Главная > Uncategorized > Мерасад марде, ки занҷири ғуломӣ бишканад

Мерасад марде, ки занҷири ғуломӣ бишканад

Неъмати бегазанд ва пурфайзу баракати илоҳӣ баъди ҷанги таҳмилшудаи шаҳрвандӣ дар 27-уми июни соли 1997 бо номи сулҳ ва ё Ваҳдати Миллӣ насиби халқи тоҷик гардид. Сулҳ паёми осмонӣ ва иршодоти илоҳӣ буда, хушбахтиву саодатмандиро барои башарият таъмин мекунад. Вожаи Ваҳдати Миллӣ моҳиятан маънои тоза ва навро фарогир гашт. Таҷассумгари ормонҳои мардумӣ ва рамзи ухуввату якдигарфаҳмиро дар худ фароҳам сохт. Андеша ва ормонҳои худшиносии миллӣ ва худогоҳии имониро дар қалбҳо эҷод намуд. Алорағми ҳамагуна афкори ботил, андешаи носавоб ва кинатузиву ватанзудоии мухолифони миллати тоҷик офтоби ваҳдати миллӣ андар осмони  кишвари Тоҷикистон нурафшон гардид. Оштӣ ва Ваҳдати Миллӣ ягона роҳи ҳалли муноқиша ва ҷангу размандагӣ пазируфта гардид.

Ҷанги таҳмилшудаи соли 1992-юми мелодӣ ҷони ҳазорон ҷавонмардон ва ҳамватанони гиромиро аз олами ҳастӣ ба коми нестӣ фурӯ бурд. Қомати иқтисодиёти миллӣ хазон ва баҳори гуларӯсони нозанин пурмотам ва андар шохи дарахтон навҳаи чуғзу қар-қари зоғон ба гӯш мерасид. Ҳазорон модарону хоҳарон ва кӯдакону мӯйсафедон бо амри тақдир тарки манзил ва диёр намуданд. Қатлу куштор, ғорату роҳзанӣ, бераҳмию беинсофӣ ва қиматию нодорӣ, фақру гурӯснагӣ авҷ мегирифт. Ҳамзабону ҳамдин бадгумону дар қатли якдигар камар баста буданд. Уламо хору донишманд овора будӣ. Ба ҷойи ашки шодӣ аз чашми модарон ашки дарду ғам ва навмедиву хун метаровид:

Зи ашки модарони лола гулгун,

Зи дарди хоҳарони дида дар хун,

Сари шаб то саҳар дил пора кардам,

Ба ҷисми навҷавонони кафангум.

Мардуми мутаддайини тоҷик дар сангарҳои муқобил алайҳи якдигар бо тиру туфанги аҷнабӣ хуни якдигар мерехтанд ва гӯё қиёмат барпо шуда буд. Асиргириву мурдафурӯшӣ дар авҷ будӣ. Усул ва навъҳои қатлу куштори инсон дар кишвар авҷ мегирифт. Хавфи аз байн рафтан ва пора шудани кишвар ба пуррагӣ эҳсос мегашт. Истиқлолияти кишвар дар арсаи заволёбӣ қарор гирифта буд:

Ҷигар сад пора, тан оғӯштаи хун,

Ҳазорон лола дар каф ҷомаи хун.

Зи марги гулрухони тоҷиконам,

Ватан вайрона, дил оғӯштаи хун.

Баъзе уламову уқало хомӯширо шеваи худ сохтанд ва қисмате чун паррандагони мавсимӣ фирорӣ гаштанд. Дар чунин шароити мураккаб  ва сарнавиштсози торихӣ барои миллати мутаддайни тоҷик, ки пайкараи вуҷуди худро захмин ва пурҷароҳат карда буд, табибони ҳозиқ чун Бӯалӣ ва Розӣ зарур буд.

Зарурияти пешгирӣ ва хомӯш намудани оташи ҷанги ҳамдигаркушӣ барои соҳибхирадон аҳамияти хоса касб мекард. Андешаи ҳамдигарфаҳмӣ, авф, гузашт аз гуноҳи якдигар, сабру субот, таҳаммулпазирӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ағёршиносӣ, сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ, якпорчагии кишвар андар ақли солим ва ҷисми солим эҷод гашт.

Мушкилоти дигар пеш меомад, кӣ аз аввалинҳо шуда парчамбардори ормони миллӣ, яъне сулҳу субот мегардад, зеро ин роҳ хеле сангин ва ҷонгудозу камаршикан буд. Тавозуни бовариҳои ҷонибайн норавшан ва гирдобҳову туфонҳои бало андар пеш.

Набардҳои хунин байни размандагони саҳроӣ аз ду ҷониб идома дошт.

Бо ҳама ин мушкилот фазои иттилоотии кишвар зери назорати махсус аз ҷониби ҳокимит қарор дошт. То ин ки фазои солим барои оштии миллӣ ва таъмини сулҳу салоҳ заминаи комил муҳаё намояд.

Аз худ гузаштану худро дарёфтан…

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин ҷавонмардонест, ҳамчун раҳбар ва пешвои миллат андешаи гузашт намудан ва бахшишу таҳаммулпазириро шеваи худ сохт. Ва барои роҳҳои ҳалли муноқиша ва хомӯш намудани оташи ҷанги ҳамдигаркушӣ камари ҳиммат баст. Ва баён дошт, ки барои ба даст овардани сулҳу таъмини оромии кишвар ҷони худро дареғ нахоҳад дошт. Иродаи матин, саъю талош ва неруву имони комил Президенти кишварро сарбаланду сарфароз ва арҷманд гардонид. Парчамбардори андешаи оштӣ ва Ваҳдати Миллӣ гардид ва дар ин бахш донишмандону торихнависонро зарур аст, ки ба фаъолият ва зиндагиномаи Эмомалӣ Раҳмон баҳои дурусти илмӣ ва торихӣ бидиҳанд. Зеро аз худ гузаштан ва худро дарёфтан то кунун ба таври саҳеҳ инъикоси хешро андар китобҳои торихӣ дарнаёфтааст. Ва дар ин ришта ковишҳои илмӣ саъю талоши бештар ва ҷиддиро аз донишмандон тақозо мекунад.

Бо лутфу марҳамати Худованд Эмомалӣ Раҳмон ҷониби муқобилро ба сулҳу салоҳ ва оташбаси абадӣ даъват кард, ҳарчанд ки монеаҳо, мушкилот ва нофаҳмиҳо хеле зиёд ва фазои сиёсии кишвар ноором буд. Сӯйиқасд ба ҷони донишмандон ва уламои кишвар зиёд мегашт. Одамрабоӣ ва гаравгонгирӣ авҷ мегирифт. Ағёрҳои миллати тоҷик дар ҳеҷ ҳолат намехостанд, ки байни бародарони тоҷик якдигарфаҳмӣ ва сулҳу суботи ҷомеа дастболо гардад. Бад-ин хотир интишор ва истифодаи маводи мухаддир андар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа бо ҳар роҳу восита пурзӯр мегардид. Пирзолҳои сиёсии пасипардагӣ тибқи нақша ва «генплан»-ҳои тарҳрезишудаи худ болои сӯхта намакоб мерехтанд.

Ва дар чунин шароити тақдирсоз барои ҳастии миллат ва халқи тоҷик ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ барои ҳар фард омили асосии бақои миллат ва сулҳу суботи ҷомеа буд. Эмомалӣ Раҳмон барои сарнавишти марзу буми аҷдодӣ ва тақдири миллати хеш камари ҳиммат баст.

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Бад-он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Саҳми босазои Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани Ваҳдати Миллӣ бештар аз дигарон аст, ки онро донишмандони ҷаҳон эътироф ва қабул доранд ва нисбати ин падидаи тозаи торихӣ ва раванди сулҳи тоҷикон фикру андешаи хешро иброз доштаанд. Мақом ва фазилати сарвари давлат баъди ба даст овардани сулҳу суботи ҷомеа андар муддати кӯтоҳи торихӣ дар арсаи байналмилалӣ сад дучанд гашт. Имрӯз торихи сулҳи тоҷикон мавриди бозомӯзии донишмандон ва сиёсатшиносони Аврупо ва ҷаҳони Ислом қарор гирифтааст.

«Гадоӣ дар Ватан беҳтар аз шоҳӣ дар ғурбат»

Шодравон Саид Абдуллоҳи Нурӣ (Худованд ӯро биёмӯрзад), ки яке аз раҳбарони асосии бародарони ҷониби дигар дар ҷанги шаҳрвандӣ шинохта шуда буд, фитратан дурандеш, ботамкин, парҳезгор, ботаҳаммул, ҳанафимазҳаб, пайрав ва пойбанди суннатуннабӣ, эҳёгари андешаи исломӣ ва фарҳанги динӣ буд. Симои зебо ва дилкаши тоҷикӣ, қомати мавзун, либос ва риши ҷаззоби суннатӣ дошт. Табассуми намакин бар чеҳраи имонии ӯ зиннат мебахшид. Ором ва бо тамкин сухан мегуфт. Андеша ва афкори умумро гӯш медод, меомӯхт ва хулосагирӣ мекард ва дар охир андешаи худро баён месохт. Шабзиндадор ва дӯстдори тоъату ибодат буд. Эҳёгари суннати исломӣ дар Осиёи Миёна шинохта шудааст. Усул ва таълимоти диндӯстдории ӯ аз назари шогирдонаш то ҷое дур монда ва эшон думболи бозиҳои сиёсӣ гаштаанд.

Нурӣ як  марди рӯҳонӣ буд, ки дар раванди умри кӯтоҳи худ чеҳраи поку муназзаҳи дини исломро бори дигар ба олами Ғарбу Шарқ муаррифӣ намуд, ки дини ислом дини сулҳу сафо ва муҳаббату ибодат аст.

Устод Нурӣ барои ризоият ва оштии миллӣ аз ҷониби дигар камари ҳиммат баст. Ва чун ошиқи сулҳ ба суроғи он лаббайк мегуфт. Соғари қалби устод Абдуллоҳи Нурӣ лабрези нуру сафо ва шаҳодати сулҳу оромӣ буд. Беҳтарин размандагони худро дар набардҳои бемаънӣ аз даст дода буд. Азобу азияти гурезагон ва дарду ранҷи тоҷикони ғарибафтода қалби устод Нуриро пора месохт. Дер боз ин ҷониб дар намозу дар дуо аз Худованд таманнои онро дошт, ки ба ҷанги миллаткуш хотима бахшад. Ва бошад, ки оворагон ва муҳоҷиринро ба кишвари худ Тоҷикистон боз фаро хонад. Зеро умр бебақо ва фурсати зиндагӣ хеле кам аст. Размандагони толибон ва зархаридони аҷнабӣ чандин маротиба дар кишвари Афғонистон аз устод дархост карда буданд, ки размандагони беҳтарин ва варзидаи хавориҷи худро вориди манотиқи Тоҷикистон намоянд ва мактабҳои «ҷиҳодӣ»-и худро ифтитоҳ намуда, ҷангро идома диҳанд. Аммо устод Нурӣ бо ақли худодод монеаи чунин «ғамхорони ислом» ва «размандагони аҷнабӣ гардид. Зеро ӯ аз таълимоти Ислом ба пуррагӣ воқиф ва огоҳ буд. Абдуллоҳи Нурӣ ҳамчун пешво ва раҳбари муҳоҷирин масъулияти сангини дунё ва охиратро бар дӯш дошт. Ва пайваста аҳодиси Расулуллоҳ (с): «Куллукум роъин ва куллукум масъулун ъан раъиятиҳӣ» ӯро ҳушдор медод, ки амният ва бехатарии муҳоҷирони тоҷикро андар сарзамини Афғонистон ва дигар манотиқ бо ҳар роҳу восита то ҷое таъмин намояд.

Ва медонист, ки дар ин ҷанги мусалмонкушӣ чӣ гуна ҷиҳод фарз аст. Охир мо бо бародарони ҳамдину ҳамзабон, яъне уммати исломӣ ҷанг мекунем ва ё онҳо бо мо, ки мусалмони ҳанафимазҳаб мебошем, ҷанг мекунанд. Ва устод Нурӣ ҳаргиз намехост, ки сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон майдони озмоиши яроқу аслиҳаи душманони дини ислом ва таълимгоҳҳои фитнаангезу террористӣ шавад.

Ва яке аз фазилатҳои инсонӣ ва имонии шодравон Саид Абдуллоҳи Нурӣ низ дар ҳамин аст, ки барои воридшавии зархаридони аҷнабӣ ҳамчун пешво монеа гардид, балки билкул зид буд. Дар ин нукта меҳри бепоён ва беандоза ба кишвари худ — Тоҷикистон доштани устод Нурӣ ҷилвагар мегардад. Ва ҳамчун як фарзанди мусалмон ва фарзонаи тоҷик нисбати он арҷгузорӣ намуд.

Аз ҷониби дигар мушкилоти мактаб ва таълиму тадриси ҷавонону хурдсолон пеш омада буд. То ин ки ин нерӯи ояндасози кишвар зери таъсири таълимоти тундгароёнаи мазҳабситезон ва дигар ҳаракату ҷараёнҳои террористӣ қарор нагиранд, тамоми чораву роҳҳоро истифода бурд. Аз ҷумла дар як вохӯрии пуриздиҳоми соли 1992 дар Афғонистон ба падарону модарон ва хоҳарону бародарон бо овози дардолуд ва ҷигарсӯз чунин муроҷиат кард: «…Имрӯз ба амри тақдир муҳоҷират насиби мо тоҷикон гардид. Ин як санҷиши илоҳӣ аст, ки аз ҳар як мусалмон сабру субот ва дурандешиву таҳаммулпазириро талаб менамояд. Чизи дигаре, ки маро ба ташвиш овардааст, тақдири навҷавонон ва тифлони дарсомӯз аст…» ва ба кулли ҳозирин муроҷиат намуд, ки «фаромӯш набояд кард, ки мо пеш аз ҳама мусалмонони тоҷик ҳанафимазҳаб мебошем. Саъю кӯшиш бояд кард, ки пойбанди мазҳаби ҳанафӣ ва суннати Расулуллоҳ (с) бошем» ва аз масъулин дархости он кард, ки ҳангоми дар Покистон ва дигар кишварҳо ҷойгир намудани муҳассилини тоҷик аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. То онҳо дар мадорис ва донишгоҳҳои ҳанафӣ ба таълим фаро гирифта шаванд. «Ояндаи мо сулҳ бо ҳамзабонон ва ҳамкешонамон мебошад»,-гуфт ӯ.

Абдуллоҳи Нурӣ барои ба даст овардани гавҳари мақсуд, сулҳу субот ва бозгардонидани гурезагон ва пешгирӣ намудани ҷанги шаҳрвандӣ тамоми роҳу воситаро истифода мебурд. Ва оқибат ба даъвати ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои ба даст овардани сулҳу салоҳ ризоият дод ва барои роҳу сиёсати пешгирифтаи ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорӣ ва изҳори ташшаккур намуд. Пайк ва паёми дӯстӣ қалби устод Абдуллоҳи Нурӣ ва муҳоҷиринро лабрези нуру сафо гардонд. Дар баробари ин, баъзе атрофиёни Абдуллоҳи Нурӣ дудилагӣ мекарданд. Ба ояндаи сулҳи оғозгашта боварӣ надоштанд, балки билкул мухолиф буданд. Аммо устод Нурӣ барои ба даст овардани сулҳ ноумедиро ба худ роҳ намедод ва ягона роҳи наҷот ва хушбахтии муҳоҷиринро на дар ҷанг, балки дар ба даст овардани сулҳ ва оштии миллӣ медонист. Пайваста ин ҷумларо вирди забон мекард: «Мо бо сулҳу салоҳ ба Ватан хоҳем баргашт. Гадоӣ дар Ватан беҳтар аз шоҳӣ дар ғурбат».

Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ гуфт: Расулуллоҳ (с) мефармояд: «Касе дӯст дорад, ризқу рӯзияш фарох гардад ва умраш тӯлонӣ шавад, бояд ӯ робитаи бо наздикон ва хешовандонро пайваста дорад».

Дармеёбем, ки масъулияти муслимин дар баробари ҳамзабону ақориби худ ин аст, ки бо онон некукорӣ кунад, яъне бо хешу табори худ аз дари сулҳу салоҳ ворид гарданд. Агарчанде ақорибаш ба онон қатъи робитаи хешутаборӣ карда бошанд, бояд мусалмон қатъи робитаи хешутаборӣ накунад. Расулуллоҳ (с) мефармояд: «Ҳар касе силаи раҳмашро (пайванди хешутабориро) қатъ намояд, ба Биҳишт дохил намегардад».

Аз ин ҳадис маълум мешавад, ки мусалмон дар ҳеҷ сурат наметавонад нисбати бародари мусалмони худ душманӣ варзад ва тарки сулҳу дӯстӣ намояд. Зеро робитаи пайванди хешутаборӣ асоси оромии ҷомеа, кишвар ва хонавода мебошад.

Робитае, ки мусалмонро бо бародари мусалмонаш мепайвандад, ин робита ва алоқаи имон доштан ба Аллоҳ таъоло мебошад. Яъне «Ҳамоно мӯъминон бародари якдигаранд». Аз ҳамин лиҳоз, ки мӯъминон бародари якдигаранд, фарди мусалмон ҳуқуқҳои бародари мусалмонашро эҳтиром мегузорад ва даст ба қатлу ғорат намезанад. Зеро дар натиҷа принсипи асосии мусалмонӣ, ки бародарӣ мебошад, халалпазир  ва гирифтори осеб мегардад. Дар асоси ин принсипи Қуръонӣ фарди мусалмон ҷонибдори бехатарӣ ва амнияти бародари дигари худ бошад.

Худованд мефармояд: «Ҳаргоҳ касе шуморо салом диҳад, шумо низ дар муқобил бо саломи беҳтар аз он ё монанди он посух диҳед» (Сураи Нисо, ояи 86).

Ба ибораи дигар, агар касе аз шумо барои сулҳу салоҳ саъю талош варзад ва шумо низ кӯшиш намоед, ки дар ин ҷода бештар саъю талош варзед.

Дар ҷои дигар Расулаллоҳ (с) фармуд: «Дин хайрандешӣ ва насиҳат аст». Аз ҳамин ҷиҳат, хайрандешӣ пеш аз ҳама сулҳ ва амният аст, ки барои инсон шароити мусоиди иҷтимоӣ ва сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ибодатӣ фароҳам меорад.

Дини мубини ислом ва таълимоти ҷаҳонгири он ба ҳифзи робитаи имонӣ миёни афроди ҷомеа ва уммати исломӣ даъват мекунад. Ва аз хушунату зӯроварӣ, қатлу ғорат инсониятро боз медорад.

Устод Абдуллоҳи Нурӣ дар вохӯрии дигар бо муҳоҷирини тоҷик сареҳатан муқобили ҷанг будани худро зимни тазаккури ҳадиси Расулуллоҳ (с) изҳор дошт. Аз ҷумла гуфт: Расулаллоҳ (с) мефармояд: «Дашном додани мусалмон фисқ ва ҷанг бо  вай куфр аст».

Зимни ин ҳадис зарур ва шарт мебошад, ки бо бародарони ҳамзабону ҳадини хеш ба сулҳ бипардозем, зеро дар дигар ҳолат аз доираи таълимоти ислом бадар хоҳем афтод ва мавриди азоби алим хоҳем гашт. Сулҳ раҳмати Худовандӣ ва неъмати безавол аст, ки ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон хоҳони он мебошад ва моро ба сӯйи наҷоти миллат аз гирдоби ғарқшавӣ мехонад. Ҳар кӣ муқобили сулҳ аст, ӯ аз мо нест ва аз мо ҷудо шавад.

Ҷаҳонбинии диниро Абдуллоҳи Нурӣ тақвият бахшид ва ба ҷаҳониён нишон дод, ки дар асоси таълимоти Қуръон метавон гуноҳи бародари мусалмонро бахшид. Сулҳро дар ивази ҷанг пазируфт. Хунро бо оби дӯстӣ шустушу дод. Сулҳу суботи ҷомеа асоси такомул ва пешрафти фарҳанги исломӣ ва оромии мулк ва амнияти кишвар мебошад. Шахсияти рӯҳонӣ чун симои сиёсӣ зуҳур намуд, маърифати исломӣ ва таълимоти онро муаррифӣ намуд, ки ислом метавонад дар эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешрафти сулҳу суботи ҷомеа ҳиссагузор бошад. Дини ислом дини наҷот ва хушбахтӣ барои башарият дар дунё ва дар охират мебошад.

Аз ҳамин ҷиҳат роҳу равиши зиндагӣ, ақида, таълимот, рафтор, гуфтор, андеша, равиши ибодат ва розу ниёзи Абдуллоҳи Нурӣ ниёзи бештаре ба омӯзиш ва ковишҳи илмӣ дорад, ки то кунун ин чеҳраи рӯҳонӣ ва таълимоти имонии ӯ бозшинохта нашудааст. Андеша ва афкори устод Нурӣ дарёи бузургеро мемонад, ки марворидҳои имонӣ андар қаъри он нуҳуфтааст.

Ҳамчун раҳбар то охири умр дар гуфтору амал содиқ монд ва думболи вазифаву мансаб талош наварзид. Гӯё мушарраф гаштан ба сулҳ беҳтарин сармоя ва неъмат буд, ки Худованд насибаш гардонд.

Таъсиси коммисиюни Оштии миллӣ

Бо дарки масъулият аз ҷониби ҳукумат бо супориши сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва аз ҷониби дигар бо роҳбарии пешвои рӯҳонӣ Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҳайати комиссиюни Оштии миллӣ таъсис дода шуд.

Маҳз дар пояи ҳамин ақоид хишти аввалини Оштии Миллӣ гузошта шуд. Ҳарчанд ки аз ҳарду ҷониб буданд нафароне, ки бо қарордоди Ризоияти Миллӣ ва Сулҳу Оштӣ бо назари шубҳа аз пушти пардаҳои сиёҳи пур аз дудаи ҷангу хун назар мекарданд. Раҳбари давлати тозаистиқлол ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, ки худ хеле ҷавон буд ва дар сиёсат ҷавонтар аз соли худ, тақдири давлату миллати мусалмони тоҷикро дар ҳамҷоягӣ бо устоди равоншод Роҳбари Иттиҳоди Нерӯҳои Мухолифини онвақтаи кишвар Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо дасти ҳам бо ҳидояти Худованди азза ва ҷалла гирифтанд. Ва қалбҳои поку мусаффо ва тинати мусалмонниҳоду душманзудоии онҳо сулҳу суботро насиби миллати мустаъзафи мусалмони тоҷик намуд. Ва ибораи шоир Лоиқ Шералӣ:

Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо бирасид.

Ва муколимаву гуфтугӯҳо оғоз гардид. Абдуллоҳи Нурӣ дар симои Эмомалӣ Раҳмон на рақиб, балки муҳибро дарёфт. Шефтаи далерӣ, баландҳимматӣ ва таҳаммулпазирию дурандешии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон гашт. Дар симои Эмомалӣ Раҳмон роҳкушоеро дарёфт, ки дар сиёсат ва дурандешӣ болотар аз шунидааш буд.

Пеш аз ҳама ҳамдинӣ, ҳаммазҳабӣ ва ҳамзабонии ду раҳбари хирадманд омили асосии Ваҳдати Миллӣ гардид. Фитратан қалбҳои онон майли сулҳу оромӣ доштанд, аммо монеаҳо сангин ва душвор буд. Ҷавҳари азалӣ ва иродаи илоҳӣ раҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нуриро ҳамчун бародари имонӣ ба ҳам наздик кард ва онҳо якдигарро ба дурустӣ ва хубӣ дарк намуданд ва якдигарро фаҳмиданд. Ва Худованд бори дигар неъмати раҳмат ва баракаташро ба рӯйи миллати тоҷик фароҳам овард.

Мазҳаби ҳанафӣ дар баробари арзишҳои дигар яке аз омилҳои асосии Оштии Миллӣ ба ҳисоб меравад. Ва яке аз сабабҳои якдигарфаҳмӣ, бахшиши якдигар, дурандешӣ ва таҳаммулпазирии ҳарду ҷониб  мусалмону ҳамзабон будани эшон гардид.

Ҳар ойина мардуми тоҷик пойбанди ҷараёну фирқаҳои тундгарои ба ном динӣ будӣ, сулҳ ба зудӣ ба даст наёмадӣ. Чуноне ки дар Покистону Афғонистон ва Ироқ инфиҷору одамрпабоӣ байни гурӯҳҳои ба ном исломӣ дар авҷ аст. Ва муддати зиёда аз сӣ сол мебошад, ки ин нооромиҳо идома дорад. Ва ҳазорон бегуноҳони мусалмон дар ҳангоми адои намоз андар масоҷид мавриди таҳаҷҷуми инфиҷориҳо гашта, ҷони худро аз даст додаанд. Ҳарчанд ки ҳизбу ҳаракатҳои зиёди сиёсии ба ном исломӣ мавҷуданд ва фаъолият мекунанд.

Аммо таълимоти исломи азиз бо роҳу равиши фақеҳи арҷманд Имоми Аъзам (р) дар муддати кӯтоҳ тавонист, ки бародарони ранҷидаро сари як дастархон ҷамъ намояд.

Намояндагони ҳарду ҷониб ҳанафимазҳаб буда, мақсади онон пешгирии қатлу ғорат ва ба даст овардани сулҳу оромӣ буд, ки Худованд ононро муваффақу сарфароз гардонид.

Ва омили дигари ба даст овардани сулҳ пеш аз ҳама ба таълимоти Қуръон ва сунати Расулуллоҳ (с) тобеъ будани ҷонибайн буд, ки Худованд имоновардагонро ба сулҳ ва оромӣ даъват мекунад, ки манфиатҳо андар сулҳ нуҳуфтааст.

Ба ҷои охирсухан

27-уми июни соли 1997-уми мелодӣ фаро расид. Бо итобкории бевоситаи сарвари давлати Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва пешво ва донишманди равшанзамир, Роҳбари Иттиҳоди Нерӯҳои Мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва кулли аъзоёни коммисиюни Оштии миллӣ ва шахсони холис дар шаҳри Москва қарордоди сулҳи тоҷикон имзо гардид. Рӯзи фархунда ва муборак дар натиҷаи ҷонзудоиҳои зиёд насиби ҳамдиёрон гардид. Ашки шодӣ аз чашми ҳозирин ва садҳо ҳамватанамон ҷорӣ гардид. Лутфу меҳрубонии Худовандро бо камоли хурсандӣ ва шукргузорӣ шодбош гуфтандӣ. Оташбаси умумӣ аз ду ҷониб дар кишвар эълон гардид.

Устод Нурӣ намози шукр гузоштӣ ва шукрона гуфтӣ Худоро, ки ба  ҷанги таҳмилшуда хотима гузошта шуд. Хуршеди саодат ва хушбахтӣ аз домани сулҳ ва ваҳдати миллӣ бори дигар тулӯъ кард. Ваҳдати миллӣ ягона роҳи якдигарфаҳмӣ ва пешрафту тарақии истиқлолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, динӣ ва мазҳабӣ мебошад. Мақом ва манзалати устод Нурӣ ҳамчун шахсияти рӯҳонӣ ва раҳбари исломи сиёсӣ дар кишвар ва хориҷ аз кишвар муаррифӣ гардид. На танҳо ӯро дар Тоҷикистон, балки шахсияти ӯро ҳамчун пешвои сиёсии динӣ эътироф намуданд.

Ва имрӯз зарур аст, ки дигар пешвоёни ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии ҷаҳон, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон, ки ба худ номи исломиро доро мебошанд, аз таҷрибаи сулҳофарини Тоҷикистон таҷриба биомӯзанд ва ибрат бигиранд.

Ваҳдати миллӣ неъмати бузурги Худовандӣ буда, барои ҳар фарди мусалмон азизу арҷманд аст. Бояд ба ёди ин рӯзи саид ва фархунда: 27-уми июни соли 1997, ки ҳамватанони гиромиро ба ҳам пайваст ва ба ҷанги ҳамдигаркушӣ нуқтаи хотима гузошта шуд, намози шукрона гузошт. Аз мардӣ ва саховатмандӣ, таҳаммулпазирӣ, дурандешӣ ва покии қалби сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва шодравон Абдуллоҳи Нурӣ ба некӣ ёд кард ва дар ҳаққи эшон дуои хайр намуд.

Ин рӯзи муборак, рӯзест, ки арзиши садсолаҳоро дар худ шомил намудааст. Рӯзи муборакест, ки бародарони ранҷида ва размида аз ҷурму гуноҳи якдигар даргшузаштанд ва оини ҷавонмардиро дар ҷаридаи торих ёдгор гузоштанд. Дар ин рӯзи муборак кохи бузурги сулҳу ваҳдати миллӣ аз ҷониби бузургони миллат бунёд гузошта шуд, ки ҳар хишти маънавии он ёдгории торихи тоҷикони кишварамон мебошад.

Рӯзест, ки тӯлонитар аз ҳазорсолаҳост ва баҳорест бехазон ва гулҳои умед андар он шукуфта.

Рӯзест, ки бо гузашти аём қадру манзалати он афзун мегардад ва қадру қимати он дучанд мегардад.

Рӯзи Ваҳдати Миллӣ дарси ибрат ва омӯзиш барои дигарон ва ҳамдиёрон аст.

Ваҳдати миллӣ рамзи ухуват, сулҳу сафо, бародариву якдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон мебошад.

Дар остонаи фарорасии ин рӯзи муборак қарор дорем, пас зарур аст, ки аз саҳмгузорони Оштии Миллӣ ба некӣ ёд намоем ва шукргузори неъмат бошем, на аз куфрони неъмат.

Абдуллоҳи Муҳаққиқ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: