Главная > Uncategorized > На нештаре ба ӯзбекистон, на чизе дигар…

На нештаре ба ӯзбекистон, на чизе дигар…

Баъд аз он ки тарҳи НБО-и «Роғун» дар амал татбиқ шуд ва мардуми тоҷик барои бунёди ин нерӯгоҳ камари ҳиммат бастанд, оташи бахилии президенти ҳамсоя, ҷаноби Ислом Каримов боз ҳам аланга гирифту аз пайи бунёди монеаву саддгузориҳо шуд. Маҳз пас аз ин ӯзбекистон аз манъи интиқоли газ сар карда, то ба боздошти қатораҳои бору колои ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар воридмешуда оварда расонд, ки хисороти зиёде ҳам ба Тоҷикистон ва ҳам ба худи ӯзбекистон расондааст.

Гуфта мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон аз манъи қатораҳояш дар қаламрави ӯзбекистон аз cабаби сари вақт ворид нашудани маводи сӯзишворӣ ва дигар таҷҳизот дар айёми кишти баҳорӣ даҳҳо миллион доллар зарари моддӣ дидааст. Тибқи маълумоти масъулони Роҳи оҳани Тоҷикистон, худи ӯзбекистон низ аз манъи қатораҳои Тоҷикистон беш аз 100 миллион доллар хисорот дидааст. Худи ҷониби ӯзбекистон низ ин хисоротро таъйид кардааст.

Коршиносон пофишориҳои ахири Ислом Каримовро дар мулоқоти рӯ ба рӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба манъи қатораҳои маводи марбут ба нерӯгоҳи «Роғун» ба ҷуз ҳадафи сиёсӣ чизи дигаре арзёбӣ накардаанд. Ин ҳама саддэҷодкуниҳои Ислом Каримов Эронро низ ором гузошта натавонист, ки дар масъалаи вагонҳо дар пушти Тоҷикистон қарор гирифт. Иштироки раисҷумҳури Эрон Аҳмадинажод дар конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт» дар Душанбе ва ахиран ҳушдори Теҳрон ба ӯзбекистон дар робита ба озод кардани вагонҳои Тоҷикистон далели пуштибонии қавии Эрон аз Тоҷикистон аст.

Ҳамакнун мувофиқи гуфтаи вазири энергетикаи Эрон Маҷиди Номҷӯ тибқи як созишномаи сеҷонибае миёни Тоикистон, Афғонистон ва Эрон, ки бояд ба наздикӣ ба имзо расад, Эрон бояд аз Тоҷикистон об ворид кунад ва ин обро ҷониби Эрон дар истгоҳҳои барқии худ истифода хоҳад бурд. Масъулони эронӣ дар масъалаи василаи захираи оби Тоҷикистон ба Эрон ва ҳамчунин дар мавриди нархгузории об ибрози андеша накардаанд. Вале маълум аст, ки пас аз ба имзо расидани санади ҳамкории Эрону Тоҷикистон бо Афғонистон маълум мешавад, ки оби Тоҷикистон аз тариқи Афғонистон ба Эрон интиқол дода хоҳад шуд. Ғайр аз ин, моҳи гузашта миёни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон як қароре дар заминаи иҷрои тарҳи роҳи оҳани ду кишвар ба воситаи Афғонистон ба имзо расид ва гуфта мешавад, ки аз ин ба баъд Эрон барои тарҳрезии барномаи техникӣ ва иқтисодии ин роҳи оҳан маблағи 1 миллион доллар ҷудо менамояд. Масъалаи интиқоли оби Тоҷикистон ба Эрон дар замоне рӯйи кор омад, ки баҳси об миёни Тоҷикистону ӯзбекистон ба як мавзӯи сиёсию байналмилалӣ табдил ёфтаву то ҳол сокит нашудааст. ӯзбекистон кайҳо боз барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» саддгузорӣ мекунад ва оё имкон дорад, ки алайҳи ин тасмими гирифтаи Эрон низ садо баланд кунад? Дар ин ҳол саволе пайдо шуданаш имкон дорад, ки чунин амали ҷониби Эронро танҳо ҳамкории стратегӣ метавон унвон намуд, ё нештари дигаре ба амалдорони ӯзбекистон?

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр менамояд, ки на нештаре ба ӯзбекистон дорад ва на ягон чизи дигаре. «Ин як раванди табиии ёфтани бозорҳои об аст ва обе, ки Эрон аз мо мегирад, ин ба маънои он нест, ки оби Ому ё ин ки Вахш бошад. Онҳо танҳо оби нӯшиданиро дар назар доранд. Мо метавонем ҳамаи кишварҳои Аврупою арабиро, ки оби моро бихаранд ва ғайр аз ин тамоми Осиёи Марказиро низ бо оби нӯшокӣ аз ҳисоби кӯли Сарез таъмин намоем. Гап танҳо сари оби нушокӣ аст, на дигар навъи об». Сайфулло Сафаров таъкид мекунад, ки ин тасмим дар ҳоли амалӣ шуданаш ҳам ба баҳсҳои миёни Тоҷикистону ӯзбекистон ҳеҷ алоқамандие дошта наметавонад.

Вале муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Ҳайдулло Абдуллоев бар хилофи ин гуфтаҳо ба он назар аст, ки дар тағйир додани маҷрои оби дарё манфиатҳои кишварҳои поёноб ба назар гирифта шаванд. «То ҷойе медонам, интиқоли об аз Тоҷикистон ба Эрон тавассути Афғонистон набояд хатари ҷиддие дошта бошад ва агар чунин созишнома байни Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон ба имзо расад, пас бояд маҷрои дарё тағйир ёбад. Аз тарафи дигар, тибқи қонунҳои амалкунандаи баналмилалӣ, табдили маҷрои табии дарёро ҳеҷ кас ҳуқуқи тағйир додан надорад. Дар чунин ҳолат давлатҳои поёноб, бахусус ӯзбекистон наметавонад хомӯширо пеша намояд ва муборизаи сахт хоҳад бурд. Чун табиист, ки вазъияти экологӣ хуб намешавад. Чизи дигар ин ки, обе, ки аз Тоҷикистон ба ӯзбекистон меравад, инро Тоҷикистон ихтиёр накардааст ва ин ҳодисаи табиат аст. Барои ҳамин, ман ҳеҷ боварӣ надорам»,- мегӯяд ӯ.

Инҷо саволи дигаре пайдо мешавад, ки модоме интиқоли оби Тоҷикистон як ҳодисаи табиӣ бошад ва инро ҳеҷ кас ихтиёр накарда бошад, пас чаро кишвари ӯзбекистон бо вуҷуди ин қадар некӣ садди пешрафти Тоҷикистон мешавад? Чаро нафту гази ӯзбекистон қадр доштаасту оби Тоҷикистон не? Таҳлилҳои коршиносон гувоҳи он аст, ки фишорҳо болои Тоҷикистон аз ҷониби ӯзбекистон ва Русия зиёд ба чашм мерасад. Ҳамчунин, ҳадс мезананд, ки наздикшавии Эрон бо Тоҷикистон метавонад аз як тараф Тоҷикистонро аз ҳар гуна фишорҳо  эмин дорад. Эрон имрӯз ягона кишварест, ки расман муқобили амали Ҷумҳурии ӯзбекистон вокуниш нишон дод ва Тошкандро ҳушдор дод, ки дар сурати раҳо накардани вагонҳои Тоҷикистон чунин амалро дар вуруди қатораҳои ӯзбекистону Эрон амалӣ хоҳад кард. Масъули ширкати Роҳи оҳани Эрон Беҳрӯз Баландӣ ҳадафи аслии ин иқдоми Эронро «кӯмак ба Тоҷикистон» арзёбӣ кардааст. Зеро боздошти қатораҳои Тоҷикистон дар қаламрави ӯзбекистон ба сотхмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2», ки бо сармояи Эрон сохта мешавад, таъсири манфӣ расонидааст. Ба ин хотир шояд Эрон дар баробари ёрӣ ба Тоҷикистон, ҳамчунин манфиатҳои худро низ дар назар гирифта, ба ин кор ҳамроҳ шуда бошад. Дар робита ба ҳамин мавзӯъ коршинос Қосими Бекмуҳаммад чунин мегӯяд: «Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон дар шарики табиии якдигар будан таъкид кардаанд ва мушорикати табииву стратегӣ  тақозо мекунад, то ин ду кишвар дар масоили асосии сиёсии стратегӣ ва иқтисодӣ аз якдигар пуштибонӣ ба амал оранд. Бинобар ин, ҳимоятҳои раисҷумҳури Эрон ва ҳамчунинин мақомоти дигари Эрон аз Тоҷикистон кӯшиш барои пайдо кардани роҳи ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба тронзити бору коло аз қаламрави ӯзбекистон ба Тоҷикистон сирфан дар ҳамин ростои манофеи муштараки стратегии ду кишвар қобили баррасист. Гузашта аз ин, аз таҳримоти эъломнашудаи иқтисодие, ки ӯзбекистон дар баробари Тоҷикистон пиёда мекунад, ҶИЭ низ зиёни фаровоне мебинад. Тӯли ин чанд моҳи ахир ӯзбекистон монеи вуруди тронзити таҷҳизот ва дастгоҳҳои марбут ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-2″ шудааст, ки сохтмони ин нерӯгоҳ бо ҳамин сабаб ба таъхир афтодааст. Бинобар ин, ба ин баҳс ворид шудани Эрон қабл аз ҳама ҳимоят аз манофеи худи ин кишвар мебошад ва баъдан ҳимоят аз шарик ва ҳамкори худ, яъне Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ».

Таҳлилгари масоили сиёсати баналмилалӣ Рашид Ғанӣ Абдулло низ инро ҳимояи манфиатҳои миллии Эрон арзёбӣ мекунад. «Ба фикри ман, эрониҳо бештар гирифтори таъмини манфиатҳои миллии худ ҳастанд, на ин ки ин ё он давлати минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҷидолу хархаша бошад. Эрон давлати калон аст ва ҳаҷми ҳам иқтисод ва ҳам имконоташ на камтар аз тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Ба назари камина, Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ бо ин ё он давлати минтақаи Осиёи Марказӣ худро дар робитаи душвор қарор намедиҳад. Биноан, ба фикри ман, Эрон барои манфиатҳои миллии худаш кӯшиш дорад, на барои ягон масъалаи дигар».

Ҳамчунон, моҳи гузашта Эрон равуои бидуни раводиди шаҳрвандии Тоҷикистону Эронро матраҳ намуд, вале ҷониби Тоҷикистон ин иқдомро напазируфт. Зеро дар чунин сурат хавфи ворид шудани ҳар гуна шаҳрвандони гуногунмазҳаб ба амал меомад ва ё шояд сирри дигаре буд. Раиси ҲНИТ, ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ вобаста ба ин масъала чунин ибрози назар намуд: «Албатта Тоҷикистон шояд бо далели он ки бештар шаҳрвандони Эрон дар ин шабу рӯзҳо вориди Тоҷикистон шуда истодаанд (на аз Тоҷикистон ба Эрон) ва бекор кардани раводиди ягона ба буҷаи Вазорати корҳои хориҷӣ, бахусус бахши консулӣ зарбае метавонад занад, худдорӣ кард. Чун дар ин сурат Тоҷикистон, бахусус бахши консулӣ метавонист аз як даромади иловагӣ маҳрум шавад. Чунки барои гирифтани ҳар як виза маблағеро ирсол намоянд, ҳамчуноне ки тоҷикон ҳам барои гирифтани визаи Эрон маблағеро пардохт мекунанд. Вале шумораи сафаркунандагон ба Эрон аз Тоҷикистон дар муқоиса ба эрониҳо, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон оянд, камтар аст. Вале аз тарафи дигар, мо набояд тамоми муносибатҳоро бо диди иқтисодӣ ва даромади буҷа аз фурӯши визаҳо нигоҳ кунем. Чунки, агарчи бидуни раводид ҳам оянд, шумораи бештари шаҳрвандони Эрон бо худ ҳатман маблағҳои зиёдеро вориди Тоҷикистон мекунанд. Ин худ як кӯмаке ба иқтисодиёти Тоҷикистон аст, ки даромади он дар маҷмӯъ аз фурӯши чанд виза ба маротиб бештару хубтар хоҳад буд. Аз нигоҳи стратегӣ бекор кардани равобит ба нафъи мо буд. Вале чун аллакай қабул надоштааст, пас маълум мешавад, ки ҳанӯз ҳам Тоҷикистон омодаи чунин кор нест».

Фаридуни УМАРБЕК, БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: