррасони сафедранг зиёд шуда, барои саломатии мардум хатар эҷод карда истодаанд.

Солҳои 80-уми қарни бист аз вилояти Тамбови Русия ба корхонаи воҳиди давлатии ба номи А. Назиров  картошкаи тухмӣ равон карданд. Якҷоя бо картошкаи тухмӣ ду дона жук (гамбӯсак) ҳам омадааст. Хонандагонро сафарбар карда, дар анбори нигоҳдории картошкаи деҳаи Қалъаи Дашт ду гамбӯсакро оташ заданд. Танҳо баъди ин амал иҷозат доданд, ки картошкаи тухмиро шинонанд. Дар тӯли чанд соли охир шумораи гамбӯсакҳо чунон афзоиш ёфтааст, ки баргу пояи картошкаро хӯрда ба нестӣ мерасонанд. Барои нест кардани ин ҳашароти зараррасон давлатҳое, ки аз хориҷи кишвар онро ба кишварамон интиқол доданд, доруе таёр карда, бо нархи гарон дар бозорҳо ба фурӯш бароварданд. Ё гирем бемории фалаҷи кӯдакони то 6-соларо. Ин бемории сироятӣ ба воситаи сабзавот аз хориҷи кишвар ба кишварамон ворид гардид. Бемориҳои сироятии дар доло номбаршуда аз сабзавот, мева, гӯшт, оби ҷӯю дарёҳо сарчашма мегиранд.

Мисоли дигар, нимаи солҳои 70-уми асри бист аз чашмаҳои Сардараи мавзеи Туркмандара барои сокинони деҳаи Фатҳободи ҷамоати деҳоти Мискинобод ба воситаи қубурҳо оби ошомиданӣ оварданд. Аз байн 35 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, боре насосҳои обкашу қубурҳои обгузарро хлор назадаанд. Ҳар гоҳ аз қубурҳои обҷоришаванда об мегирем, кирмҳои сурхаку зардак пайдо мешаванд. Сабаби дигари ба бемории сироятӣ гирифтор шудан ҳамин оби покнашуда буда метавонад. Аз ин ҳолат духтурони санитарӣ-эпидемологии ноҳия огоҳӣ дошта бошанд ҳам, дар даҳони об гирифта гаштаанд.

Барои пешгирии бемориҳои сироятӣ дорую сӯзандоруи пастсифати дорухонаҳои ноҳия таъсир надорад. Дар даврони Шӯравӣ дорую сӯзандоруи дастрасшуда таъсир дошту зудтар ба бемор шифо мебахшид. Аҷибаш он аст, ки маризи бистаришударо дар беморхонаҳо 5-6 рӯз нигоҳ медоранд ва бе он ки сиҳат шавад, ӯро ҷавоб дода, дар ҷояш маризи дигарро қабул мекунанд. Ин ҳолат ба ҳама маълум аст. Яъне, дар беморхонаҳо низ бенизомиҳо ҷой дораду дилсӯзе нест, ки сари ҳалли ин мушкил андеша кунад.

Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: