Главная > Uncategorized > Роҳбари гурӯҳи «террористӣ» кист?

Роҳбари гурӯҳи «террористӣ» кист?

Идома аз шумораи гузашта

Нақли дар боло намудаамон, ғайр аз ҳодисаи сабабгори бори дуюм ба ин мавзӯъ баргаштан, кайҳо гузашта буд. Бо кормандони кумитаи заминсозии ноҳия дар назди раиси хоҷагии деҳқонии «Деҳмой» сӯҳбат карда натавонистем. Аз ин лиҳоз нахуст ба кумитаи заминсозии ноҳия рафтем. Раиси кумитаи заминсозии ноҳия Р. Боқиев афзуд, ки дар асоси супориши Ҳукумати ноҳия баҳри баррасии аризаи аъзоёни хоҷагии деҳконӣ кормандонашро фиристодааст. Ба мо аризаеро пешниҳод намуд, ки ба номи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Деҳмой, деҳаи Қуланбошим В. Каримов навиштааст. Пешгуфтори ариза аз он иборат буд, ки аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Деҳмой» барои аз нав ташкил намудани як хоҷагии деҳқонӣ дар минтақаи Қуланбошим, дар асоси саҳми замини мавҷуда ва Протоколи комиссияи вилояти Суғд аз 8-уми апрели соли 2010 бо номи хоҷагии деҳқонии «Қуланбошим» ризоият дода шавад.

Беҳуда дар боло ин Протоколро «хишти каҷ» ном нагузоштем. Бубинед, як амали З. Калонов — сармутахассиси кумитаи заминсозии вилоят боиси чӣ қадар кашокашӣ гардида истодааст. Гуфтем, бори дигар таъкид менамоем, ки агар ҳамон рӯзи баррасии аризаи саҳмдорон аз диди қонун роҳ нишон медоданд, эҳтимол кор то ба ин ҷо намерасид. Охир, нафарони номашон дар Протокол қайдшуда соҳиби замин, ба истилоҳи ҳуқуқӣ гӯем, заминистифодабаранда нестанд. Ғайр аз чанд касе, ки ҳиссаи саҳми замин доранд. Пас чӣ хел, он Протокол асос барои ташкили хоҷагии нави деҳқонию аз аъзогии як хоҷагӣ баромадан  мегардад?

Аризаро варақ задем. Дар он 219 нафар гӯё имзо гузоштаанд. Диққати моро ному насабу имзои чанд нафаре, ки рости номашон «армия» навишта шуда буд, ба худ ҷалб намуду аз Р. Боқиев суол кардем:

— Нафарони дар артиши миллӣ буда чӣ хел ба ин ариза имзо гузоштаанд?

— Инашро ман намедонам, аз нафари аризаро пешниҳоднамуда пурсидан лозим аст,- посух дод Р. Боқиев.

— Агар инро дар кумитаи замин муайян накунанд, пас дар куҷо муайян менамоянд? Бо чашми оддӣ маълум аст, ки баъзе имзоҳо ба ҳам хеле монанданд. Дар ин маврид чӣ андеша доред?

— Гуфтам-ку инро касе, ки пешниҳод кардааст, ҷавобашро медиҳад.

Сӯҳбати мо сари ин масъала хеле тӯл кашиду аз раиси кумитаи заминсозии ноҳия Р. Боқиев пурсон шудем, ки айни замон, дар чунин шаклу тарзи пешниҳод намудани ариза, аз аъзогии як хоҷагии деҳқонӣ баромадану ташкил намудани дигар хоҷагии деҳқонӣ мумкин аст? Номбурда қайд кард, ки мумкин аст ва моддаи 25-и Қонун «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-ро далел оварда, онро бо овози баланд хонд. Дар ин модда қайд карда мешуд, ки аъзои хоҷагии деҳқонӣ метавонад бе розигии дигар саҳмдорон аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ бо ҳиссаи саҳмаш барояд. Эрод гирифтем, ки қонунгузор аъзои хоҷагии деҳқонӣ гуфтааст, на аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ. Пас мумкин аст, ки 219 нафар бе ризоияти заминистифодабаранда ё маҷлиси умумии он аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ бароянд?

— Инашро ман намедонам,- кӯтоҳ ҷавоб дод Р. Боқиев.

Раиси кумитаи замин Р. Боқиев худро тамоман аз ин масъала «дур» мегирифту вонамуд месохт, ки чизеро намедонад. Вале бе ризоияту пешниҳод ва ҳуҷҷатҳои кумитаи замин, заминро ба касе додану аз як шакли истифодабарӣ ба шакли дигар гузарондан ғайри имкон аст. Ҳарчанд Р. Боқиев «надонад» ҳам, мо муайян намудем, ки вазъи замину тақсимоти он дар ин ноҳия чӣ хел аст. Нафарони бо «парашут» омада заминро соҳиб шуда, чун давраи ғуломдорӣ ба одамон вобаста намуда, ҳосили муфт мегиранду ҳатто андози даромад он тараф истад, андози заминро намесупоранд. Ин масъала гуфтугузори алоҳида аст. Ғайр аз он, мардум мегӯянд, ки барои ташкили хоҷагии деҳқонии нави «Қуланбошим» ба ким касе 50 гектар замин ваъда кардаанд. Агар ин хоҷагии деҳқонӣ тақсим шавад, он нафар «доля»-ашро мегирифтааст. Муайян намудани ин масъала бошад, ба салоҳияти мақомоти дахлдор аст. Дарвоқеъ, Р. Боқиев бо ҳукми Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов тибқи моддаи 321, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Наход ин масъала дарс нашуда бошад?!

«Мурдаи зиндашуда»

Аризаи пешниҳоднамударо барои ташкили хоҷагии деҳқонии нав ҳар қадар аз наздик меомӯхтем, ҳамон қадар шубҳаамон зиёдтар мегардид. Ин ҷо дар бораи монандии имзоҳо чизе намегӯем. Бори дигар таъкид менамоем, ки бигзор мақомоти дахлдор ҷузъиёти ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор дода, ҳадафҳои носолимро муайян созанд. Мо аризаро гирифта, бо мутахассисону сокинон ҳамсӯҳбат гардидем. Маълум гардид, ки нафарони умуман саҳм надошта дар ин ариза имзо гузоштаанд. Ғайр аз он, ному насаби шахсони кайҳо аз ҳайати хоҷагии деҳқонии «Деҳмой» баромадаву дар дигар хоҷагии деҳқонӣ фаъолиятдошта дар ин ариза мушоҳида карда мешуд. Чанд каси дигар, ки солҳо боз дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд, «имзо» гузоштаанд. Шаҳрванди дигаре дар ҳабс асту дар рӯ ба рӯяш имзо меистад. Аз ҳама аҷибаш, дар рӯйхати имзокардашуда ному насаби шахсеро вохӯрдем, ки кайҳо вафот кардааст.

Барои ба ҳамаи ин масъалаҳо равшанӣ андохтан бо раиси ҷамоати деҳоти Деҳмой Б. Рӯзиева дар тамос шуда, хоҳиш намудем, ки дар вақти муайян шаҳрвандонро ба ҷамоат даъват намояд. Хусусан, мо мехостем бо В. Каримов, ки ба раиси ноҳия муроҷиат кардаасту дар зер имзои дигарон бо чунин норасоиҳо меистод, ҳамсӯҳбат шавем. Раиси ҷамоат ба мо хабар дод, ки В. Каримов дар саҳро, дар сари замин мебошад. Барои бо ӯ сӯҳбат намудан бо кормандони ҷамоат ба саҳро рафтем. Вале аз ӯ дараке набуд. Чанд маротиба ба телефони ҳамроҳаш занг задем. Телефонаш хомӯш карда шуда буд. Ноилоҷ баргаштем. Гумон доштем, ки суолҳоямон дар ин маврид бепосух мемонаду бо В. Каримов вохӯрда наметавонем. Вале мушкиламонро касе осон намуду гуфт, ки пас аз чанд рӯз комиссияи ноҳиявӣ доир мегардаду В. Каримов ҳатман ба Ҳукумати ноҳия меояд.

Оид ба масъалаи ҷудошавии хоҷагии деҳқонӣ раиси ҷамоати деҳоти «Деҳмой» Б. Рӯзиева иброз намуд, ки умуман дар бораи аризаи охирини шаҳрвандон огаҳӣ надорад. Аз рӯи гуфтаи ӯ, саҳмдорон ба ду тараф ҷудо шуда, дар мавриди тақсими замин ҳатто бародар бо бародар кашокашӣ карда истодааст.

«Хунрезӣ мешавад»

Барои ба масъалаи ҷудошавии хоҷагӣ равшанӣ андохтан бо муовини раиси ноҳия Б. Акрамов, ки самти кишоварзиро дар ин ноҳия назорат мебарад, ҳамсӯҳбат гардидем. Муроҷиаткунандагон дар аризаи нахустинашон аз Б. Акрамов шикоят мекарданд. Гӯё ӯ бе ягон асос аризаи саҳмдорони деҳаи Қуланбошимро рад намуда, барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ ризоият намедодааст. Гуфтугузори мо ҳам аз ҳамин масъала оғоз ёфт. Б. Акрамов наздамон нусхаи аризаҳои аъзоёни хоҷагиро гузошт, ки барои баррасӣ ва андешидани чораи қонунӣ ба ӯ пешниҳод карда шудаанд.

— Ҳарчанд дар ин вазифа нав ҳастам, вале солҳои зиёд раиси ҷамоат будам,- афзуд Б. Акрамов. Айни замон раиси комиссияи таҷдиди сохторҳои кишоварзии ноҳия мебошам. Ҳар аризаи ба мо дохилшуда бо иштироки мутахассисон ҳаматарафа омӯхта мешавад. Бовар кунед, чанд моҳ боз танҳо масъалаи деҳаи Қуланбошим. Гӯё дар ин ноҳия дигар проблема набошад. Борҳо таъкид намудем, ки ҳама чиз тибқи талаботи қонун бояд ҳаллу фасл карда шавад. Вале ҳеҷ моро фаҳмидан намехоҳанд. Гумон мекунанд, ки хилофи онҳо амал намуда истодаем. Ҳамаи онҳое, ки барои ташкили хоҷагии деҳқонии «Қуланбошим» ариза додаанд, айни замон аъзои хоҷагии деҳқонии «Деҳмой» мебошанд. Охир, аз аъзогии як коллективи меҳнатӣ озод нашуда, чӣ тавр коллективи меҳнатии дигар ташкил намудан мумкин аст?! Аз маводҳои пешниҳодшуда маълум аст, ки аризадиҳандагон ба раёсати хоҷагӣ барои аз ҳайати аъзогии хоҷагӣ баромадан ариза нанавиштаанд. Ғайр аз он, ин ҷо сухан дар бораи аз ҳайати хоҷагӣ баромадани зиёда аз 200 нафар саҳмдор меравад. Чӣ хел бе ризоияти маҷлиси намояндагон ё умумии хоҷагии деҳқонии «Деҳмой» ин қадар саҳмдор ҷудо мешаваду ба онҳо дар як вақт ҳиссаи амволиашон тақсим карда дода мешавад? Ин саҳмдорон ё намояндагонашон ҳангоми ташкили хоҷагии деҳқонии «Деҳмой» иштирок карданду овоз доданд. Ҳамаи инро ба инобат гирифтан лозим аст. Вақте ба намояндагони аризачиҳо ин нишондоди қонунро мефаҳмонед, умуман шунидан намехоҳанд.

Аз сӯҳбат маълум гардид, ки айни замон санҷишгарони АУДИТ фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Деҳмой»-ро санҷида истода будаанд. Баробари ба анҷом расондани онҳо ва ҷамъоварии ҳосил масъалаи таҷлили хоҷагиро медидаанд.

— Айни замон вазъият дар деҳаи Қуланбошим он қадар хуб нест,- илова намуд Б. Акрамов. Барои тақсими хоҷагии деҳқонӣ шуда, баъзе шахсони манфиатдор шабона хона ба хона мегаштаанд. Ин амалҳо ба дили дигарон задааст. Албатта, ҳамаро гунаҳкор карда намешавад. Баъзе ашхос ҳастанд, ки барои амалӣ намудани ғаразашон аз ягон кори паст рӯй намегардонанд.

Муовини раиси ноҳия нақл намуд, ки нафаре ба деҳаи онҳо рафта, ба воситаи як каси дигар ба падараш расондааст, ки писараш (Б. Акрамов)-ро насиҳат кунад. То ки ӯ тезтар барои ҷудо кардани хоҷагии деҳқонии Қуланбошим мусоидат намояд, вагарна ягон хунрезӣ мешавад. (Бо сабабе аз зикри номашон худдорӣ намудем).

Урмон Шариф кист?

Ҳангоми омӯзиши ин мавзӯъ ва сӯҳбат бо одамон маълум гардид, ки яке аз ташаббускорони масъалаи ҷудо намудани хоҷагии деҳқонии «Қуланбошим» Урмон Шариф мебошад. Мо ҳам хостем ин дафъа бе намояндаи хоҷагии деҳқонии «Деҳмой» дар бинои ҷамоат бо ӯ вохӯрем. Нахуст аз аризаи маротибаи охирон ба раиси ноҳия пешниҳоднамудаи саҳмдорони деҳаи Қуланбошим пурсон гардидем. Урмон Шариф аз мо хоҳиш намуд, ки ҳамаи саҳмдоронро ҷамъ намуда, нуқтаи назарашонро пурсон шавем. Ба хотираш овардем, ки маротибаи нахуст бо саҳмдорон вохурӣ доштему он сӯҳбати моро ба хархаша мубаддал намуд. Дар посух гуноҳро ба мо бор намуд, ки гӯё мо рӯзноманигорон ҷанҷолро оғоз намуда бошем. Ҳамин тавр суолу ҷавоби мо зиёда аз як соат идома дошт. Дар давоми сӯҳбат иброз намуд, ки ӯ ба ягон хел ташкил намудани ариза шарик нест. Онро дигарон ташкил намудаанд. Пас бояд барои имзоҳои дар ариза гузошта худашон посух диҳанд. Дар хона ба хона гаштану шаҳодатномаи саҳми замини одамонро ҷамъ намудан ҳам ягон нақше надорад. Ваъият дар деҳаи Қуланбошим ором асту чанде қабл ӯро ба як мақомот, ки аз номи 18 нафар ариза дохил шуда будааст, даъват кардаанд. Вай қавл додааст, ки кафили оромии деҳа мебошад ва агар ягон нохушие рӯй диҳад,ҷавобашро медиҳад.

Чун Урмон Шариф оид ба оромии деҳа бо қатъият сухан меронд, маълумотномаи шаҳрвандеро, ки бинобар масъалаи тақсими хоҷагии деҳқонӣ бо бародараш ба таъбире «зиндаҷудою мурдаҷудо» шуданашонро ба раиси ҷамоат додем, то онро бе зикри ному насаб баланд хонад. Дар маълумотнома таъкид мегардид, ки вазъият дар деҳа хеле ноором аст. Ғайри ихтиёр Урмон Шариф садо баланд кард:

— Ман ӯро тинҷ намемонам…

— Чӣ хел тинҷ намемонед?

— Ба воситаи орган. Ман кофта меёбам, ки организатори ин кист… Ин суханон ҳамааш тӯҳмат аст.

— Кофта ёфта бо ӯ ҷанҷол мекунед?

— Не, ман ба 77 даромада, то ҳол ягон беақлӣ кардагӣ нестам,- бо як қатъият гуфт Урмон Шариф.

Ба хотираш расондем, ки ба нафаре зарари ҷисмонӣ расондану дуним сол аз озодӣ маҳрум гардидан магар беақлӣ нест? Баъди ин суханамон Урмон Шариф ба нақли ҳодисае, ки ҳангоми мудири фермаи хукпарварӣ буданаш рух дода будааст, шурӯъ намуда, онро батафсил нақл кард.

Ҳамчунин дар боби вазифаи мудири анбор писараш кор кардану тамоми калидҳо дар дасти худи Урмон Шариф будан пурсон шудем. Пас аз нақли дурудароз ин масъаларо тасдиқ намуд. Чун дар даст нусхаи санад оид ба тафтиши фаъолияти истеҳсолӣ — молиявии кооперативи истеҳсоли «Деҳмой» аз 15-уми декабри соли 2006 доштем ва дар ин санад қайд карда мешуд, ки аз ҳисоби писари Урмон Шариф — У. Урмонов маблағи 18625,74 сомонӣ ба фоидаи хоҷагӣ бояд рӯёнда шавад. Дар санад ҳамчунин таъкид мегардид, ки оид ба ин амали хилофиқонун барои чораҷӯйӣ маводҳо ба ШКД-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ирсол карда шудааст. Аз Урмон Шариф пурсидему таъкид намуд, ки аз ин масъала хабаре надорад. Ҳамчунин ба дигар суолҳои мо дар мавриди зиёда аз 60 тонна шолӣ камомад кардан, қубурҳои обгузари мактабро истифода бурдан, замини назди масҷидро ба касе додан ва ғайраро рад намуд.

Чаро аз ин далелҳо ёдовар шудем? Баъзеҳо дар он ақидаанд, ки чунин нафарони «ташаббускор»-и ҷудо намудани хоҷагии деҳқонӣ бо як тир чанд нишонро заданӣ ҳастанд. Агар мақсадашон амалӣ гардад, ҳам аз қарз халос мешаванду ҳам дар сояи дигарон боз айшашонро идома медиҳанд.

Саросемагӣ, ҳадаф чист?

Ниҳоят бо Ваҳҳоб Каримов дар бинои Ҳукумати ноҳия вохӯрдем. Аввал оид ба масъалаи аризаю ба ҷои саҳмдорон каси дигар имзо гузоштанаш пурсон гардидем. В. Каримов нақл намуд, ки мақсади онҳо ташкил намудани хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ будаасту гуфтаанд, ки аввал якҷоя шуда аз ҳайати хоҷагии деҳконии «Деҳмой» бароянд. ӯ бо 20 нафар хешу табораш мехостааст, ки алоҳида дар асоси саҳмашон хоҷагии деҳқонӣ созмон диҳанд. Онҳо 9 нафар будаанду ҳамагӣ 140 нафар аъзо доштаанд. Вале якбора масъалаи якҷоя ҷудо шудан пайдо шудааст. Агар ҳозир хоҷагиро ҷудо кунанд, хоҳу нохоҳ тирамоҳ вай бо хешу табораш аз ҳайати он мебаромадаанд.

Дар бораи имзоҳо бошад, нақл намуд, ки он 9 нафари хоҷагии деҳқонӣ ташкил менамуда ному насаби аъзоёнашонро бо пешниҳоди имзо ба ӯ додаанду вай ба Ҳукумати ноҳия пешниҳод кардааст. Агар дар ҳайати ягон хоҷагии деҳқонӣ норасоӣ бошад, бояд ҳамон кас посухашро гӯяд. В. Каримов ҳам чун дигарон аъзои хоҷагии деҳқонии «Деҳмой» мебошад. Аниқтараш саркор. То ба ҳол барои аз ҳайати хоҷагии деҳқонии «Деҳмой» баромадан ариза надодааст. Барои ҳамчун вакил аз номи дигарон баромад намудан, ғайр аз 20 нафар хешу табораш, касе ваколатдор накардааст. Аз рӯи нақлаш, ҳайати 9-нафара, ки ҳама чун ӯ саркор будаанд, вайро барои амалӣ намудани ин кору ҳуҷҷатгузорӣ намудан интихоб кардаанд.

Ҳарчанд Ваҳҳоб Каримов масъулияти имзоҳои дар ариза гузоштаро бар дӯши дигарон бор карданӣ мешавад, маводҳои дар даст доштаамон акси онро шаҳодат медиҳад. Дар даст протоколи рақами 1 аз 5-уми июни соли 2010, ки гӯё дар маҷлис аз 182 нафар аъзоён 178 нафар иштирок кардаанд. Ваҳҳоб Каримов дар охири ин протокол менависад: «Бо протоколи мазкур саҳмдорони дар боло зикршуда дар маҷлис иштирок карда, имзо мондаанд, вале таҳти рақами 46 ному насаби Ёқубҷон Бойматов меистад, ки кайҳо вафот кардааст. Агар гуфтаҳои В. Каримов дуруст бошаду ҳама саҳмдорон дар маҷлис иштирок карда, имзо монда бошанд, пас ба ҷойи ин нафари дар он дунё буда кӣ имзо гузошту дар маҷлис иштирок кард? Ҳамчунин нафарони дар муҳоҷирати меҳнатӣ будаву дар маҳбасхонаҳо буда низ гӯё имзо гузоштаанд».

Суол намудем, ки чаро то охири сол интизор намешаванд?

В. Каримов ҷавоб дод, ки гӯё касе гуфта бошад, ки агар то охири сол интизор шаванд, ба болои ҳар гектар замин 2 ҳазор сомонӣ қарз бор мешудааст… Бинобар ин, онҳо кӯшиш доштаанд, ки то охири сол хоҷагиро тақсим кунанд.

Тибқи талаботи қонунгузорӣ бошад, то ҷамъоварии ҳосил ягон хоҷагии кишоварзӣ таҷдид карда намешавад. Ба мо тарафи дигари одамон иброз намуданд, ки ҳадафи ин қадар саросема хостгори тақсими хоҷагӣ гардидан иҷрои ваъда ва пӯшондани хароҷот мебошад. Ба гуфти онҳо, барои ташкили хоҷагии деҳқонии «Қуланбошим» маблағи зиёд сарф намудаанду ҳамчунин ба нафарони саҳмдори ба ариза имзогузошта 500-килоӣ гандуми ройгон, ҷуворӣ ва шолӣ ваъда кардаанд. То кадом андоза дуруст будани онро бигзор мақомоти дахлдор муайян намоянд.

Ба ҷои хулоса

Омӯзиши чандрӯзаи мо бисёр масъалаҳоро кушод. Намехоҳем ҳамаи онро кушоем. Зеро аз аксари онҳо бӯи қонуншиканӣ меояд. Танҳо бо мақсади пеши нооромиро гирифтан ва дар асоси талаботи қонун амал намудан ин мавод рӯи нашр омад.

Хоҷагии деҳқонии «Деҳмой» эҳтимол дар ҳудуди ҷумҳурӣ ягона хоҷагии деҳқонӣ бошад, ки аз ҷиҳати молиявӣ қудратманд аст. Аз ягон намуди андоз қарздор несту барои беҳдошти рӯзгори аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ доимо ҷаҳд доранд. Вале ба гурӯҳе ин пешравӣ маъқул нест. Онҳо ба воситаи дигарон мехоҳанд обро «лой намуда, моҳӣ доранд» ва манфиат бинанд. Ин гурӯҳ аз чанд нафар иборат асту кӣ сарварӣ мекунад, дар кадом мақомот онҳоро дастгирӣ мекунанд? Тадқиқоти мо идома дорад. Онро ба охир мерасонему бо ҷузъиёташ ба хонандагон пешкаш менамоем.

Ҷумъаи ТОЛИБ,

Турсун АЛӣ,

Абдул МАҶИД,

БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: