Главная > Uncategorized > Рақси кӯлобӣ дар иҷрои Шералӣ Гул ва Абдуфаттоҳ Шарипов

Рақси кӯлобӣ дар иҷрои Шералӣ Гул ва Абдуфаттоҳ Шарипов

20-уми июн чанд лаҳза дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон рақси мансабдорони тоҷик Шералӣ Гул, Абдуфаттоҳ Шарипов, Шералӣ Кабиров ва чанд тани дигар намоиш дода шуд, ки дар Ҷумҳурии халқии Хитой ҳузур доштанд.

Ба назар чунин мерасид, ки ҳофизе аз намояндаҳои қавми уйғур (шояд) сурудеро дар бораи шаҳри бостонии Кӯлоб замзама мекард, ки эҳтимол ба вазиру кабирони тоҷик ё овози ҳофиз писанд омад, ё аз забони як сарояндаи миллату давлати дигар шунидани суруди тоҷикӣ ва маҳз номи «Кӯлоб» хеле ҷолиб буд, ки онҳоро ба ваҷд овард ва ба рақс водор намуд. Ба назар чунин мерасид, ки табъи ҳукуматдорони мо хеле болида ва ғам аз сарашон дур буд. Воқеан баъди ин офатҳои табиӣ, ки бар сари мардуми Кӯлоб омада буд ва дар баробари ғамзадагии мардум ташвиши ҳукумат зиёд гашта буд, баъди мушкилиҳои азиме, ки пешорӯяшон ӯзбекистон эҷод намуд, вагонҳои молу таҷҳизотро тӯли 4-5 моҳ боздошт ва мақомоти давлатӣ аз гуфтушуниду баҳсу кашмакашҳо бо ҳамсоякишвар хаста шуданд, баъди нуқта гузоштани Ислом Каримов барои интиқоли масолеҳи сохтмонии «Роғун» аз ҳудуди кишвараш шояд ғаму андӯҳи бепоёни бар сарашон омадаро мехостанд, ки дур аз ватан, як каме бо рақсу сархушӣ сабуктар кунанд.

Албатта мардум ҳар гуна андешаҳои каҷ ҳам доштанд, ки гӯё вазирону кабирон «шикамшон серу ғамшон дур» шудааст, ки ба рақсу замзама шурӯъ кардаанд. Аммо ба назар мерасад, ки ин тавр нест. Зеро дар баробари андак мушкили камбизоатии мардум, ки 50 дар сад аст, онҳо ҳам бори маломат мекашиданд. Дар бораи андак банд мондани вагонҳо низ бепарво набуданд ва аз маблағи ҷамъшудаи саҳмияҳои «Роғун», ки ҳоло тақдираш номаълум аст, ташвиш доштанд. Аз офатзадагии мардуми Кӯлоб низ, бо вуҷуди «қарсаки ғайриихтиёри»-е, ки кадом мансабдоре бо гумони дар ҷаласае бо сарвари давлат будан ногоҳ зада буд, хеле нигарон буданд ва кӯшиш мекарданд, ки ба бесарпаноҳе паноҳгоҳ муҳайё кунанд. Аз андак мушкили болоравии нархҳо, ки аз ҳисоби роҳи пулакӣ низ гуфта мешуд, ташвиши ҳукуматдорон зиёд буд. Хулоса аз мушкилиҳои андак каме дуртар рафта, андак рақсу сархушӣ кардан, боз дар арафаи иди Ваҳдат шояд хеле барои рафъи хастагияшон кӯмак кард.

Пас, Рӯзи ваҳдат бо рақси намояндаҳои миллат муборак бошад!

 Беҳзоди АБӯБАКР,

сокини пойтахт

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: