Главная > Uncategorized > Луқмапартоиҳои судӣ

Луқмапартоиҳои судӣ

Ё худ, Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бозор аст?

Ба таваҷҷӯҳи Суди Олии ҶТ

Ба таваҷҷӯҳи Прокуратураи генералии ҶТ

Ҳамарӯза тариқи воситаҳои ахбори оммаи чи чопӣ ва чи электронӣ мақолаҳои зиёде дар бораи қонуншиканиву беадолатии судҳо пахшу нашр мешавад, ки дараҷаи огоҳмандии мардумро боло мебарад. Ман ин ҷо беадолатӣ дар Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румиро аз тарафи собиқ раиси суди ноҳия Амиров Н. Ю. хотиррасон карданиям. Ҳалномаи ғайриқонунӣ баровардаи ӯ буд, ки боиси аз манзил маҳрум мондани сокини ҳамин ноҳия Давлатова К. ва 12 нафар аҳли оилааш гардид. Дар ин хусус дар ҳафтаномаи «Фараж» (№40 (147), аз 16.09.09с) мақолае ба табъ расида буд. Аммо ин ҷо дар бораи дигар парвандаҳое низ, ки Амиров Н. Ю. баррасӣ кардааст, сухан гуфтаниям.

Оид ба ин парванда Давлатова К. ба раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Абдуллоев Н. А. муроҷиат карда, умедвор буд, ки он кас ба додаш мерасанд, аммо афсӯс, ки гӯши гапшунав набудааст. Ман ҳам нисбати Амиров Н. Ю. далелҳои мушаххасу исботшуда дорам. Банда низ аз собиқ Прокурори Генералии ҶТ мӯҳтарам Бобохонов Б. К. ва Шӯрои Адлияи ҶТ умедвор будам, ки нисбати ин кас чорае дида, ба беадолатӣ дар ин суд хотима медиҳанд, аммо ин кор ҳам нашуд. Ман зиёда аз 1 сол боз нисбати Амиров Н. Ю., беамалии собиқ роҳбарияти Шӯрои Адлия ва Прокуратураи ҶТ шикоят дорам, ки онҳо нисбати Амиров Н.  Ю. чораи қонунӣ намебинанд, вале шикоятҳои ман боз ба ҳамин мақомот равон карда мешавад, ки ин ғайриқонунист.

Ман ин ҷо дар бораи ду парвандаи гражданӣ қайд карданиям, ки бо роҳи сохтакорӣ ва ғайриқонуниву нодуруст аз тарафи Амиров Н. Ю. ҳал карда шудаанд. Яке парвандаи гражданӣ бо даъвои ман ба манфиати Латипов М. нисбати ҷавобгар Саидназарова Т. дар бораи кӯчондан аз манзил буд ва нисбати Амиров Н. Ю. дар мурофиаи судӣ раддия изҳор кардам, аммо вай онро рад карда, ин парвандаро баррасӣ намуд ва ҳалномаи тамоман ғайриқонуниву беасос баровард. Ҳол он ки, баъди тасдиқ шудани ваҷҳҳои ман вай ба ин парванда беғараз буда наметавонист.

Ҳамин ҷо сараввал бояд бигӯям, ки Латипов М. ба ман ягон зарра хешу табор набуда, муштарӣ ва ҳамнасабам мебошад.

Ин ҳалнома ҳамагӣ дар асоси нишондоди 2 шоҳид, ки хешони шавҳари ҷавобгар буданд, бароварда шудаасту халос. Онҳо дар суд баёнот дода буданд, ки гӯё шавҳари ҷавобгар соли 2002 хона мехарам гуфта, аз онҳо пул қарз гирифта будааст. Дигар ягон далел оид ба хариду фурӯш шудани хонаи Латипов М. ҷавобгар надорад ва умуман дигар далел нест, чунки хона дар асл хариду фурӯш нашуда буд.

Зиёда аз 6 шоҳиди холиси дигар дар суд баёнот доданд, ки ҷавобгар дар вақташ гуфтагӣ набуд, ки вай хонаро харидааст. Зиёда аз ин, Латипов М. ҳамчун соҳибмулк, ки ба хонааш шиносномаи техникӣ ва сертификат оид ба истифодабарии қитъаи замин дошт, соли 2008 хонаашро дар бонк ба гарав гузошта, 150 ҳазор сомонӣ бо фоизҳояш қарз мегирад. Суд ин шартномаро низ беэътибор ҳисоб кард, ки дар натиҷа ба давлат 150 ҳазор сомонӣ зарар оварда шуд. Агар онро бо фоизҳояш ҳисоб кунем, мумкин аз 200 ҳазор сомонӣ зиёд шавад. Бонк дигар ин маблағро на аз Латипов М. талаб карда гирифта метавонад, на аз ҷавобгар ва на аз ягон каси дигар.

Тибқи талаботи моддаи 47 КМГ ҶТ ҳангоми баррасии чунин парвандаҳо суд бояд ҳатман прокурорро барои иштирок дар додани хулоса дар мурофиа хабар мекард. Аммо Амиров Н. Ю. прокурори ноҳияро на хаттӣ ва на даҳонӣ хабар накарда, мурофиаро бе иштироки ӯ баррасӣ кард.

Ҳамчунин, тибқи талаботи моддаи 153 КМГ ҶТ суд вазифадор буд, ки ба кор ҳамсари Латипов М.-ро низ ҳамчун соҳибмулки муштарак ҷалб намояд. Аммо ин кор ҳам карда нашуд ва суд бо ҳалномааш ӯро низ аз соҳибмулкии муштарак ғоибона маҳрум кард, яъне масъалаи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ӯро низ худаш ҳал намуд.

Идораи нотариалии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ низ ба ин кор ҳамчун ҳамҷавобгар ҷалб карда шуд, аммо нотариус ба ҷойи ваколатнома оид ба иштирок дар мурофиа нусхаи фармонашро аз Вазорати Адлияи ҶТ бо №151, аз 04.07.07с. оиди ба кор қабул карданаш пешниҳод кард ва суд онро ҳамчун ваколатнома қабул намуда, ӯро ба мурофиа роҳ дод. Зиёда аз он, ин нусхаи фармон ҳатто ягон хел мӯҳр ҳам надорад ва аз тарафи касе тасдиқ ҳам карда нашудааст. Дигар ин ки, дар музокираву луқмапартоиҳои судӣ вай иштирок надошт, чунки суд ӯро дигар ба мурофиа ҷалб накард. Қарздеҳу гаравгир — «Амонатбонк»-и №42-и шаҳри Қӯрғонтеппа умуман ба кор ҷалб карда нашуда, ба ҷойи ӯ айнан чунин ҳуҷҷатро аз намояндаи «Амонатбонк»-и №45-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Сатторов Ҷ. Г., яъне нусхаи фармони №23, аз 22.10.05с. оиди таъин карданаш ба сифати муовин дар «Амонатбонк»-и №45-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ гирифта, ӯро ҳамчун ҳамҷавобгар ба мурофиа роҳ дод. Ҳол он ки, ҳамҷавобгар «Амонатбонк»-и №42-и шаҳри Қӯрғонтеппа бояд мешуд ва Сатторов Ҷ. Г. бо он бонк чӣ хел муносибат дорад, номаълум. Вай ҳам дар музокираву луқмапартоиҳои судӣ иштирок надошт, чунки суд ӯро низ ба мурофиа ҷалб накарда, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ӯро низ худаш ҳал кард.

Ҳардуи онҳо бар хилофи талаботи моддаи 55 к.3 КМГ ҶТ ба кор ҷалб карда шуданд, чунки тибқи талаботи ин модда «Ваколатнома аз номи шахси ҳуқуқӣ бо имзои роҳбари он ё шахси дигаре, ки тибқи ҳуҷҷатҳои таъсиси ваколатдор шудааст, дода мешавад ва бо мӯҳри ин ташкилот тасдиқ карда мешавад».

Пас, Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бозор аст? Касеро хоҳад ба кор ҷалб мекунад, касеро нахоҳад не? Ягон хел ваколатнома барои иштирок дар мурофиаи судӣ лозим ҳам набудааст? Пас чаро маро бе ваколатнома ба мурофиаи судӣ роҳ надоданд? На дар Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва на дар Суди вилояти Хатлон ҳозир ҳам ин шикояти маро бе ваколатнома қабул намекунанд-ку! Яъне, Суди ноҳияи Ҷ. Румӣ бозор шудаасту Суди вилояти Хатлон ва Суди Олии ҶТ ин бозорро дастгирӣ карда гаштаанд…

Дар мурофиа оид ба гузаронидани мӯҳлати даъво аз тарафи ҷавобгар ман дар норозигиям ва баромадам қайд карда будам, ки ин ва умуман аз тарафи кӣ ва чӣ хел гузаронидани мӯҳлати даъво дигар дар суд баррасӣ карда нашуд. Ин аз ҳалнома ҳам аён аст. Фақат дар саҳифаи 7-и ҳалнома гуфта шудааст, ки гузаронидани мӯҳлати сесолаи даъво барои рад кардани он асос мешавад, лекин кӣ ва чӣ хел онро гузаронидааст, номаълум монд.

Дар охири ҳамин саҳифа суд ҳатто масъалаҳои асосиро, ки ҳалношуда мондаанд ва бояд ҳал карда мешуданд, ҳал накарда, савол мондааст, ки «Маҳз даъвогар хонаи баҳсиро намефурӯхт, пас барои чӣ шахси бехона ва мӯҳтоҷи хона қарз дода, солҳои тӯлонӣ пулашро намепурсад ва барои чӣ аз дигар ҷо хона нагирифта, кӯшиши хонагирӣ накарда, дар хонаи каси дигар сохтмонҳои иловагӣ мекардааст ё ин ки маблағи додаашро аз даъвогар ягон бор талаб накардааст?». Ҳол он ки, суд бояд ана ҳамин масъалаҳоро ҳал мекард, аммо ягон зинаи судӣ онҳоро ҳал накардааст ва то имрӯз онҳо муаллақ мондаанд. Вале ҳар ду зинаи судӣ ҷавобгарро новобаста аз ин масъалаҳо соҳибмулк эътироф кардааст.

Дар ҳалнома ҳатто тартиби иҷроишаш номаълум мондааст, яъне кадом мақомот соҳибмулкиро бояд ба расмият дарорад.

Дар мурофиаи суди зинаи аввал ҳатто протоколи хаттии маҷлиси судӣ нест. Дар ин мурофиа компютер истифода нашуда буд, аммо аз куҷое протоколро баъди 52 рӯз дар чопи компютерӣ бароварданд. Ин ҳам дағалона вайрон кардани талаботҳои моддаи 233 ва 231 қ.1 КМГ ҶТ мебошад, ки ҳатман ва дар шакли хаттӣ таҳия кардани протоколи маҷлиси судиро пешбинӣ мекунад.

Ҳамчунин, тибқи талаботи банди 19-и Қарори Пленуми Суди Олии ҶТ аз 26.06.09с. бо №23 «Дар бораи татбиқи меъёрҳои кодекси мурофиавии гарждании ҶТ ҳангоми баррасии парвандаҳо дар суди марҳилаи якум»:

«Азбаски протоколи маҷлиси судӣ яке аз ҳуҷҷатҳои асосии мурофиавӣ мебошад, бояд онро пурра, фаҳмову равшан ва бо падарпайие, ки мурофиаи судӣ гузаронида мешавад, таҳия дода шуда, талаботҳои дар моддаи 234-и Кодекси мазкур пешбинишуда риоя карда шаванд».

Тибқи моддаи 68, банди 5-и Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» «Пленуми Суди Олии ҶТ ва Пленуми Суди Олии иқтисодии ҶТ таҷрибаи судиро оид ба амалияи татбиқи қонунгузорӣ ҷамъбаст намуда, тавзеҳоти дастурӣ медиҳанд ва он барои судҳо, мақомоту шахсони мансабдоре, ки қонуни тавзеҳшударо татбиқ менамоянд, ҳатмӣ мебошад».

Рӯзи 13.10.09с. баррасии ин парванда дар зинаи кассатсионӣ баргузор гардид. Коллегияи судии номбаршуда ҳам ягон ваҷҳу далели маро баррасӣ ва рад ҳам накарда, шикояти кассатсиониро бетағйир мононд. Инҷо ҳам ман ҳамон ваҷҳҳои қонуншиканиҳо дар Суди ноҳияи Ҷ. Румӣ, яъне сохтакории нишондодҳои баъзе шоҳидон, бе ваколатномаҳо ба кор ҷалб кардани тарафҳо, дар музокираҳову луқмапартоиҳо иштирок накардани онҳо, набудани протоколи маҷлиси судӣ, дар таҳияи хаттӣ ба кор ҷалб накардани прокурор ва ҳамсари Латипов М. ҳамчун соҳибмулки муштарак, зиддияту мухолифат доштани хулосаҳои суд дар ҳалнома ва умуман беасосу ғайриқонунӣ будани онро қайд кардам. Аммо коллегияи судӣ низ ба ин чизҳо заррае аҳамият надода, қариб ки ҳалномаро рӯбардор кард.

Зиёда аз он, дар ин коллегия масъалаи мӯҳлати даъво, ки дар суди зинаи аввал умуман баррасӣ карда нашуда буд, баррасӣ карда шуд. Пас, дар чунин ҳолат тибқи талаботи моддаи 350 КМГ ҶТ ҳалномаи Суди ноҳияи Ҷ. Румӣ бояд тағйир дода шуда, коллегия ҳалномаи нав қабул мекард, на қарор, аммо ин кор ҳам карда нашуд. Баррасии ин парванда ба Суди Олии ҶТ ҳам рафта расид, вале бефоида.

Парвандаи дигар — ин парвандаи гражданӣ бо даъвои ҷабрдида Умаров Ю. нисбати Корхонаи «Мумбарор»-и ноҳияи Ҷ. Румӣ оид ба рӯёнидани ҷуброни зарари ба саломатӣ расонидашуда мебошад, ки бо роҳи хунукназариву сохтакорӣ аз тарафи Амиров Н. Ю. қариб 11 моҳ бе баррасӣ мононда шуда буд.

Амиров Н. Ю. дар ин сохтакорӣ ташкилотчӣ буда, бо рӯзи қафо баррасии ин парвандаро боздошт мекунад. Ин парванда алҳол дар бойгонии Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ маҳфуз аст.

Оид ба ин сохтакориву қонуншиканиҳо Прокуратураи вилояти Хатлон 24.09.09с. нисбати Бобомуродов Х. кори ҷиноятии №7000-ро бо аломатҳои моддаи 340 қ.2, банди в-и КҶ ҶТ оғоз карда, барои тафтиши пешакӣ ба Прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ равон карда буд. Дар он ҷо дар рафти тафтишоти пешакӣ Бобомуродов Х. ва роҳбари ин корхона Назаров У. нишондод додаанд, ки ин сохтакориро бо супориши Амиров Н. Ю. карда буданд (в.к. 14-19), аммо бинобар сабаби он, ки прокуратураи ноҳия ва вилоят ҳам нисбати раиси суд ҳуқуқи кори ҷиноятӣ оғоз кардан надоштанд, маводҳоро барои чораҷӯйӣ ба Прокуратураи Генералии ҶТ равон мекунанд.

Бо ин парванда худи Амиров Н. Ю. аввалан аз додани нишондод саркашӣ мекунад ва дар ин бора бо иштироки муфаттиши Прокуратураи вилояти Хатлон Азимов А.ва И.В. прокурори ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Қурбонов С., шахсони холис Тағаев К. ва Каримов Х. аз 01.10.09с. санад тартиб дода мешавад (в.к.7).

Дар ин ҷо ҳам дар ҳаракатҳои Аминов Н. Ю. таркиби ҷинояти дар моддаи 351 қ.1 КҶ ҶТ пешбинишуда мавҷуд аст, ҳол он ки, вай бараъло медонист, ки саркашӣ кардан аз надодани нишондод ҷиноят аст. Баъдан рӯзи 08.10.09с. нишондод дода, қайд мекунад, ки оиди даъвои Умаров Ю. ӯ ягон бор мурофиаи судӣ нагузаронидааст ва ҳамагӣ як маротиба сӯҳбат гузаронида буду халос (в.к. 147-149).

Пас, чӣ хел таъиноти маҷлиси судӣ аз 13.03.09с. қабул кардааст ва баррасии парвандаро боздошт намудааст (в.к. 13)?

Инҷо дар ҳаракатҳои ӯ аломатҳои ҷиноятҳои дар моддаи 340, қисми 2, банди «б», яъне бо маслиҳати пешакӣ бо Бобомуродов Х. сохтакорӣ кардану истифода бурдани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дида мешавад ва ӯ бояд ҳамчун ташкилкунандаи ин ҷиноят ҳисобида шавад. Таъиноти ғариқонунӣ ва бо роҳи сохтакорӣ оиди боздошт намудани баррасии парвандаи мазкур бошад, ҳамун дидаву дониста баровардани акти судӣ мебошад ва тартиби ҷиноятӣ дар моддаи 349 қ.1 КҶ ҶТ пешбинишударо ташкил медиҳад. Умуман, дар охири тафтишот муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Саидов А. нисбати Амиров Н. Ю. қисми маводҳои ин парвандаи ҷиноятиро боз бо аломатҳои моддаи 340 қисмпи 2 банди «б», моддаи 314 ва 316 низ ғайриқонунӣ рад мекунад (в.к. 161-162).

Ман боз ҳаминро илова карданиям, ки мӯҳлати тӯлонӣ баррасӣ накарда, бо роҳи сохтакорӣ боздошт намудани ин парванда нишонаи ҷинояти моддаи 322, яъне хунукназариро низ дорад. Умуман фақат бо ҳамин парванда дар ҳаракатҳои Амиров Н. Ю. нишонаҳои бараълои чандин ҷиноятҳо мавҷуд буд ва ҳаст. Пас, ба Прокуратураи Генералии ҶТ боз чӣ хел факту рақам ва далелҳо лозим буд?

Ҳатто баъди дар рӯзномаи «Минбари халқ» (17.12.09с.) ба табъ расидани маводҳои лозимӣ нисбати ӯ ягон мақомот то имрӯз чорае надидааст ва бар хилофи Амри Президенти ҶТ №622 ягон хел вокуниш ҳам нашудааст. Яъне ваҷҳҳои овардаи ман нисбати ӯ дуруст будаву ҳастанд.

Тибқи талаботи моддаҳои 351, 353 ва 376 КМГ ҶТ ҳамаи ин ҳолатҳои зикршуда новобаста аз далелҳои шикоят дар алоҳидагӣ асос барои бекор кардани ҳамаи қарорҳои судиянд, аммо ягон зинаи судӣ, ҳатто Суди Олии ҶТ инро фаҳмидан намехоҳад ва ҳамаи ин қарорҳои ғайриқонуниро бекор карданӣ нестанд.

Баъдан боз тибқи санҷишҳои иловагии Прокуратураи вилояти Хатлон бо супориши Прокуратураи Генералии ҶТ ва ҷавобҳои онҳо аз 09.04.10с. бо №8-129-09 ва аз 24.04.10с. бо №8-39-10 ва ҷавоби раиси Кумита оид ба ҳуқуқи инсони МНМО ҶТ мӯҳтарам М. Ватанов аз 28.04.10с. бо №3/КХ — 1007 қонуншиканӣ, ташкилкунандаи сохтакории маводҳо дар парвандаҳо ва дигар ҳаракатҳои ғайриқонунии Амиров Н. Ю. пурра тасдиқ ёфтанд ва ӯ он вақт сари мансаб буду барои нисбаташ кори ҷиноятӣ оғоз кардан розигии махсус лозим буд. Акнун вай дигар чунин шахси «махсус» нест ва бинем, ки Прокуратураи генералии ҶТ ва дигар мақомоти дахлдор чӣ чора диданиянд? Ё боз ҷиноятҳои ӯро рӯпӯш мекунанд?

Раҳматулло ЛАТИПОВ, адвокати ваколатдор

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: