Главная > Uncategorized > Алексей Панфелев: «Мехоҳам ба Тоҷикистон рафта, зардолуи қандакро бичашам»

Алексей Панфелев: «Мехоҳам ба Тоҷикистон рафта, зардолуи қандакро бичашам»

— Алексей, аз кай боз ба эҷоди шеър машғулӣ?

— Аз синни мактабӣ. Падару модарам кормандони амниятанд. Вале ман ба шеъру шоирӣ шавқи беандоза дорам. Аслан ин шавқ баъди як воқеа сахт пайдо шуд. Бо духтараке аҳди вафо баста, ба хизмати ҳарбӣ рафта будам. Ба ӯ нома менавиштаму мегуфтам, ки маро интизор шавад. Аммо баъди аз хизмат омадан ӯ гуфт, ки ба ман расидан намехоҳад. Сабабаш дар Чеченистон хизмат кардани ман буд. Барои ҳамин ӯ рӯйрост гуфт, ки шояд ақлам халал ёфта бошад. Баъди бевафоии духтари дӯстдошта, беихтиёр хома ба даст гирифта, шеър менавиштам. То имрӯз издивоҷ накардаам. Вақтҳои бекорӣ бо эҷоди шеър коғаз сиёҳ мекунам.

— Идеал дорӣ?

— Оре. Нависандаи шинохтаи рус Леонид Панфелев идеали ман дар назму наср аст. Бисёриҳо ба хотири ҳамнасаб буданамон, гумон мекунанд, ки ӯ ягон хеши ман аст.

— Аз шоирони тоҷик киро мешиносӣ?

— Шеърҳои Мавлавӣ ва Лоиқро дар тарҷума хондаам. Азёд медонам.

— Аз чӣ илҳом мегирӣ?

— Аз шабҳои сафеди Питер. Шаҳри мо хеле зебост. Шаҳри умумихалқист. Тамоми миллатҳо инҷо кору зиндагӣ мекунанд.

— Дар Тоҷикистон боре будаӣ?

— Не, вале падарам ба онҷо бисёр сафарҳои хидматӣ кардаанд. Бисёр таъриф мекунанд обу ҳавояшро. Бахусус зардолуи қандакро. Ман худам зиёд дӯстони тоҷик дорам. Дар наздикии ҷойи кори мо тарабхона ҳаст. Дар ин тарабхона тоҷикон кор мекунанд. Зуд — зуд ба ин ҷо омада, хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрам. Мардуми орому меҳмондӯстанд.

— Кадом забонҳоро медонӣ?

— Забони финнӣ ва англисиро.

— Масъулияти корманди амният вазнин аст. Оё барои корҳои эҷодият вақт меёбӣ?

— Оре, шеър як чизест, ки худ аз худ эҷод мешавад. Ин истеъдоди илоҳист.

— Нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ чӣ андеша дорӣ?

— Ҳамаи инсонҳо ҳуқуқ доранд, ки дар рӯйи замин мисли одам зиндагӣ кунанд. Муҳоҷироне ҳастанд, ки бо рафторҳои ношоистаашон номи дигар муҳоҷиронро бад мекунанд.

— Чӣ таманно дорӣ?

— Осмони соф, сериву пурӣ. Мехоҳам мисли падарам ба Тоҷикистон сафар карда, ҳамон зардолуи қандаки таърифиро бичашам.

— Саломат бошӣ!

Мусоҳиб Шаҳлои НАҶМИДДИН,

Санкт — Петербург

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: